Нимҳимоятгари ганагии "Равшан" ба дастаи "Истиқлол" гузашт
Тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо Девид Мауто, нимҳимоятгари ганагии дастаи "Равшан-и Кӯлоб" қарордоди як сола ба имзо расонид. Ин футболбози африқоӣ, ки ҳамагӣ 22-сол дорад, тайи ду соли охир дар ҳайати дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ кардааст, ки дар ин ду сол "Равшан" пайи ҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудааст.
Рустам Ҳакимов, сухангӯи дастаи "Истиқлол" дар суҳбат бо "Рӯзгор" гуфт: "Мауто пас аз имзои қарордод ба ватанаш-Гана ба дидорбинии пайвандонаш рафт ва пас аз бозгашт, 20-уми январ ба ҳайати бозигарони дастаи "Истиқлол" ҳамроҳ хоҳад шуд. Мауто дар ҳайати ин даста таҳти рақами 14 ҳунарнамоӣ хоҳад кард."
Ёдовар мешавем, ки дар маросими ҷоизасупории ФФТ Девид Мауто Легионери беҳтарини чемпионати Тоҷикистон эътироф шуд. Инчунин ӯ бар асоси назарсанҷии торнамои "Варзиш-Спорт" бозигари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2013 эътироф шуда буд.
Ибодуллоҳи Тоҳир, «Рӯзгор»
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014