"Ӯзбак" ё "Ӯзбакистон" навиштан тобиши манфӣ надорад ва таҳқир нест
Салом хидмати ҳамаи алоқамандони "Рӯзгор". Инак, дар садади омода намудани шумораи навбатӣ муруре кардем ба навиштаҳо ва зангҳои телефонии ҳаводорони худ. Онҳое, ки ҳафтаи гузашта "Рӯзгор" мутолиа карданд, албатта қатори он ки навиштанд ё гуфтанд фалон матлаб писанд буд, боз эродҳои ҷиддӣ ҳам доштанд, ки ба назар нагирифта наметавонем.
Аз ҷумла Сиёвуш Маҳмуродов аз Ваҳдат дар тамоси телефонӣ гуфт, ки "Рӯзгор" бояд саҳифаи варзиш дошта бошад. Ин чӣ гуна рӯзгори беварзиш, шӯхӣ кард Сиёвуш. Рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик Обид Шукурзода, ки навиштаи ӯро дар зер хоҳед хонд, низ дар сӯҳбат бо хабарнигори "Рӯзгор" ба ин саҳифа таъкид кард ва ҳатто гуфт на як, балки ҳатто ду саҳифаро метавон варзишӣ кард.
Мо дуруст пайи таҳияи ин саҳифа ҳастем ва умедворем дар кӯтоҳтарин фурсат "Рӯзгор"- бо варзиш дастраси шумо мегардад. Дигар тамосҳои телефонии мо тамосҳои маъмулӣ буданд ва бо изҳори ташаккур ба ҳамаи он азизон, ки вақт ёфтаву ҳафтанома мутолиа карданд ва боз назарҳои худро иброз доштаанд, муруре мекунем ба номаҳои расида:
Агар Қурбони Собир ҳам равад, пас кӣ мемонад?
Рафтани Барзу Абдураззоқов барин ҳунармандони нотакрор аз ҷумҳурӣ ва шуҳрати онҳо берун аз хоки меҳан нишони носолимии вазъи ҳунар ва муносибат бо ҳунармандон дар кишвар аст. Ёд дорам, ки Барзу барои навҷӯиву ақидаҳои замонавиаш хеле таҳти фишори равонӣ қарор дошт ва ӯ наметавонист он чӣ дилаш мехосту истеъдодаш тақозо мекард, рӯи саҳна орад. Имрӯз вай ба Қирғизистон аст ва дар аввалин соли фаъолияташ номаш вирди забонҳо ва ҳунараш қадр гардид. Маъмулан кишварҳо аз нокомии ҳунармандон дар ватанашон судҳо мебардоранд. Ҳоло ҳунари Барзу дар Қирғизистон харидор пайдо кардааст, дар ҳоле ки ҳамон ҳунар дар ватанаш ӯро ба хорӣ мерасонд.
Аммо шахсан барои ман дардовар аст, ки дар дуввувин даҳаи садаи 21 ҳунармандони мо фирор мекунанд. Дар ҳоле ки мамлакат ором аст, ҷангу ҷидол нест. Пас маълум мешавад, ки дар ин муҳит саҳна барои ҳунармандони асил танг аст, онҳо майдон мехоҳанд, вале ин майдон аз ҷониби афроде, ки кам дар фикру нумуи кишваранд, ишғол шудааст. Ман аз сӯҳбати ҳунарманди машҳур ва профессор Қурбони Собир чунин бардошт кардам.
Азизулло Комрон, омӯзгор аз ш. Душанбе
Войи ин миллат, ки қадри ҳунарманди худро намешиносад
Аз сӯҳбати Қурбони Собир бӯи имдод ба машом мерасад. Ҳунарманди шоиста фиғон мекашад, ки театрро наҷот бояд дод. Вай мегӯяд: "Озмуни театрии ҷавонон "Нигоҳи нав" -ро бубинед, ки бачаҳо чӣ кор карданд? Аммо онҳое, ки болотаранд, ба "Нигоҳи нав" чӣ қадар хусумат доранд. Чаро онҳоро дастгирӣ намекунанд: инҳо наҷот мехоҳанд театри кишварро".
Ва дар таҳияи филмҳо низ. Қурбони Собир ҳунармандест, ки бо вуҷуди ҳунари воло доштанаш мо ӯро дар филмҳои номуваффақе ҳам дидаем. Аммо дар ин сӯҳбат мегӯяд шогирдонашро мехоҳад дастгирӣ кунад, аз ин рӯ нақш мебозад, то аз вуҷуди ӯ филм симои хос ба худ гирад. Вале ман шахсан муқобили ин суханонам.
Донишманд ва ҳунарманде мисли Қурбони Собир набояд чунин саҳлангорӣ аз худ нишон диҳад. Агар сенария заъиф бошад ва агар коргардон нокоромаду камтаҷриба, пас ин филм бо ширкати як симои хуб чӣ гуна филми хуб шуда метавонад?
"Ман ҳунарманди Ҳоливуд ё Боливуд нестам, ман ҳунарманди тоҷикам. Ва дар ватани ман санъати синамор комилан ба нестӣ расонидаанд. Ҳунармандону коргардонҳояш ҳама парешон шудаанд. Валерий Аҳадов дар Русия муваффақ аст, Ҷамшед Усмонов дар Фаронса муваффақ аст, Маргарита Қосимова ва Бахтиёр Худойназаров муваффақанд. Ҳамин чор нафар кифояанд, ки киностудияи "Тоҷикфилм" дунёгир бошад. Аммо инҳо нестанд ва ба ҷои инҳо имрӯз ҳар одами чоруми кишвар филм гирифтан мехоҳад ва ҳар одами панҷум таъҷилан мехоҳад Амитабх Баччан ё Ҷигархонян бошад. Оамоне, ки умуман дар бораи синамо маълумот надоранд, филм гирифтан мехоҳанд..." -мегӯяд ҳунарманди шинохта.
Дар ҳақиқат шахсан ман зарфи як даҳсола фили хуби тоҷикиро надидам. Сериёлҳои телевизионӣ маҳзункунанда, заъиф ва ҳунармандонаш аксаран аз кӯчаи актёрӣ нагузашта, баъди пахши ҳамон филми ноком даъвои ситорагӣ мекунанд. Матбуот ҳам аз онҳо қаҳрамон метарошад. Ростӣ, вақте ман мехондам, ки мухбир аз нафари дар сериёли Талабшо Муқим иштироккарда мепурсад, ки боз дар кадом филм мехоҳед нақш бозед, хандаам меояд. Бо ин ҳол мо ба куҷо мерасида бошем?
Ғарази Ғарб аз мубориза бо терроризм ҳифзи манфиатҳои ишғолгарон аст
Бори аввал мешунавам, ки Кохман ном олмонӣ се нафарро дар як ҷаласа ба қатл расондаву худро низ ҳалок кардааст. Эътироз алайҳи ришваву фасод, беадолатӣ. Инсон вақте дид, ки дар ҷомеа ҳақиқат мағлуб асту тӯҳмат болонишин ва мавриди эҳтиром ва наметавонад муқобили ин сели азим муқовимат кунад, даст ба амале мезанад, ки ба истилоҳи имрӯз онро терроризм меноманд.
Сарнавишти Кохман баёнгари он нукта аст, ки терроризм худ зодаи беадолатӣ ва ноҷавонмардист. Ва мо ин калимаро ҳар рӯз шояд садҳо маротиба аз забони хосу ом бишнавем. Марде, ки муқобили таҳқиру таҳдид ва тӯҳмат худро заъифу ночор дид ва пай бурд, ки ин се нафар муҷиби бадномии ӯ мешаванд, аз наган сӯяшон оташ кушод ва ҳалокашон кард. Чун медонист, ки дар болотар ҳам арзи ҳамин се тан мавриди эҳтиром аст, на худсафедкуниҳои Кохман.
Ин як рӯйдоди кӯчактарин аст. Имрӯз қудратҳои ҷаҳонӣ олами Исломро зери по кардаанд ва танҳо мардони бономуси он зидди истисморгарону таҷовузгарон эътироз мекунанд. Ва чун нерӯи муқовимат бо қудратҳо надоранд, даст ба амалҳои террористӣ мезананд. Толибони Афғонистон ҳарчанд иртиҷоиянд, вале барои озодии ватанашон аз амрикоиҳо даст ба амал мезананд. Аммо онҳо террорист, вале янкиҳое, ки аз даҳҳо ҳазор километр омадаву дар Афғонистон ҳукм меронад, муборизи зидди террорист. Инро чӣ гуна бояд фаҳмид?
"Ӯзбак" ё "Ӯзбакистон" навиштан тобиши манфӣ надорад ва таҳқир нест
Аз шумораи як ҳафта пеши "Рӯзгор" мақолаи "Омилҳои ба сардӣ гаравидани муносибатҳои Ӯзбакистону Тоҷикистон"-ро хондам. Мехостам дар бораи вожаи "ӯзбак" ва "Ӯзбакистон" чанд ҳарф нависам, ҳарчанд дар ин бора зиёд гуфтаву навиштаанд ва асарҳои пажуҳишӣ ҳам интишор ёфтаанд. Вале ҳис кардам, ки чуноне дар баъзе нашрияҳо дида мешавад, дар "Рӯзгор" низ дар навишти дурусти ин ду вожа иштибоҳ мекунанд.
Дар тамоми сарчашмаҳо дар шакли "узбак" омадааст ва тарзи навишти форсии он ҳам чунин аст. Дар ҳеҷ манбаъе "узбек" наёмадаст.
"Узбак" ҳамвазн ба Атобак аст, ки чуноне аз таърих медонем, дар замони Саъдӣ Атобакон дар вилояти Форс империяи бузурге доштанд, ки то дуриҳои Ҳинд доман паҳн карда буд. Атобак (на Атобек) ба маънои "пандомӯзи кӯдакон" (ниг. "Ғиёс-ул-луғот") аст. Ва гузашта аз ин дар Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳинд, тамоми мамолики Араб бар мабнои сарчашмаҳои хаттӣ ҳама "узбак" навиштаанд. Ва низ вожаи "узбак" ҳич тобиши манфӣ ва ё дағалу таҳқире надорад.
Мунтаҳо пас аз нуфузи пантуркизм дар Осиёи Миёна ин вожа ба шакли "узбек" тағйир кард. Шояд таъсири русӣ ҳам бошад, ки русҳо "туркман"-ро "туркмен", "арман" -"армен", Озарбойҷонро "Азербайжан, Карбалоро Кербала, "Муҳаммад" -ро "Магамед"...кардаанд.
Зимнан дар Афғонистон ҳатто имрӯз ҳам намояндагони ин қавм худро "узбак" меноманд.
Обид Шукурзода, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик.
Адабиёти тоҷикро ба ҷаҳониён кӣ бояд муаррифӣ кунад?
Аз мутолиаи чанд шумораи "Рӯзгор" ба ин хулоса расидам, ки ба ҳар самти эҷод, ки менигарем, оҳро мебинем. То ин вақт аз ҳоли адабиёту санъат ҳунармандону адибон сӯҳбат мекарданд, ки вазъро нигаронкунанда медонистанд. Аммо дар шумораи ахир сӯҳбати тарҷумон Норӣ Раббимдухтро хондам, ки хулосааш ин аст: адабиёти мо аслан ба ҷаҳониён муаррифӣ намешавад. Дар Эрон низоми исломӣ ҳама шароитро барои паҳн кардани адабиёти муосир ва гузаштаи кишвар фароҳам овардааст. Дар баробари он ки аксари кулли асарҳои адабиёти ҷаҳон бо забони форсӣ тарҷума шудаанд, боз асарҳои форсӣ низ бо инглисиву олмонӣ ва испониву фаронсавӣ тарҷума шудаанд. Ва ҳамаи инро аксаран худи эрониҳо мекунанд. Яъне, тарҷумони адабиёти Эрон ҳамон эронист.
Маълум мешавад мактаби тарҷумаи адабиёт дар Тоҷикистон хеле заъиф аст ва ҳукумат ҳарчанд каму беш ба рушди адабиёт таваҷҷӯҳ мекунад, далелаш ҳамон аз пули Президент чоп шудани асарҳои адибон, ки он ҳам дар мағозаҳо аз сабаби гаронӣ моҳҳо мехобад, вале ба тарҷума эътибор намедиҳад. Раббимдухт, ки худ тарҷумони босалиқа аст ва тоҷикиро ба русӣ тарҷума мекунад, мегӯяд, ки "Агар журналистон, адибон барои бахши тарҷума ва манфиатҳои он бештар нависанд, ба Ҳукумат барои дастгири ин бахш пешниҳодро ирсол намоянд, гумон мекунам дастгирӣ ҳам меёфт..."
Устод Қурбон, агар сенария заъиф аст, наравед
Устод, Қурбони Собир, дуруд бар шумо. Ман аз ҷумлаи шогирдони шумоям, ки ҳоло дар Русия мардикорӣ мекунам. Албатта, маро намешиносед, чун хеле сол шуд хатм кардему бо ҳамин кор наёфта, дунболи зиндагии дигар шудем. Аммо дарсе, ки аз шумо омӯхтем, ёд дорем.
Сӯҳбататонро аз сомонаи "Рӯзгор" хондам. Хело сӯҳбати олӣ ва ба дили мо наздик. Аммо ба он ки мегӯед ба сенарияҳои заъиф ба хотири шогирдон меравед, ин ба ман писанд наёмад. Сенария суст бошад, ҳақ тавре лозим пардохта нашавад, шуморо чӣ мондаанд, ки рафта номи некатонро дар як филми заъиф бад кунед? Магар аз суханони Ҳабибулло Абдураззоқов бардошти мусбат накардед?
Олим Самандар, шаҳри Самара
-
22.06.2025 14:51
138
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
260
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
272
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
495
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
599
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
486
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
140
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
144
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
216
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
978
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1689
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3380
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
137
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
121
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
136
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
511
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
759
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
879
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
459
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
495
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
468
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
762
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1016
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1883
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
626
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
605
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1797
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2117
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2109
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2325
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
529
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
472
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
948
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3070
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3512
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3503
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
657
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
680
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
625
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?