ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-3
ҚИССАИ ҲАЗРАТИ НӮҲ (А)
ПАРАСТИШИ БУТҲО
Аз байн замоне гузашту дар рӯи замин теъдоди одамон афзуд. Мардум аз парастиш ва ибодати Худованди якто дур шуданд ва фаромӯш карданд, ки Оллоҳ Таъоло Парвардигор ва лоиқи парастиш аст. Аз ҷумлаи ҳамин мардум к;авме буд, ки куфру гумроҳияшон зиёд шуд. Онҳо бут ва ҳайкалро монанди сурати номдороне, ки мурда буданд, месохтанд ва парастиш мекарданд, хайру сахо талаб менамуданд... Ва аз бадиҳо ба онҳо паноҳ, мебурданд.
Ин худоҳоро номҳои зиёде монда буданд. Гоҳе онҳоро бо номи (вуддаа), (сувоъа) ва (ягус) нидо мекарданду гоҳо бо исми (яъук), (наср). Мувофиқи мизоҷҳояшон ва нодониашон ба ҳар роҳи хато, ки мехостанд, бе ягон фикру андеша ва бе кор фармудани ақл, ки Худованди ягона барояшон ато намудааст, мерафтанд.
РАҲМАТИ ХУДО
Эй бародарони паҳлавонам, дар ҳақиқат Худованд аз ҷумлаи бандагонаш касеро фаромӯш намекунад. Аз ҷумла раҳмат ва меҳрубонии Худованд он аст, ки ба мардум пайғамбаронро мефиристад, то роҳи Ислом ва ҳақиқатро ба онҳо бифаҳмонад. Замоне мардум бут ва ҳайкалҳоеро, ки Худо меномиданд парастиш доштанду Худованди якторо ибодат намекарданд, бо раҳмату меҳрубонӣ Худованд аз байни худашон барои онҳо паёмбаре интихоб намуд...
Он марде, ки Худованд барои раҳнамоии ин мардуми нодону ҷоҳил интихоб кард, кист? Кист он марди ҷонфидо, ки мардуми нодон ва парастандаи ҳайкалҳои сангинеро, ки фоида намеоранд, намебинанд ва намешунаванд, раҳнамоӣ кунад? Кунун мебинем, ки он инсон кист?
НАБӢ КИСТ?
Эй дӯстони хурдакаки ман. Он мардест аз худи ҳамин қавм, ки номаш Нӯҳ мебошад. ӯ дар байни онҳо бо ақлу зеҳни хубу равшан ва рафтори некӯяш фикр мекард. Ин марди бо ақлу идрок фаҳмид, ки бут ва ҳайкалҳои сангин наметавонанд, дуоҳои моро бишнаванд, инчунин зараре ё бадиеро аз мо дур карда наметавонанд. Чӣ гуна сангҳоеро, ки бо дасти худ месозем парастиш кунем? Ин гумроҳӣ ва девонагист…
ДАЪВАТИ Ӯ ЧӢ БУД
Агар ман Шуморо бипурсам: Барои чӣ мехост мардумро даъват кунад? Ба сӯи чӣ онҳоро даъват мекард? Дар ҳақиқат мефаҳмед Шумо ин, ки Нӯҳ набӣ ва паёмбар аст. Мардумро ба сӯи Ҳақ даъват мекард, чунки Худованд ӯро барои ҳамин ба назди мардум фиристод, то ки онҳоро аз торикӣ ба равшанӣ ва аз куфру нодонӣ ба сӯи имону боварӣ раҳнамоӣ кунад. ӯ мардумро ба сӯи он чизе, ки худаш боварӣ дорад, даъват мекунад ва вазифае, ки бо хоҳиши Худо бар дӯш дорад, ба мардум мерасонад.
Яъне мардумро даъват мекунад, ки парастиши бут ва сангҳоро тарк кунанд, куфру гумроҳиро як тараф гузоранду Худованди ягонаро парастиш ва ибодат намоянд. Пас, ӯст, ки осмону заминро офарид ва моро халқ кард, то ӯро ибодат ва парастиш бикунем. Ба ӯ касе ва ё чизеро муқобил нагзорем ва худоҳои дигар ихтироъ накунем.
ЧӢ ГУНА ДАЪВАТ МЕКАРД?
Ҳамин хел... Нӯҳ алайҳиссалом мардумашро даъ¬ват мекард, бо ҳамон забоне, ки онҳо ҳарф мезаданд сӯҳбат мекард ва барояшон мегуфт: Эй мардум, Худоро парастиш кунед, барои Шумо Худое ҷуз Аллоҳи ягона нест. Эй мардум, парастиши бутҳоро тарк кунед. Агар Шумо бузургон ва некони гузаштаи худро, ки дар байни Шумо буданд дӯст медоред онҳоро ба сурати ҳайкал парастиш накунед.
Пас бо роҳи дурусте, ки онҳо мерафтанд биравед ва танҳо Худои якторо бипарастед. Онҳоро бо забон ва шевои фасеҳу мафҳум, ботамкин ва каломи латиф даъват мекард. Бо онҳо ҷангу ҷидол ва дуруштӣ намекард, балки бо маъвизаҳои ҳасана, пан¬ду ҳикмат даъвати Исломро мерасонид. Аз ҷумла суханҳое ба ин тариќ ба онҳо мегуфт: Эй мардум! Дар ҳақиқат касе, ки ба Худои ягона имон намеорад, рӯзи ҳисоб (рӯзи қиёмат) Худованд ӯро азоб мекунад ва агар касе па¬растиши Худои ягонаро бикунад Аллоҳ таъоло ӯро дохили ҷаннат мегардонад. Пас эй мардум, биёед ба сӯи боварию имон ва ҷаннат!
ҶАВОБИ ҚАВМИ НӮҲ
Локин ҷавоби кофирони қавми Нӯҳ чӣ буд? Онҳо ба Нӯҳ мегуфтанд: Барои чӣ та¬нҳо як Худоро парастем ва яктопараст бошем? Рӯзи ҳисоб чист? Ту ҳам мисли одамӣ, агар Худо мехост барои мо паёмбаре фиристад, аз ҷумлаи малоикаҳояш мефиристод.Нӯҳ даъвати худашро давом медод ва мегуфт: Худованд танҳо зотест сазовори парастиш, ӯ моро офаридааст ва ризқу рӯзи додааст. ӯ зотест, ки моро мемиронад (ҷонҳои моро мегирад). Пас дубора зинда мегардонад, то ки дар рӯзи ҳисоб моро муҳосаба намояд, сипас мӯъминро ба сӯи ҷаннат ва кофиру нобоварро ба сӯи дӯзах мебарад. Ҳеҷ, аҷибе нест дар ин, ки паёмбар мисли шумо инсон аст. Чӣ ҳарфҳои ҷолибе буданд, ки Нӯҳ шабу рӯз қавмашро ба мис¬ли ҳамин суханҳо даъват мекард... Локин қавми Нӯҳ барои бовар накарданашон ҳуҷҷати дигареро ихтироъ карданд. Аҷабо он ҳуҷҷат чӣ бошад?
УЗРИ ҚАБЕҲ
Каме аз камбағалу ғуломон ба ӯ бовар карданд ва имон оварданд. Пас кофирон ба Нӯҳ гуфтанд: Нигоҳ кун эй Нӯҳ! Касоне, ки ҳамроҳи ту имон оварданд ва бовар кар¬данд кистанд? Камбағалон ва ғуломон ва мардуми камбизоат ҳастанд, молу сарват надоранд. Агар мехоҳӣ мо ба дини наве, ки ту моро даъват мекунӣ дохил шавем ва бо¬вар кунем, аввалан ин мар¬думи камбағалро аз атрофат дур кун. Агар онҳо мисли мардуми сарватманду бой молу мулк ва ақли солиму расо медоштанд, албатта аз Ислом дур мешуданд. Агар он дине, ки моро сӯяш даъ¬ват мекунӣ хуб мебуд, мо сарватмандон ва соҳибони молу мулк пештар аз камбағалон даъвати туро қабул мекардем.
ДАЪВАТИ МАН БАРОИ ҲАМА АСТ
Баъди ин, ки кофирон ва нобоварон узру далелҳои худро, ки ба ҷаҳолату нодонӣ ва торикфаҳмии онҳо далолат мекард, карданд пешвоямон Нӯҳ оҷизона бекор нанишаст, балки бо панду насиҳат онҳоро ба роҳи рост ҳидоят мехост:
Эй мардум, даъвати ман барои сарватманд ва ғайри сарватмандон, тамоми мар¬дум мебошад ва барои ҳар яке аз шумо. Чӣ тавр касонеро, ки ба Аллоҳи ягона бовар карданду имон оварданд ва аз парастиши бутҳо рӯ гардонданд, аз атрофи худ дур кунам? Эй мардум ақли худ¬ро кор фармоед, чунки ақл неъматест Худованд барои шумо додааст, то аз он истифода намоед ва имон оваред...
Охир, бубинед оё бу¬тҳо зарар ё фоидае ба шумо мерасонанд. Оё мебинанд ва мешунаванд вақте, ки аз онҳо шумо чизе бихоҳед? Эй қавми ман парастиш накунед магар Аллоҳи ягонаро, чунки офаранда, ризқдиҳанда, қабулкунанда ва қонунгузоранда танҳо ӯст.
НИҲОЯТИ ҶИДОЛ
Ниҳоят баҳсу ҷидол байни Нӯҳ ва қавмаш шиддат гирифт ва доираи ихтилоф васеъ шуд, аз Нӯҳ норозӣ ва сахтгир шуданд ва гуфтанд: «Эй Нӯҳ бо мо ҷидол кардӣ пас болои мо биёр он чиро, ки моро метарсонӣ агар содиқу ростгӯ ҳастӣ». Нӯҳ суханҳои онҳоро рад карда чунин гуфт:
Аблаҳию ҷаҳолати зиёде аз худ нишон додед, ман кӣ ҳастам, то болои шумо азоб ва дӯзахро биёварам? Мисли шумо инсон хастам, шуморо барои парастиши Ху¬дои ягонаи бешарик даъват менамоям. Башорату хушхабари биҳиштро медиҳам, агар ба Худои ягона бовар ва имон оваред. Ҳамаи ин дар дасти Худои ягона аст. Агар хоҳад шуморо ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират барои куфр ва нобовариатон азоб медиҳад.
Дар ҳақиқат, эй бародарони ман, Худованд барои пайғамбаронаш сабру таҳаммулро ато мекунад, то бар сабукию нофаҳмии кофирон ва нобоварон собиру бурдбор ва ҳар мушкилоте, ки болояшон меояд, таҳаммул намоянд.
ВАҲЙ
Пешвоямон Нӯҳ (а) бо саброна 950 сол даъват намуд ва рисолаташро ба мардум расонд. Пас аз ин эй азизони ман, Нӯҳ аз куфру нодонӣ ва саркашии қавмаш ва аз кам будани шумораи мӯъминонаш бо вуҷуди даъвати шабонарӯзию ошкору пинҳониаш шикоят намуд: Худованд ба ӯ ваҳй ва илҳом намуд ва гуфт: Дар ҳақиқат имон намеорад аз қавми ту касе, ки имон овардааст. Нӯҳ аз Худованд талаб намуд, ки кофирони гунаҳкор ва бадкирдорро, ки ақлҳояшонро кор нафармуданд ва аз дунболи фоҳишоту шайтон ва бутпарастӣ шуданд, ҳалок намоед ... Нӯҳ гуфт: Парвардигоро, дар рӯи замин аз кофирон маконеро магузор. Дар ҳақиқат агар онҳоро гузорӣ бандагони туро гумроҳ месозанд ва таваллуд намекунанд магар кофиру бадкирдор.
СОХТАНИ КИШТӢ
Дуъои Нӯҳро Худованд қабул мекунад ва ӯро амр медиҳад то киштии бузурге бисозад… Нӯҳ аз қавмаш дуртар рафт ва ба сохтани киштӣ шурӯъ намуд. Вақте, ки кофирон аз назди ӯ мегузаштанд пурсиданд: Чӣ ҳол дорӣ? То дирӯз пайғамбар будӣ ва имрӯз дуредгар ва чӯбтарош шудӣ? Киштиро барои кӣ месозӣ? Он баҳре, ки ин киштиро бардорад дар куҷост? Баҳр аз ин киштӣ хеле дур аст …Лекин Нӯҳ ба таҳқиру масхараи онҳо эътиборе намедод ва сабр менамуд то амалаш анҷом ёбад. Худованд аз Нӯҳ талаб намуд то мӯъминонро дар киштӣ савор намуда, аз ҳар навъ ҳайвон як ҷуфтӣ бо худ бигирад. Чунки Худованд бар қавми ӯ туфонро мефиристад (яъне оби бисёреро то, ки онҳоро ғарқ кунад). Зеро онҳо ба Худованди якто бовар надоштанд ва даъвати пайғамбар ва расули Худоро низ қабул накарданд. Нӯҳ супориш ва амри Илоҳиро иҷро намуд. Борон боридан гирифт. Нӯҳ ва мӯъминон ба киштӣ савор шуданд ... Ва об киштиро бардоштан гирифт.
ДАР БОЛОИ ОБ
Сел ва мавҷҳои об кофиронро фурӯ мебурд, онҳо ғарқ мешуданд. Нӯҳ ба мардуми ғарқ мешуда аз киштии баланд нигоҳ кард ва дар байни онҳо писарашро дид ... ӯ писарашро нидо намуд: Эй писарам! Ба Худои ягона бовар кун ва имон биёр ва бо мо дар киштӣ савор шав пеш аз он, ки об туро фурӯ бараду бимирӣ ва ба дӯзах равӣ...
Писар ба сухани падар гӯш надод ва ба қуллаи кӯҳ баромадан гирифт, то ғарк нашавад. Лекин бо амри Илоҳӣ борони зиёде борид, ҳатто баландтарин қуллаҳои кӯҳ зери об монданд ... Тамоми касоне, ки нобовар ва кофир буданд аз қавми Нӯҳ аҳлаш ғарқ шуданд, касе аз онҳо наҷот наёфт. Онҳо аз Нӯҳ ҳуҷҷат ва далел барои рост будани пайғамбариаш хоста буданд, Худованд ба онҳо туфонро фиристод, туфон онҳоро фурӯ бурд ва нобуд сохт, Худованд дуову талаби пешвоямон Нӯҳ (а) -ро пазируфт.
ДАР ҲАҚИҚАТ Ӯ АЗ АҲЛИ ТУ НЕСТ
Каме пеш аз ин вақти обхезӣ Нӯҳ барои писараш талаби наҷот намуд: Эй Парвардигори ман, дар ҳақиқат писарам аҳли ман аст. Ту ваъда додӣ ба ин, ки маро ва касе, ки аз аҳли ман имон биёрад аз ғарқ шудан наҷот медиҳӣ. Худованд ба илҳом ва ваҳй ба ӯ ҷавоб дод: «Эй Нӯҳ, дар ҳақиқат писарат аз аҳли ту нест ӯ кофир шудааст ва калимаи куфр бар вай таҳқиқ шудааст. Аҳли ту касоне ҳастанд, ки ба ту бовар кунанд ва имон оваранд ва даъвати туро қабул карданд ва ман ёрӣ ва наҷот медиҳам магар мӯъминонро. Аммо шахсе, ки саркашӣ кунад ва кофир шавад монанди зан ва писари ту пас барои онҳо на наҷот аст ва на биҳишт ва на неъматҳо...».
Вақте фаҳмид Нӯҳ (а), ки меҳру муҳаббати падарӣ ин корро аз ӯ пӯшондааст, ба тавба кардан шурӯъ намуд ва аз Худои якто мехост ӯро барои ин фикраш мағфират кунад ва бубахшад. Худованд ӯро мағфират ва бахшиш намуд …Киштӣ ба замин ба саломат нишаст.
(идома дорад)
-
22.06.2025 14:51
137
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
259
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
269
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
494
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
598
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
485
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
139
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
142
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
215
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
977
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1688
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3379
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
135
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
120
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
134
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
510
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
757
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
877
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
458
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
494
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
467
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
761
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1015
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1882
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
604
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1796
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2116
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2324
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
528
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
470
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
947
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3069
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3511
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3502
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
656
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
679
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
624
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?