04:59:44 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳайати варзишии Тоҷикистон ба Сочи рафт

Рӯзи 28-уми январи соли 2014 як ҳайати варзишии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи Олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои 22-увуми зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочи сафар кард.

sochi-2014 olimpiadaБа ин ҳайат ду варзишгар-Андрей Дригин ва Алишер Қудратов бо ҳамроҳии мураббиёнашон, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ибодуллоҳ Қурбонов, раиси Федератсияи намудҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон низ шомиланд. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз 7-уми феврал то 23-юми феврал дар шаҳри Сочии ФР баргузор мегарданд.

Дар бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи варзишгарон аз рӯи 7 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷикистонӣ Андрей Дригин дар навъи  слалом гигант ва Алишер Қудратов дар навъи слалом бо рақибони худ, ки аз 105 кишвари олам ба Сочи меоянд, рақобат хоҳанд кард. Барои Андрей Дригин Олимпиадаи Сочи чорумин олимпиадаи зимистонаест, ки дар он таҳти парчами Тоҷикистон қувваозмоӣ мекунад. Алишер Қудратов бошад аввалин бор аст, ки дар чунин мусобиқаи бонуфуз ба ҳайси варзишгар ширкат менамояд.

Алишер Қудратов 28-сол дорад ва зодаи деҳаи Сафеддараи ноҳияи Варзоб мебошад. Ин ҳамон деҳаест, ки дар он ҷо базаи лижаронҳои Тоҷикистон мустақар аст. Мо ба варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ комёбӣ орзумандем.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi