БУНЁДИ «РОҒУН» БА МАНФИАТИ КИСТ?
Имрӯз сару садоҳо атрофи истифодаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои азим дар ин минтақа, бахусус бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» торафт шадид мегарданд. Кишварҳои поёноби минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз он нигарон аст, ки дар сурати бунёд шудани «Роғун» кишвараш аз камбуди об танқисӣ мекашад.
Аммо мақсад аз бунёди ин иншооти муҳим яктост - Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи калони нафту газ надорад, вале дорои захираҳои бузурги об мебошад, ки он боигарии миллӣ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон бо ҳама имконот мекӯшад аз ин боигарии миллӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди иқтисоди миллӣ ва дар баробари ин, ба нафъи тамоми мардуми минтақа, истифода кунад.
Агар одилона ба масъала назар кунем, нерӯгоҳи «Роғун» барои ҷамъ кардани захираи об ва истифодаи он дар мавсими обёрӣ муҳим ва манфиатовар аст. Обанборе ки аз ин нерӯгоҳ ба вуҷуд меояд, захираи бузурги обро ҷамъ карда, бо чунин роҳ масъалаи таъмини об дар минтақа ҳал мегардад ва инчунин мушкили камбуди барқ дар кишварҳои ҳамсоя таъмин мешавад.
Мавриди зикр аст, ки агар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон обро асосан барои обёрии заминҳои худ истифода баранд, барои Тоҷикистон ва Қирғизистон об манбаи тавлиди нерӯи барқ аст. Раиси маркази тадқиқоти оби Институти физикаи Академияи илмҳои ҶТ Қурбон Кабутов дар мусоҳибае ба радиои «Озодӣ» иттилоъ дода буд, ки ҳарчанд Тоҷикистон кишвари болооби минтақа аст, вале аз захираҳои об барои обёрии заминҳои кишоварзӣ танҳо 10-12 дар сади онро истифода мекунад.
Оби боқимонда ба кишварҳои поёноб дода мешавад ва дар ин мавзӯъ набояд мушкиле миёни Тоҷикистон ва кишварҳои поёоб мавҷуд бошад, балки кишварҳои минтақа бояд дар мавриди захира ва истифодаи самараноки об ҳамкории судмандро роҳандозӣ кунанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон иддао дорад, ки тарҳи НБО «Роғун» бояд бо назардошти таъсираш ба бӯҳрони Арал, пайомадҳояш дар ҳаҷми интиқоли об ба кишварҳои дигар ва чораҳои ҳифзи он аз таҳдидҳои техногенӣ ва табиӣ, бознигарӣ шавад.
Тибқи як гузориши Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили оби Осиёи Марказӣ 8 миллиард метр мукааб захираи об дар қаламрави кишварҳои поёноб, ба хусус Ӯзбекистон, қочоқ шудааст. Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод охири моҳи январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дод, ки агар Тоҷикистон танҳо дар ҳавзаи Амударё 72, 5 дар сад аз захираҳои об истифода карда бошад, пас Туркманистон ва Узбакистон, мутаносибан 85 ва 91 дар сад аз ин захираҳо баҳрабардорӣ намудаанд.
«Тоҷикистон дар ҳавзаи Амударё ҳаққи истифодаи 9,5 кубакилометр обро дорад, лекин мо ҳар сол 5,5 то 6,5 кубокилометр истифода мекунем ва бақияи ин об бояд тариқи транзит ба Арал бирезад. Аммо дар қаламрави кишварҳои поёноб ин миқдор об нобуд мешавад», - гуфт Саиди Ёқубзод.
Бо назардошти мушкилоти мавҷуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар миёни кишварҳои минтақа як консепсияи истифода аз захираҳои обро ба тасвиб расонад, то ки на танҳо захираҳои об миёни ин кишварҳо ба таври шаффоф ва одилона истифода шавад, балки мавориди нобудшавӣ ё қочоқи об дар қаламрави кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ аз байн бурда шавад.
Дар як гузориши таҳлилии муҳандис ва иқтисодшиноси масоили об дар Институти захираҳои об дар Вашингтон Пит Клоп (07.07.2009. дар сайти www.ozodi.org), навишта шудааст, ки «маъмулан кишварҳои болооб дасти бозтару ҳаққи бештар доранд ва кишварҳои поёноб бояд бо назардошти ин ба муомила ва созиш омода бошанд». Ба ақидаи Пит Клоп ингуна баҳсҳо дар таҷрибаи байналмилалӣ будааст ва баҳси мазкур тафовути чандоне надорад. Дуруст аст, ки кишварҳои болооб ҳамеша дар танзим ва тақсими об бартарӣ доранд. Онҳо дар болооб ҷойгир шудаанд ва ҳадди аққал аз назари фаннӣ метавонанд раванду ҷараёни обро назорат кунанд.
Дар ин сурат кишварҳои поёноб бояд як чизи дигаре бар ивази ин пешниҳод кунанд. Масалан, Тоҷикистон ва Қирғизистон барои пешниҳоди истифодаи об аз кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон маблағ ва ё бояд бар ивази он нерӯи барқ ё газ тақозо кунанд.
Дабири кулли Хартияи байналмилалии энергетикӣ Андрэ Мерниэ 6 майи соли 2009 баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ӯ аз мушкилоти камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ва минтақа огаҳ буда, бар ин бовар аст, ки барои рушди арсаҳои мухталиф, алалхусус дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва саноатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни баҳрабардорӣ аз захираҳои обу энергетикии худ чораи дигар надорад.
Сарвазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори нигаронӣ кардааст, ки лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» қариб 40 сол пеш бо имкониятҳои кӯҳнаи лоиҳакашӣ ва технологӣ омода шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест ва дар ҳоли татбиқаш метавонад, мувозанати нозуки экологиро дар минтақа барҳам занад.
Борҳо тавассути расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ роҷеъ ба мутолиаи мукаммали тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» дар замони Шӯравӣ ва аз ҷониби институтҳои муҳандисии худи Ӯзбекистон анҷом шудани он ва ҷониби Тошканд дар давраи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳаводорони асосии бунёди «Роғун» будан, мақолаву гузоришҳои зиёде нашр шудаанд, ки инҷо такрори он факту рақамҳоро зарур намешуморем.
Танҳо гуфтанием, ки лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» қабл аз оғози сохтмони он дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи ҷонибҳо мувофиқа шуда, ҳадафи аслии он обёрӣ кардани зиёда аз 330 ҳазор гетар заминҳои минтақа ва мустаҳкам намудани обёрии беш аз 1 миллион гектар замини дигар буд. Ҳамчунин, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ эъломияи Нуқус аз сӯи сарони кишварҳо ба тасвиб расид ва дар ин эъломия банде ҳаст, ки ин кишварҳо тарҳҳои замони шӯравиро эътироф мекунанд.
Дигар ин ки, Тоҷикистон қасде барои бастани об ва пеш овардани мушкилоти об дар минтақаро надорад, зеро сохтани ин обанбор баҳрабардорӣ аз манбаъҳои обиро муносибтар мекунад. Гуфтанист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузургтарини обу энергетика дар минтақа буда, нерӯи барқи тавассути нерӯгоҳҳои барқи обии дар ин кишвар истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза, бидуни партоб ва барқароршаванда аст. Аз ин нуқтаи назар, мо далели кофӣ барои пуштибонӣ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати густариши бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро дорем.
Бекназари Абӯбакр, АМИТ «Ховар».
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/rogun/1693-bunyodi-rogun-ba-manfiati-kist.html
-
22.03.2026 15:28
455
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
439
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
571
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
327
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
364
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
419
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
244
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
971
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1000
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
698
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1384
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2306
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
118
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
273
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
306
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
197
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
358
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
546
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
883
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1200
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1145
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2292
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2353
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3383
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
519
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1870
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2016
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
979
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1164
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1141
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
11.06.2026 18:47
231
Чемпионати ҷаҳонии футбол 2026 оғоз ёфт!
-
11.06.2026 01:06
299
Чемпионати ҷаҳон - Итолиё 1934
-
07.06.2026 00:48
209
Аввалин Чемпионати ҷаҳонии футбол 1930 баргузор гардид
-
07.06.2026 12:05
399
Бобоҷон Ғафуров: Тоҷик дар баландии илми ҷаҳон
-
03.06.2026 15:52
334
«Вахё — қалби мост»
-
01.06.2026 12:36
198
Номае ба биҳишт: Зодрӯзи Фариштаи ман дар иди кӯдакон










































