02:33:20 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии футзал ҷойи 54-умро касб кард

Тоҷикистон дар рейтинги нави ҷаҳонии футзал ё худ футболи хурд 7 зина боло рафта, бо гирифтани 956 хол дар мақоми 54-ум қарор дорад ва дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷойи 10-ум аст.

footzal 458521Мавқеи дастаҳои мунтахаби кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ ва Балтик дар феҳристи ҷаҳонӣ чунин аст:

4. Русия. 8. Украина. 13. Озарбойҷон. 20. Узбакистон. 29. Беларус. 32. Қазоқистон. 44. Қирғизистон. 52. Гурҷистон. 53. Латвия. 54. Тоҷикистон. 68. Литва. 69. Молдова. 71. Туркманистон. 79. Арманистон. 104. Эстония.

Аз миёни тимиҳои Осиё мунтахаби миллии Эрон пешсаф аст. Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бошад дар мақоми 11-ум аст

Дастаи милии футзали Испания бо гирифтани 1975 имтиёз дар садри ҷадвал нишастааст, Бразилия дар ҷойи дуюм ва Италия бошад зинаи сеюмро касб кардааст.

Тимҳои миллии Русия, Португалия, Эрон, Аргентина, Украина, Парагвай ва Ҷопон дар миёни даҳ тими беҳтарин ҷаҳон шомил шудаанд.

Роҳбарии тими миллии футзали Тоҷикистонро Дамир Камолиддинов ба ӯҳда дорад.

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi