12:42:37 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Масҷид баставу фасодхона боз? Ин сиёсат аст ё заъфи ҳукумат?

Бо арзи салом хидмати ҳамаи азизоне, ки ҳафтаи сипаришуда "Рӯзгор" хонданд. Умедворем матолиби он мавриди писанди дӯстон қарор гирифта бошад. Ин ҳафта ҳам зангҳои зиёди телефонӣ доштем. Назарҳои гуногун матраҳ шуданд, ки дар корбасти шумораҳои баъдии "Рӯзгор" аз он машварату маслиҳатҳо кор хоҳем гирифт. Иддае аз дӯстон дар мавриди баъзе мақолот баҳс мекарданд ва мавзӯъи баҳси онҳо барои оянда аст. Ба иддае посухи шифоҳӣ додем, эродҳоро ба назар гирифтем. Ва чанд эроди дигар дар номаҳо буданд, ки дар зер меоянд.

masjidi-basta 2013Олимхуҷа Раҳимов,аз шаҳри  Исфара изҳор дошт, ки  "Рӯзгор" -ро шунидаму нахондам. Бахшиш. Сабаб он ки ба Исфара касе онро намеорад, ки харему хонем". Ба дӯсти азиз гуфтем, ки хоҳем кӯшид мушкили шуморо дар кӯтоҳтарин муддат осон созем. "Рӯзгор" нашрияи нав аст ва ҳоло на ҳама роҳҳои бурунрафт аз пойтахт ва марокизи вилоятҳо барояш осон тай мешаванд. Вале ин  ҳал шуданист.

Вакили мудофиа Неъматулло Ҳусейнов дар сӯҳбати телефонӣ дар мавриди очерки "Аз дида ба дилҳо рахти сафар барбаст" ҳарф зад. Вай аз ҷумла гуфт, ки "ин мардро хуб мешиносем. Почокалон Азимов, як инсони басо оддиву хоксор ва шоистаи таъриф. Умре кӯшид соддаву осон бизияд, мӯҳтоҷ набошанд, аз ин рӯ дар замонҳое, ки тоҷиронро ҳабс мекарданд, вай бо ҳар роҳ ба ин кор идома медод. Дар Русия ҳамкасбонашу дӯстонаш ӯро Ахмед мегуфтанд. Шояд ба гуфтани Почокалон забонашон намепечид ва ӯ ба худ ҳамин тахаллусро интихоб карда буд.

Падари мушфиқ буд, писаронаш роҳи ӯро пеш гирифтанд. Ҳатто яке аз фарзандонаш, ки донишҷӯ буд, билохира тарки таҳсил кард ва бо падар пайваст. Шояд дид, ки бо дипломи олӣ ҳам мардум ногузиранд боз мардикорӣ кунанд. Рафт, то пешаи падар омӯзад, чун медонист, ки ин пеша умре қиблагоҳашро хор накарда буд".

Ва инак, номаҳои дигар:

Имрӯз кист хортар аз муаллим?

Аз сӯҳбати марди саҳна, ровии хушсухан, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир хеле бардоштҳои аҷиб кардам. Аммо бештар аз ҳама маро он нукта хуш омад, ки ҳунарманди шинохта дар бораи мактабу маориф изҳори назар мекунад. Ин фоҷеаи миллӣ аст. Вақте мактабу маориф рӯ ба табоҳӣ овард, вақте муаллим аз мактаби миёна то донишгоҳҳои олӣ дар фикри фасод аст, вой бар мову вой бар миллати мо.

Ман чандин сол дар Эрон зистам, ҳисс кардам, ки дар Ҷумҳурии исломӣ кӯшидаанд маорифро зинда нигоҳ доранд ва давлат ба муаллим хоҳ вай дар макотиби миёна бошад ва хоҳ донишгоҳӣ маоши баланд муайян кардааст, то омӯзгор дар фикри таълиму тадриси фарзандони мардум ва ин миллат бошад, на ки барои рӯзгузаронӣ дар замони таътил мардикорӣ кунаду ҳангоми таҳсил дар фикри фасод ва пулситонӣ аз муҳассилин бошад.

Аммо дар мо чӣ? Фарзандони мо ҳанӯз хатмкунада нашуда мо дар фикри онем, ки ба куҷо таҳсил кунанд, ки "ставка" арзонтар бошад. Ортиқ дуруст мегӯяд: "Ҳамон рӯзе, ки муаллим маҷбур шуд, ки  ба бача бигӯяд, "ту пули моҳ" -а биёр, аз ҳамон рӯз хор шуд. Бояд, ки мо ба ин роҳ намедодем, бояд қадри мактабу маорифро ҳамеша гиромӣ медоштем, дар ин сурат завқу одобу фарҳанги мардуми мо тарбия меёфт".

