ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-15
ҚИССАИ ГОВ
Яке аз қиссаҳо ва саргузашти машҳури бани Исроил бо Паёмбарашон қиссаи гов аст. Нафаре писари амакашро барои молу дороияшро аз худ кардан мекушаду каси дигарро ба ин куштор туҳмат мекунад. Барои ҳалли ин мушкилот ва ёфтани кушанда мардум ба назди ҳазрати Мӯсо (а) рафтанд, то ин қазияро ҳал кунад. Ҳазрати Мӯсо (а) хост то номи кушандаро барояш ошкор намояд, то ин кори пинҳон ошкор шавад. Аз ҷониби Парвардигори олам чунин амру супориш омад: «Барои онҳо зарур аст то говеро бикушанд, сипас пораи гушти вайро гирифта ҷисми мурдаро бизананд ӯ ду бора зинда шуда номи кушандаро хоҳад гуфт.
СУХАНҲОИ НОМАФҲУМ
Ин супоришро қавм иҷро накард ва гумон карданд, ки Мӯсо (а) онҳоро масхара мекунад. Бинобарин ин боз пурсиданд, набошад агар ҳар говеро мекуштанд мешуд, локин онҳо дар суол сахтгирӣ карданд ва Худованд бар онҳо сахт гирифт ва сифатҳои говро зиёд намуд. Аз ҷумла: Матлуб гови миёнасол ва ранги зардаш зиёдтар бошад, ки касе мехоҳад тамошояш кунад. Гове бошад, ки уро дар зироаткорӣ ва ҷуфт кардани замин кор нафармуда бошанд, инчунин ягон айбу касал надошта бошад (кур набошад, ягон гӯшаш буридагӣ набошад, шохҳояш шикастагӣ набошад ва ғайра. М.)
Қавми Мӯсо (а) ба кофтуков шурӯъ карданд, локин ёфтани чунин гов бо чунин сифатҳо кори осон набуд… Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанд ва он қавм ҳар ҷое, ки имконият доштанд ҷустуҷӯ карданд, локин пайдо накарданд. Билохира меҳнату машақати зиёд гови супоришударо пайдо намуда ва ӯро қурбонӣ намуданд. Ҳақиқат ошкор шуд ва кушандаро низ шинохтанд.
ҚИССАИ МӮСО (А) БО МАРДИ ПОРСО ВА ПАРҲЕЗКОР
Охирин қииса дӯстони ман аз ҳазрати Мӯсо (а) қиссаи ӯ бо марди порсо мебошад. Рӯзе марде аз ҳазрати Мӯсо (а) пурсид: Эй Мӯсо, оё дар рӯи замин аз ту донотар вуҷуд дорад? Мӯсо (а) гуфт: (не вуҷуд надорад). Локин Худованди таъоло Мӯсо (а) – ро фаҳмонид, ки илм ва донои танҳо дар як Паёмбар нест. Касони дигаре ҳастанд, ки аз Мӯсо (а) донотаранд. Мӯсо (а) аз Парвардигор хост, то ҷой ва мақоми ҳамон марди оммиро барои ӯ нишон диҳад. Худованд барои Мӯсо (а) гуфт: Дар ҳақиқат он марди олим вуҷуд дорад.
Мӯсо (а) амри Худовандро иҷро намуд, бо ҳамроҳии хидмадгораш ба он ҷое, ки Худованд раҳнамояш карда буд, равон шуд. Онҳо барои дар роҳ таом пухтанашон моҳии калонеро гирифта буданд. Дар роҳ ҷое дам гирифтанд, вақте ба роҳ баромаданд моҳиро он ҷо фаромӯш карданд. Чанде роҳ рафтанд Мӯсо (а) эҳсоси гуруснагӣ намуда ба шахсе, ки ҳамроҳаш буд гуфт, моҳиро биёр то чизе пухта бихӯрем. Хидматгораш гуфт, ки моҳиро дар ҷое, ки дам гирифта будем фаромӯш кардем. Мӯсо (а) ба ҳамсафараш гуфт: Хости Худо чунин будааст. Биё ба он ҷое, ки моҳиро фаромӯш кардем бармегардем.
Онҳо ба он ҷое, ки моҳиро фаромӯш карда будан ба он ҷо бар гаштанд, локин моҳиро он ҷо наёфтанд, балки мардеро диданд, ки Мӯсо (а) барои аз ӯ таълим гирифтан омада буд. Инҷо ҳикмати Худованд барои Мӯсо (а) оғоз мешавад. Оё Мӯсо (а) ин ҷо мефаҳмад, ки аз ӯ донотар касе дигар ҳам ҳаст. Ба сӯи мард рафта салом медиҳад ва мегӯяд: Оё иҷоза медиҳед ҳамсафари шумо бошам ва шуморо пайрави намоям, то аз шумо чизе омӯзам? Он мард чунин ҷавоб дод: Бо ман ту сабр карда наметавонӣ, чунки корҳои аҷоиберо мебинӣ, ки ман иҷро мекунам. Ту сирру ҳикмати он корҳоро нафаҳмида ғазаб мекунӣ, зеро барои ту он корҳо аҷоиб менамояд.
Мӯсо (а) гуфт: «Маро иншааллоҳ аз ҷумлаи собирон хоҳӣ ёфт ва супоришҳои туро сарпечи нахоҳам кард». Он мард гуфт: Агар мехоҳӣ, ки бо ман биравӣ пас аз ман чизеро напурс, то худам сухан нагӯям. Ин шартро Мӯсо (а) қабул намуд ва бо он мард дар кишти савор шуд. Дар аснои сафар тахтачаи хурдеро аз он кишти шикаста ва об ба дохили кишти даромад, ин кори ӯро ҷуз Мӯсо (а) касе надид. Аз ин кори ӯ Мӯсо (а) дар ғазаб шуда гуфт:
Ин мардум ба ту чӣ бадӣ карданд, ки мехоҳӣ онҳо ғарқ шаванд? Мардуми дар кишти буда, одамони хуб ҳастанд ва ба мо бадие накардаанд? Дар ин ҳол марди олим ба Мӯсо (а) гуфт: «Оё нагуфтам: Дар ҳақиқат бо ман сабр кардан наметавонӣ?». Мӯсо (а) афсӯс хурда арзи пушаймонӣ намуда гуфт: Узр мехоҳам фаромӯш намудам дигар хомӯш мемонам ва сабр менамоям. Ба соҳил расиданд ва аз кишти фаромаданд.
Дар он ҷо бошад бачаи хурдеро диданд, он мард назди писарбача рафт ва ӯро кушт. Мӯсо (а) фарёд намуд: Оё тифли бегуноҳеро мекушӣ? Дар ин ҳол он мард бори дигар шарти кардаашро ба хотири Мӯсо (а) оварда гуфт: Оё барои ту нагуфтам: Дар ҳақиқат бо ман сабр карда наметавонӣ? Мӯсо (а) шарм дошта гуфт: «Агар баъди ин аз ту чизеро бипурсам маро ҳамроҳ нагир».
Баъди чанде ба қишлоқе даромаданд, ки онҷо гуруснагӣ буд. Аз аҳли он таому хурдание талаб намуданд, аммо онҳо чизе ба онҳо надоданд ва гурусна аз он қишлоқ баромаданд. Пеш аз он ки аз қишлоқ бароянд, девореро дидан наздики чаппа шудан буд, он мард он ҷо истида он деворри вайронаро бе аҷру бе музд барои онҳо таъмир намудед, хуб мешуд агар аз онҳо музде мегирифтем ва ба он пул таъом ё хурдание мехаридем?!.
Суханони Мӯсо (а) – ро он мард гӯш намуда гуфт: «Ин ҷудоги байни ман ва байни туст, ва ҳозир туро ба таъвил ва маънои чизҳое, ки бар онҳо сабр карда натавонистӣ огоҳ менамоям». Он марди олим шурӯъ ба фаҳмонидани Мӯсо (а) кард:
Якум: Киштиеро, ки мо савор шудем азони камбағалон буд, ки он ҷо подшоҳи золиме буд, ҳар киштии хубро, ки медид он киштиро ба зӯрӣ аз соҳибошан зада мегирифтанд. Ман як тахтаи онро шикастам, то он киштиро ҳамон подшоҳи золим аз дасти мардуми камбағал нагирад.
Дуввум: Он писарбачаеро, ки ман куштам, сабабаш дар он буд, ки ӯ фитна барои падару модараш мешуд. Парвардигори олам хост барои онҳо дар бадали ӯ фарзанди хубе ато намояд.
Саввум: Аммо девореро, ки таъмир намудам то мустаҳкам шавад, ӯ аз ду ятиме буд, ки дар зери он девор хазинаи онҳо пинҳон карда шуда буд. Агар девор чаппа мешуд моли он ду ятим талаф мешуд. Он девори харобгаштаро соз намудам то, ки он ду тифл калон шаванд ва хазинаашонро ба дасти худ аз зери девор бигиранд. Ҳамаи ин коҳоро ман аз пеши худ ва бо хоҳиши худ накадаам, балки амру супориши Худованди таъолоро иҷро намудам.
Дар ин ҳол Мӯсо (а) хости Худовандро аз сафараш фаҳмид, аз сафари кардааш фоидаҳои зиёде гирифт. Фаҳмид, ки илми Худованд бе канор аст, ҳамаи онро мардум дарк карда наметавононд. Дар ҳақиқат агар инсон ба дараҷаи бузурги илмӣ расад, боз бисьёри чизҳоро дарк намекунад ва намедонад.
Дар охир аз Худованди доно хоҳони онем, ки моро таълими ҳақ ва хайр намояд, то дар дуньё ва охират бароямон нафъ дошта бошад. Хонандагони гиромӣ, дар ҳамин ҷо ба қисамти аввали китоби «Қиссаҳои Қуръонӣ» хотима мебахшем. Иншооллоҳ дар оянда наздик қисмати дуввуми китобро пешкаши шумо хоҳем кард.
Дуруду раҳмати Худо бар шумо бод!!!
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/2141--15.html
-
22.03.2026 15:28
378
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
366
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
492
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
04.05.2026 23:37
249
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
324
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
01.05.2026 02:37
383
22 июни 1941 – Рӯзе, ки ҷаҳон тағйир ёфт
-
15.03.2026 21:05
176
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
893
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
913
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
624
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1298
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2236
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
06.05.2026 14:15
185
«Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ иҷро мешавад!»
-
06.05.2026 14:14
190
“Мубориза бо коррупсия вусъат меёбад!”
-
05.05.2026 00:03
192
“Замин ба назорат ниёз дорад!”
-
19.03.2026 23:09
459
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
19.03.2026 23:06
467
Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак бод!
-
19.03.2026 23:04
444
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
-
10.12.2025 16:56
796
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1125
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1072
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2212
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2282
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3299
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
433
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1800
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1926
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
903
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1091
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1078
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
15.03.2026 21:02
215
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
-
26.07.2025 17:17
1287
«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
-
27.04.2025 14:10
1626
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
07.10.2019 10:46
4309
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4548
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4833
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?










































