ТОШКАНД НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚ РОҶЕЪ БА РОҒУНРО ЧОП КАРД
Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфт, агар Роғун бунёд шавад, дар тобистон оби рӯдхонаи Ому 18% камтар хоҳад шуд. Вазорати умури хориҷии Узбакистон гуфтааст, дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун Тоҷикистон ба бахши кишоварзии Узбакистон ҳар сол то 600 миллион доллар зарар ворид хоҳад кард.
Вазорат бо такя ба гузориши коршиносони донишгоҳҳои Ню Мексико ва Дакотаи шимолии Амрико ин эъломияро дар торнамо (сайт)-и худ нашр кардааст. Дар он омадааст, сохтмони Роғун камбуди об дар Узбакистонро дар пай хоҳад дошт ва он боиси коҳиши даромади нохолиси миллӣ хоҳад гардид.
Дар ин натиҷагириҳо омадааст, агар Роғун ба фаъолият оғоз кунад, дар он сурат дар мавсими тобистон оби рӯдхонаи Ому 18 дарсад камтар мешавад ва дар зимистон баръакс 54 дарсад афзоиш меёбад. "Чунин вазъ ба нафъи Узбакистон нест ва 506 ҳазор гектар замин бекор мемонад ва 336 ҳазор нафар ҷои кори худро аз даст медиҳанд",-таъкид шудааст дар торнамои вазорати умури хориҷии Узбакистон.
Коршиносони ин ду донишгоҳи амрикоӣ ба хулосае расидаанд, ки обанбори Роғун дар 14,5 сол пур хоҳад шуд ва дар ин муддат коҳиши об дар Узбакистон шадидан эҳсос хоҳад шуд.
Дар суханронии ҳайати Узбакистон дар нишасти Бразилия (22-юми июн) низ таъкид шуда, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ сӣ миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва таъмини амнияти озуқа ба об сахт бастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳайати Узбакистон гуфтааст, кишварҳои болооби минтақа, яъне Тоҷикистону Қирғизистон, бояд сиёсати худро дар мавриди истифода аз захоири оби минтақа дуруст ба роҳ монанд.
Баҳсҳои миёни Тоҷикистону Узбакистон сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз оғоз бидуни тағйири мавқеи ҷонибҳо идома дорад. Узбакистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа мухолифи сарсахти ин тарҳ аст. То ин замон даҳҳо муроҷиат ба созмонҳои байнулмилаливу маводи хилофи ин тарҳ дар расонаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Коршиносон матлаби охирини вазорати умури хориҷии Узбакистонро аз ин силсила унвон мекунанд ва меафзоянд, ин охирин матлаб нахоҳад буд.
Ҳатто мухолифати сарсахтонаи Узбакистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун Тоҷикистонро маҷбур карда буд, ки соли 2009-ум бо Бонки Ҷаҳонӣ сари ташхиси байнулмилалии ин тарҳ созиш кунад.Зимни як музоядаи Бонки ҷаҳонӣ далелҳои молию фаннӣ (ТЭО)-и нерӯгоҳи Роғун ба зиммаи ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" ва санҷиши зистмуҳитӣ ва иҷтимоии нерӯгоҳ бар ӯҳдаи ширкати швейтсарии "Poyry Energy" вогузор шуд.
Натиҷаҳои ибтидоии ташхис мебоист охири соли 2011-ум омода ва имсол ниҳоӣ мешуданд. Ахиран вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, эълом кард, ки натиҷаи ташхиси нерӯгоҳи Роғун моҳи феврали соли 2013-ум анҷом мешавад.
«Озодӣ»
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
215
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2962
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
470
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?