11:33:28 22-уми Январи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Январ 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ФФТ беҳтаринҳои футболи тоҷикро қадрдонӣ кард

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), рӯзи 10 январи соли равон беҳтаринҳои футболи тоҷикро дар соли 2013 бо ҷому медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард. Маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и Душанбе баргузор гардид, ки дар ин ҷамъомад ФФТ аз мавсими футболи соли 2013 натиҷагирӣ карданд.

fft-qadrdoni 1111Сараввал Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бораи натиҷаҳои мавсими соли 2013 гузориш дод. Дар гузориши яксолаи ФФТ, аз ҷумла қайд карда шуд, ки хароҷоти ФФТ дар соли сипаришуда зиёда аз 4 миллион сомониро ташкил кардааст, ки нисфи ин маблағ барои нигоҳ доштани дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон сарф гаштааст. Мутаассифона, соли гузашта дастаҳои мунтахаби кишвар, ба ғайр аз мунтахаби наврасони то 14-сола, дар мусобиқоти қитъавӣ натиҷаи хуб нишон дода натавонистанд.

Дар ҷамъомади мазкур ба тими овозадори "Равшан"-и Кӯлоб, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2013 байни дастаҳои Лигаи олии кишвар унвони қаҳрамони Тоҷикистон соҳиб шуд, ҷому ифтихорнома ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Ба тими "Истиқлол"-и Душанбе барои ҷойи дуюмро соҳиб шуданаш медалҳои нуқра ва ба футболбозони дастаи "Хайр"-и Ваҳдат барои ҷойи сеюмро гирифтанашон нишонҳои биринҷӣ тақдим карданд. Дар маросими ҷоизасупории ФФТ инчунин ба се дастаи беҳтарини Лигаи аввал-дастаи "Саройкамар"-и ноҳияи Панҷ медалҳои тилло, ба дастаи "Эсхата"-и Хуҷанд медалҳои нуқра ва ба дастаи "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан нишонҳои биринҷӣ супорида шуд.

fft-qadrdoni 2222Дар рафти маросими ҷоизасупорӣ инчунин ба беҳтарин футболбозону мураббиён, беҳтарин бозигари соли 2013, беҳтарин нишонзани мусобиқаи Лигаи олӣ, беҳтарин легионер, беҳтарин дарвозабон, беҳтарин ҳимоятгар, беҳтарин нимҳимоятгар, беҳтарин ҳамлагар, беҳтарин мураббӣ, беҳтарин довар ва ба ғолибони номинатсияҳо аз рӯи футболи кӯдакону наврасон, футболи занона ва футзал низ бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамчунин собиқадорони футболи тоҷик бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҷоизадорони футболи тоҷик-2013:

Дарвозабони беҳтарин-Алишер Туйчиев ("Истиқлол").

Ҳимоятгари беҳтарин - Ҳасан Рустамов ("Равшан").

Нимҳимоятгари беҳтарин - Хуршед Маҳмудов ("Регар-ТадАЗ").

Ҳамлагари беҳтарин - Мирзобек Мирзоев ("Хайр")

Беҳтарин нишонзани мусобиқаи лигаи олӣ - Ҳусейни Суҳробӣ ("Истиқлол") - 11 тӯб.

Сармураббии беҳтарин - Рустам Хоҷаев ("Хайр").

Довари беҳтарин - Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Беҳтарин мураббии наврасон - Сафар Раҳмонов (РШВСМ).

Футзалисти беҳтарин - Миралӣ Шарипов ("Бонки милӣ").

Футболбоздухтари беҳтарин - Мадина Фозилова ("Ласточка").

Бозигари беҳтарини байни кӯдакони солҳои таваллуди 2000-2001 - Аслан Камолов (Академия "Истиқлол").

Бозигари беҳтарини байни наврасони солҳои таваллуди 1998-1999 - Ваҳдат Ҳанонов (РШВСМ).

Бозигари беҳтарини байни наврасони солҳои таваллуди 1996-1997 - Алишер Сафаров  (РШВСМ).

Легионери беҳтарини чемпионати Тоҷикистан - Дэвид Мауто ("Равшан").

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон, ки дар чемпионати хориҷа ҳунарнамоӣ мекунад - Фарҳод Восиев ("Газовик", Оренбург, Россия).

Беҳтарин футболбози Тоҷикистон-2013 - Дилшод Восиев ("Истиқлол").

Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi