ГУЛ ШЕРАЛӢ ДАР БОРАИ ТАВАҚҚУФИ УМУР ДАР 'РОҒУН' 'ҲЕЧ ИТТИЛОЕ НАДОРАД'
Вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон дар бораи умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун ва таътили беш аз 5 ҳазор нафар коргар дар он макон иттилоъе дар даст надорад. Ин нукта рӯзи душанбеи 23 июл, дар нишасти хабарии Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон иброз шуд.
Иструон Истивенсун, намояндаи порлумони Урупо, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ умури сохтмонӣ дар "Роғун" маҳдуд шуда ва беш аз 5 ҳазор нафар коргари ин тарҳ бекор мондаанд.
Ба гуфтаи вазири энержӣ ва саноеъ умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи обии Роғун таҳти назорати нахуствазири Тоҷикистон қарор дорад. Зеро дар Тоҷикистон гурӯҳи вижаи назорат бар сохтмони тарҳҳои энержии обӣ таъсис шуда ва раёсати он ба уҳдаи Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, вогузор шудааст.
Аз ин лиҳоз ӯ дар бораи раванди сохтмон, мутаваққиф шудани корҳои сохтмонӣ ва бекор мондани беш аз 5 ҳазор коргар аз нерӯгоҳи Роғун иттилоъи дақиқе дар даст надорад. Вале Гул Шералӣ ба таври мушаххас нагуфт, ки Вазорати энержӣ ва саноъеи Тоҷикистон дар бунёди нерӯгоҳи Роғун, ки давлат онро тарҳе роҳбурдӣ (истротежик) хондааст, чи нақше дорад.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон, дар авохири ҳафтаи гузашта Гул Шералӣ ва Оқил Оқилов аз маҳалли сохтмонӣ нерӯгоҳи Роғун дидан кардаанд. Гузашта аз ин, ду ҳафта қабл шабакаҳои давлатии телевизиюни Тоҷикистон аз сафари Президент Раҳмон ба маҳалли сохтмони "Роғун" гузориш дода ва чеҳраи Гул Шералӣ дар канори раиси ҷумҳури Тоҷикистон намоён буд.
Дар ҳоле ки намояндаи порлумони Урупо аз маҳдуд шудани умури сохтмонӣ дар "Роғун" ва бекор мондани беш аз 5 ҳазор нафар коргари ин нерӯгоҳ ба расонаҳо иттилоъ медиҳад, баъид ба назар мерасад, ки вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон аз раванди умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ иттилоъе надошта бошад. Аммо то ҳол, мақомоти Тоҷикистон дар мавриди таваққуфи бархе умур дар "Роғун" ибрози назаре накардаанд.
Ҳамзамон, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон дар нишасти матбӯъотии рӯзи душанбе хабар дод, ки 19 июли соли ҷорӣ ду нафар аз бозрасони байналмилалии тарҳи "Роғун" ба Тоҷикистон омада ва қарор аст чанд нафари дигар имрӯз вориди шаҳри Душанбе шаванд. Интизор меравад ин гурӯҳ фардо барои ошноӣ бо корҳои сохтмонӣ ба маҳалли эҳдоси нерӯгоҳи "Роғун" сафар кунанд.
Ба ин тартиб, ҳадс зада мешавад, ки бозрасони тарҳи "Роғун" фаъъолияти худро азсар хоҳанд гирифт. Дар гузашта манобеъи Би-би-сӣ изҳор доштанд, ки ин бозрасҳо дар пайи ихтилофи назарҳо бо давлати Тоҷикистон ин кишварро тарк кардаанд.
Тибқи тавофуқот миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ин муассисаи молии байналмилалӣ тарҳи бозрасии мустақилли "Роғун"-ро сармоягузорӣ мекунад. Давлати Тоҷикистон дар пайи фишорҳои кишварҳои поёноб ба бозрасии мустақилли тарҳи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" омода шуд.
Гул Шералӣ дар нишасти мутбӯъотии рӯзи душанбе гуфт: “Ҳайъати Бонки Ҷаҳонӣ пас аз ошно шудан бо корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои худро дар бораи ихтисор кардан ё накардани коргарони сохтмони Роғун пешниҳод мекунад.”
Аз сӯйи дигар, оқои Шералӣ гуфт, ба иллати камбуди муштариёни нерӯи барқ дар фасли тобистон нерӯгоҳҳои Тоҷикистон наметавонанд бо тавоноии комил фаъъолият кунанд ва маҷбур ҳастанд бахше аз оби саддҳоро ба рудхонаҳо партоб кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, феълан Афғонистон танҳо воридкунандаи нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон маҳсуб шуда ва ҳамарӯза аз тариқи хатти барқӣ аз Сангтӯдаи Тоҷикистон ба вилоёти Кундузу Бағлони Афғонистон 195 меговот нерӯи барқ содир мешавад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон имкон дорад мизони судури нерӯи барқ ба Афғонистонро то 600 меговот дар як рӯз афзоиш диҳад, аммо хутути барқи Афғонистон имкони интиқоли ин миқдор нерӯи барқро надорад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, феълан шаҳри Кобул ҳамарӯза ба 100 меговот ва шаҳри Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон ба 400 меговот ниёз дошта ва Тоҷикистон метавонад дар фасли тобистон ин ниёзҳоро бароварда кунад.
Би-Би-Си
-
22.06.2025 14:51
137
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
259
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
269
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
494
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
598
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
485
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
139
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
142
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
215
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
977
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1688
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3379
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
135
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
120
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
134
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
510
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
757
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
877
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
458
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
494
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
467
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
761
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1015
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1882
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
604
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1796
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2116
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2324
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
528
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
470
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
947
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3069
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3511
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3502
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
656
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
679
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
624
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?