15:28:04 20-уми Июли 2025 сол

Аз вазъи мураккаби ҷаҳон то Ваҳдати тоҷикон

Дунё дар коми даргириҳои мусаллаҳона қарор дорад. Ҳеҷ кас ба яқин ҳадс зада наметавонад, ки фардо ба сари сокинони сайёра чӣ меояд. Ҳоло дар ҷаҳон муноқишаҳои низомӣ то рафт доман паҳн мекунанд, ки шумораи дақиқи онҳоро муайян кардан душвор аст.

2 otashbas 2356414545Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар бораи беш аз 120 даргирии мусаллаҳона гузориш медиҳад, ки ба ҷони миллионҳо мардуми бегуноҳ таҳдид мекунад.  Бузургтарини онҳо дар Ховари Миёна, Украина, қораи Африқо (Буркина Фасо, Камерун, Эфиопия, Мали, Мозамбик, Нигерия, Сенегал, Сомалӣ, Судони Ҷанубӣ ва Судон) мебошанд. Ғайр аз ин, чанде пеш миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Исроил гулӯлаандозӣ шуд, ки 12 рӯз идома ёфт.  

Ин даргирӣ таваҷҷуҳу нигаронии ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард, зеро печидагии вазъ ва боло гирифтани оташи ҷанг дар Ховари Миёна ҳар сония ба ҷони мардуми минтақа хатар дошт.

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали танишҳо миёни ин ду кишвар ва партоби ғофилгиронаи мушакҳо аз ҷониби Исроил ба Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро доир ба вазъи баамаломада муайян намуд. Тоҷикистон, бо изҳори нигаронии амиқ аз шиддат гирифтану мураккаб шудани вазъ дар Ховари Миёна, зарбаҳои низомии ҷониби Исроилро ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти сершумори ҷонӣ гардид, ҳамчун нақзи муқаррароти меъёрҳои эътирофгардидаи муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян маҳкум кард. Зимни изҳорот, ҷониби Тоҷикистон таъкидан баён дошт, ки ягона роҳи ҳалли ҳамаи буҳрону низоъҳоро дар минтақа дар музокироту муколама мебинад. Дар зимн, Тоҷикистон аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал овард, то аз амалҳои низомии минбаъда, ки метавонад оқибатҳои фалокатбор дошта бошад, худдорӣ карда, бо пойбандӣ ба усулҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ҳалли ин буҳрон чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Пас аз интиҳои муноқишаҳои низомӣ ва эълони расмии оташбас, Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҳол аз ин созиш, ки байни Давлати Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт, истиқбол намуд.

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ менависад: “Тоҷикистон умед бар он дорад, ки ин созиш ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.”

Оқибатҳои низоъ дар Эрону Исроил

Вазорати тандурустии Эрон маълумот дар бораи қурбониёнро дар шабакаи иҷтимоии X нашр кард. Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар натиҷаи ҳуҷумҳои 12-рӯзаи ҳавоии Исроил ба хоки Эрон 610 нафар кушта шудааст. Дар миёни онҳо 13 кӯдак, 49 зан ва 5 корманди хадамоти тиббию санитарӣ низ ҳастанд.

Ба иттилои вазорати тандурустии Эрон, дар давоми 12 рӯзи ҷанг 4 ҳазору 746 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар натиҷаи ҳуҷумҳои ҳавоии Исроил 7 беморхона ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ зарар диданд.

Ҳамчунин, ҷониби Исроил маълумот дар бораи қурбониёнро ифшо кард. Ба навиштаи “TheTimesofIsrael” бо истинод ба неруҳои дифоии Исроил ва вазорати тандурустии ин кишвар, дар ҳамлаҳои мушакии Эрон 28 исроилӣ кушта шудаанд. Дар байни онҳо як сарбоз низ буд. Бар асари зарбаҳои мушакии Эрон 3 ҳазору 238 исроилӣ маҷруҳ шуданд, ки вазъи 23 нафари онҳо вазнин ва 111 нафари дигар ҷароҳатҳои миёна бардоштаанд.

Муқовимати мусаллаҳона байни Эрон ва Исроил метавонист дар сурати ҳамроҳ шудани кишварҳои дигар ба як муноқишаи бузургтаре табдил ёбад.

Ғайр аз ин, таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ ҷо дошт, сарфи назар аз он, ки ҳеҷ яке аз тарафҳо расман онро надоранд.

Даргириҳо зарарҳои иқтисодиро низ дар пай дошт. Бино ба гузориши Bloomberg, қимати гази табиӣ дар Аврупо бар асари ҳарос аз авҷ гирифтани низоъ ва таъсири он ба интиқоли энержии ҷаҳонӣ боло рафтааст. Қиммати  нафт 1,8% афзоиш ёфт.

Мувофиқи маълумоти “FitchRatings”, бар асари низоъҳо болоравии нарх дар ҳудуди 5-10 доллар барои як бушка хоҳад буд.

Маҳви инсоният дар мисоли Ғазза

Ҷамъоварии маълумоти дақиқ дар бораи талафоти бузурги ҷонӣ дар Ғазза хеле мушкил аст, зеро чандест, ки неруҳои Исроил равуоро ба Навори Ғазза маҳдуд мекунанд ва бештар қисматҳои шимолии Ғазза дастнорас боқӣ мемонад. Бар асоси охирин омори вазорати беҳдошти Ғазза, аз 7-уми октябри соли 2023 то 4-уми июни соли ҷорӣ дастикам 54 ҳазору 607 фаластинӣ бар асари амалиёти низомӣ кушта ва 125 ҳазору 341 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, бар асоси гузориши ЮНИСЕФ, то январи соли ҷорӣ дар Ғазза аз сӯи Исроил 14 ҳазору 500 кӯдаки фаластинӣ кушта шуда, 17 ҳазор аз волидонашон ҷудо ва ё ятим мондаанд ва Навори Ғазза ба минтақае табдил шудааст, ки бештари кӯдакони он ампутатсия (аз дасту по ва ё ягон узви бадан монданд) шудаанд.

Дар таҳқиқоте, ки маҷаллаи тиббии “TheLancet” онро рӯйи чоп овард, зикр шудааст, ки, воқеан, дар аксар маврид мақомоти дахлдор теъдоди қурбониҳоро кам нишон медиҳад, зеро дар ин вазъ ба даст овардани маълумоти пурра ногузир аст. Масалан, садҳо нафар дар зери харобаҳои ҷанг боқӣ мондаанд ва ҳазорон нафари дигар оҳиста-оҳиста аз бемориҳое, ки бар асари муноқишаҳо гирифтаанд, мефавтанд.

Миряна Шполярич, директори дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ зимни суҳбат бо хабарнигори ББС Джереми Боуэн гуфт: “Инсоният дар Ғазза маҳв мешавад. Мо дигар наметавонем тамошобини ин манзара бошем. Ин аз меъёрҳои қобили қабул-ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ берун аст.”  

Бояд гуфт, ки ин факту рақамҳо танҳо ба хотири маълумот нест, балки моро ба он водор мекунад, ки сари амнияту оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ андеша кунем ва қадршиносу худогоҳ бошем. Зеро ҳолиё низоъҳо, аллакай, аз як ҳудуди муайян фаротар рафтанд. Мавҷи даргириҳо ба сарҳадҳои Осиёи Миёна мерасад, ки ин раванд оқибати нек нахоҳад дошт. Агар оташи муноқишаҳои рӯзҳои охир хомӯш нагардад, буҳрони инсоният ҳам интиҳо нахоҳад дошт...

Ҳарчанд ин низоъҳо байнидавлатист, аммо аксар маврид ваҳдату якдилии мардум дар роҳи ҷилавгирии алангаи онҳо нақши муҳим мебозад. Зеро бисёр вақт душманони ҳар қавму миллат бо роҳи коштани тухми нифоқу мухолифат дар дохили миллатҳои дигар барои пиёдасозии ҳадафҳо ҷангандозӣ  имкон пайдо мекунанд.

Сулҳи Тоҷикистон орзуи башар

Маврид ба зикри хос аст, ки бо вуҷуди вазъи печидаву мураккаби ҷаҳон имрӯз кишвари мо дар радифи амнтарин давлатҳои дунё қарор дорад. Ҳолиё шаҳрвандони мамлакатҳое, ки мушкилоти сиёсӣ ва вазъияти хатарзои низомӣ пешорӯйи онҳост, орзу доранд, то шабе ором хуфта бошанд. Амнияту осудагии Тоҷикистонро дида ҳавас мехӯранд, ки дар чунин фазои ором ба сар баранд. Тавре тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекунем, ҳатто дар бархе аз кишварҳои абарқудрат ҳам сокинон аз оқибатҳои даргириҳои мусаллаҳона дар амон нестанд. Ба ин гуфтаҳо ҳодисаҳои чанд рӯзи охир, ки мардуми сайёрарро ба таҳлука андохтааст, далели возеҳу равшан шуда метавонад. 

Дар ростои ин гуфтаҳо мавриди таъкид аст, ки  осоишу амонӣ дар Ватани азизи мо низ саҳл ба даст наомадааст. Тоҷикистон бо касби Истиқлоли давлатӣ дучори буҳрони сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ гардид, ки роҳи раҳои аз он рӯзгори мудҳиши пурпечутоб осон набуд. Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.

Дар зарфи бист соли баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  роҳи пурифтихорро тай намуд ва зарур аст, ки сабақҳои ин корномаи таърихӣ ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шаванд.

Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем.

Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард.

Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд.

Ш.Суҳайл

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