ХАРИДИ САҲМИЯҲОИ НЕРӮГОҲИ РОҒУН ИХТИЁРИСТ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи ҳимояи ҳуқуқи харидорони саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун фармон имзо кардааст. Тибқи ин санад, хариди саҳмияҳои нерӯгоҳ бояд ихтиёрӣ сурат бигирад.
Дар амри раиси ҷумҳур oмадааст, ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва ширкату корхонаҳои ватанӣ ҳаққи хариди саҳмияҳои Роғунро доранд. Вазорати молия ва Бонки милливу «Амонатбонк» муваззаф шудаанд, ки ҳар гуна маълумот дар бораи саҳҳомон ва саҳми онҳоро маҳрамона нигоҳ доранд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амри худ санҷиши фаъолияти бонкҳо дар заминаи фурӯши саҳмияҳо, ҷамъоварии сармояҳо, сабти гувоҳномаҳои ширкати «Нерӯгоҳи Роғун» ва сарчашмаи маблағҳоро мамнуъ эълон кардааст.
Дар санад ҳамчунин омадааст, ки пажӯҳиши ҳолатҳои қонуншиканӣ аз сӯи саҳҳомон ва ё кормандони бонкҳо танҳо бо иҷозаи Додситонии кулли кишвар сурат хоҳад гирифт. Вазорати молияи Тоҷикистон қиммати саҳмияҳои Роғунро, ки бояд мардум харидорӣ кунанд, 6 миллиард сомонӣ муайян кардааст. Фурӯши қоғазҳои кимматбаҳои Роғун 6 январи соли 2010 оғоз хоҳад шуд. Бо ин ҳадаф дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯш боз мешавад.
Вале то ҳол равшан нест, ки хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун бо чи тартиб сурат хоҳад гирифт ва низом ва шаффофияти он чи гуна таъмин хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки саҳмияҳо танҳо пас аз як ҳафта мавриди фурӯш қарор мегиранд, мақомоти “Амонатбонк” эълон кардаанд, ки аз ҳоло ба суратҳисобҳои вижаи ин банк беш аз 3 миллион сомонӣ ва беш аз 10 ҳазор доллар ворид гаштааст.
Дар фармони ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид шудааст, ки саҳмияҳои Роғун на иҷборӣ, балки ихтиёрӣ харидорӣ шаванд. Зикри ба такрори ин нукта эҳтимолан аз ташвишҳои сокинони кишвар маншаъ гирифтааст, ки мегӯянд, бисёре аз корхонаву муассисаҳои давлатӣ ҷамъоварии маблағҳо барои Роғунро бо роҳи маҷбурӣ ба роҳ мондаанд.
Бо содир шудани амри ҳимояи ҳуқуқҳои харидорони саҳмияҳои Роғун интизор меравад, чунин ихтилофоти назар аз байн бардошта шавад ва тартибу низоми саҳмгузорӣ дар сохтмони ин нерӯгоҳ муназзам гардад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/rogun/1436-kharidi-sahmiyahoi-nerugohi-rogun-ikhtiyorist.html
-
22.06.2025 14:51
137
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
259
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
269
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
494
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
598
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
485
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
139
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
142
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
215
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
977
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1688
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3379
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
135
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
120
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
134
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
510
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
757
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
877
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
458
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
494
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
467
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
761
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1015
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1882
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
604
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1796
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2116
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2324
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
528
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
470
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
947
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3069
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3511
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3502
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
656
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
679
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
624
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?