Х. МУҲАББАТОВ: «БИРЛИК» ВА «ЭРК» САХТ ИШТИБОҲ КАРДААНД»
Ҳизбҳои опозитсионии Ӯзбекистон «Эрк» ва «Бирлик» гуфтаанд, ки мухолифи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳастанд ва изҳор доштаанд, ки маҳз сиёсати иштибоҳии Ислом Каримов Тоҷикистонро водор сохтааст, ки ин иншооти бузурги гидроэнергетикиро бунёд созад. Аз ҷумла, раиси ҳизби «Эрк» Отаназар Орипов, ки аз мухолифони Ҳукумати Ӯзбекистон аст, гуфтааст, ки шахсан зидди бунёди Роғун ҳаст ва аз пайомадҳои сохтмони ин нерӯгоҳҳои бузург барои муҳити зисти минтақа нигарон мебошад.
-«Бояд зикр кард, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки айни ҳол бунёди он барои мардуми тоҷик ормони миллӣ гаштааст, тавозуни экологии минтақаро вобаста ба офатҳои фалокатбори баҳри Арал, ки аҳзоби сиёсии мухолифи ин кишвар ва Сарвазири Ӯзбекистон дар мактуби худ изҳор доштааст, халалдор намекунад», гуфт доктори илмҳои ҷуғрофӣ Холназар Муҳаббатов. Олими шинохтаи бахши экологияи тоҷик афзуд, ки мушкилоти Аралро ҳанӯз дар соли 1930 яке аз ҷуғрофиёдони барҷаста - Берн арзёбӣ карда буд.
Солҳои 30-юм баъди таҳлили вазъи оби дарёи Омӯ олим Берн чунин пешгӯи карда буд, ки солҳои наздик бо чунин тарз, яъне ғайриоқилона истифодабарии захираҳои обӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боиси таъсири манфӣ ба баҳри Арал мегардад. Донишманди тоҷик меафзояд, ки мушкилоти асосии баҳри Арал ҳанӯз аз солҳои 60 –уми қарни 20 пайдо шудааст. Аҳолии Осиёи Марказӣ аввали солҳои 60-ум 21 миллион нафар буд ва захираҳои заминҳои обӣ ба 2, 7 миллион гектар мерасид.
Ҳоло бошад аҳолии давлатҳои Осиёи Марказӣ беш аз 60 миллион буда, майдони заминҳои обӣ 9 миллион гектарро ташкил медиҳанд. Олими тоҷик мегӯяд, ки заминҳои обӣ бештар дар қаламрави Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷойгир шудаанд. Аз ин рӯ, изҳороти Сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев асоси реалӣ надорад, меафзояд, Холназар Муҳаббатов. Олими тоҷик афзуд, ки дар давраи солҳои 60-70 ва 80-уми қарни гузашта дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон 300 кӯлҳои хурд ва калон пайдо шуданд.
Ин кӯлҳо дар натиҷаи дар заминҳои пахтазор ва шолизор бемаврид ва ғайриоқилона истифодабарии об ба вуҷуд омадаанд. Яке аз калонтарин кӯлҳо бо номи Ҳайдаркӯл-Арнасай мебошад, ки 3 ҳазору 500 километри мураббаъ масоҳат ва ҳаҷми обаш ба 40 километри мукааб баробар аст. Кӯли калони дигар, кӯли Сариқамиш аст, ки он 4 ҳазор километри мураббаъ масоҳат дошта, ҳаҷми обаш ба 46 километри мураббаъ мерасад.
Кӯли Сариқамиш дар қиёс бо оби кӯли Сарез се баробар зиёд аст меафзояд Х. Муҳаббатов. Таркиби оби ин кӯлҳо заҳролуд буда, намак дар таркиби оби онҳо 0,7 то 10 граммро дар 1 литр ташкил медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки вазъи экологии минтақаро на Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон ва Туркманистон вайрон кардаанд ва даъвоҳои Ӯзбекистон дар мавриди хатарафзо будани сохтмони НБО «Роғун» дар муҳити зисти минтақа асоси илмӣ ва экологӣ надорад.
Олими тоҷик афзуд, ки оби дарёи Вахш 27 % ҳавзаи дарёи Омӯро ташкил медиҳад ва НБО «Роғун», ки сохтмонаш аз 10 то 12 сол идома меёбад дар ин маврид Тоҷикистон танҳо 5 % оби дарёи Вахшро истифода мекунаду халос. Дар солҳои камобӣ оби дарёи Вахш аз 20 то 22 % кам мешавад.
Аз ин рӯ, сохтмони чунин иншооти бузурги обӣ ба мисли Роғун, ки барои мардуми тоҷик иншооти сарнавиштсоз маҳсуб мешавад, барои ба низом овардани оби дарёи Вахш ва минбаъд дар солҳои хушксолӣ бо об таъмин кардани миллионҳо гектар заминҳои кишт дар кишварҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон имкониятҳои фаровон ба вуҷуд меорад. Яъне, ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки бо бунёди НБО «Роғун» кишварҳои поёноби минтақа, бахусус Ӯзбекистон бе об намемонад ва дар ин маврид бояд Ӯзбекистон хотирҷамъ бошад. Зеро сохтмони Роғун аз нигоҳи илмӣ экологӣ барои муҳити зисти минтақа ягон мушкилот ва пайомади хатарафзоро ба бор намеорад.
Бунёди НБО Роғун, ки имрӯзҳо барои мардуми тоҷик ба майдони нангу номус, шарафу мардонагӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамрайъӣ табдил гардидааст, барои ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди иқтисодиёти миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, қадами муборак аст.
Сохтмони ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ- НБО «Роғун» ҳаққи мусаллами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикистониён мебошад. Зеро беш аз даҳ сол аст, ки мардуми тоҷик аз камчинии нерӯи барқ, хусусан дар фасли зимистон танқисӣ мекашад ва ин раванд ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи иҷтимоии ҷомеа то андозае таъсир расонидааст.
Сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Раҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, пеш аз ҳама ба амалӣ намудани ҳадафҳои миллию стратегӣ, рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва бо ҳусни тафоҳум дар доираи арзишҳои ҳамгироӣ ва дӯстиву бародарӣ муносибат кардан бо кишварҳои хориҷӣ ва минтақа, бахусус бо Ӯзбекистон равона карда шудааст.
Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1747--lr-lr-r.html
-
05.10.2026 08:36
338
Сарвари рӯзгорсоз ва Пешвои ваҳдатофари миллат
-
02.10.2026 13:58
269
Мулоқот бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
-
29.09.2026 13:16
193
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
-
08.05.2026 19:24
796
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
765
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
747
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
10.10.2026 12:45
116
Душанбе мизбони Форуми сеюми соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Амрико (B5+1) мегардад
-
06.10.2026 14:01
175
Пешбинии БОР: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 то 7,3 фоиз афзоиш меёбад
-
06.10.2026 13:58
160
Минск: Ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ густариш меёбанд
-
04.10.2026 21:01
282
The London Gazette: Рӯзномае, ки шоҳидӣ таърих шуд
-
15.09.2026 20:48
427
«РӮЗГОР»-И МО: ОИНАИ ДИРӮЗ, НАБЗИ ҶОМЕАИ МУОСИР ВА НИГОҲИ СОЗАНДА БА ФАРДО
-
14.07.2026 10:13
633
Устод Пайванд - пайвандгари наслҳо буданд
-
10.10.2026 12:39
123
Аз Қатъномаи СММ то Конфронси Душанбе-2027: Гузориши ҳайати Тоҷикистон дар САҲА
-
06.10.2026 23:47
240
Меъмории муосир: Тоҷикистону Русия ҳамкориҳоро дар соҳаи шаҳрсозӣ тақвият медиҳанд
-
06.10.2026 14:04
172
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛӢ: Ниқоби нави қаллобони интернетӣ ва хатари файлҳои «.apk»
-
06.10.2026 09:21
237
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ»: Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ шуд
-
04.10.2026 21:07
395
Рамзу рози ишқи ҷонсӯз дар оинаи шеъри Шаҳрия Аҳтамзод
-
25.09.2026 00:51
362
Корномаи Фурқат Саидзода дар як китоб: Аз “Сози ватандорӣ” то “Соҳибмақоми Шашмақом”
-
30.09.2026 11:18
283
Қиссаи нонпазе дар қалби Cибир
-
26.09.2026 00:58
395
Идоракунии равандҳои муҳоҷират дар ИДМ: Ҳамоҳангӣ, технологияҳои муосир ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон
-
23.09.2026 21:05
203
Аз кӯчаҳои Душанбе то манораи Токио: Қиссаи муҳоҷире, ки дар Осиё ояндаи худро сохт
-
17.09.2026 21:27
315
Издивоҷи Паёмбар (с) бо Хадиҷа
-
10.09.2026 22:44
547
Паёмбар (с) таҳти сарпарастии Абдулмутталиб
-
05.09.2026 13:59
542
Таваллуди Паёмбар (с)
-
02.03.2026 23:37
838
“Ранҷи модар”
-
28.02.2026 22:46
930
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2296
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.07.2026 12:25
601
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2426
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1489
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
06.10.2026 09:13
223
Ифтитоҳи Бозиҳои XX Делфии ҷавонони ИДМ дар Душанбе
-
04.10.2026 20:51
307
ҶҶ 2006: Италия дар нишони чаҳорум ва афсонаи Зидан
-
27.09.2026 20:11
271
ҶҶ 2002: Ғалабаи панҷуми Бразилия дар Осиё
-
10.10.2026 12:52
326
Таърихчаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи сулҳ
-
04.10.2026 20:56
320
Александр Васильевич Суворов - Сарлашкар ва ислоҳотгари санъати ҳарбӣ
-
27.09.2026 20:15
291
Абумуслими Хуросонӣ - Сарвари шӯриши зидди Уммавиён ва озодкунандаи Хуросон










































