Роғун
БҶ: "ТОҶИКИСТОН ПОСУХИ ҚАНОАТМАНДОНА БИДИҲАД"
Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки аз ҷараён ва усули таҳқиқи тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун нигаронӣ дорад. Ин матлабро Филипп Ле Уэру, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ рӯзи сешанбе, пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баён доштааст.
Мулоқоти ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупов ва Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати баладмақоми ҳукумати кишвар дар поёни сафари ӯ ба Тоҷикистон сурат гирифтааст. Дар ин мулоқот тарҳҳои рушд, ки ин бонк дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, баррасӣ шудаст.
Бонки ҷаҳонӣ дар посух ба дархости ҷониби Тоҷикистон, ду пажӯҳиши баҳогузории тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро сармоягузорӣ кард, ки тибқи қарордод, ду гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ҳолати фаннӣ-иқтисодӣ ва муҳитзистиву таъсири иҷтимоии ин тарҳро баҳогузорӣ мекунанд.
Намояндаи бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, барои идомаи сармоягузорӣ ба тарҳи таҳқиқи баҳогузорӣ ба тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҷониби Тоҷикистон бояд ба суолҳои мавҷуд дар мавриди ҷараён ва усули таҳқиқи тарҳи бунёди нирӯгоҳи мазкур барои ин бонк посухи қаноатмандона диҳад. Чанде қабл Шурои мудирони Бонки ҷаҳонӣ сармоягузории изофӣ ба тарқи таҳқиқи баҳогузорӣ ба тарҳи нирӯгоҳи барқи обии Роғунро ба тасвиб расонда буд.
Тоҷикистон умедвор аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ расидагӣ ба тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро то моҳи феврали соли 2013 ба поён мерасонад. Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳам ҳафтаи гузашта баъд аз чанд мулоқоташ дар ҷараёни боздиди худ аз Амрико, дидгоҳҳои Тоҷикистонро дар бораи сохтмони ин ниругоҳ дар мулоқот бо коршиносони амрикоиву байналмиллалӣ дар Маркази мутолеоти Осиёи Марказиву Қафқоз ва дар донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вошингтон дар миён гузошт.
Се сол пеш Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиат карда буд, то дар сохтмони Роғун расидагии фаннӣ, аз ҷумла расидагии фаннӣ-иқтисодӣ, анҷом бигирад.
«Озодӣ»