07:31:14 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Танҳо барои ҷавонписарон...

Агар ҳар ҷавонписаре пеш аз издивоҷ бо ҳар духтаре ҷавоби 10 суолро аз вай дониста бошад, дар марҳилаҳои мухталифи зиндагӣ, тасмим гирифтан барояш хеле осон хоҳад буд.

semya perviy god-1Ин даҳ суол ба ҳар издивоҷкунандае дар вақти нахустмулоқот ва шиносоӣ байни ҳарду ҷониб радду бадал шуда, натиҷаи таҳқиқоте ҳам дар ин замина нишон додааст, онҳое, ки чунин корҳоеро тарҷриба кардаанд, дар тӯли зиндагӣ бештар аз дигарон муваффақтар будаанд. Суолҳо ба таври зайл раддабандӣ шудаанд:

1. Дар оянда кӣ шудан мехоҳед ва барои беҳтар зистан чӣ ҳадафе доред?

Гуфтанист, ҳар инсоне дар зиндагӣ умеду орзуҳое дорад ва барои даст ёфтан ба онҳо талош мекунад. Ин орзуҳо хоҳ дар соҳаи иҷтимоӣ бошанд, ё дорои ҷанбаҳои динӣ, хонаводагӣ ва ё дар соҳаи илмӣ ва ғайра. Муҳим ин аст, ки бояд домодшаванда ва арӯсшаванда дар оғози шиносоӣ аз орзуҳо, ҳадафҳо ва василаҳои интихобкарда барои ноил шудан ба онҳо бохабар бошанд. Коршиносони соҳа ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳар чӣ қадаре, ки дидгоҳҳои он ду барои якдигар ошно бошанд, дар зиндагии оянда ихтилофу кашмакашҳои хонаводагии онҳо ба ҳамон андоза камтар хоҳанд буд.

2. Дар бораи издивоҷ чӣ тасаввуроте доред?

Ин яке аз суолҳои муҳим барои тарафҳо дониста мешавад ва он ба хотири ошноии беҳтар ва шиносоӣ кардани тасаввуроти ҳамсаршавандаҳо арзёбӣ шудааст. Ба гунаи мисол, лаҳзаҳоеро қайд кардаанд, ки зикр кардани баъзеи онҳоро ба маврид медонем:

Бонуи шавҳардоре гуфтааст: Ман ҳайрон шудам, замоне, ки фаҳмидам мақсад аз издивоҷ кардани шавҳаршавандаам танҳо баровардасозии ниёзҳои ҷинсӣ ва комситонӣ будааст. Ӯ барои ман ҳеҷ гуна иззату эҳтиромеро пос намедоштаасту бар илова тамоми мушкилоти рӯзгорро болои шонаи ман партофтан мехостааст.

Ҳамчунин шавҳаре ҳам гуфтааст: Вақте фаҳмидам, ки мафҳуми издивоҷ барои ҳамсаршавандаи ман танҳо фарзандор шудан будааст намедонам чӣ қадар ҳайрон шудам. Мо чандин сол аст, ки фарзандор нашудаем.

Худо бароямон ҳеҷ фарзандеро арзонӣ надоштааст. Вале ман то ҳол бо ӯ мушкил дорам. Барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин ҳолатҳо, донистани мафҳуми издивоҷро барои ҳар ду тараф шарт донистаанд ва ба таъкиди онҳо дар ин замина гуфтугӯ кардан пеш аз издивоҷ метавонад дар оянда ба ҳифзи суботи хонаводагӣ кӯмак кунад.

3. Шарики зиндагиатонро бо кадом сифатҳо дидан мехоҳед, ӯ бояд чӣ гуна инсон бошад?

Хеле хуб аст, агар ҳар инсоне даричае аз эҳсосоти худро ба рӯи ҳамсари ояндааш кушояд ва дар баробар хеле чизҳоеро аз ӯ бидонад, бифаҳмад, ки чиро аз ӯ  меписандад ва чиҳоеро намехоҳад, ки ҳамсараш анҷом бидиҳад ва ё иқдом кардан ба корҳое, ки ба ҳамсараш хуш намеоянд, дар ҳузури вай бипарҳезад, ин ҳама бардоштҳои шарики зиндагиашро эҳсос намояд.

Тамоми ин ҳама ба монанди як диалог байни онҳо сурат бигирад, то тавонанд як дигарро ба таври беҳтар бишносанд ва дар ғиёби якдигар кореро анҷом бидиҳанд, ки муносиби онҳо бошанд. Мурод аз писандидаҳо ва нописандҳо донистани одоб, ахлоқ, рафтору гуфтор ва кирдор, хоҳишҳо ва орзуҳост.

4. Оё дар соли аввали аввали издивоҷ хоҳиши фарзандоршуданро доред ё на?

Шояд хеле аз мардум фикр кунанд, ки ин суол он қадар муҳим нест, лекин чӣ қадар ҳолатҳоеро дидаем ва ё шунидаем, ки бо сабаби фарзандор нашудан дар соли аввали оиладорӣ муносибатҳои хонаводагӣ сард шудаанд ва ё хеле аз оилаҳои навбунёд аз ҳам ҷудо шудаанд. Дар ин маврид набояд касеро маҷбур кард, ва ё болои яке аз тарафҳо фишор овард, ки дар соли аввали оиладорӣ фарзандор шавад ва ё нашавад, балки муваффақтарин роҳ дар ин замина ба ихтиёр худи ҳамсарони ҷавон вогузоштани ҳалли ин масъала дониста шудааст.

5. Оё аз нигоҳи саломатӣ ягон мушкиле доред? Айбҳои модарзодӣ чӣ?

Шаке нест, донистани бемориҳое, ки яке аз ҳамсарон Худои накарда ба он мубтало бошанд, дар вақти қабул кардани қарори ниҳоӣ метавонад таъсиргузор бошад. Ҳамзамон агар ин беморӣ ва ё айби модарзодӣ агар пинҳон бимонад, он як навъ рӯпӯш кардани айб дониста шуда, метавонад дар оянда таъсири бадеро ба дунбол дошта бошад.

Ин бемориҳо метавонанд, тӯлонимуддат бошанд ва ё кӯтоҳмуддату мавсимӣ, бемориҳои пес дар узвҳои нонамоёни бадан бошанд ё бемории қанд ва ё айби модарзодие. Нақл шудааст, арӯсшавандае пеш аз ҷашни арусӣ нохост чеҳрааш месӯзаду зебоияшро аз даст медиҳад, домодшаванда ҳам онро шунида, дар санге пешпоӣ хӯрда, меафтаду биноии чашмонашро аз даст дода, бо асо роҳ мегардад. Хулоса, ҳар ду бо ҳам издивоҷ  намуда, солҳои тӯлонӣ бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва рӯзе мерасад, ки завҷааш вафот карда, пас аз гӯронидани ҳамсараш, асояшро партофта бинояш дубора ошкор мекунад.

Аз ӯ мепурсанд, ки чӣ гуна биноиятонро ба даст овардед, ҷавоб медиҳад, ки ман кӯр набудам, тӯли ин солҳо фақат вонамуд мекардам, ки нобино шудаам, то ҳамсари меҳрубонам аз чеҳраи сӯхтааш дар назди ман хиҷолат накашад..

6. Оё ту инсони иҷтимоӣ ҳастӣ? Рафиқонат киҳоянд?

Ротибаҳои иҷтимоӣ будан дар инсони муосир аз боризтарин нишонаҳои шинохти ӯ дарак дода метавонад. Муҳим ин аст, ки агар одаме иҷтимоимизоҷ бошад  дар аксар маврид  дӯстдор ва дӯстдоштанӣ аст, унс гирифтан бо ӯ осон асту вай низ дар ҳол ром шуданаш мумкин аст. Муҳим ин аст, ки ҳангоми нахустшиносоӣ ва идомаи иртибототу баъди он зиндагӣ алоқаҳои ҳарду ҷониб бояд бо бардоштҳои накӯ оғоз шавад, ва ин чиз метавонад то дер таъсиргузор бимонад. Шинохтани дӯстону ҳамнишонони яке аз ҳамсаршавандаҳо низ барои тарафи дигар ҳам хеле муҳим аст, зеро аз симои ҳамнишанаш ба қадри тавон кӣ будани ҳамсаршаванда ва шарики зиндагиашро интихоб кардан осонтар мегардад.

7. Иртиботи ту бо падару модар, хоҳару бародар ва хешовандонат чӣ хел аст?

Донистани алоқа ва иртиботи хонаводагии ҳамсаршавандаҳо хеле муҳим аст, зеро оиладории солим ва муваффақ маънои онро надорад, ки духтар ва ё писари касеро барои худ ҳамсар интихоб намоӣ ва аз пайвандону наздикони вай бехабар бимонӣ. Оилаҳои муваффақ онҳоеянд, ки бар иловаи зану шавҳар муносибатҳои волидайни онҳо низ байни як дигар хеле гарму самимӣ шиносоӣ шудаанд. Таҷриба нишон додааст, ки ҳар андозае муносибати ҳамсарон ва падару модарони эшон бо ҳам наздиктар ва самимитар бошад, ҳамон қадар баракати Худовандӣ зиёдтар дар зиндагии онҳо мушоҳида шудааст.

8. Дар вақтҳои холӣ чӣ кор мекунӣ? Чӣ орзуҳо дорӣ?

Ҳар андозае, ки шинохти тарафҳо ба ҳам зиёдтар шавад, ҳамон қадар тасмимгирии ниҳоии онҳо осонтар ва сабуктар мегардад. Донистани он, ки тарафи суолшаванда дар вақтҳои бекорӣ ва ё камкориаш ба чизҳое машғул мешавад, ки шинохти шахсияти он ва ҳадафманд будан ӯро дар вақти тасмим гирифтан ва дар оянда низ осонтар мекунад.

9. Оё корҳои хайриявие ҳам доред ва барои савоб кор кардан вақти алоҳидае ҷудо кардаед?

Ба ҳар андозае, ки алоқаи банда бо Парвардигораш қавӣ бошад, ба ҳамон андоза дар назди шарики ҳаёташ амонатдортар шинохта мешавад. Барои ҳар духтару писаре беҳтар он аст, ки барои розу ниёз гуфтан бо Парвардгори худ вақт ҷудо кунанд ва барои анҷом додани корҳои хайр низ ҳамчунин ба мисли кумак кардан ба афроди эҳтиёҷманд, дар суҳбати соҳибдилони воқеӣ ширкат кардану барои ояндаи худ панд гирифтан ҳам метавонад ҷонибҳоро дар атрофи як ҳадаф, ки мурод аз зиндагӣ, хидмат ба мардум ва ба даст овардани ризоияти Парвардгор аст, ҷамъ кунад.

10. Ба фикри ту агар рафту модари ман ва ё модари ту дар ҳаёти шахсии мо дахолат кунанд, ба онҳо чигуна бояд бархурд намоем?

Ин суолро нахуст бояд касе бидиҳад, ки воқеан қасди издивоҷ карданро дорад. Ин ҳам ба хотири он, ки мабодо агар чунин воқеае рух бидиҳад, метавонад ба осонӣ ҳассосияти ин мавзӯъро пешбинӣ карда, шеваи бархурд бо онро аз ҷониби шарики ҳаёташ дарк намояд ва роҳеро интихоб кунанд, ки дар якҷоягӣ битавонанд конуни гарми хонаводагиро ҳифз карда, суботи оиладориро нигаҳ бидоранд.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi