ТОҶИКПИСАР - ҚАҲРАМОНИ ФИЛМИ «ҚУРЪОН ДАР ДИЛ»
Сарнавишти кӯдаки 10-солаи тоҷик дар филми амрикоӣ таълиму тарбия ва дину давлатро ба ҳам васл кардааст. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гурӯҳи «Блогнависони тоҷик» таъсис ёфтааст, ки хабару гузоришҳои тозаву ҷолиберо дастраси ҳамагон мекунад. Дар ҳамин пойгоҳ иттилое нашр шуд, ки моро ба сӯҳбати блогнависи тоҷик Иброҳим Рустамов бурд.
Вай аз тариқи торнигори худ хабар дод, ки як писарбачаи 10-солаи тоҷик дар меҳвари филми нави мустанади амрикоӣ қарор гирифтааст ва намоиши филм дар Амрико бо оғози моҳи Рамазон шурӯъ шудааст. Аз Иброҳим Рустамов пурсидем, ин чӣ филмест ва ба кадом далел писараки тоҷик қаҳрамони он баргузида шудааст?
-Ин филм «Қуръон дар дил» ном дорад ва пахши он аз рӯзи аввали моҳи Рамазон аз тариқи шабакаи машҳури HBO (Home Box Office) сар шуда, серияҳои он ҳар рӯзи душанбе пахш мешаванд. Дидани писарбачаи тоҷик дар он барои ман хеле хурсандибахш буд, зеро фикр кунед, миллионҳо нафар дар Амрико ӯро мебинанд ва ба воситаи ӯ Тоҷикистонро низ.
Гап дар ин аст, ки шаҳрванди 10-солаи Тоҷикистон бо номи Набиюллоҳ Саидов пас аз пирӯзии ҳайратовар дар озмуни қориёни «Қуръон» дар Қоҳираи Миср мавриди таваҷҷӯҳи филмсозон қарор ёфтааст. Вай садои хеле хуш дорад ва тамоми «Қуръон»-ро аз бар кардааст ва ба яке аз ситораҳои озмуни Миср табдил ёфт.
Дар филм мебинем, ки ҳангоми хондани ӯ доварону шунавандагон сахт мутаассир мешаванд, баъзеҳо ҳатто ашк мерезанд. Набиюллоҳ забони арабиро надонад ҳам, Қуръонро хеле зебо ва бо ҳама нозукиҳояш қироат кард. Ӯ аз 100 холи мумкин 95 хол гирифта, ҷойи сеюмро ишғол кард. Баъдан ҳайати тадорукотии озмун тасмим мегирад, ки Набиюллоҳ дар маросими хотимавии озмун дар назди раиси ҷумҳурии онвақтаи Миср Ҳуснӣ Муборак, «Қуръон»-ро қироат намояд. Баъд аз қироат, Ҳуснӣ Муборак дасти Набиюллоҳ ва дигар ғолибони озмунро фишурда, ба онҳо ифтихорномаҳо медиҳад.
-Ҷолиб аст. Аммо филмсозон сарнавишти кӯдаки тоҷикро чӣ гуна ба тасвир кашидаанд?
-Филмсозон ҳамаи эҳтирому диққати ба сӯи Набиюллоҳ ҷалбшударо ба назар гирифта, аз аввал то охири филм гаштаю баргашта ҳам дар Миср ва ҳам дар Тоҷикистон аз ҳаёти Набиюллоҳ нақл мекунанд. Набиоллоҳ мегӯяд, ки дар вақти қироати Қуръон чашмонашро мепӯшад ва саҳифаҳои Қуръон ба назараш меоянд. Вақте чамонашро мекушояд ҳушаш парешон мешавад.
Аз рӯи нақли устоди Набиюллоҳ, маркази исломӣ дархост мекунанд, ки ягон нафар оё ҳаст, ки ба озмуни Қоҳира фиристода шавад. Баъд устод аз падари Набиюллоҳ дархост мекунад. Ба устоди Набиюллоҳ волидайн занг мезадаанд, устод мегӯяд, ки “Писари Шуморо барои Озмуни Қоҳира тайёр кардагӣ ҳастем” падари Набиюллоҳ дар посух мегӯяд, ки “куҷое хоҳед фиристед ё нафиристед, кори шумост” Баъд устод Набиюллоҳро интихоб карда, ба дархости маркази исломӣ посух медиҳад.
Дар филм гуфта мешавад, ки мадрасае, ки Набиюллоҳ дар он ҷо дарс мехонд, қабл аз сафари ӯ ба Қоҳира аз тарафи “ҳукумати дунявии Тоҷикистон баста шуд”. Илова бар ин гуфта мешавад, ин тасмими ҳукумат “бино бар сиёсати саркӯби ифротгароёни исломӣ дар кишвар” аст.
-Ҳатман сарнавишти Набиюллоҳ масъалаи сиёсатҳои имрӯзаи давлати Тоҷикистонро дар баробари дин ба майдон кашидааст. Аммо манзур Қонуни нави масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд аст?
-На мушаххасан ин, балки умуман талошҳои давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ ва мумониат ба ҷалб шудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳи тундрави исломӣ, баста шудани мактабҳои ғайрирасмии динӣ ё масҷидҳои бидуни сабти ном ва монанди инҳо. Ба сурати умум ин талош як талоши мусбат аст, аммо тавре дар ин филм ва баҳсҳову форумҳои зиёди интернетӣ мебинем, шеваҳои ҳукумат барои расидан ба мақсади мусбат пайомадҳои манфӣ медиҳанд, зеро ба гуфтаи бисёриҳо, амиқу ҳамаҷониба ва илмӣ тарҳрезӣ нашудаанд. Аслан, набояд чизеро бо зӯр ба сари касе таҳмил кард.
Бояд ба маърифати ҳуқуқӣ ва динии мардум кӯмак кард, то ки худи халқ роҳи ҳифзи фарзандонро аз равишҳои номатлуб дарк кунад ва ба кор барад. Ҷомеа бояд боз ва озод бошад, аммо аз лиҳози ҳуқуқӣ пешрафта. Шояд бо назардошти вазъи ҷомеа ҳукумат мехоҳад аз тариқи қонун роҳи дурустро нишон диҳад, аммо мардум онро ба таври дигар ва куллан манфӣ мефаҳманд. Вале дар рӯзҳои паҳн шудани хабари Қонуни нави масъулияти волидайн ба намоиш даромадани филм ин мавзӯъҳоро низ ба мавзӯъҳои рӯз табдил медиҳад.
-Оё вокунишҳои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла норозигиҳо аз ин сиёсат низ дар филм бозтоб ёфтаанд?
-Бале, ҳатман. Масалан, дар филм устоди Набиюллоҳ мегӯяд, ки сабаби баровардани қонун ва баста шудани мадрасаҳоро давлат худаш медонад. Шояд барои пайдо нашудани ақоид ва таълимоте бошад ё шояд давлат бояд бидонад, ки дар кадом таълимгоҳ чӣ ақида, чӣ равия таълим дода мешавад. Мабодо таълимоти зидди давлатӣ бошад, мабодо таълимоти дигар бошад. Ба саволе ки муаллифи филм аз устоди Набиюллоҳ пурсид оё Набиюллоҳ ба мадраса омада метавонад ё на, устод посух медиҳад, ки “то расмӣ шуданаш мадраса мамнӯъ аст”.
Падари Набиюллоҳ ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда, мегӯяд, ки аз ин сабаб таҳсил қатъ шуда, он солҳо ба Русия ба кор мерафтанд. То расмӣ шудани мадрасаи басташуда Набиюллоҳ ба мактаб-гимназияи исломии Тоҷикистон, ба пойтахт, меравад. Ҷаноби Қосимов, директори гимназияи исломӣ дар филм мегӯяд: “Таълим дар ҳуҷра барои имрӯзи Тоҷикистон мушкил аст, зеро кӯдак таҳти назорат, ақида ва таълими як нафар қарор мегирад. Ифротгароӣ ва ҳар гуна зуҳуроти бад дар ҷавонон аз ҳамин ҷо шурӯъ мешавад.
-Иброҳим, Шумо дар блоги худ навиштаед, ки аз як нукта андӯҳгин шудед, яъне аз он ки Набиоллоҳ ба забони модарияш хонда ва навишта наметавонад, дуруст аст?
-Комилан. Набиюллоҳ ба ҷуз аз хондани «Қуръон» бо забони модарии худ навиштан ва хонданро намедонад. Вақте Ҷаноби Қосимов аз Набиюллоҳ дар бораи навиштан ба тоҷикӣ мепурсад, Набиюллоҳ хомӯш мешавад. Ҷаноби Қосимов мегӯяд: ”Дар робита ба хондан ва навиштани ӯ ҳаминро бояд бигӯем, ки дар навиштани хатти сириллик ё хатти тоҷикӣ... зеро Набиюллоҳ, тамоми соли таҳсили худ фақат таваҷҷӯҳи худашро ба ҳифзи «Қуръон» равона кардааст, на ба омӯхтани забони тоҷикӣ, забони арабӣ ё навиштани имло.”
Баъди бозгашт аз Қоҳира Набиюллоҳ бо падараш ба гимназияи исломии назди Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон меоянд ва дар ин ҷо пас аз мубоҳиса ба Набиоллоҳ лозим меояд ки аз сабаби навишта ва хонда натавонистан бо забони модарии худ шитобкорна ба санҷишҳо омода шавад. Аммо Лекс Уолкер, як блогнавис аз филм интиқод карда, саволеро дар миён мегузорад, ки барои чӣ Набиюллоҳ ба он мактаб бидуни санҷишҳо қабул нашуд.
Лекс Уолкер ба саволи худ посух дода менависад, ки “агар ӯ (Набиюллоҳ) устоди бомасъулияте медошт, ки ба ӯ на фақат ҳифзи кардани «Қуръон»-ро дарс медод шояд имрӯз ба мактаб бидуни санҷишҳо қабул мешуд”. Бо Лекс ҳамнавоям, аммо бояд қайд кард, ки маҳз бо саъю кӯшиши устодаш ба Набиюллоҳ муяассар шуд ҷойи намоёнро дар озмуни байналмиллалӣ ишғол намояд.
-Ба назари Шумо, барои амрикоиён, ки ин филмро тамошо мекунанд, кадом нуктаҳо ҷолиб хоҳад буд?
-Бубинед, бархе аз одамон бар ин назаранд, ки танҳо дар хориҷа, дар кишварҳои исломӣ донишҷӯён илми дини исломӣ гирифта метавонанду халос, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дорои устодоне мебошад, ки шогирдони мисли Набиюллоҳро тарбия карда метавонанд ва шароите барои тарбия доранд. Хуб мешавад, вақте устоди Набиюллоҳ дар мадраса навиштан ва хондан, омӯзиши забон ва фанновариҳои ҷадидро низ ба роҳ монда, дар чаҳорчӯбаи қавонини ҷумҳурӣ мадрасаро сабти ном мекарданд.
-Аммо надоштани саводи забони модарии хеш баёнгари он нест, ки ҳамин тавр наврасон аз улуми дунявӣ дар канор мемонанд?
-Ман фикр мекунам, ҳар омӯзише метавонад пойдевор ё заминаи қавӣ бошад. Бо истеъдод ва хотираи пурқуввати худ, ки дар филм Набиюллоҳ нишон медиҳад, шакке нест, ки дар муддати кӯтоҳ дигар фанҳои дунявиро бо осонӣ омӯзад. Падараш дар охири филм ба фарзанд бисёр насиҳатҳое хубе мекунад, ки метавонад ба бисёр падарон ибратомез бошад. Аз филм бармеояд, ки волидайн ва устодон бояд масъулиятшинос бошанд ва ин ба Қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбия хеле алоқаманд аст.
Чӣ чизе устод ба шогирд мегӯяд, ба психологияи кӯдак таъсири манфӣ ё мусбат мерасонад. Барқарор кардани таъсири мусбат корӣ осоне нест. Хуб мешуд, дар баҳсҳои телефонӣ падари Набиюллоҳ аз устод дар бораи омӯзонидани забони модарӣ, имло ва истифода луғатномаҳо ва фарҳангҳо низ пурсон мешуд. Падари Набиюллоҳ мегӯяд, ки донистани забонҳои порсӣ, инглисӣ ва русӣ барояш дар ояндаи наздик хеле лозим хоҳанд буд.
-Агар мадраса ва масҷидро ҷое шуморем, ки шахсеро чун Набиюллоҳ ба воя расондаанд, чаро мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии мо натавонистаанд, ӯро ҷалб кунанд?
-Ба фикри ман, мактабҳои мо чунин потенсиал ё имкониятҳоро доранд, аммо шояд эҷоди ҳавасмандӣ ё ангеза мавҷуд нест. Ва ҳам оянда ва дурнамо. Албатта, аз байни мактабхонон ҳам мо шоҳид мешавем, ки ғолибони олимпиадаҳои байнулмилалӣ пайдо мешаванд, аммо боз ҳам, ангезаи омӯзиш қавӣ нест ва омӯзгорони хуб ҳам, то ҷое ки мешунавем, аз вазъи иҷтимоии худ ноқаноатманд буда, ба муҳоҷират рӯ меоранд, ба касбҳои дигар мегузаранд ва дар натиҷа мактаб қашшоқ мешавад. Вазъи маориф ба ислоҳоти бунёдӣ ва сармоягузории азими давлатӣ ниёз дорад, зеро ин асоси ояндаи мамлакат аст.
-Интихоби байни мактабу мадраса, илмҳои дунявӣ ва динӣ интихоби худи кӯдакон аст ё интихоби падару модар?
-Ба эҳтимоли зиёд, интихоби падару модар. Дар ҳамин филм гуфта мешавад, ки падари Набиюллоҳ мехост, писараш қории «Қуръон» шавад. Дар филм дар бораи як духтарбачае аз ҷазираҳои Малдив нақл мешавад, ки падараш намегузорад, духтар дар оянда касби дилхоҳашро интихоб намояд. Падараш мегӯяд, ки “соҳибмаълумот мешавад, аммо соҳибхоназан (хонашин) хоҳад шуд”.
Мутаассифона, мисли ин падар ҳастанд нафароне дар ҷомеаи мо, ки намехоҳанд фарзандонашон, хусусан духтарон, илова бар таълими динӣ соҳиби маълумоти дунявӣ шаванд. Фикр мекунам, ҳукумат маҷбур аст, бар асоси қонунҳо байналмиллалӣ ва озоди башар, чораҳои зидди волидайне андешад, ки барои фарзандони худ маҳдудиятҳои гирифтани таълими дунявӣ мекунанд.
-Аммо ба назари Шумо намерасад, ки ҳукумат бо манъи омӯзиши дин ё рафтан ба масҷид наврасонро аз пойгоҳи муҳими маънавӣ ҷудо мекунад?
-Дар ҳамин филм ноиби вазири ҳукумати Миср Доктор Салем Абдел-Ғалил мегӯяд, “Қуръон» ягона китобест, ки онро метавон ҳифз (аз ёд) кард. Ин як мӯҷизаест, ки кӯдакон онро ҳифз мекунанд, ҳатто бидуни фаҳмидани маънии он”. Бино ба гуфтаи муаллифони филм, доктор Салим дар Миср 100 000 масҷидро назорат мекунад ва яке аз шинохтатарин ва беҳтарин олимону рӯшанфикрони исломӣ ба шумор меравад.
Доктор Салим мегӯяд, ки илова бар вазифаи расмиаш, ӯ боз як шахсияти расонаӣ ҳам ҳаст, ки бояд яке аз муҳимтарин паёмеро паҳн намояд, ки паёми мутаввасит аст. Ӯ мегӯяд “Амалҳои бемасъулона, ки шумо дар бархе аз муслимин мебинед, онҳо аз таълими «Қуръон» дур шудаанд ё «Қуръон»-ро дуруст намефаҳманд. Дуздӣ, робитаи ҷинсии берун аз издивоҷ, мастӣ, беадолатӣ, таҷовуз ва терроризм раво нестанд. «Қуръон» на фақат як китоби ибодат, боз як роҳнамои зиндагӣ аст, роҳнамои амалҳои нек аст.
-Шумо мегӯед, шахсан, тарафдори ҷомеаи озод ҳастед, аммо ҳар озодӣ марзҳои мушаххас дорад ва агар аз онҳо гузарад, ҳарҷу марҷ хоҳад буд. Ин марз дар озодии дин куҷост?
-Марзи озодии дин пеш аз ҳама дар қонун ва шинохту эҳтироми ҳуқуқи дигарон аст. Ба қавонин такя карда, ҳар шаҳрванд илова ба қавонин боз қоидаҳоро риоя намояд, ки дар чаҳорчӯбаи қонунҳо сохта шудаанд. Пеш аз ҳама ҳар фард бояд масъулияти худ ва ҳуқуқҳои худро донад. Дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, ки ними зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, на ҳама шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ хабардоранд. Қонунҳо аз тарафи мардум мавриди баҳс қарор намегирад. Яке аз проблемаҳоро дар расонаҳои маҳаллӣ ва умуман дар дастрасӣ ба иттилоъ мебинам.
Ислом назар ба дигар динҳо, дини сиёсист ва Шариати худро дорад. Бисёр нафарон Шариатро аз қонун боло медонанд дар ҳоле, ки бархе аз талабати Шариати Ислом бо ҷомеаи демократӣ ва санадҳои ҳуқуқҳои башари байналмиллаи рост намеояд. Аз ҳамин сабаб давлат дар як вақт бояд тариқи ҳамкорӣ бо пешвоён ва намояндагони дину мазоҳиб ва фароҳам овардани шароит дар ҷомеа ба тундгароӣ, нақзи ҳуқуқҳои занон ва ақаллиятҳо роҳ надиҳад. Аз сӯи дигар касе ба дини каси дигар бояд кордор набошад ва ҳамагон аз худдонамию худнамоии динӣ худдорӣ кунанд. Шояд он гоҳ марзи озодии дин ба чашми ҳама намудор шавад.
Салими Аюбзод, «Озодӣ»-
22.06.2025 14:51
127
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
250
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
258
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
480
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
586
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
474
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
129
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
130
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
198
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
967
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1676
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3368
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
123
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
108
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
125
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
502
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
746
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
870
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
448
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
485
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
458
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
735
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1008
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1871
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
611
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
593
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1785
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2101
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2313
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
515
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
459
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
937
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3060
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3501
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3491
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
642
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
670
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
616
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?
Шарҳҳо
RSS Обуна