Пурсишеву посухе
Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Инсон табиатан кунҷков аст. Мехоҳад чизҳои зиёдеро донад, ки алоқаманд ба зиндагии ӯст. Бахусус, дар бораи сиҳативу саломатӣ. Дар ин замоне, ки бемориҳои гуногун рӯ ба рушд меоранд, масоили тиббӣ беш аз ҳар вақти дигар инсонҳоро безобита мекунанд ва мехоҳанд хеле чизҳоеро донанд, то аз гирифторӣ ба бемориҳо ҷилавгирӣ намоянд. Ва на фақат дар бораи тибб. Аз олами фарҳанг, сиёсат, фалсафа, маориф, дин суолоти зиёде дар сармон чарх мезананд, ки мехоҳем посухҳои илмиву асоснок дошта бошем. Тоҷикистон чун кишвари соҳибистиқлол даҳҳо вазорату кумитаву муассисаҳои илмиву фарҳангӣ дорад, ки куллан аз фаъолияти онҳо мардум хабар надоранд.
Магар зарурате нест, ки аз ин гуна фаъолиятҳо суол шавад ва посух дарёфт кунанд? Ин миллати куҳанбунёд садҳову ҳазорҳо нобиға ба тамаддуни башарӣ додааст. Магар ҷоиз нест дар бораи ҳар кадоми онҳо ва саҳмашон дар рушди тамаддуни башарӣ маълумоти мухтассар дошта бошад?
Тоҷикон дар ҳеҷ замоне ҷангҷӯву пархошгар набуданд, вале меҳандӯсту қаҳрамон буданд. Оё на вақти он аст, ки қаҳрамонони худро бишносанд ва онҳоро қадршиносӣ кунанд?
Мо ин гӯша, яъне "Пурсишеву посухе"-ро ба ҳамин ният боз кардем, то минбари мову шумо, як воситаи иртиботи ҳамешагии "Рӯзгор" бо хонандагонаш бошад. Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва телефонҳои 907-91-59-34 ё 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.
Ҳоло дар ин бахш аз миёни суолоте, ки дар силсиланомаҳои расида омада буданд, ба ин се суол посух мегӯем ва умедворем бо ширкати хонандагон ин саҳифаи "Рӯзгор" аз серхонандатарин ва шавқовартарин саҳифаҳо хоҳад буд. Мо ба танҳоӣ коре наметавонем кунем, агар дастгирӣ ва номаҳои Шумо азизони хонанда набошад.
Магар истеъмоли шир ҳам зарар дорад?
Пештар дар бораи фоидаи истеъмоли шир ба организм зиёд менавиштанд ва ҳатто медонем, ки дар ин бора даҳҳо рисолаву мақолаи илмӣ низ нашр шудаанд. Вале вақтҳои охир гоҳу ногоҳ мо дар бораи зарари истеъмоли пайвастаи маҳсулоти ширӣ мақолаҳо мехонем. Магар исбот шудааст, ки шир ҳам ба инсон зарар дорад?
Муҳиддин Одинаев, сокини Бохтар
"Рӯзгор": Албатта, то ҳол касе дақиқан собит накардааст, ки истеъмоли шир бар замми он ки фоида дорад, боз зарар ҳам дошта метавонад. Мо суоли Шуморо ба касоне, ки саргарми пажуҳиши илмии истеъмоли шир ҳастанд, пешниҳод мекунем ва умедворем вақтҳои наздик посухи илмиро ҳам интишор медиҳем.
Ва ҳоло баъзе назарҳо дар ин заминаро истинодан ба маҷаллаи "Наш мир", чопи Маскав пешниҳод мекунем. Ин маҷалла ахиран навиштааст, ки истеъмоли аз меъёр зиёди шир ва маҳсулоти ширӣ, бино ба пажуҳиши олимон, гоҳо мушкилоте ба инсон меорад. Ва яке аз сабабҳои инро риоя нашудани талабот ба истеҳсоли шир медонанд.
Масалан, собит шудааст, ки аслан говҳо бояд дар як сол 180 рӯз ҷӯшида шаванд. Аммо ин талабот риоя намешавад ва корхонаҳои тавлиди шир барои афзудан ба маҳсулнокии говҳои ширдеҳ бо хӯрокиҳое таъмин месозанд, ки дар таркибашон гармонҳои мухталиф доранд. Ва собит ҳам шудааст, ки гармонҳо на ҳамеша фоидаоваранд ва дар аксар маврид муҷиби ба бемориҳои ғадуд печидани ҳайвонот мегарданд.
Ин пажуҳишҳо нишон додаанд, ки чун дар таркиби шири гов равған зиёд аст, метавонад сабабгори печидани истеъмолкунанда ба бемории атеросклероз барои одам гардад ва дар ниҳояти кор сактаи дил шудан ҳам эҳтимол дорад. Гуфта мешавад, ки дар як пиёла шир тақрибан 10 фоизи меъёри шабонарӯзии холостерин ҷойгир шудааст.
Аз сӯи дигар ин олимон бар ин назаранд, ки шир ҳам метавонистааст сабабгори ба вуҷуд омадани бемориҳои бодигармӣ (аллергия) гардад. Вале ин маънои онро надорад, ки инсон бояд даст аз истеъмоли шир бардорад. Пажуҳиш таъкид ба истеъмоли аз меъёр зиёд дорад. Ва дар ҳақиқат ҳар чиз як меъёри хоси истеъмол дорад, риоя нашудани он боиси мушкилот ба организм шуда метавонад.
Ва таъкид мекунем: ин бардошт аз мақолае буд, ки "Наш мир" чоп кардааст. Посухи олимони тоҷикро баъдан интишор хоҳем дод.
Тарси нашъамандшавии тифли бехоб дар оянда аз куҷост?
Писараки чормоҳа дорам ва хеле муддат аст, ки аз бехобӣ азият мекашад. Пайваста бо духтурон дар иртибот ҳастам. Вале шунидам, ки ин бехобӣ таъсири баде ба ояндаи тифл доштааст ва ҳатто мегӯянд боиси дар оянда ба нашъамандӣ барин одатҳои бад ҷалб шудани ӯ мешавад. Магар чунин бошад?
Моҳсафар, Қӯрғонтеппа
"Рӯзгор": Наметавон фикри қотеъ дар ин бора иброз дошт, аммо таҳқиқотҳое ахиран рӯи кор омадаанд, ки ишора ба таъсири манфии бехобии кӯдакона дар наврасӣ доранд.
Муҳаққиқони Донишгоҳи штати Мичигани ИМА муддати 10 сол 267 кӯдакро омӯхтаанд ва ба хулосае боло расидаанд. Дар аввали таҳқиқот аз волидони атфол дар бораи хоби онҳо дар тифлӣ суол кардаанд ва ҳар посухро дар парвандаи ӯ навиштаанд. Дар 11- солагӣ ширкаткунандагони пурсиши таҳқиқотӣ аз зинаи дигари таҳқиқот гузаштаанд. Дар ин зина олимон аз рӯи як силсила тестҳои равонӣ атфолро пурсидаанд ва дар бораи интелект, таваҷҷӯҳ ва хотираи онҳо маълумот ҷамъ кардаанд.
Ва билохира дар синни 14-солагӣ пурсиши охирин гузаронидаанд ва ин бор олимон кӯшидаанд аз тарзи ҳаёти онҳо маълумот дастрас кунанд. Ва чуноне пажуҳиш нишон додааст, наздик ба ҳар сеюмин шахси дар пурсиш иштироккарда дар гузашта мушкилот бо хоб доштааст.
Ва маҳз аксарияти ҳамин кӯдакон майл ба нӯшокиҳои спиртӣ ва сигор кардаанд. 75 дар сади сигоркашон аз миёни ҳамсолони дар пурсиш иштироккарда бачаҳое буданд, ки дар тифлӣ ранҷи бехобӣ кашидаанд. Олимон дар ин бачаҳо мушкилот дар раванди таҳсилро низ ба мушоҳида гирифтаанд ва мегӯянд аксари онҳо рағбат ба дарсҳо надоштанд ва хотироташон низ дар қиёс ба дигарон заъф дошт.
Аммо бо вуҷуди ин олимон ба хулосаи қатъӣ наомадаанд, ки воқеъият маҳз чунин аст. "Яқинан, вайроншавии низоми хоб, ки хоси тифлон аст, худ аз худ наметавонад сабаби сар задани мушкилот дар синни наврасӣ гардад, - мегӯяд дар шарҳи ин роҳбари таҳқиқот доктор Роберт Сукер.- Ман фикр мекунам, ки мо ба кадом як вайроншавии неврологие рӯ ба рӯ шудаем, ки нишони он бехобӣ чун майли равонӣ дар синну соли баъдӣ аст. Вале ҳоло ин ҳамагӣ як тахмин аст ва на чизе аз ин беш".
Ва ба модари азиз, ки фарзандашон шояд ба бехобӣ рӯ ба рӯст, маслиҳат медиҳем, ки алҳол набояд ба ин андеша дода шаванд, ки агар тифл бехоб аст, пас вай чун нашъаманд ба воя мерасад. Ин гуна афкор комилан ғалат аст. Вале маслиҳат он аст, ки зуд пайи табобат шаванд, вагарна бехобӣ дар ҳамин синну сол ҳам метавонад мушкилоти равонӣ ва асабӣ ба бор орад.
-
09.06.2025 13:12
210
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
213
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
271
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
442
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
549
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
425
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
23.06.2025 14:53
88
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
154
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
09.06.2025 13:07
162
Мулоқот бо намояндагони Бонки Олмонии рушд (KfW)
-
14.10.2024 18:41
925
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1643
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3328
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:31
64
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
81
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
16.06.2025 22:49
125
Тренинги омӯзишӣ: Тақвияти дониш ва малака дар самти ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об
-
20.03.2025 11:59
470
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
722
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
841
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
410
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
449
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
422
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
696
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
974
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1832
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
582
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
557
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1751
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2065
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2280
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2961
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
468
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
424
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
905
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3023
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3468
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3449
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
612
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
638
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
581
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?