20:15:10 12-уми Августи 2025 сол

Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон Саидҷон Шафизода бо Губернатори вилояти Хайбар-Пахтунхваи Ҷумҳурии Исломии Покистон Файсал Карим Кундӣ мулоқот намуд.

2 tajikistan pakistan 6598545212Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолат, дурнамо ва густариши ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, таҳсилоти олӣ, кишоварзӣ, саёҳат, фарҳанг ва ҳунар, варзиш, бонкдорӣ, алоқаи ҳавоӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки роҳбарияти вилоят омода аст, то соҳибкорони муваффақи минтақаро ба сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб намояд. Ҳамзамон дар доираи мулоқотҳои қаблии намояндагии дипломатӣ мувофиқа гардид, ки байни соҳибкорони музофоти Хайбар-Пахтунхва ва вилояти Хатлон Форуми соҳибкорӣ баргузор карда шавад.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон ҷараёни татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2024 дар асоси муқаррароти Созишномаи моҳи декабри соли 2022 баимзорасида «Дар бораи тиҷорати транзитӣ» бори аввал аз ин давлат корвони мошинҳои боркаши Ширкати миллии логистикии Покистон (NLC) ба таври мустақим ба Тоҷикистон ворид гардид.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854