Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони Роғун тарҳи мушаххас пешниҳод намекунад
Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои арзёбии навбатии худро роҷеъ ба сохтмони обанбори ниругоҳи барқи обии Роғун дар ду гузориш ба нашр расонд. Гузориши аввал бо номи “Таҳқиқи ҷуғрофиёӣ ва геотехникии таркиби хоки обанбору атрофи он ва намакҳо” ва дуввум бо номи “Гузориш дар бораи корҳои анҷомшуда дар ниругоҳи Роғун” ба нашр расидааст.
Гузориши аввал ба таркиби хоку намакҳои дараи Ёнахш, яъне маҳали сохтмон ва атрофи обанбор иртибот дорад, ки барои амнияти ояндаи обанбору сарбанд омили асосӣ ба шумор меравад. Дар гузориши дуввум таъсисоти сохташуда, аз ҷумла нақбҳои зерзаминии обгузар, нақбҳои рафту омад ва нақлиётӣ, сифати кор ва амнияти онҳо бо назардошти меъёрҳои мавҷуда ба баррасӣ гирифта шудаанд ва дар ин бора пешниҳодҳо низ дода шудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ рӯзҳои 17-18 октябр ҷаласаи чаҳоруми худро баргузор мекунад ва дар он 6 кишвари ҳавзаи Ому, яъне Тоҷикистону Узбакистон, Афғонистону Қирғизистон ва Қазоқистону Туркманистон ширкат меҷӯянд. Ин ҷаласаи видеоиро дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе баргузор мекунад ва намояндагиҳои бонки мазкур дар Пориси Фаронса ва Кобул низ як ҷо бо намояндагиҳои бонк дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд варзид.
Елена Карабан-коршиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мо гуфт, “ин ду гузоришро ширкати “Coyne et Bellier”-и Фаронса таҳия кардааст ва онро гурӯҳи вижаи коршиносон баррасӣ намудаанд. Хонум Карабан мегӯяд, ин ду гузоришро набояд ба унвони арзёбиҳои ниҳоӣ ё хулосаҳои ниҳоӣ қабул кард, зеро ширкаткунандагони ҷаласаи чаҳорум рӯзҳои 17-18 октябр ин ду гузоришро баррасӣ ва андешаҳои худро роҷеъ он пешниҳод мекунанд.
Гузашта аз ин, роҷеъ ба ин масъала машваратҳои чандҷониба низ анҷом мегирад. Ҳамчунин гурӯҳи коршиносон пешниҳоди ҳукуматҳои ҳавзаи рӯдхонаи Ому, коршиносони минтақа, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро гирдоварӣ мекунанд ва таҳлилу баррасиҳо бо назардошти пешниҳоди ҷонибҳои гуногун идома хоҳад ёфт. Ин пешниҳодҳоро Бонки Ҷаҳонӣ то 1 ноябри соли 2013 қабул хоҳад кард.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, нақши бонк ин аст, ки маълумоти муқаддамотӣ ва бетарафонаро роҷеъ ба сохтмони ниругоҳи Роғун дар ҷараёни арзёбиҳои мустақилона аз гурӯҳи коршиносону мушовирон гирдоварӣ кунад ва онро дар ихтиёри кишварҳои зидахл қарор диҳад.
Хонум Карабан меафзояд, дар марҳилаи кунунӣ маълум нест, ки натиҷаҳои ниҳоии арзёбиҳо роҷеъ ба сохтмони ниругоҳ кай омода ва ба чоп хоҳанд расид. Вале Бонки Ҷаҳонӣ мехоҳад, ки бо назардошти таҷрибаи мавҷудаи сохтмони ниругоҳҳои бузург дар ҷаҳон арзёбии дақиқ ва расидагиҳои ҳамаҷонибаро дар оянда таъмин кунад ва онро дар ихтиёри маҳофили ҷаҳонӣ ва кишварҳои зидахл қарор диҳад.
Ҳоло коршиносону мушовирони техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву зистмуҳитӣ ба таври фаъол омӯзишро идома медиҳанд ва ҳар вақт, ки марҳилаи баъдии кори онҳо ба поён расид, натиҷаи арзёбиҳои онҳо нашр хоҳад шуд.
Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи ягона ё ниҳоии сохтмонро пешкаш намекунад ва ҳамчунин ба хулосае нахоҳад расид, ки ниругоҳи мазкур сохта шавад ва ё сохта нашавад, балки барои тасмимгириҳо ва маълумот чанд роҳи сохтмонро чун тарҳи қобили қабул пешниҳод мекунад. Дар ин тарҳҳо муқаррароти байналмиллалӣ, қарордодҳои байналмиллалӣ ва масъалаи сармоягузории тарҳ дар назар гирифта мешаванд. Бонк мегӯяд, ки масъалаи сармоягузории тарҳро ҳеҷ гоҳ бар уҳда намегирад.
Қарор буд Бонки Ҷаҳонӣ ин ду гузоришро тобистони соли ҷорӣ ба нашр расонад. Вале дар ин кор таъхир ба амал омад ва таи ин муддат кормадони Бонки Ҷаҳонӣ дар Вашингтон бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳи коршиносону мушовирони мустақил мулоқотҳо анҷом дод. Бо вуҷуди таъхир дар чопи гузоришҳои мазкур аз арзёбиҳои ахир метавон ба хулоса расид, ки маҳали обанбор ва навъи сарбанди кунунӣ барои сохтмони ниругоҳи Роғун муносиб аст.
Сохтмони ниругоҳи Роғун дар соли 1965 дар солҳои Шӯравӣ барномарезӣ шуда буд ва корҳои сохтмонӣ дар он соли 1976 оғоз ёфт. Тибқи нақша баландии сарбанд аз 335 метр ва ниругоҳ аз 6 чарха ё агрегат иборат хоҳад буд. Ҳар чарха бояд 600 МВт нируи барқ тавлид кунад. Гузашта аз ин, ниругоҳ дорои толори зерзаминии таҷҳизот, толори трансфарматорҳо, нақби симҳои барқ ва амсоли он хоҳад буд, агар чанд нақби зерзаминии обпарто дар ҳар ду тарафи соҳил дар назар гирифта нашавад.
«Озодӣ»
-
22.06.2025 14:51
137
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
259
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
269
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
494
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
598
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
485
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
139
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
142
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
215
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
977
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1688
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3379
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
135
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
120
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
134
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
510
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
757
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
878
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
458
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
494
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
467
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
761
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1015
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1882
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
604
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1796
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2116
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2324
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
528
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
470
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
947
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3069
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3511
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3502
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
656
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
679
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
624
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?