Пурсишеву посухе: Дар бораи Кароматуллоҳи Мирзо мехоҳам бидонам
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Аз замоне, ки "Рӯзгор"-хон шудам пайваста таваҷҷӯҳ мекунам. Ба назарам ҳама чиро ёфтам, вале аз рӯзгору зиндагиномаи адибони муосир чизе чоп намекунед. Ман мехостам дар бораи адиби дӯстдоштаам Кароматуллоҳи Мирзо донам. Кисту кай ба кори адабӣ даст задааст.
Холиқбердӣ Субҳоназаров, Турсунзода
Кароматуллоҳи Мирзо яке аз пуркортарин ва маъруфтарин адибони муосири тоҷик аст, ки 25 апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи мударрис Мирзои Мирҳайдар ба дунё омадааст. дида ба олам кушодааст. Падари Кароматуллоҳи Мирзо таҳсилкардаи мадрасаҳои Бухоро буда, дар деҳаи Нилкон мударрисӣ мекард. Модари хонадон низ аз ҷумлаи занҳои хушсаводи замон буд ва пеш аз инқилоби Октябр соҳиби мактаб буд ва духтарони деҳаро савод меомӯхт. Ашъори Саъдиву Ҳофиз ва Бедилро аз ёд медонист.
Вай соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории пойтахтро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро чун муаллим оғоз намуда, сипас ба рӯзноманигорӣ рӯ овардааст. Солҳое, ки дар "Пионери Тоҷикистон" ("Анбоз") ва дар "Комсомоли Тоҷикистон" ("Ҷавонони Тоҷикистон") ходими адабӣ, дар "Тоҷикистони советӣ" ("Ҷумҳурият") мудири шӯъбаи адабиёт ва санъат буд, ҳамвора ба навиштани ҳикояву повестҳо шурӯъ кард ва ҳамзамон муваффақ ҳам гардид. Нахустин ҳикояи ӯ бо номи "Айб аз худатон, додар" соли 1965 дар рӯзномаи "Маориф ва маданият" интишор ёфтааст.
Соли 1980 аввалин маҷмуъаи очерк, ҳикоя ва қиссаҳояш бо номи "Ситораи умед" аз вуруди нависандаи тозагӯву дардошнои мардум ба саҳнаи адабиёт ово дод. Он замон чопи китоб осон муяссар намегардид ва аз сӯи дигар адибон нисбати шогирдонашон хеле сахтгир буданд. Чунончӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон, марҳум Ҷалол Икромӣ повести "Аввали баҳор" (баъдан "Шабе дар Кабудҷар")-и адибро моҳи сентябри соли 1979 хонда, изҳор дошт, ки баъди ислоҳи баъзе камбудиҳои нишондодашуда чопи он мумкин аст. Вале он танҳо соли 1984 рӯи чопро дид. Ва ба ин тартиб баъди "Ситораи умед" осори адиби шинохта яке паси ҳам чоп мешуд.
Соли 2003 радиои Тоҷикистон аз рӯи қиссаҳои "Дарди ишқ", "Дар орзуи падар" радиотеатр таҳия намуд, ки дар он беҳтарин ҳунармандони кишвар нақшҳо офариданд ва миллионҳо нафар шуниданд. "Тоҷикфилм" аз рӯи "Дарди ишқ" филми дидание офарид ва номи онро бидуни тағйир монд.
Аз рӯи романи сеҷилдаи "Дар орзуи падар" сериёли ҷолибе бо ҳамин ном рӯи кор омад, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки миёни ҳамзабонон маъруфияти хоса пайдо кард.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ аз рӯи романи нависанда "Нишони зиндагӣ" филми телевизионие таҳия намуд, ки иборат аз 6 серия омода ва пахш гардид.
"Дарди ишқ" соли 1989 бо номи "Муки любви" бо забони русӣ тарҷума ва дар нашриёти "Советский писател" (Москва) чоп шуд. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон романи "Дар орзуи падар" бо ҳуруфи форсӣ ба чоп расид.
Бо ташаббус ва кӯшиши Иржӣ Бечка, олим, адиби тавоно ва шарқшиноси маъруфи чех бахше аз асарҳои ӯро бо забони чехӣ тарҷума ва интишор ёфтаанд. Ҳамчунин повесту румон ва ҳикояҳои адиби маъруф бо забонҳои узбакӣ, туркманӣ, русӣ ва бисёр забонҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд.
Кароматуллоҳи Мирзо барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ аст. Унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқии ҷумҳурӣ дорад, заҳматҳояш дар адабиёти фарҳанг бо ордени "Шараф" дараҷаи аввал қадр шудааст. Муддати 14 сол сарварии калонтарин бунгоҳи чопи китоби кишвар - нашриёти "Адиб"-ро ба уҳда дошт. Дар айни замон сармуҳаррири "Адабиёт ва санъат" аст. Танҳо дар Тоҷикистон қариб дар 15 маҷмуъа повесту ҳикояву романҳояш чоп шудаанд.
Чарли Чаплинро чаро дӯст медоранд?
Ман аз дӯстдорони мазҳакаам ва бештар ҳунари ҳаҷвнигории ҳунарманди машҳур Чарли Чаплинро мепазирам. Филмҳои беовози ӯро гаштаву баргашта тамошо мекунам, вале хаста намешавам. Бисёр мехостам мухтасар ҳам бошад дар бораи ин ҳунарманд маълумот пайдо кунам.
Эгами Нурзода, нафақахӯр аз шаҳри Душанб
Чарли Чаплин коргардон, ҳунарманд, филмноманавис, бастакори машҳури инглис аз бузургтарин ҳунармандони садаи ХХ буда, дар рушди синамои ҷаҳонӣ нақши муҳим ва созанда бозидааст. Филмҳои офаридаи ӯ бо гузашти як қарн ҳам барои оммаи васеъи мардум ҳамоно диданианд. Вай соли 1889 дар Англия ба дунё омада, соли 1977, дар синни 88-солагӣ вафот кардааст. Тӯли умри худ 64 филм ба навор гирифтааст.
Соли 1913 бо даъвати коргардони машҳури амрикоӣ Мак Сенетт вориди Ҳоливуд шудааст ва дар силсилафилмҳои мазҳакавие, ки Сенетт наворбардорӣ мекард, ширкат менамуд. Тадриҷан як симои оворагарде дар ин филмҳо рӯи саҳнаи навор омаданд, ки баъдан бо истилоҳи "оворагарди чаплинӣ" ёд шуданд. Дар оғоз ин қаҳрамони фаромӯшношудании Чаплинро Ша (Сhas) меномиданд.
Соли 1915 вай дар хонаи филмофарии Essanay кор кард ва симои персонажи ӯ комилан дар шакли такмилшуда пешкаши бинандагон гардид. Номи ӯ барои хосу ом Чарли буд, вале дар кишварҳои ғайриинглисӣӯро бо номи Шарло ёд мекарданд.
Оворагарди Чаплин дар як муддати басо кутоҳ дар сар то сари олам, бахусус дар он мамолике, ки синамо рӯ ба рушд овардаву мардум аз ҷумлаи мухлисони овозадори он гардида буданд, маъруфияти хоса касб кард.
Маҳз ҳамин шӯҳрат боис гардид, ки Чаплин соли 1921 аввалин филми худро бо номи "The Kid" ("Хурдакак") ба навор гирифт ва ҳунари коргардонии худро ба намоиш гузошт. Дар ин филм вай бештар ба замони бачагии худ руҷӯъ намуд ва саҳнаҳое рӯи навор овард, ки бевосита як бахш аз ҳаёти кӯдакии ӯро акс мекарданд.
Дар бораи ин шахсияти маъруф ва шинохтаи синамои ҷаҳон метавон хеле зиёд ҳарф зад, вале мо ин ҷо кӯшиш кардаем дар доираи саволи хонанда посух нависем ва агар хоҳем муфассал ба гузаштаи ӯ рӯ орем, пас бояд хеле манбаъҳову маъхазҳоро варақ зад, то иштибоҳе дар шинохти ин ситораи синамои олам роҳ наёбад.
Ленинро чун унсури бегона бармекананд
Шаб аз телевизион гузориши баркандани ҳайкали Ленин аз майдони калони шаҳри Киевро тамошо кардам ва ба ёдам Душанбеи соли 1991 омад. Украинҳо ҳам Ленини худро мисли Ленини мо чаппа карданд. Мехостам донам, ки боз дар куҷо пайкараи Ленин чӣ гуна барканда шуд.
Азиз Ниёзмуҳаммад, Душанбе
Аслан пайкараҳои доҳии коммунистон Владимир Ленин чун мероси боқимонда аз Иттиҳоди Шӯравӣ шояд аз беқадртарин ёдгориҳои таърихии башар бошад. Баъди пошхӯрии низоми коммунистии Шӯравӣ дар даҳҳо шаҳрҳои бузург ин пайкараҳо барчида шуданд. Дар баъзе аз кишварҳо чун дар рӯзҳо ва лаҳзаҳои инқилобӣ ба ин амал даст заданд, пайкараҳо муҷиби хашми мардум қарор гирифтанд.
Чунончӣ дар Душанбеи соли 1991 пайкара аз маркази пойтахт замоне сарнагун карда шуд, ки мардум бо талаби эълони истиқлолият омада буданд. Шеваи кандани пайкара муҷиби хашми коммунистон ва коммунистмаобони кишвар шуд ва он ноамниҳои бештареро дар пай дошт, ки имрӯз мо ҳама онро чун ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар хотир дорем.
Ахиран худи Шумо тавре ба ёд овардед, бо ҳамон шева Ленин дар майдони марказии Киев чаппа карда шуд. Аз наворе, ки хабаргузориҳо пахш карданд, пайдост, ки баъди ба замин бархӯрдани пайкараи азим афрод бо путкҳои оҳанӣ ба сару рӯи доҳӣ мезанад ва гӯшу бинии ӯро майда мекарданд.
Агар ба гузаштаи начандон дур бингарем, пас мебинем, ки украинҳо ба тозагӣ ба ин кор даст назадаанд. Аввали моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Ямпол пайкараи доҳиро барканданд ва ба ҷои он ҳайкали чорметраи Богдан Хмелнитскийро мехоҳанд гузоранд.
Дар Белгород аввали марти соли ҷорӣ ҳайкали доҳӣ канда шуд. Моҳи октябри соли 2008 марди чилсолае, ки борҳо зиндонӣ шуда буд, дасти рости пайкараи Ленинро дар Нижний Новгород шикаст. Аммо мақомоти давлатӣ 22 апрели соли 2009 онро дубора барқарор карданд.
Тобистони соли 2007 дар Омск пинҳонӣ пайкараи Ленинро барканданд. Вале Омск шояд камтарин шаҳрҳои Русия бошад, ки то ҳол 11 ҳайкали доҳиро нигоҳ медорад.
Соли 2004 як пайкараи дигар доҳӣ, ки ҳайкалтароши машҳур Зоир Азгур тарошида будааст, дар шаҳри Пушкин, каме дуртар аз Сант-Петербург чаппа карда шуд.
8 июни соли 1991 ҳанӯз то табаддулоти августӣ пайкараи Ленин дар шаҳри Грозний барканда шуд. Аз соли 1991 то ба ин дам Чеченистон 5 пайкараи гуногунҳаҷми доҳиро чапагардон кард.
Сарнавишти пайкараи Ленин дар Тошканд низ фоҷеавӣ буд. Онро соли 1956 гузошта буданд ва баъди даҳ сол бар асари зилзила чаппа шуд. Баъди 8 сол онро ба ҷои аввалааш дубора барарор намуданд. Аммо соли 1991 ба нишони эътироз чаппагардон карданд ва дигар касе аз пайи гузоштанаш нашуд.
Дар Тифлис ҳама се пайкараи бузурги Ленин барканда шудааст ва майдоне, ки номи доҳӣ дошт, ҳоло майдони Озодӣ меноманд.
Аз сарнавишти пайкараи бузурги доҳӣ дар майдони марказии пойтахти Тоҷикистон қисса кардем. Аммо баъдан ҳам қадимитарин пайкараи Ленин, ки дар боғи ба номи ӯ қомат афрохта буд, барканда шуд ва ба ҷои он ҳоло ҳам боғ ба номи устод Рӯдакӣ номгузорӣ шудааст ва ҳам пайкараи асосгузори адабиёти миллии мо қомат афрохтааст.
Бояд гуфт, ки пайкараҳои Ленин аз тамоми ҷамоҳири Шӯравии собиқ танҳо ба хотири унсури бегонаву тамаддуни бегона буданаш барканда шудааст ва то ҳол дар ҳич гӯша аз хоки Сайёра ба он чун мероси фарҳангӣ бархӯрд накардаанд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013