УЗБАКИСТОН ҲАМОНО МУХОЛИФИ "РОҒУН"
Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи мавқеи вазорати корҳои хориҷии Узбакистон дар бораи нерӯгоҳи Роғун худдорӣ карданд. Танҳо як манбаъ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт, посух ба даъвои Узбакистон қаблан фиристода шуда буд.
УЗБАКИСТОН ҲАМОНО МУХОЛИФАТ МЕКУНАД
Сомонаи «Ҷаҳон», мансуб ба вазорати хориҷии Узбакистон зимни пахши матлабе бо унвони «Сохтмони НБО-и Роғун новобаста аз натиҷаҳои экспертизаи байнулмилалӣ қобили қабул нест» овардааст, ки изҳороти Шералӣ Гул, вазири саноату энержии Тоҷикистон дар мавриди тағйир наёфтани нишондиҳандаҳои Роғун амалан натиҷаҳои ин ташхисро рад мекунад.
Дар ин матлаб бо иқтибос аз рӯзномаи мисрии "Асия ал-Вуста" омадааст, вазири саноату энержии Тоҷикистон ба расонаҳо гуфтааст, ки баландии сарбанд ва иқтидори нерӯгоҳи Роғун новобаста аз натоиҷи экспертизаи байнулмилалӣ тағйир нахоҳад ёфт ва «ҳама чиз ҳамон тавре боқӣ хоҳад монд, ки буд.»
Манбаъи мо дар ҳукумати Тоҷикистон гуфт, зимни посух ба ҷониби Узбакистон гуфта шудааст, ки суханони вазир таҳриф шудаанд. Вай афзуд, аммо барои ӯ суол ин аст, ки чаро Узбакистон имрӯз ин мавзӯъро дар ҳоли доштани посух дигарбора доман мезанад.
Матлаби сомонаи «Ҷаҳон» рӯзи 18-уми май дуруст рӯзи дуввуми баррасиҳои минтақавии натоиҷи аввалияи ташхиси байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ дар Алмаато нашр шуд. Дар он дигарбора таъкид мешавад, ки Узбакистон ҳамоно дар мавқеи рӯшан ва фаҳмои худ- қобили қабул набудани сохтмони ҳама гуна иншооти бузурги энержии обӣ рӯи дарёҳои фаромарзӣ устувор аст ва ин гуна иншоотҳо бояд бо ризоияти тамоми тарафҳо бояд сохта шаванд.
"МАВҚЕИ УЗБАКИСТОНРО НОДИДА БОЯД ГИРИФТ"
Коршиносон мегӯянд, дигарбора аз мавқеи расмии худ дарак додани Узбекистон тариқи як сомонаи расмӣ ба ҷуз фишор ворид кардан ба раванди баррасиҳо чизи дигаре нест. Георгий Кошлаков, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳоло устоди иқтисоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, аз ширкатдорони нишасти Алмаато гуфт, хуб мешавад, ки ин баромадҳои Тошканд нодида гирифта шавад:
«Ба назари ман, онҳо аз фикри худ нахоҳанд гашт. Аммо ин ба раванди сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ таъсире дошта наметавонад. Дигар тарафи масъала ин аст, ки экспертиза чӣ хулоса мебарорад, ки нав сар шуд. Мо дар Алмато бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ошно шудем ва ростӣ, ҳирфаияти онҳо маро дар ҳайрат гузошт. Ба назари ман, онҳо хулосаи боадолатона мебароранд. Узбакҳо мегӯянд, ки новобаста аз натиҷаҳои экспертиза онро қабул нахоҳанд дошт, пас суол мешавад, ки чӣ қобили қабул аст? Магар фақат фикри онҳо қобили қабул аст? Дар ин бора чӣ ҳам мешавад гуфт. Ин як баромади ғайриҳирфаӣ аст.»
Зимнан, дар нишасти Алмаато ҳайати ҳукуматии Узбакистон ширкат накард. Оқои Кошлаков гуфт, созмони ҷамъиятии ин кишвар ҳам ҳарфи наве дар ин нишаст гуфта натавонистанд.
"...ИН ҶУЗ БАҲОНАСОЗӢ ЧИЗЕ БЕШ НЕСТ"
Иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, экспертизаи байнулмилалӣ бо тақозои худи Узбакистон сурат мегирад ва баҳонасозиҳои ин кишвар бар асоси суханони таъйиднашудаи вазири саноату энержии Тоҷикистон бозгӯи ҳадафи аслии ин кишвар, дар кул сохта нашудани нерӯгоҳи Роғун аст.
Рафиқа Мӯсоева, собиқ вазири энержӣ ва ҳоло раиси Анҷумани энергетикҳои Тоҷикистон, низ аз ширкатдорони нишасти Алмато мегӯяд, баъд аз замони шӯравӣ ва соли 2009, тарҳи Роғун дафъаи саввум аст, ки экспертиза мешавад ва ин дафъа маҳз ба хотири қаноат додани Узбакистон аст.
Вай афзуд, аз ин хотир, то анҷом ёфтани экспертизаи байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун, ҳар гуна баҳс бемаънӣ хоҳад буд: «Биёед, мунтазир шавем. Ҳусни тафоҳуми байнулмилалӣ ҳамин аст. Гуфтанд, ки экспертиза кунед, мекунем. Чӣ зарурат аст ба ин гуна сӯҳбатҳо? Бояд мунтазир шуд. Маҳз ин нишонаи дар сатҳи байнулмилал бурда тавонистани музокироту зиста тавонистан аз рӯи қавонини байнулмилалӣ аст, на гузоштани ягон ултиматуму шарту шароит пеши якдигар. Дар ин сатҳ сӯҳбат карданро ман шахсан қабул надорам.»
УЗБАКИСТОН МУХОЛИФИ САРСАХТИ РОҒУН
Баҳсҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз оғоз бидуни тағйири мавқеи ҷонибҳо идома дорад. Ӯзбакистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа мухолифи сарсахти ин тарҳ аст. То ин замон даҳҳо муроҷиат ба созмонҳои байнулмилаливу маводи хилофи ин тарҳ дар расонаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Коршиносон матлаби охирини вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистонро аз ин силсила унвон мекунанд ва меафзоянд, ин охирин матлаб нахоҳад буд.
Фарҳоди Милод, "Озодӣ"-
22.06.2025 14:51
138
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
260
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
272
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
495
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
599
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
486
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
140
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
144
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
216
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
978
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1689
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3380
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
137
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
121
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
136
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
511
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
759
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
879
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
459
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
495
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
468
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
762
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1016
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1883
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
626
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
605
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1797
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2117
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2109
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2325
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
529
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
472
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
948
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3070
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3512
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3503
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
657
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
680
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
625
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?