14:08:01 21-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Пурсишеву посухе: Се навъи тарҷумаи Қуръони Маҷид

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Мехостам донам, ки Қуръони Карим чанд намуди тарҷума дорад?

Исомиддин Аизов, Бохтар

Ба саволи хонанда Абдушариф Боқизода, муаллифи "Тафсири навини Қуръони Карим" посух дод.

quran 4556879665То имрӯз дар заминаи баёни матолиб ва баргардони маънои оятҳои Қуръон ба забонҳои дигар се навъи тарҷима вуҷуд дорад: а) тарҷимаи таҳтуллафзӣ, б) тарҷимаи тафсирӣ ва в) тарҷимаи озод ва ё мафҳумӣ.

а) Дар гузашта бузургони дин ва пешвоёни фан барои ҳарчи наздиктар будан ба меҳвари оятҳои Қуръон ва ба кор бурдани камоли эҳтиёт дар тарҷимаи каломи илоҳӣ аз равиши тарҷимаи таҳтуллафзӣ пайравӣ мекарданд. Дар ин равиш оятҳои Қуръон калима ба калима ва банд ба банд тарҷима мешаванд ва он ба назми ибораҳои қуръонӣ хеле наздик мебошад, вале он назми имлоӣ ва камоли адабии забони тарҷимаро аз даст медиҳад. Зеро назми имлоӣ ва дастури адабӣ дар забони тарҷима аз забони арабӣ фарқ мекунад.

Ин ҷост, ки таъсироти маънавӣ ва қобилияти рӯҳафзоии оятҳои Қуръон, пас аз тарҷима, дар андеша ва рӯҳи хонанда хеле кам мегардад, ҷозибаҳои каломи Ҳақ аз байн меравад ва дигар аз он ҳаловати маънавӣ ва таассуроти равоние, ки Қуръон дар қалбу рӯҳи инсон фурӯ мерезад, дар он тарҷимаҳо чизе боқӣ намемонад.

б) Тарҷимаҳои тафсирӣ дар ифода ва интиқоли маонӣ ва таъсироти равонии каломи Худованд ба рӯҳу андешаи хонанда комилтар ба назар мерасанд. Бинобар ин, баъзе донишмандони риштаи тафсир, ба хусус дар асри гузашта, ба ин равиши тарҷима рӯй овардаанд. Дар ин равиши тарҷима илова бар тарҷимаи маънои муфрадоти  оятҳо барои равшантар шудани мафҳуми умумии ҳар оят калимаҳо ва ё ибораҳои тафсирие дар қавсайн ва ё дар миёни аломатҳои шартии дигар зикр мегарданд. Вале ин тарҷима низ наметавонад камоли эъҷоз, таъсироти маънавӣ ва хусусиятҳои илоҳии Қуръонро ба тамом ифода намояд.

в) Тарҷимаи мафҳумӣ, ки ба он тарҷимаи озод низ гуфта мешавад, ба баёни мафҳуми умумӣ ва манзури аслии оят ва ё маҷмӯаи оятҳо мепардозад ва риояи назм ва тартиби ҷойгиршавии калимаҳоро дар сохтори ибора ва оят дар мадди назар қарор намедиҳад. Дар ин равиш мафҳуми умумии оят тарҷима мешавад, на лафзи он. Манзури муфассир ва мутарҷим дар ин ҷо расонидани паёми илоҳӣ ба хонанда мебошад, на тарҷимаи калимот ва лафзи оятҳо. Бинобар ин, онро тарҷимаи мафҳумӣ ва озод мегӯянд.

Ба ҳар ҳол, Қуръони карим ба сурати паёмҳои зиндае барои ислоҳи эътиқодот ва танзими маҷрои зиндагии башарият фуруд омада ва ба ҳаёти амалии мардум сару кор дорад, дар ҳолатҳои гуногун ва пас аз ҳар марҳалае лаҳни хитоб ва равиши бархӯрди худро бо мухотабонаш бар асоси тақозои мавқеъ дигар мекунад ва равиши наверо ба кор мегирад. Пас табиист, ки тарҷима дар ҳар шакле, ки бошад, ин нозукиҳои паёмҳои Қуръонро ба тамом ифода карда наметавонад.

Пас шахси мусалмон барои дарки эъҷоз, зебоӣ, расоӣ ва камоли бенақси каломи Худованд ва барои эҳсоси таассурот ва ҳаловати он ногузир бояд ба омӯзиш ва тиловати Қуръон рӯй оварад ва пас аз мутолиаи заминасози тарҷимаҳо ва тафсирҳои он ба забони худ ба омӯзиши бевоситаи хазонаи маорифи илоҳӣ пардозад.

Гузашта аз ин, барои шинохти амиқ ва дарки дурусти маонии оятҳо донистани маълумотҳои зиёде доир ба улуми Қуръон зарур мебошад, ки он ҳамаро маҳз аз тариқи хондани тарҷимаи Қуръон наметавон ба даст овард. Ин ҷост, ки зарурати омӯзиши тафсири Қуръон пеш меояд. Моддаи тафсир, ки ба баррасӣ ва омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни донишҳои қуръонӣ сару кор дорад, манзури аслии оятҳоро ҳамаҷониба ва бо тафсил баён менамояд.

Генерал Тошмуҳаммадов ҳам "душмани халқ" буд

Оё дуруст аст, ки аввалин генерали тоҷик Тошмуҳаммадов низ "душмани халқ" эълон шуда буд?

Саидбеки Мирзо, Данғара

general-65694212121Мавҷи боздоштҳову қатли ба истилоҳ "душманони халқ", ки авҷи онро соли 1937 меноманд, Мастибек Тошмуҳаммадовро низ дар бар гирифт. Ӯро чун хешованди наздики Шириншо Шоҳтемур боздошт карданд ва 9 моҳи дароз дар маҳбас бимонд. Вай бо вуҷуди маҳрумиятҳо, азобу уқубати сангин ва фишорҳои равониву ҷисмонӣ зидди Шириншо баёнот надод, чун медонист, ки иттиҳомот бар дурӯғи маҳзанд. Билохира, шахсе, ки Тошмуҳаммадовро фурӯхта буд, аз фикраш гашт ва баёнот дод, ки дар ин маврид иштибоҳ кардааст.

Баъди озодӣ аз зиндон вай ба Душанбе баргашт ва муддате ба корҳои маориф саргардон шуд. Аммо соли 1941 ӯро барои таъсиси двизияи нав даъват карданд. Вақте ҷанг сар шуд, ба ҷабҳа эъзом гардид. Аз Қафқози шимолӣ то Берлин расид, дар озодсозии Прага иштирок кард. Ва дар ин миён чор маротиба захмӣ шуду чор бор баъди табобат ба хати ҷабҳа рафт. 

Ҳарчанд муҳаббати зиёд ба ватан ва шахсан ба Сталин дошт ва ҳатто номае ҳам ирсол карда буд, ки ӯро дӯст медорад, вале доғи "душмани халқ" то соли 1957 аз номаш шуста нашуд ва ин ҳамеша барои боло рафтан дар рутба ва вазифаҳои ҳарбӣ барояш монеъа эҷод мекард. Ниҳоят соли 1957 ин доғро шустанд ва худи ҳамон сол бо фармони вазири мудофиаи СССР сардори комиссариати ҳарбии ҷумҳурӣ таъин гардид, ки 14 сол, то замоне, ки аз сабаби саломатӣ ба истеъфо рафт, дар ин вазифа кор кард. Соли 1961 рутбаи генерал-майор насибаш шуд ва дар таърих чун аввалин генерали тоҷик сабт гардид.

Аз ҳоли дугоникҳои пайваст Зитаву Гита донистан мехоҳам

Чанд сол пеш расонаҳои хабарӣ дар бораи амалиёти бобарори ҷарроҳии дугоникҳои ба ҳам пайваст дар Маскав хабар дода буданд. Номашонро ҳам ёд дорем, ки Зита ва Гита мегуфтанд. Аммо баъди ин дигар мо намедонем, ки онҳо зиндаанд ва агар ҳа, пас ҳолашон чӣ шуда бошад. Оё шумо метавонед дар ин бора маълумот бидиҳед?

Манижа Шокирова, соҳибхоназан. 

bliznitsi 54496654Оре, ин рӯйдоди хурсандибахш, ки умеди ҳазорҳо нафарро ба зинда мондани дугоникҳои ба ҳам пайваст аз Қирғизистон дучанд карда буд, соли 2003  иттифоқ уфтод. Бо гузашти ин 11 сол ҳоло маълумотеро дар ин замина пайдо кардем, ки тибқи он Гита саломатии хуб дорад, ба пойҳои сунъӣ одат кардааст, мехонад ва дар як мадраса (мактаби рӯзи якшанбе) дарс ҳам медиҳад. Вале Зита ҳамоно дар бистар аст ва панҷумин сол аст, ки дар як бемористони пойтахти Русия таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Зитаи 22-соларо ахиран чанд амали ҷарроҳӣ кардаанд ва қарор аст боз чанд амали дигар анҷом диҳанд. Вале аз инфексияи воридшуда эҳтимолияти он вуҷуд дорад, ки вай биноии худро аз даст диҳад ва зарур аст ҳарчӣ зудтар чашмонашро ҳам ҷарроҳӣ кунанд. Аз сӯи дигар баъзе аз узви бадани ӯ, ки пештар барои ду нафар яке буд, хуб кор намекунанд. Борҳо вай бо сабабҳои гуногун ба ҳолати коми расидаву аз ҳуш рафтааст ва ҳоло аз он метарсад, ки илова ба ҳамаи ин нури чашмонашро ҳам аз даст диҳад. Аммо бо вуҷуди ин руҳияи вай қавист ва боварӣ дорад, ки хеле зуд тансиҳат мешавад ва бо поҳои сунъӣ ҳам бошад, роҳгардиро меомӯзад. 

Аммо хонаводаи онҳо мушкилоти молиявӣ доранд. Чуноне ишора кардем, ватани аслии оилаи Ризохоноваҳо Қирғизистон аст. Аз сабаби гаронии нархи билети ҳавопаймо ва харҷ дар дохили Маскав онҳо наметавонанд ҳамеша бо Зита бошанд. Ин аст, ки вай моҳҳост дар бемористон танҳост.

Калонтарин тимсоҳро дар Филиппин шикор кардаанд

Мехостам дар бораи калонтарин тимсоҳ, ки то ин замон шикор шудааст, маълумот дошта бошам.

Аъзам Носиров, Роғун

krokodil 548545221Калонтарин тимсоҳро соли 2011 сокинони рустои Бунавани Филиппин шикор карданд, ки дарозии он 6,4 метр буд. Тибқи маълумоти китоби Гиннес то ин замон дарозтарин тимсоҳи ширкоршуда 5,48 метр дарозӣ дошт. Он сол баъди он ки ин хазандаи даҳшатнок ба ҷони одамон қасд кард ва чандин ҳайвони хонагиро нобуд сохт, ба шикораш амр карданд. Мегӯянд соли 2009 ин тимсоҳ сари духтари 12-соларо газид, моҳи июли соли 2011 як фермер нопадид шуд ва гумон мерафт ин тимсоҳ хӯрдааст.

Аз 15-уми август шикори он эълон шуд ва барои ба дом андохтани тимсоҳ гӯшти хук, мурғ ва саг истифода карданд. Аммо ин кӯмак накард. Билохира 3-уми сентябр бо ресмони тетали онро боздоштанд ва 30 шикорчӣ онро безарар гардониданд. Вазни ин хазанда наздик ба 1 тонна буд.

Бознашразҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 14 майисоли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi