07:19:27 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Роғун

Баҳси "Роғун" аз Душанбе то Кобулу Порис

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чаҳоруми Бонки Ҷаҳонӣ дар робита ба тарҳи нерӯгоҳи Роғун ба кор оғоз мекунад. Масъулони дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, ки ҷаласаи видеоӣ ба ин муносибат соати 13.00 зуҳри имрӯз дар дафтари ин бонк дар Душанбе сурат мегирад ва дар кори он намояндагони 6 кишвари ҳавзаи Ому, яъне Тоҷикистону Узбакистон, Афғонистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон ширкат доранд.

roghun-659633Ҳамчунин намояндагиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса ва Кобул низ як ҷо бо намояндагиҳои бонк дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мустақиман аз тариқи онлайн бо дафтари Душанбе пайваст мебошанд. Ба иттилои масъулони Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе, ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст Фаррух Ҳамралиев, мушовири умури иқтисодии раиси ҷумҳур, раҳбарӣ мекунад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар ин нишасти дурӯза натиҷаҳои арзёбии навбатии худро роҷеъ ба сохтмони обанбори нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ду гузориш ба баҳс мегирад. Гузориши аввал бо номи “Таҳқиқи ҷуғрофиёӣ ва геотехникии таркиби хоки обанбору атрофи он ва намакҳо” ва дуввум бо номи “Гузориш дар бораи корҳои анҷомшуда дар нерӯгоҳи Роғун” ба нашр расидааст.

Гузориши аввал ба таркиби хоку намакҳои дараи Ёнахш, яъне маҳали сохтмон ва атрофи обанбор иртибот дорад, ки барои амнияти ояндаи обанбору сарбанд омили асосӣ ба шумор меравад. Дар гузориши дуввум таъсисоти сохташуда, аз ҷумла нақбҳои зерзаминии обгузар, нақбҳои рафту омад ва нақлиётӣ, сифати кор ва амнияти онҳо бо назардошти меъёрҳои мавҷуда ба баррасӣ гирифта шудаанд ва дар ин бора пешниҳодҳо низ дода шудааст.

Қаблан Елена Карабан-коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ин ду гузоришро ширкати “Coyne et Bellier”-и Фаронса таҳия кардааст ва онро гурӯҳи вижаи коршиносон баррасӣ намудаанд. Хонум Карабан мегӯяд, ин ду гузоришро набояд ба унвони арзёбиҳои ниҳоӣ ё хулосаҳои ниҳоӣ қабул кард, зеро ширкаткунандагони ҷаласаи чаҳорум рӯзҳои 17-18 октябр ин ду гузоришро баррасӣ ва андешаҳои худро роҷеъ он пешниҳод мекунанд.

Гузашта аз ин, роҷеъ ба ин масъала машваратҳои чандҷониба низ анҷом мегирад. Ҳамчунин гурӯҳи коршиносон пешниҳоди ҳукуматҳои ҳавзаи рӯдхонаи Ому, коршиносони минтақа, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро гирдоварӣ мекунанд ва таҳлилу баррасиҳо бо назардошти пешниҳоди ҷонибҳои гуногун идома хоҳад ёфт. Ин пешниҳодҳоро Бонки Ҷаҳонӣ то 1 ноябри соли 2013 қабул хоҳад кард. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, нақши бонк ин аст, ки маълумоти муқаддамотӣ ва бетарафонаро роҷеъ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ҷараёни арзёбиҳои мустақилона аз гурӯҳи коршиносону мушовирон гирдоварӣ кунад ва онро дар ихтиёри кишварҳои зидахл қарор диҳад.

Хонум Карабан меафзояд, дар марҳилаи кунунӣ маълум нест, ки натиҷаҳои ниҳоии арзёбиҳо роҷеъ ба сохтмони нерӯгоҳ кай омода ва ба чоп хоҳанд расид. Вале Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад, ки бо назардошти таҷрибаи мавҷудаи сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар ҷаҳон арзёбии дақиқ ва расидагиҳои ҳамаҷонибаро дар оянда таъмин кунад ва онро дар ихтиёри маҳофили ҷаҳонӣ ва кишварҳои зидахл қарор диҳад. Ҳоло коршиносону мушовирони техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зистмуҳитӣ ба таври фаъол омӯзишро идома медиҳанд ва ҳар вақт, ки марҳилаи баъдии кори онҳо ба поён расид, натиҷаи арзёбиҳои онҳо нашр хоҳад шуд.

Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи ягона ё ниҳоии сохтмонро пешкаш намекунад ва ҳамчунин ба хулосае нахоҳад расид, ки нерӯгоҳи мазкур сохта шавад ва ё сохта нашавад, балки барои тасмимгириҳо ва маълумот чанд роҳи сохтмонро чун тарҳи қобили қабул пешниҳод мекунад. Дар ин тарҳҳо муқаррароти байналмиллалӣ, қарордодҳои байналмиллалӣ ва масъалаи сармоягузории тарҳ дар назар гирифта мешаванд. Бонк мегӯяд, ки масъалаи сармоягузории тарҳро ҳеҷ гоҳ бар ӯҳда намегирад.

Қарор буд Бонки Ҷаҳонӣ ин ду гузоришро тобистони соли ҷорӣ ба нашр расонад. Вале дар ин кор таъхир ба амал омад ва тайи ин муддат кормандони Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳи коршиносону мушовирони мустақил мулоқотҳо анҷом дод. Бо вуҷуди таъхир дар чопи гузоришҳои мазкур, аз арзёбиҳои ахир метавон ба хулоса расид, ки маҳали обанбор ва навъи сарбанди кунунӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун муносиб аст.

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли 1965 дар солҳои Шӯравӣ барномарезӣ шуда буд ва корҳои сохтмонӣ дар он соли 1976 оғоз ёфт. Тибқи нақша баландии сарбанд аз 335 метр ва нерӯгоҳ аз 6 чарха ё агрегат иборат хоҳад буд. Ҳар чарха бояд 600 МВт нерӯи барқ тавлид кунад. Гузашта аз ин, нерӯгоҳ дорои толори зерзаминии таҷҳизот, толори трансфарматорҳо, нақби симҳои барқ ва амсоли он хоҳад буд, агар чанд нақби зерзаминии обпарто дар ҳар ду тарафи соҳил дар назар гирифта нашавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi