06:51:24 30-уми Июни 2026 сол
Паҳлавони тоҷик - барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии самбо 29.01.2014 12:51 1648
Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев медали биринҷӣ ба даст овард.
Мулоқоти Йозеф Блаттер бо роҳбарони футболи тоҷик 29.01.2014 12:49 1577
25-уми январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти Йозеф Блаттер, Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бо Хуршед Мирзоев муовини аввали Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, дабири ФФТ баргузор гардид.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон ба Сочи рафт 29.01.2014 12:47 1624
Рӯзи 28-уми январи соли 2014 як ҳайати варзишии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи Олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои 22-увуми зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочи сафар кард.
Аз Тоҷикистон кӣ ба Олимпиадаи Сочи меравад? 22.01.2014 14:50 1534
Дар қатори 2800 варзишгаре, ки қарор аз аст 105 кишвари олам барои ширкат дар Бозиҳои 22-и зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия биёянд, ду варзишгари тоҷикистонӣ низ хоҳанд буд.
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон боз як зина боло баромад 22.01.2014 14:47 1411
Дар рейтинге, ки 16-уми январ Федератсияи футболи ҷаҳонӣ-ФИФА интишор кард, Тоҷикистон дар муқоиса бо рейтинги як моҳ қабл як зина болотар баромад. Дар рейтинги ахир Тоҷикистон бо 285 хол ҷои 113-умро ишғол кардааст.
ФФТ беҳтаринҳои футболи тоҷикро қадрдонӣ кард 15.01.2014 10:46 1324
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), рӯзи 10 январи соли равон беҳтаринҳои футболи тоҷикро дар соли 2013 бо ҷому медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард. Маросими ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency"-и Душанбе баргузор гардид, ки дар ин ҷамъомад ФФТ аз мавсими футболи соли 2013 натиҷагирӣ карданд.
Нимҳимоятгари ганагии "Равшан" ба дастаи "Истиқлол" гузашт 15.01.2014 10:43 1332
Тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо Девид Мауто, нимҳимоятгари ганагии дастаи "Равшан-и Кӯлоб" қарордоди як сола ба имзо расонид. Ин футболбози африқоӣ, ки ҳамагӣ 22-сол дорад, тайи ду соли охир дар ҳайати дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ кардааст, ки дар ин ду сол "Равшан" пайи ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.
Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии футзал ҷойи 54-умро касб кард 15.01.2014 10:41 1389
Тоҷикистон дар рейтинги нави ҷаҳонии футзал ё худ футболи хурд 7 зина боло рафта, бо гирифтани 956 хол дар мақоми 54-ум қарор дорад ва дар байни тимҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар ҷойи 10-ум аст.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2014 омода мешавад 08.01.2014 12:39 1561
Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзи 12-уми декабри соли равон дар Душанбе шурӯъ шуда феълан идома дорад. Дастаи ҷавонони то 21-солаи кишвар оид ба футбол ба бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 омодагӣ мегирад. Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ...
ФИФА рӯйхати доваронро барои соли 2014 эълон кард 08.01.2014 12:30 1356
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, Кумитаи доварони ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ба ин рӯйхат аз Тоҷикистон 4 сардовар, 6 ёвари довар ва 2 довар оид ба футзалро дохил кардааст.
Даҳ варзишгари беҳтарини сол муайян шуд 26.12.2013 12:54 1528
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) дар натиҷаи як назархоҳии хабарнигорони соҳаи варзиш даҳ варзишгари беҳтарини соли 2013-ро эълон кард.
Ҷашни донишгоҳи қадимаву азми мутахассиси ҷавон 21.12.2013 12:15 1485
Ҳафтаи гузашта яке аз машҳуртарин мактабҳои олии Федератсияи Россия-Донишгоҳи миллии маъданшиносӣ ва ашёи хоми шаҳри Санкт Петербург 240 солагии таъсисёбии худро ҷашн гирифт. Донишгоҳе, ки тарҳи таъсиси онро ҳанӯз М. В. Ломоносов кашидаву бо васияти Петри 1 ва фармони Екатерина он дар соли 1773 бунёд ёфта ба фаъолият пардохта буд.
Варзишгарони муҳорибаҳои омехта муҳтоҷи дастгирианд! 19.12.2013 12:16 1447
Чанд соли охир аст, ки дар Тоҷикистон миёни ҷавонону наврасон навъи варзиши муҳорибаҳои омехта маъруфу машҳур шудааст. Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 2000 варзишгар дар кишвар аз рӯи ин намуди варзиш тамрин мекунанд. Сайидалӣ Уразалиев, Президенти федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон ...
"Шоҳрух" ғолиби мусобиқаи футболи хурд 19.12.2013 12:14 1431
Шӯрои марказии ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон байни Кумитаҳои соҳавии иттифоқҳои касаба, мусобиқаи футболи хурд ташкил кард, ки дар он 8 даста миёни ҳам рақобат карданд. Дастаи "Шоҳрух", ки муаррифгари ширкати "Тоҷикэлектрострой" (Тадэс) буд, бидуни бохт ғолиби мусобиқаи мазкур шуд. Дастаи "Шоҳрух" дар бозии ниҳоӣ бо дастаи ....
Рақибони эҳтимолии "Равшан" дар Ҷоми АФК маълум шуданд 19.12.2013 12:11 1437
Маросими қуръакашии даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 дар Куала-Лампур баргузор шуд, ки дар асоси он қаҳрамони дукаратаи футболи Тоҷикистон - тими "Равшан"-и Кӯлоб дар сурати ба даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 баромаданаш, бо дастаҳои "Сувайк" ё "Сахам"-и Уммон, "Зат Рас"-и Урдун ва ё "Сафо"-и Лубнон қувваозмоӣ хоҳад кард.