15:15:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шореҳ будан масъулият дорад

Имрӯзҳо дар майдонҳои варзишии Сочии Русия бозиҳои 22-уми зимистонаи олимпӣ, ки қуллаи баландтарини варзиш ба ҳисоб мераванд, ҷараён доранд. Бешак, ин бозиҳо мухлисони варзиши Тоҷикистонро низ бетараф гузошта наметавонад ва аксар бо мароқи том ин бозиҳоро тариқи оинаи нилгун тамошо мекунанд.

kommentator-454545Боиси ифтихор аст, ки аз ҷумҳурии мо низ як нафар иштирокчии ин бозиҳо шуд ва Президенти кишвар ҳини ҷашни ифтитоҳ ҳайати Тоҷикистонро истиқбол намуд. Пӯшида нест, ки мо бо мароқи том дар баробари мухлисӣ ба варзишгари худ, ба варзишгарони собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқ, хоса варзишгарони рус низ мухлисӣ мекунем, зеро нону намакхӯрдаем. Қобили қайд аст, ки телевизиони тоҷик низ аз рафти ин бозиҳо намоишҳое омода кардааст.

Аммо моро як чиз дар ҳайрат гузошт. Рӯзи 16.02, соатҳои 16, вақте шабакаи якумро гирон кардам, мусобиқаи биатлонро намоиш медоданд. Ин намуди варзиш имрӯз дар байни мардум маҳбубияти зиёд дорад. Гумон кардам, сабқати нав аз Сочӣ асту шабакаи аввал намоиш медиҳад. Зеро то ин давра аллакай якчанд сабқати ин намуд баргузор шуда, маълум буд, ки ин намоиш такрори онҳо нест. Вақте шореҳ номи Нуйнер (дурусташ Нойнер,А.К)-ро гирифт, ҳайрати ман афзунтар гардид, зеро ин маликаи варзиш як сол аст, аз мусобиқаҳо даст кашида, алъон нақшаи модар шудан дорад. Шояд ягон сабқати дигарро аз солҳои пеш нишон медиҳанд-андешидам ман. Аммо аз шарҳи шореҳи барнома Раҳматшоҳ Обидов дарёфтам, ки сухан дар бораи бозиҳои кунунӣ мерафтааст.

Дар охир ҳатто ӯ "то вохӯриҳои дигар дар майдонҳои Сочӣ" бо мухлисон хайрбод гуфт. Акнун, хонандагони азиз, худ қазоват кунед, вақте шореҳи варзишии шабакаи аввали Тоҷикистон худ аз ин бозиҳо огоҳӣ надорад, магар метавонад, онро шарҳ диҳад. Аз шарҳи бозӣ маълум буд, ки шореҳ гӯё бори аввал бо ин бозӣ (биатлон) ошно мешавад (зеро ба ҳайси мухлис ба Сочӣ омадани Магдалена Нойнерро аксари ҳаводорони варзиш медонанд). Ҳол он ки имрӯз мухлиси ба ин бозӣ бетарафро дарёфтан мушкил аст. Медонем, ки дар баъзе сабқатҳои биатлон то 110 нафар иштирок мекунанд ва номи машҳуртарини онҳо имрӯз вирди забонҳост.

Тура Бергер, Даря Домрачева, Олга Зайтсева, Андреа Хенкел, Катя Вилхелм, Мартен Фуркад, Уле-Айнер Бёрндален, Антон Шипулин ва даҳҳо дигаронро кадом мухлис намедонад. Вале мӯҳтарам Раҳматшоҳ Обидов, гуё номи онҳоро бори аввал мешуниданд, ки аксар хато номгирӣ мекарданд. Дигар ин ки наход шореҳи варзиш фарқ карда натавонад, ки ин мусобиқаҳои Сочӣ набуданд. Вазифаи шореҳ ғайр аз шарҳи рафти мусобиқа, ошно намудани мухлисони ноогоҳ бо қоидаҳои бозӣ аст, на гумроҳ намудани онҳо.

Аз шарҳи намудҳои дигари варзиш низ чунин ба назар мерасад, ки шореҳи мӯҳтарами мо аз варзишу қоидаву қонунҳои он куллан бехабаранд. Шарҳи бозиҳои футбол аз тарафи эшон хеле дилгиркунандаву якранганд, ғайр аз "як партофти хуб" зарба заданд" ва чанд калимаву ибораҳои обшуста шарҳи дигаре нест. Пас, оё месазад, ки чунин шореҳи худ ноогоҳ мухлисонро огоҳ намояд. Ё каси дигар нест?

Комилҷон Аҳроров, устоди Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №07, 19 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi