18:02:14 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мулоқоти Йозеф Блаттер бо роҳбарони футболи тоҷик

25-уми январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти Йозеф Блаттер, Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бо Хуршед Мирзоев муовини аввали Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, дабири ФФТ баргузор гардид.

blatter 45456465Ин мулоқот дар чаҳорчӯбаи мусобиқаи футбол барои Ҷоми кишварҳои ҳамсуд, ки дар он 12 даста аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, азҷумла дастаи яккачини ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон, қувваозмоӣ менамоянд, баргузор шуд. Дар ин мулоқот раҳбарони федератсияи футболи мамлакат аз кумаку дастгириҳое, ки дар ин чанд соли ахир ФИФА барои рушду тараққиёти футболи тоҷик кардааст, ба президенти ФИФА ибрози миннатдорӣ карданд.

Гуфта шуд, ки раҳбарияти ФФТ аз сиёсати пешгирифтаи президенти ФИФА дар марҳилаи кунунӣҷонибдорӣ мекунад. Йозеф Блаттер дар суҳбат аз вазъи футболи кишвар, натоиҷи мусобиқоти мавсими гузаштаи футболи Тоҷикистон, мушкилоти он суол кард ва посухи қаноатбахш гирифт. Ибтикори раҳбарияти ФФТ оиди соли 2014 соли оммавӣ эълон шудани футбол дар Тоҷикистонро президенти ФИФА қобили қабул донист.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi