Нимҳимоятгари ганагии "Равшан" ба дастаи "Истиқлол" гузашт
15.01.2014 10:43
1298
Тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо Девид Мауто, нимҳимоятгари ганагии дастаи "Равшан-и Кӯлоб" қарордоди як сола ба имзо расонид. Ин футболбози африқоӣ, ки ҳамагӣ 22-сол дорад, тайи ду соли охир дар ҳайати дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ кардааст, ки дар ин ду сол "Равшан" пайи ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.
Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии футзал ҷойи 54-умро касб кард
15.01.2014 10:41
1339
Тоҷикистон дар рейтинги нави ҷаҳонии футзал ё худ футболи хурд 7 зина боло рафта, бо гирифтани 956 хол дар мақоми 54-ум қарор дорад ва дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷойи 10-ум аст.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2014 омода мешавад
08.01.2014 12:39
1521
Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзи 12-уми декабри соли равон дар Душанбе шурӯъ шуда феълан идома дорад. Дастаи ҷавонони то 21-солаи кишвар оид ба футбол ба бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 омодагӣ мегирад. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ...
ФИФА рӯйхати доваронро барои соли 2014 эълон кард
08.01.2014 12:30
1315
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, Кумитаи доварони ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 4 сардовар, 6 ёвари довар ва 2 довар оид ба футзалро дохил кардааст.
Даҳ варзишгари беҳтарини сол муайян шуд
26.12.2013 12:54
1474
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) дар натиҷаи як назархоҳии хабарнигорони соҳаи варзиш даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро эълон кард.
Ҷашни донишгоҳи қадимаву азми мутахассиси ҷавон
21.12.2013 12:15
1441
Ҳафтаи гузашта яке аз машҳуртарин мактабҳои олии Федератсияи Россия-Донишгоҳи миллии маъданшиносӣ ва ашёи хоми шаҳри Санкт Петербург 240 солагии таъсисёбии худро ҷашн гирифт. Донишгоҳе, ки тарҳи таъсиси онро ҳанӯз М. В. Ломоносов кашидаву бо васияти Петри 1 ва фармони Екатерина он дар соли 1773 бунёд ёфта ба фаъолият пардохта буд.
Варзишгарони муҳорибаҳои омехта муҳтоҷи дастгирианд!
19.12.2013 12:16
1417
Чанд соли охир аст, ки дар Тоҷикистон миёни ҷавонону наврасон навъи варзиши муҳорибаҳои омехта маъруфу машҳур шудааст. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 2000 варзишгар дар кишвар аз рӯи ин намуди варзиш тамрин мекунанд. Сайидалӣ Уразалиев, Президенти федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ...
"Шоҳрух" ғолиби мусобиқаи футболи хурд
19.12.2013 12:14
1388
Шӯрои марказии ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон байни Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, мусобиқаи футболи хурд ташкил кард, ки дар он 8 даста миёни ҳам рақобат карданд. Дастаи "Шоҳрух", ки муаррифгари ширкати "Тоҷикэлектрострой" (Тадэс) буд, бидуни бохт ғолиби мусобиқаи мазкур шуд. Дастаи "Шоҳрух" дар бозии ниҳоӣ бо дастаи ....
Рақибони эҳтимолии "Равшан" дар Ҷоми АФК маълум шуданд
19.12.2013 12:11
1399
Маросими қуръакашии даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 дар Куала-Лампур баргузор шуд, ки дар асоси он қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон - тими "Равшан"-и Кӯлоб дар сурати ба даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 баромаданаш, бо дастаҳои "Сувайк" ё "Сахам"-и Уммон, "Зат Рас"-и Урдун ва ё "Сафо"-и Лубнон қувваозмоӣ хоҳад кард.
Валерий Турсунов - ситораи футболи Тоҷикистон
16.12.2013 11:19
1596
Дер боз мехостам дар бораи ситораи футболи Тоҷикистон ва яке аз футболбозони машҳури шӯравӣ Валерий Юлдошевич Турсунов хотираҳои худро рӯи саҳифа оварам. Хонандаи закитабъи ман шояд савол диҳад, ки чаро? Фикр мекунам, ки иншои хотирот доири ин шахсияти машҳури варзишии Тоҷикистон ...
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014: Ҳарифон, макон ва замони бозиҳо маълум шуданд
11.12.2013 11:53
1414
Шоми 6 декабри соли равон дар Бразилия қуръакашии мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2014 миёни 32 дастаи ғолиби бозиҳои интихобӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои ширкаткунада ва ҳамчунин теъдоде аз футболбозони машҳури ҷаҳон, журналистону мутахассисони футбол баргузор гардид.
“Равшан”-и Кӯлоб барои Ҷоми Осиё-2014 мубориза хоҳад бурд
11.12.2013 11:50
1439
Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифтааст, ки дар Ҷоми AFC-2014 аз Тоҷикистон танҳо қаҳрамони кишвар ширкат намояд. Дар асоси қарори Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) футболбозони дастаи “Равшан” рақобати худро аз марҳилаи плеф-оф оғоз хоҳанд кард.
Алишер бо медали тилло баргашту Зуҳро бо нуқра
11.12.2013 11:48
1447
Аз 30-юми ноябр то 7-уми декабри соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон (WAKO) баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор варзишгар аз 60 кишвари дунё дар 5 намуд ширкат карданд.
Ҷаҳонпаҳлавони оянда
04.12.2013 11:39
1382
Пеш аз он ки ин матлаб дар бораи Манучеҳр рӯи чоп биёяд дар ҳамин ҳафтанома се ҳафта қабл дар борааш шеъре бо номи «Медалборон» чоп карда будем. Ва ин шеърро на ягон шоири номдор, балки узви маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и Хайрандеш Моҳрӯ Пайкишоева, ки модари Манучеҳр аст, навишта буд.
Блаттер «Равшан»-ро бо пирӯзӣ табрик кард!
27.11.2013 11:01
1507
Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар барқияи шодбошие унвонии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тими "Равшан"-и Кӯлобро барои пирӯзӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон табрик кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ итилоъ додааст.
















