Г.Петров: Дар роҳи сохтани Роғун чанд "аммо" истодааст
Георгий Петров, мутахассиси варзидаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ дар бораи дурнамои нирӯгоҳи Роғун ва ҳам аз ин сӯҳбат кард, ки оё лимити барқ дар Тоҷикистон кай афсона мешавад?
Георгий Петров, муовини собиқи раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва аз мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи энергетика, ки солҳо дар Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, ба кор андохтани аввалин чархаҳои нерӯгоҳи Роғун дар соли 2018 нияти хуб аст, аммо кафолати ин вуҷуд надорад. Чанде пеш аз ин Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ду агрегат ё чархаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, соли 2018 ба кор андохта мешаванд.
Георгий Петров дар Пажӯҳишгоҳи масоили об ва энергетикаи Тоҷикистон кор мекунад, вале чанд сол боз дар Маскав ба сар мебарад.
Оқои Петров рӯзи 4 феврал дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо мо дар бораи дурнамои сохта шудан ё нашудани нирӯгоҳи Роғун ва ҳам аз ин сӯҳбат кард, ки оё мардуми Тоҷикистон кай аз бебарқиву торикӣ халос мешаванд?
Георгий Петров: “Ман худам дар соҳаи энергетика дар “Барқи Тоҷик” кор кардаам ва ин як нияти нек аст ва ман ҳам мехоҳам, ки ҳамин кор шавад. Вале гуфтану кардан, ду чизи гуногун аст. Худо кунад ва чашм нарасад, ки (то соли 2018) нерӯгоҳи Роғун ба кор сар кунад, вале ҳеҷ гуна кафолати он вуҷуд надорад. Мо агар бигӯему ором бишинем ва ҳеҷ кор накунем, дар ин сурат Роғун ба кор сар намекунад. Бояд қиммати нерӯи барқро боло барем, бояд тарҳҳои дигар ба мисли КАСА-1000-ро ба инобат бигирем, барои ин ҳам пул лозим дорем. Агар ҳама таваҷҷӯҳро ба Роғун сафарбар кунем, дар он сурат метавонем, нерӯгоҳро ба кор андозем. “
-Ташхиси байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун нишон дод, ки иддаоҳои кишварҳои поёноб бахусус Узбакистон, ки Роғун сабаби фалокатҳои бузург дар Осиёи Марказӣ мешавад, беасос будааст. Акнун метавонем, бигӯем, ки мухолифат ба бунёди Роғун ҳам камтар мешавад?
-Ман ҳанӯз соли 2011 гуфтам, ки ташхис фақат талаф додани вақт аст. Маълум буд, ки натиҷаҳои ташхис чӣ мешавад, онҳо наметавонистанд бигӯянд, ки Роғунро набояд созед. Айни замон онҳо гуфтанд, ки метавонед Роғунро бисозед, аммо... Дар ин “аммо”, ба қавли фаронсавиҳо, тамоми Парижро дохил карда мешавад. Вале мо бояд вуҷуди ҳамин “аммо” Роғунро бисозем. Барои Роғун як лоиҳаи нав лозим аст ва кашидани ҳамингуна тарҳро мо бояд фармоиш диҳем. Ҳар як лоиҳа қисматҳои алоҳидаи калон дорад ва дар замони шӯравӣҳам чунин буд, вақте лоиҳа омода мешуд, ташхис ҳам анҷом мешуд. Чаро мо ташхисро ба онҳо додем ва чаҳор соли худро талаф кардем. Ҳама гап сари ҳамин масъала аст.
-Агар ба масъалаи Узбакистон баргардем, яъне ин кишвар дигар ба Роғун мухолифат намекунад?
-Узбакистон ҳамеша мухолифат хоҳад кард, хайр чӣ? Чаро мо бояд онро гӯш кунем, агар мо ба ягон ширкати мӯътабару ҷиддӣ тарҳи Роғунро фармоиш диҳем, тавре барои ширкати РусАл ба як ширкати фаронсавӣ фармоиш дод. Бигзор баъди ин Узбакистон бо ҳамон ширкат мубориза бурдан гирад.
-Манзури шумо аз лоиҳаи нав чӣ аст? Яъне ҳоло Роғун лоиҳаи иқтисодии мушаххас надорад?
-Бале, мо ҳоло ҳатто қимати худи нерӯгоҳи Роғунро муайян накардаем, ин лоиҳа бояд аз тарафи ҳукумат тасдиқ ва бо фармони ҳукумат қабул карда шавад. Яке аз мушкилоти Роғун ин аст, ки қимати аслии лоиҳаи он мушаххас нашудааст ва ҳар қадар, ки метавонед, онҷо пулро рехтан гиред. Ҳоло пули иҷрои корҳоро бар асоси муҳосибаи харҷу масраф мепардозанд ва аз ин рӯҳама чиз чанд маротиба гаронтар аст. Маълум аст, ки дар онҷо сӯистифода мешавад ва дигар корҳо вуҷуд дорад. Дар сурати лоиҳаи дақиқ ин гуна корҳоро карда наметавонанд.
-Дар Тоҷикистон дар ҳоле мехоҳанд, сохтмони нерӯгоҳи Роғунро такмил кунанд, ки вазъи соҳаи энергетика хуб нест, бахусус вазъи ширкати “Барқи Тоҷик”. Ба назари шумо чаро солҳост, ки дар ин соҳа бӯҳрон аст?
-Ин бӯҳрон нест, ин як вазъи мушкил аст. Ҳоло дар ҳамаҷо вазъ мушкил аст, ҳам дар Русия, сарфи назар аз Украина ва ин як вазъи маъмулӣ аст, ки аз он бояд дуруст берун шавем. Мехостам ду ҷанбаро зикр кунам, масалан шумо хабарнигор ҳастед ва ман муҳандис. Аввал ин ки ҳоло дар Тоҷикистон хабарнигорон назар ба мутахассисон ба соҳаи энергетика бештар таваҷҷӯҳ доранд, шумо зиёд менависед ва кори дуруст мекунед, вале мутахассисону иқтисоддонон барои ислоҳи вазъ кам кор мекунанд.
Барои ҳамин бояд мутахассисону муҳандисон сари ин масъала дуруст кор кунанд. Дар замони шӯравӣ даҳҳо пажӯҳишгоҳ барои соҳаи энергетика кор мекарданд. Ман намехоҳам бигӯям, ки дар Тоҷикистон мутахассисони хуб каманд, агар бошанд ҳам, таҷриба надоранд. Ман дар гузашта вақте дарТоҷикистон кор мекардам, дар як сол даҳ бор ба форумҳои гуногун, пажӯҳишгоҳҳои гуногуни энергетикии кишварҳои дигар мерафтам. Ин таҷрибаро бояд барқарор кард ва барои ин пули зиёд лозим нест.
-Аммо сабаби қарздории “Барқи Тоҷик” чӣҳаст?
-Воқеан нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон бисёр паст аст. Зиёд гап мезананд, ки зӯри мардум ба пардохтани пули барқ намерасад. Дар Русия дар зарфи 5-6 соли ахир қимати барқро 10 маротиба боло бурданд. Вақте ду маротиба боло бурданд, ҳаёҳу бардоштанд, ки мардум пули барқро дода наметавонад, мардум ба кӯчаҳо мебарояд, аммо ҳеҷ чиз нашуд. Пули барқе, ки мегиранд, аз тариқи истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ ба мардум бармегардад. Мушкили асосӣ дар “Барқи Тоҷик” нархи пасти нерӯи барқ аст.
Албатта, масъалаҳои дигар, ба мисли дахолати давлат аст, ки ҳукумат баъзе аз хароҷоти худро ба сари “Барқи Тоҷик” мезанад. Ин чиз буд ва мемонад, вале мушкили асосӣқимати барқ аст, то замоне, ки ин масъаларо мо ҳал накунем, ба ҷое намерасем. Аз ин рӯ ба фикри ман, хоҳем ё нахоҳем, қиматҳоро бояд боло барем, баъдан назорат кунем, ки ин пулҳо ба куҷо мераванд, пеш аз ҳам қарзҳои “Барқи Тоҷик”-ро пардозем. Ба фикри ман, бояд қиматиҳар киловат соат нерӯи барқ бояд 5 сент бошад ва ман инро ба ҳайси як муҳандис мегӯям. Дар Русия ҳоло ҳар киловат-соат нерӯи барқ 10 сентро ташкил медиҳад.
БАРОИ МАЪЛУМОТ: Нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад ва давлати Тоҷикистон сохтмони ин нирӯгоҳро барои ҳалли бӯҳрони энергетикии кишвар, ки ҳар сол дар фасли сармо маҷбур аст, лимити шадиди нирӯи барқҷорӣ кунад, масъалаи “ҳаёту мамот” мехонад. Дар ҳоли ҳозир ширкати “Барқи Тоҷик” бузургтарин ширкати энергетикии Тоҷикистон мебошад.
«Озодӣ»
-
08.05.2025 09:32
68
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
-
04.05.2025 13:40
110
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар
-
30.04.2025 07:12
113
Мулоқот бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) Тсю Донгюй
-
05.05.2025 12:47
266
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
103
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
21.04.2025 21:19
186
Парвози охарини капитан Ритов
-
08.05.2025 00:22
64
Имзои Протоколи Ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон
-
05.05.2025 12:44
85
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 58-умин ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии Рушд
-
18.04.2025 17:32
157
Ҷаласаи 13-уми Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид
-
14.10.2024 18:41
679
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1378
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3071
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
22.03.2025 12:38
246
Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар чорабинии сатҳи баланди кишвар оид ба об ва пиряхҳо дар СММ
-
23.02.2025 18:20
361
Фишори Трамп ба USAID ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон – оё таҳдид воқеӣ аст?
-
14.10.2024 18:43
662
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
-
06.01.2025 20:57
485
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
606
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
18.11.2024 22:30
572
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
-
13.04.2025 00:00
182
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
205
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
16.07.2023 02:12
1274
Чаро Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷирони тоҷикро қабул намекунад?
-
28.02.2025 13:34
398
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
702
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1491
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:19
302
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1496
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
07.03.2022 09:26
1614
ИДАТОН МУБОРАК, МОДАРОНИ АЗИЗ!!!
-
03.09.2021 08:38
1818
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2015
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2704
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
227
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
204
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
648
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2706
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3147
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3127
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
360
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
424
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
361
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?