Бале, имрӯз хортар аз муаллим касе нест. Аммо афсӯс, ки давлат инро ҳанӯз ҳам дарк накардааст. Муаллимаи хуҷандиро ҳамин нанги ришвахорӣ ба худкушӣ водор кард. Вай натавонист ин бори нангинро таҳаммул кунад. Ҳол он ки агар вай гирифта бошад, аз садҳо як ҳисса ришваеро нагирифтааст, ки як судя ё прокурору милиса мегиранд. Аммо ҳамон нангу номус пои ӯро сӯи дарё кашид, то дар оянда ангушти ишорат сӯяш дароз нашавад.

Солеҳамо Ашурова, омӯзгор

Масҷид баставу фасодхона боз? Ин сиёсат аст ё заъфи ҳукумат?

Ман сад дар сад суханони ҳунарманди шинохта Ортиқ Қодирро ҷонибдорам, ки интернету  клубҳои шабона ва дискотекаву майкадаҳоро таҳоҷуми ғарбӣ медонад, то ахлоқи моро фасод кунанд. Имрӯз худи ғарбиён халосӣ аз ин фарҳангро меҷӯянд, вале барояшон дер шудааст. Аммо таблиғи он дар кишварҳои мусалмоннишин ба хотири бероҳа кардани ҷавонон ва аз  дину оини аҷдодӣ, фарҳанги пурғановати миллиашон дур андохтан аст.

Ва ман тааҷҷуб мекунам ба ҳукумати кишвар, ки барои бастани масоҷид Кумитаи динаш фаъол, вале барои танзими фаъолияти дискоклубҳо ин гуна ҳангомаю давуғеҷ надорад. Зиёиеро ёд дорам, ки дар вилоят узви як кумита буд, ки ҳамин дискоклубҳо бахше аз фаъолияташ маҳсуб меёфт. Баъдан тарки ин кумита кард, бо ким-кадом баҳонае аз он берун шуд. Сабаб пурсидам, посух дод, ки ягон пешниҳодам дар ин маврид қабул нашуд, кумита ба ном фаъолият мекард, вале зӯраш ба бастани фасодхонаҳое нарасид, ки зери шиори дискоклуб ҷавононро бероҳа мекарданд ва шабонгаҳон ҳатто ноболиғон то рӯз меҳмонони ин клубҳо буданд.

Гулмуроди Абдуллозода, Қӯрғонтеппа

Ғарб бо Афғонистону Ироқ чӣ кард, ки бо Миср кунад?

Хоҳишмандам ба "Бародарони мусалмон" нарасед. Чӣ ин қадар зиёд менависед, ки чӣ буду чӣ хоҳад шуд? Магар намедонед, ки фолбинӣ кори шайтони лаъин аст. "Бародарон" буд, ҳаст  ва мемонад. Ҳуснӣ Муборак барин диктатор, Ҷамол Абдуносир барин хуношом нисбати ин ҳаракат коре карда натавонистанд, бо фишори онҳо вай ҷаҳонӣ шуд. Ҳамин "Бародарон" буд, ки дар Фаластин "Ҳамос" ба вуҷуд омад. Шумо аз куҷо медонед, ки Ёсир Арафон пеш аз он ки "Ҳамос"-ро ташкил намояд, аввал узви ҳамин "Бародарон" буд ва дар Фаластини ишғоли ячейкаи онро роҳбарӣ мекард? Аз ин рӯ шумо зиёд фолбинӣ накунед. "Бародарони мусалмон" аз вазъи имрӯза низ ғолиб берун меояд. Ҳукумати низомӣ ба муқобили ҳизбе, ки онро мардум пазируфтааст, коре карда наметавонад.

Ва боз: Ғарб бо Ироқу Афғонистон чӣ кард, ки бо  Миср кунад? Дасташ кӯтоҳ аст. Афғонистон валангор шуд, Ироқ ба харобазор табдил гардид, низоми  сотсиалистии Муаммар Қаззофӣ дар Либия, ки мардумӣ ва зидди империаалистӣ буд, намехост хориҷиён ҳақи дахолат ба захираҳо ва сарватҳои он дошта бошанд, зеру забар шуд ва ҳоло навбат ба Сурияву Миср расидааст. Аз дасти Амрикову Ғарб ҳамин вайронии Шарқ меояд, на ободӣ. Дар хотир дошта бошед ва демократия ҳам  барои шарқиён баҳонаи вуруди истисморгарон аст, на чизи дигар.

Мурзошариф, рӯҳонӣ

Ёди Фурӯғи Фаррухзод, ёди шеъри ноб аст

Ташаккур аз шумо, ки ба ёди мо Фуруғи Фаррухзодро андохтед. Ин шоираи нозукхаёл ва ҷавонмарг, ки эҳсосоти занонаро дар қолаби шеър даровард ва маъниҳои борикро дар либоси наҳифи бадеият баён дошт, басо ҷавон аз олам рахт барбаст. Агар ӯ ба синни камолот мерасид, бас инқилобе дар шеър мекард, ҳоло шояд касе ба пояи ӯ намерасид.

Ман қитъаҳои зиёдеро аз ашъори ӯ ёд дорам. Вале аз матлаби интишордодаи шумо нукоти дигар барояш ошкор шуд: Аҳмад Зоҳир, ин хунёгари оламшумул ва ин санъаткори нотакрор бо Фуруғи Фаррухзод як сарнавишт доштаанд: ҳарду ҳам нокоми муҳаббати оилавӣ, ҳарду аз фарзанд ҷудо бо амри додгоҳ ва ҳарду ҳам ҷавонмарг. Шояд Парвизи Шопур, шавҳари Фуруғ натавонист маънии шеъри ӯро дарёбад, шояд натавонист образҳои тахайюлии шоираро эҳсоси шоирӣ донад. Шояд онҳоро  ба маънои ошиқони ҳақиқии шоира, на маҷозӣ донист, ки аз рашк билохира ҳам бинои оила вайрон кард ва ҳам истеъдодеро зери хок намуд. Аммо намедонам қисмати баъдии писари ӯ Комёр чӣ шуд? Фурӯғ гуфта буд:

Рӯзе расад, ки чашми ту бо ҳасрат,

Лағзад бар ин таронаи дардолуд.

Ҷӯӣ маро даруни синаҳоям,

Гӯи ба худ, ки модари ман ин буд.

Сурайё, донишҷӯ аз шаҳри Душанбе

Дилмондаем аз баҳсҳои илмии уламои тоҷик, аз Қарзовӣ нависед

Сӯҳбатҳои Юсуф Қарзовиро дар бораи моҳи Шарифи Рамазон хондам. Баъди Рамазон хоҳишмандам дар дигар мавзӯъҳои баҳсӣ низ аз фатвоҳои ӯ чоп кунед. Чун аз фатвоҳои уламои тоҷик дилам монд. Фатвои Маркази исломӣ пулакӣ, аз дигарош шубҳаовар. Чун ҳар кадомашон ҳар гап мегӯянд. Намедонӣ ба кӣ бовар намоӣ. Маслан, дар мавриди ҳукми шикастан ё нашикастани рӯза аз тазриқи маводи дорувору (укол) эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода ҳамон ҳарфро гуфтааст, ки Қарзовӣ мегӯяд. Аммо иддае аз уламо ба мисли домулло Ҳикматулло онро шикананда медонанд. Намедонем ба кадомаш бовар кунем.

Саидназар, Қурғонтеппа

ӯзгор": Дӯсти азиз, Саидназар! Ҳақиқат аз баҳси илмӣ пайдо мешавад. Хоса дар масъалаҳои шаръӣ бояд ҳатман назарҳои мухталиф бошанд ва аз миён яке он ки мантиқиву илмист ва пояҳои далелҳояш устуворанду ларзонак нестанд, пазируфта шаванд. Қабул дорем, ки миёни уламо иттифоқи назар дар баъзе масоил вуҷуд надорад. Вале итминон медиҳем, ки онҳо дар масоили калидии шаръӣ ихтилофе надоранд. Мо ба Қарзовӣ на аз он рӯ овардем, ки ба уламои худамон бовар надорем. Балки аз он хотир фатвоҳои ӯро чоп кардем, ки дар ҷомеаи динии аҳли суннат пазируфтанист ва уламои аҳли суннат ба гуфтаҳои ӯ мухолифат надоранд.

Рӯзи Қудс чаро фаромӯш шуд?

Хеле хуб нашуд, ки "Рӯзгор" аз рӯзи ҷаҳонии мубориза барои Қудси шариф матлабе чоп накард. Ин хеле зарур буд. Зеро Қудс қиблаи муслимин, маркази ҳамаи динҳои осмонист. Дуввумин масҷиди мусалмонон аст. Ба қавли ҳазрати Алӣ (к) дунё чаҳор қасри биҳиштӣ дорад: Масҷидулҳаром, Масҷидуннабӣ, масҷиди Куфа ва Байтулмуқаддас. Байтулмуқаддасро паёмбарони Илоҳӣ бино кардаанд ва зодгоҳи бисёре аз анбиёи Худованд, ҳукумати илоҳии ҳазрати Сулаймони Набӣ (а), маҳалли вафоти ҳазрати Марям ва маҳалли ҳиҷрати ҳазрати Ҳоҷар ва бисёре аз фазилатҳои дигарро доро мебошад. Аз ҳамин макони муқаддас буд, ки ҳазрати Расулуллоҳ (с) ба меъроҷи худ оғоз карданд. Агар матлабе дар ин маврид чоп мешуд, хеле хуб ва шоиста буд.

Амруллоҳ, Душанбе

ӯзгор": Ростӣ фаромӯш ҳам накардаем, мехостем матлабе интишор диҳем, вале сари вақт омода нашуд. Аммо гумон мекунем мубориза барои Қудси шариф кори якрӯзӣ нест. Ҳар рӯзи мо бояд мубориза барои озодсозии ин макони муқаддас бошад. Аз ин рӯ  гумон мекунем агар дар рӯзи ҷаҳонии Қудс, ки бо ташаббуси Имом Хумайнӣ (р) бештар аз сӣ сол пеш эълон шудааст, мо матлаби хонданӣ интишор надодем, вале  дар шумораҳои баъдӣ хотираи шуморо ба ин рӯз ва умуман мушкилоти Қудс бармегардонем.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi