Пурсишеву посухе: Иртиботи китобдорӣ бо 21 кишвари ҷаҳон
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Шояд моҳе пеш буд, ки хабари ифтитоҳи гӯша ё утоқи ЮНЕСКО дар Китобхонаи миллӣ интишор ёфта буд. Мехостам донам, ки дар ин китобхона боз аз кадом ташкилоту давлатҳо утоқҳо ё гӯшаҳои китоб мавҷуданд. Ва ҳамзамон агар дар мавриди иртиботҳои байналмилалии китобхона маълумот медодед, хуш мешудам.
Одинабек Саломатов, донишҷӯ аз Кӯлоб
Ба саволи хонанда Ҷонишини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода посух дод.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Китобхона бо китобхонаҳои миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Мисри Араб, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар Китобхона гӯшаву марказҳо ва толорҳои иттилоотӣ-фарҳангии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Федероли Олмон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ ва ЮНЕСКО таъсис ёфтанд. Дар толорҳои иттилоотӣ-фарҳангии гӯшаву марказҳо хонандагон дар радифи истифодаи манбаҳои чопӣ ҳамзамон ба манобеи электронии китобхонаҳои давлатҳои фавқузикр дастрасӣ доранд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон тавассути мубодилаи байналмилалии китоб бо китобхонаҳои мухталифи мамолики хориҷ, ҳамкорӣ менамояд. Алъон бо 23 китобхонаи 21 давлати ҷаҳон, аз ҷумла бо китобхонаҳои бузурги ИМА (Китобхонаи Конгресс ва Китобхонаи Донишгоҳи Калифорния), Британияи Кабир (Китобхонаи Донишгоҳи Оксфорд), Олмон (Ҷамъияти илмӣ, Китобхонаи давлатӣ ва Китобхонаи Донишгоҳи Гумболд), Фаронса (Китобхонаи миллӣ), Лаҳистон (Китобхонаи халқӣ), Маҷористон (Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи Академияи илмҳо), Булғористон (Китобхонаи миллӣ), Славакия (Китобхонаи миллӣ), Эрон (Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи илмӣ-техникӣ), Ҷопон (Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи Донишгоҳи Тахо-Хоккайдо), Ветнам (Китобхонаи миллӣ), Чин (Хонаи илмӣ), Туркия (Китобхонаи миллӣ), Ҳиндустон (Китобхонаи миллӣ) додугирифт дорад.
Ҳамзамон, ҳамкориҳо дар ин самт бо китобхонаҳои давлатҳои узви ИДМ: Китобхонаҳои давлатӣ ва миллии Русия, китобхонаҳои миллии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон ба роҳ монда шудааст.
Аз сӯи дигар ба шарофати мубодилаи байналмилалии китоб, харидорӣ намудани адабиёте, ки хонанда ба он ниёз дорад ва ба ҳайси тӯҳфа пешниҳод шудани китобҳо аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ фонди Шӯъбаи адабиёти хориҷии Китобхона пайваста такмил меёбад. Имрӯз дар фонди Шӯъбаи мазкур 87091 нусха китоб ва нашрияҳои даврӣ бо 42 забони халқҳои ҷаҳон ҳифзу нигоҳдорӣ шуда, мавриди омӯзишу тарғиб қарор мегиранд. Аз ҷумла, 33466 нусха ба забони англисӣ, 17182 нусха - ба забони олмонӣ, 6512 нусха - ба забони фаронсавӣ ва 29931 нусха - бо дигар забонҳо мавҷуданд.
Савганди президентӣ аз Амрико то мо
Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" дар бораи таърихи савганд-ёдкунии сарварони кишварҳо посух ҷолибе ба як пурсиши хонанда интишор ёфт. Мехостам донам, ки матни ин савганд-номаҳо чӣ гуна омода мешаванд ва шеваи қасамёдкунӣ дар мамолики мухталиф чӣ гуна аст.
Мавзуна Содиқова, Душанбе
Бале, савганди президентӣ анъанаи қадимӣ дорад ва дар ҳар кишвар матни онро қонун муайян мекунад. Ба дигар маънӣ, савганд матни қаблан тасдиқшуда дорад ва ҳар сарвари нав интихобмешударо лозим меояд онро қироат кунад, то сокинон итминон ҳосил кунанд, ки анияти онҳо ва тамомияти арзии кишвар ҳифз мешавад. Муруре ба матни савганди сарварон дар як қатор мамолик нишон дод, ки ҳама асосан кафолати риояи Конститутсияро медиҳанд. Ҳамаи онҳо савганд ёд мекунанд, ки тамомияти арзии мамлакат ва озодиҳои шаҳрвандиро таъмин менамоянд.
Масалан, матни савганди президенти ИМА соли 1789 навишта ва тасдиқ шуд ва аз ҳамон замон то ба имрӯз аслан тағйир наёфтааст. Аввалин касе, ки дар ИМА қасам ёд кард ва инро ба расмият даровард, Ҷорҷ Вашингтон буд. Ва матни савганди ӯ дар охири қарни 17 ва савганди Обама дар аввали қарни 21 ҳамон як аст: "Ман (исми президент) бо тантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи президенти Иёлоти Муттаҳидаро софдилона иҷро мекунам ва барои ҳифзи Конститутсияи ИМА ҳар кореро, ки вобаста аз ман аст, иҷро менамоям".
Дар низоми коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки институти президентӣ вуҷуд надошт, ягон Котиби КМ савганд ёд намекард. Аммо соли 1990 Михаил Горбачёв президенти ин кишвар интихоб шуд ва аввалин маротиба ӯ буд, ки қасам ёд кард.
Баъди ӯ Борис Елсин чун президенти Федератсияи Русияи Шӯравӣ ва баъдан чун президенти Русия савганд ёд кард. Ҳатто Александр Рутской ҳам шаби табаддулоти давлатии 21 ба 22 сентябри соли 1993 дар "Қасри Сафед" матни савганди президентро ёд намуд, вале баъд ҳокимияти худхондаи ӯ зуд суқут кард ва ҳокимият боз ба дасти Елсин гузашт.
Дар Эрон, Покистон, Афғонистон ва дар ҳар кишвари мусалмоннишин, ки низоми идории президентӣ доранд, сарваронашон ба Қуръон қасам ёд мекунанд. Дар Озарбойҷон бошад, ахиран Илҳом Алиев ҳам ба Конститутсия ва ҳам ба Қуръон қасам ёд кард.
Дар Қирғизистон парламон савганд ба Қуръонро иҷозат надод, чун дар ин кишвар эҳтимоляти ба қудрат расидани атеист ҳам вуҷуд дорад ва вакилон гуфтанд, ки дар он сурат чӣ бояд кунанд? Ин нақзи ҳуқуқ ва озодӣ мешавад. Дар миёни кишварҳои аврупоии низомашон президентӣ танҳо дар Фаронса савганд намехӯранд.
Чаро Ивван Грозний писарашро кушта буд?
Ростӣ ёд надорам, вале ду сол пеш дар ҷараёни мусофиратам ба Русия дар кадом нашрияи чопи Маскав мақолаеро дар бораи Иван Грозний хонда будам. Дар он ишорае буд, ки гӯё шоҳи бузурги рус бо дастони худ писарашро кушта будааст. Албатта, дар мақола танҳо ҳамин ишораро хондам, вале сабабшро наёфтам. Мехостам агар донед, ба ҳамин савол посух диҳед. Ин гуна ҳодиса будааст ва ё бофтаи мардум аст?
Неъмати Сабурзода, Хуҷанд
Дар ҳақиқат таърихи давлатдории рус ин гуна як рӯйдоди мудҳишро, ки шоҳ писари худро ба ҳалокат расондааст, зикр мекунад. Танҳо таърихи дақиқи ин рӯйдодро касе намедонад. Муаррихон дар санаи ҳодиса ихтилоф доранд. Иддае онро ба 3 июли соли 1583 нисбат медиҳанд, вале гурӯҳи дигар мегӯянд, ки он моҳи ноябри соли 1582 рух додааст. Аммо ба ҳар сурат касе инкор намекунад, ки Иван Грозний-шоҳанҳшоҳи машҳури асри XVI-и рус аз сари ҷаҳл бо асои дасташ ба сари писараш зад ва чун зарби чӯб ба пешонии Иванка расида буд, ҷо ба ҷо ҳалок гардид.
Муаррихон якчанд сабаби ин ҳодисаи мудҳишро шарҳ медиҳанд. Аввалан, онро сиёсӣ медонанд. Гуфта мешавад, ки шоҳзода замоне чӯб хӯрд, ки ба амалиёти ҷангии Иван Гроозний изҳори норозигӣ намуд.
Аммо иддаи дигар бар ин назаранд, ки шаҳвати шоҳ муҷиби қатли фарзандаш шудааст. Иван Грозний дӯстдори занон буд ва ин аз касе пӯшида нест. Гумон меравад вай ба зани писараш Елена, ки хеле ҷавон ва зебо ҳам буд, дастдарозӣ кардааст. Ва Елена инро ба ба шавҳараш гуфтааст. Миёни падару писар сари ин баҳс шудааст ва билохира кор ба ҷое расидааст, ки Иван зарби калтаки падарро хӯрдаву фавтидааст. Ва баъди марги ӯ Елена калисонишин шудааст.
Ақидаи дигар он аст, ки Иван Грозний аслан касе аз хонаводаи худро накуштааст, аз ин рӯ гуфта мешавд, ки писараш бо марги худ аз дунё гузаштааст. Вале овозаи марги иҷбории ӯ замоне баланд шуд, ки шоҳзода дар гуфтушунид бо Лаҳистон ҳозир нашуд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №27, 04 декабри соли 2013
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
213
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2961
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
468
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?