15:14:35 09-уми Майи 2025 сол

Ғалабаи Манучеҳри Назарвалӣ ва дӯстонаш

Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ ню фулконтакт ва киксбоксинг бо иштироки 12 кишвари ҷаҳон баргузор гардид. Дар он дар қатори варзишгарони Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Русия, Туркия, Ҷопон Эрон ва ғайра 30 варзишгари аз 9 то 35-солаи Тоҷикистон низ иштирок карданд.

manuchehri-nazarvali 454566Дар ин мусобиқаҳо 12 варзишггари тоҷик соҳиби ҷои аввал ва нишонҳои тилло гардиданд. Боиси хурсандии ҳайати эҷодии ҳафтанома "Рӯзгор" аст, ки миёни варзишгарони соҳиби медали тилло гардида, яъне Абдуллои Мирзо, Сафархони Юсуф, Эмомназар Нуров, Рустам Нуров, Меҳрубони Маҳмадалӣ, Мустафо давлатов, Зулфалӣ Латифов, Ҷомӣ Латифов ва Муҳаммад Чақалов Манучеҳри Назарвалии 15-сола, ки чанде пеш ("Рӯзгор" №20, 2013, "Ҷаҳонпаҳлавони оянда") бо ӯ мусоҳибаи ихтисосӣ доштем, ҳаст. Назарвалӣ дар он суҳбат иброз дошта буд, ки бо сабабҳои камбуди молӣӯ наметавонад дар мусобиқаҳои байналмилалии беруназҷумҳурӣ ширкат намояд ва қобилияту маҳорати худро нишон диҳад. Билохира мебинем, ки ин камбудӣ ислоҳ шудааст ва Назарвалӣ дар сафари нахустинаш исбот намуд, ки метавонад қаҳрамони мусобиқаҳои байналмилалӣ дар хориҷ аз кишвар бошад.

Инчунин дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони тоҷик боз 4 медали нуқра  ва 6 медали биринҷиро сазовор шуданд. Ҷолиб он аст, ки дар миёни онҳое, ки сазовори медали нуқра шудаанд, Сиёвуш Зуҳуров, писари Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва домоди Президенти Тоҷикистон низ ҳаст.

Ҳайати эҷодии "Рӯзгор" паҳлавонони тоҷикро бо ин комёбияшон табрик гуфта барояшон муваффақиятҳои аз ин бештареро орзуманд аст.

Комилҷон Аҳроров, устоди Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №07, 19 феврали соли 2014

Назари Шумо

Security code
навсозӣ