Пурсишеву посухе: Оё рост аст, ки Муҳаммад Алӣ чор маротиба издивоҷ кардааст?
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чӣ?
Аз телевизион тамошо кардам ва ин хабарро шунидам, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таҷдид шудааст. Аммо ҳарчанд таваҷҷуҳ кардам, комил натавонистам дарк кунам, ки маҳз чӣ тағйироте сурат гирифт. Наметавонед онро шарҳ диҳед?
Мирасрор Хоҷазод
Ба саволи хонанда аз Маркази матбуотии Президенти Тоҷикистон ин гуна посух дарёфт кардем:
Дар асоси муқаррароти банди 20 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 вобаста ба тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2014 таҳти № 116 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид.
Таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати он дар давраи гузариш аз ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллии рушд, таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, пеш аз ҳама ба таҳлили вазъ дар макроиқтисодиёт, таҳияи ташаббусҳои стратегӣ, дурнамо ва мониторинги татбиқи стратегия ва сиёсат, ҳамоҳангсозии раванди ислоҳот, муайян кардани афзалиятҳои рушд, инчунин таҳияи пешниҳодҳои асоснок сафарбар мегардад.
Дар баробари ин механизми воқиф сохтани аҳолӣ ва дигар манфиатдорони раванди рушд аз сиёсати пешгирифта ва тадбирҳои андешидашавандаи роҳбарияти давлат ва ҳукумат такмил дода шуда, сатҳи хизматрасонии давлатӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа баланд бардошта мешавад.
Таҷдиди сохтор инчунин ба рафъи духӯрагӣ, такрорёбии вазифаҳо ва тақсимоти дақиқи функсионалии сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Дар ин радиф бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, барои тақвияти низоми ҳамоҳангсозии фаъолият воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроия ба блокҳои алоҳидаи соҳавӣ гурӯҳбандӣ ва раёсатҳо таъсис дода шудаанд.
Мақсади асосии ин тадбирҳо аз баланд бардоштани мақом ва мавқеи сохторҳои Дастгоҳи иҷроия дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо ва андешидани чораҳои идорӣ, инчунин таъмини фаъолияти мустақилонаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсат ва стратегияю барномаҳои давлатии соҳавӣ иборат мебошад.
Чаро Хемингуэй худкушӣ кард?
Моҷарои шунидани гуфтугузори телефонии шахсиятҳо, таъқиби дидору мулоқот ва пайгириҳои хадамоти амният дар ИМА ба расвоии ин кишвар кашид. Чанде пеш дар ин бора хабарҳои зиёде нашр шуданд, ҳатто ба ҳадде, ки ИМА гуфтугузори сарварони аксари кишварҳои қудратмандро гӯш мекардааст. Ва ба ёдам зиндагиномаи адиби оламшумул Эрнест Хемингуэй омад, ки замоне хонда будам. Гуфта мешуд, ки нависанда ҳамеша зери назар хадамоти амниятӣ қарор дошт ва яке аз сабабҳои маргаш низ таҳаммулнопазирии ин муносибат будааст. Оё дар ҳақиқат чунин аст?
Бунафша Алиева, донишҷӯ
Оре, адиби шинохта, барандаи ҷоизаи Нобел Эрнест Хемингуэй борҳо шиква карда буд, ки хадамоти бехатарии ИМА ӯро таъқиб мекунанд, гуфтугузорҳои телефонии ӯро гӯш мекунанд, суратҳисобҳои бонкиашро пайваста тафтиш менамоянд ва ғайра. Аммо он замон мақомот ҳамаи инро рад мекарданд.
Соли 1960-ро метавон соли мудҳиш барои нависандаи оламшумул донист. Вай баъди бозгашт аз Куба барои муолиҷа аз бемориҳои диабет, гипертония бистарӣ мешавад. Ва дар бемористон низ хеле азоби руҳӣ мекашад, зеро он ҷо низ ӯро ором намегузоранд ва гӯш мекунанд. Ба назараш мерасид, ки кормандони ФБР ӯро дар ҳама ҷо таъқиб доранд, дар ҳар ҷое ӯст, дастгоҳҳои кӯчаки мавҷгиру садогир гузоштаанд. Аммо баъди маргаш бойгонии ФБР дар мавриди Хемингуэй фош карда шуд ва оламиён диданд, ки нависанда ҳақ будааст. Дар ҳақиқат ӯро беҳуда дар сари ҳар қадам таъқибаш мекардаанд.
Кӯшиданд ӯро тибқи қонунҳои муолиҷаи касалиҳои рӯҳӣ табобат кунанд. Усули табобати электрошок истифода шуд, ки дар натиҷа адиб дигар натавонист даст ба кори эҷодӣ занад. Зеро хотироташ тадриҷан тоза мешуд. Ва боре гуфта буд: "Инҳо ба ман электрошок монданд, инҳо нависандагонро дарк намекунанд. Бигзор ҳамаи онҳо навиштанро биёмӯзанд, то донанд, ки нависанда будан, яъне чӣ. Чӣ лозим буд мағзи сари маро вайрон кунанд ва хотиротамро, ки маъхази ман аст, бишӯянд ва маро ба партгоҳи ҳаёт андозанд"?
Билохира, нависандаи бузург 2 июли соли 1962 дар хонаи шахсиаш воқеъ дар Кетчум, баъди чанд рӯзи берун шудан аз бемористон аз туфангчаи дӯстодоштааш худро ҳалок кард ва чизе назири хати пешазмаргӣ аз худ боқӣ нагузошт.
Аз таърихи "Мосфилм" мехоҳам донам.
"Мосфилм" як бахш аз хотироти мост аз замони Шӯравӣ. Ба назарам ин беҳтарин ва фаъолтарин коргоҳи тавлиди филҳои он замон буд ва бо гузашти солиёни зиёд ҳич аз ёдам наворҳои ҷовидонаи он намеравад. Бахусус, саҳнаҳои ҷанги Бузурги Ватаниро ҳич пойгоҳи офариниши филмҳо ба мисли "Мосфилм" ба навор наовардааст. Албатта, ин назари шахсии ман аст ва шояд иштибоҳ кунам. Мехостам аз шумо хоҳиш кунам, ки мухтасар аз таърихи бунёди он ва ҳолати имрӯзааш чизе чоп кунед.
Маърифат Ниёзова, 58-сола, сокини Ваҳдат
"Мосфилм" бузургтарин иттиҳодияи эҷодии тавлиди филмҳо дар сар то сари ҷаҳон аст. Он моҳи ноябри соли 1923 дар базаи ду фабрикаи тавлиди филмҳои мансуб ба А. А. Ханжонков ва Н.Н. Ермолаев, ки "Москинокомбинат" номида мешуд, ташкил шуд, вале аз соли 1935 ба "Мосфилм" табдили ном кард. Рамзи он ки мебинед, "Коргар ва деҳқонзан" номида шуда, асари Вера Мухина мебошад. Он аввалин маротиба чун рамзи студия соли 1947 дар филми "Баҳор"-и коргардон Григорий Александров арзи вуҷуд кард.
То ин замон дар "Мосфилм" бештар аз 1720 филм ба навор гирифта шудааст, ки бисёре аз онҳо имрӯз ба хазинаи беҳтарин филмҳои ҷаҳонӣ дохил шудаанд. Соли 2010 мустақилона аз ҳисоби тавлиди филмҳои нав ва фурӯши филмҳои куҳна ҳудудан 250 миллион рубл ба даст овард.
Имрӯз "Мосфилм" муассисаи давлатист ва иқтидори филмсозии худро бо бисёре аз ширкатҳо ва иттиҳодияҳои эҷодӣ бо ҳам мебинад. Дар канори тавлиди филмҳои нав "Мосфилм" ба тарҷумаи филмҳо аз забонҳои гуногуни дунё низ машғул аст. 28 апрели соли 2011 ширкати Google ва "Мосфилм" муоҳадае имзо намуданд, ки тибқи он дар пойгоҳи YouTube шабакаи Mosfilm-ро таъсис медиҳанд.
Оё рост аст, ки Муҳаммад Алӣ чор маротиба издивоҷ кардааст?
Ҳафтаи сипаришуда яке аз варзишкорони машҳури олам, афсонаи бокси ҷаҳонӣ Муҳаммад Алӣ ба синни 72 қадам монд. Шунидам, ки гӯё вай чор маротиба издивоҷ кардааст. Оё ин дуруст аст?
Ҳусейни Шариф,табиби ҷарроҳ
Бале, дуруст мегӯянд. Бузургтарин қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс миёни муштзанҳои касбӣ Муҳаммад Алӣ тӯли умри худ чор маротиба хонадор шудааст. Ҳамсари аввалини ӯ Сонҷи Рой, буд, ки моҳе пас аз шиносоӣ издивоҷ карданд. Аммо сарвари созмони "Миллати Ислом", ки Муҳаммад Алӣ аз ҷумлаи фаъолони он маҳсуб меёфт, аз издивоҷи Алӣ бо хонуми ғайримусалмон изҳори нигаронӣ ва норозигӣ кард.
Ба ӯ пешниҳод шуд, ки аз миёни ислом ва ҳамсар якеро интихоб кунад. Алӣ ногузир шуд аз ҳамсараш ҷудо шавад ва дар мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки Сонҷӣ намехоҳад урфу одат ва суннатҳои исломиро риоя кунад. Вай ҳангоми нишасти матбуотии Алӣ баъди дуввумин муҳорибааш бо Соннӣ Листон хеле либоси наҳиф ба тан карда буд. Муроифа қариб бештар аз ним соли дома кард ва онҳо билохира хати талоқ дарёфт карданд.
17 августи соли 1967 Алӣ бори дуюм издивоҷ кард ва ҳамсари ӯ ин бор Белинда Бойд шуд, ки баъди тӯй ислом овард ва номи худро ба Халила Алӣ табдил дод. Аз ин издивоҷ Муҳаммад Алӣ соҳиби чор фарзанд шуд: Мариям (духтар), духтарони дугоник Ҷамила ва Рашида ва писаре бо номи Муҳаммад Алии сонӣ. Аммо дар миёнаҳои солҳои 1970 онҳо ҷудо шуданд ва сабабаш афзудани сафи мухлисону ҳаводорони Алӣ буд, ки Халила рашк мекард. Яке аз ин занон модел Вероника Порш буд, ки дар рекломи эълони бозии Муҳаммад Алӣ бо Ҷорҷ Форман иштирок дошт.
Миёни онҳо дар Зоир ишқ ҷӯшид ва баъди бозгашт оилаи худро аз даст дод. Аммо пас аз анҷоми мурофиаи судӣ бо ҳамон Порш ҳамхона шуд. Лайло Алӣ духтарест, ки аз Вероника Порш ба дунё омадааст ва ӯ низ бо пайроҳаи падар рафта, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба бокс миёни занон шудааст. Аммо соли 1986 Алӣ ва Вероника аз ҳам ҷудо шуданд. Ва 19 ноябри ҳамон сол бо шиноси дерини худ Иоланта Уилямс ҳамхона шуд. Онҳо Асад ва Омина ном тифлаконро ба фарзандхондӣ қабул карданд ва аз миёни ин ду Асад варзишкори хуб шуд.
Муҳаммад Алӣ ҳамчунин соҳиби ду фарзанди ғайриникоҳӣ низ мебошад, ки Мия ва Калия номида мешаванд.
-
22.06.2025 14:51
138
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
260
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
272
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
495
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
599
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
486
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
140
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
144
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
216
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
978
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1689
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3380
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
137
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
121
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
136
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
511
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
759
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
879
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
459
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
495
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
468
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
762
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1016
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1883
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
626
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
605
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1797
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2117
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2109
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2325
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
529
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
472
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
948
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3070
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3512
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3503
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
657
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
680
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
625
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?