РОҒУН ВА "ҶАНГИ САРД"-И ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ
Ҷанги лафзии Узбакистон бо Тоҷикистон бар сари истифодаи захоири об ва бунёди нерӯгоҳи Роғун аз сатҳи коршиносони соҳаи зистмуҳитӣ ба сатҳи баёнияҳои вазоратҳо кӯчида, дар ин авохир шиддат гирифтааст. Изҳоротҳои батакрори мақомоти Тоҷикистон, ки бунёди нирӯгоҳи Роғун ба ҳеҷ сурат ҳамсоякишвари Узбакистонро аз об маҳрум намекунад, чандин баёнияи Тошкандро ба бор овард ва ба оташи фурӯзони баҳс бештар рӯған рехт.
Норозигии Тошканд аз изҳороти ЗарифӢ
Ончӣ давлати Ӯзбакистонро дар ин авохир асабонӣ кардааст, баёнияи Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аст, ки гуфтааст, бо истеҳсоли 60 дарсад захираи об дар қаламрави Тоҷикистон кишвар аз он баҳраи зиёде намебардорад: “Тоҷикистон 12,2 фоиз квота дорад, ки бояд барои обу обёрӣ дар қаламраваш истифода кунад. Аз ин миқдор мо ҳамасола, аз 2 то 2 километри мукааб обро истифода намекунем ва ин об ройгон ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад. Ҳаҷми обанбори Роғун тақрибан 13 километри мукааб обро ташкил мекунад, дар давоми 15 то 17 сол пур карда мешавад. Мо дар сурати пур кардани ин обанбор мо ҳар сол 1 километри мукааб обро истифода мекунем, ки аз квотаи имрӯза се баробар камтар аст, яъне мо ягон қатра оби зиёдатӣ дар инҷо намегирем.“
Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон ба гуфтаҳои оғои Зарифӣ дафъатан вокуниш кард.
Мавқеи оштинопазири Узбакистон
Узбакистон, ки дар баробари тарҳи бунёди нирӯгоҳи Роғун мавқеъи оштинопазир дорад, масъаларо бузургтар мебинад ва мегӯяд танҳо марҳилаи аввали пур кардани обанбори Роғун аз 7 то 8 солро дар бар мегирад. Мақомоти ин кишвари ҳамсоя, иддао доранд, ки агар Тоҷикистон Роғунро бунёд кунад, калонтарин вилоятҳои кишоварзии Узбакистон бе об мемонанд, вазъи экологӣ буғранҷ ва мардуми ин кишвар ба камбуди об рӯ ба рӯ мешавад. Раисиҷумҳури Узбакистон низ ахиран таҳдид кард, ки аз рӯдхонаҳо қатрае ҳам кам нахоҳад шуд.
Сӯҳроб Исмоилов, коршиноси ӯзбак, бо ишора ба адами эътимоди раҳбарияти кишвараш ба баёнияҳои ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, ҳисобу китоби мутахассисони узбак дар ин замина фарқ мекунад. Ин мутахассисон гуфтаанд, ки барои пур кардани обанбори Роғун солона 20 дарсади маҷрои рӯдхонаи Вахш лозим аст. Агар Тоҷикистон ба ҷамъ кардани об шурӯъ кунад, оби ҳавзаи Амударёро шашу аз даҳ панҷ дар сад коҳиш медиҳад ва сокинони Узбакистонро ба камбуди об рӯ ба рӯ мекунад:
“Оби зиёде дар Ӯзбакистон барои нӯшидан истифода мешавад. Бисёре аз иншооти тасфияи оби Ӯзбакистон барои таъмини аҳолӣ обро аз маҷрои ҳамин рӯдхонае мегиранд, ки Роғун дар саргаҳи он сохта мешаванд. Дигар ин ки ба гуфтаи мутахассисон, коҳиши маҷрои об ба вазъи муҳити зист дар Ӯзбакистон садама зада ва бахусус заминҳои обиро ба биёбон табдил медиҳад.“
Ихтилофи назари ду ҷониб амиқтар мешавад
Узбакистон, яке аз панҷ кишвари умдаи тавлидкунандаи пахта дар ҷаҳон ихтилофи шадиди худ ба сохтмони Роғунро бо далелҳои боло тавҷеҳ мекунад. Тоҷикистон, ки баъди суқути Шӯравӣ ба бӯҳрони шадиди энержӣ гирифтор шудааст, роҳи халосӣ аз бунбастро танҳо дар бунёди Роғун мебинад. Тоҷикистон аз он нороҳат аст, ки аз як сӯ Узбакистон дар роҳи истифодаи рӯдхоҳаҳои фаромарзӣ ҳақталабӣ мекунад. Вале аз сӯи дигар ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба энержӣ, махсусан ба газу барқро нодида мегирад ва гоҳе ҳам манобеъи энержиро ҳамчун омили фишор бар давлати ҳамсоя истифода мекунад.
Ба сурати умум Роғун харидори зиёд дорад, ва кишварҳои сармоягузор ба ин тарҳ ҳавасмандӣ нишон медиҳанд. Аммо ин далел, ки Узбакистон пой дар миёни ин тарҳ гузоштааст, сармоягузорони воқеъиро мегурезонад. Ин шеваи кор Тоҷикистонро ба ҷалби сармояи мардум дар бунёди Роғун водор кардааст.
Дар як соли ахир ҳар ду кишвар барои пайдо кардани ҷонибдорони мавқеъи худ дар арсаи байналмилалӣ талошҳои ҷиддиро ба харҷ доданд ва мавзуъро аз доираҳои минтақавӣ ба минбарҳои байналмилалӣ кучониданд. Ҳоло пажуҳиши безарар будани тарҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ идома дорад ва Тоҷикистон гуфтааст, ки бахши асосии сохтмонро баъди анҷоми пажуҳиш шуруъ хоҳад кард.
Роғун - роҳи раҳоӢ аз бӮҳрони энержӢ
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки ду давлати ҳамсояро вориди "ҷанги сард" кардааст, бо сарбанди 335 метрӣ, дар рӯдхонаи Вахш бунёд мешавад, қодир ба тавлиди 3600 мегават соат нерӯи барқ дар як сол хоҳад буд. Ба гуфтаи мутахасисон ин тарҳ метавонад Тоҷикистонро ҳам аз буҳрон наҷод диҳад ва ҳам ин кишварро ба фурушандаи аслии нирӯи барқ дар минтақа ва берун аз он табдил диҳад.
Бисёр коршиносони минтақавӣ пофишории Узбакистон бар сари лағви тарҳи Роғунро маҳз ба ҳамин имконот бастагӣ медиҳанд ва мегӯянд, дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолияти энержӣ онро як кишвари калидии минтақа хоҳад кард. Ин аст, ки аксари коршиносон аз маншаи иқтисодӣ дида ба решаҳои сиёсии ин қазия ишора мекунанд.
Георгий Кошлаков, мудири кафедраи иқтисод ва менедҷменти донишгоҳи Словянии Тоҷикистон мегӯяд, "Узбакистон на аз вазъи сейсмологӣ нигарон аст ва на аз эҳтимоли тахриби сарбанди Роғун. Зеро медонанд, ки ин ёвагӯие беш нест. Узбакистон аз он дар ташвиш аст, ки мо фишанги бастани саргаҳи обро дар даст хоҳем дошт", афзуд ҷаноби Кошлаков, ки дар гузашта мақоми баландпояии ҳукумати Тоҷикистон буд.
“Даъвои Узбакистон беасос аст”
Георгий Петров, муовини собиқи вазири энергетикаи Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ дар ин арса кор кардааст, низ даъвои Узбакистонро беасос мехонад: “Маҷрои Вахш, 20 километри мукааб аст, яъне дар ҷараёни сохтмони Роғун солона сифру аз сад шасту панҷ дар сади оби маҷрои Вахшро мегирад, ки ин сохтмон даҳ сол ва ё зиёдтар хоҳад буд. Яъне возеҳ аст, ки Ӯзбакистон масъалаи Роғунро сиёсӣ мекунад.“
Баҳром Сироҷов, раиси собиқи ширкати “Барқи Тоҷик”, шоҳиди таҳияи тарҳи нерӯгоҳи Роғун будааст ва мегӯяд, дар сурати бунёд, обанбор дар мавсими серобӣ мисли имсола пур карда хоҳад шуд, то кишварҳои поёноб ҳам ҳиссаи даркории худро бигиранд ва мӯҳтоҷи об нашаванд. Дигар ин ки ҷамъ кардани об дар айёми серобӣ ва истифодаи он дар замони хушксолӣ ба нафъи тамоми кишварҳои минтақа хоҳад буд:
“Аз рӯи лоиҳа обанбори Роғун барои пур кардани Роғун 18 сол даркор, ки онро бояд дар солҳои серобӣ пур кунем. Имсол 7 миллиард метри мукааб об аз нерӯгоҳи Норак беҳуда сарф шуд, чунки истеъмоли нерӯи барқ дар кишвар кам аст. Агар мо Роғунро медоштем, ин обро нигаҳ барои оянда медоштем, чунки он миқдор об беҳуда ҷорӣ мешавад ва бе ҳеҷ кас лозим нест.”
Роғун воситаи таҳкими қудрати Каримов?
Аз Баҳром Сироҷов пурсидам, пас ин ҳама сарусадо дар мавриди зиёну фалокатҳои эҳтимолии Роғун дар Ӯзбакистон аз куҷо маншаъ мегиранд? Баҳром Сироҷов, мегӯяд, ҳукумати Ислом Каримов тарҳи Роғунро барои таҳкими қудрати худ, яъне барои сиёсатҳои дохилӣ ва ҷалби ҳимояти мардуми кишвараш истифода мекунад: “Шумо медонед, ки раиси ҷумҳури Ӯзбакистон чандсола шудааст. Ӯ мехоҳад, бо ҳамин роҳ ҳимояти мардуми кишварашро ба даст орад ва дар сари қудрат бимонад.“
Аммо айни замон, Георгий Петров эътироф мекунад, ки Тоҷикистон дар сурати бунёди Роғун метавонад, ба таъсиргузорӣ дар тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ қодир шавад, вале на ба андозае, ки мақомоти Ӯзбакистон воҳима мекунанд ва мардумрову кишварҳои дигари минтақаро метарсонанд.
"Ба андешаи ман Ӯзбакистон аз он нигарон аст, ки Тоҷикистон бо бунёди Роғун имкони таъсигузории манфӣ ба захираҳои обиро ба даст меорад. Тоҷикистон то кунун ин корро накардааст вале аз ҷиҳати назариявӣ чунин имконро метавонад дошта бошад, агарчӣ дар миқёси маҳдуд. Ба назари ман, сиёсатмадорон, на муҳандисон ба Ислом Каримов, ки мутахассиси ин соҳа нест, расонидаанд, ки Роғун Ӯзбакистонро беоб мегузорад, ба ӯ рақамҳоро нагуфтаанд, балки ӯро мӯътақид сохтаанд, ки Роғун зарар дорад. Ин масъалаи ҷиддӣ аст, дар онҷо на муҳандисон балки сиёсатмадорони касбӣ нишастаанд, аммо дар инҷо муҳандисону мутахассисони соҳа лозиманд, ки ба раиси ҷумҳури Ӯзбакистон воқеъиятро бирасонанд. Аммо дар Ӯзбакистон ин чиз нест. “
Ба назари гурӯҳе аз коршиносон баҳси Тоҷикистону Узбакистон бар сари Роғун, махсусан ҳассосияти Тошканд дар баробари дастёбии Тоҷикистон ба истиқлолияти энержӣ, кишварҳои ҳамкори онҳоро низ дар ҳолати душвор қарор додааст. Зеро ҳар сухане ба фоидаи бунёди Роғун ба иззати нафси Тошканд мерасад ва ҳар каломе ба тарафдории мавқеъи Тошканд Душанберо нороҳат мекунад.
Маълум нест, ки оё дар чунин шароити буғранҷ коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ чигуна метавонанд вазъро холисона пажуҳиш кунанд. Ҳамчунин маълум нест, ки агар коршиносони байналмилалӣ ба сохтмони Роғун чароғаки сабз диҳанд, оё ин ҷавоб Тошкандро ба даст кашидан аз мавқеъи оштинопазирӣ водор хоҳад кард ё хайр?
Тоҳири Сафар, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/3494---q-q---.html
-
22.06.2025 14:51
138
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
260
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
272
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
495
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
599
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
486
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
140
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
144
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
216
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
978
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1689
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3380
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
137
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
121
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
136
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
511
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
759
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
879
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
459
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
495
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
468
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
762
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1016
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1883
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
626
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
605
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1797
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2117
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2109
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2325
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
529
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
472
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
948
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3070
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3512
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3503
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
657
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
680
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
625
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?