15:08:51 20-уми Июли 2025 сол

Оташбас поёни ҷанг буда метавонад

Дар таърихи даргириҳои мусаллаҳона миёни кишварҳо, дар қарнҳои ахир кам иттифоқ афтода, ки тарафҳои муқобил ба сулҳу оштии абадӣ расида бошанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари муноќишаҳои низомӣ, ҳатто, пас аз эълони оташбас ҳам ба сулҳи доимӣ намерасанд, балки танишҳо боќӣ мемонанд. Мисоли инро дар Ховари Миёна, кишварҳои шимоли Африқо ва шарқи Аврупо дидан мумкин аст.

Оташбас, яъне чӣ?

1 vazi jahon 655124545Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, мафҳуми ягона ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташудаи истилоҳи “оташбас” вуҷуд надорад. Агарчи  ин вожа аз фармони низомии “оташи ҷангро хомӯш кунед” гирифта шудааст, баръакси “оташкўшоӣ” мебошад. Маънои ин метавонад ҳар чизе бошад, ки тарафҳои даргир дар музокироти худ тавофуқ кунанд. Ҳамчунин, ин истилоҳ метавонад ба ҷои “оташбаси муваққатӣ” истифода шавад.

Бо вуҷуди ин, Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки дар аксари мавридҳо байни истилоҳҳои “оташбас” ва “қатъ кардани амалиёти ҷангӣ” фарқият вуҷуд дорад.

Илова бар ин, СММ “қатъи даргириҳо”-ро одатан як созишномаи ғайрирасмӣ барои қатъи амалиёти низомӣ медонад, вале “оташбас” ҳолати расмитар дорад ва бо як созишномаи мушаххасе матраҳ мегардад, ки ҷузъиёти зеринро дар бар мегирад:

-ҳадаф аз оташбас;

-раванди сиёсӣ, ки пас аз он дар пай дорад;

-кай ба амал бароварда мешавад;

-минтақаи ҷуғрофие, ки шомили он хоҳад шуд.

Чунин созишнома метавонад мушаххас кунад, ки кадом фаъолиятҳои низомӣ иҷоза аст ва чӣ иҷоза нест ва оташбас чи гуна назорат мешавад.

Доимӣ аст ё муваққатӣ?

Дафтари СММ мегӯяд, ки ҳарду ҳолат метавонад рӯй диҳад. Баъзан ду тарафи муноқиша ба оташбаси муваққатӣ ё пешакӣ розигӣ медиҳанд. Муҳимтар аз ҳама, ин созишнома метавонад барои коҳиш додани зӯроварӣ ё назорати буҳрони башардӯстона пешбинӣ шуда бошад.

Оташбаси пешакӣ метавонад барои фароҳам сохтани шароити мусоид ба гуфтушунид ва муайян кардани роҳҳои оташбаси доимӣ мавриди тавофуқ қарор бигирад.

Намудҳои оташбаси маҳдуд кадомҳоянд?

Танаффусҳои башардӯстона баъзан ҳангоми ҷанг барои коҳиш додани зӯроварӣ ё бӯҳронҳои башарӣ истифода мешаванд. Фарзи мисол, зимни ҷараёни танаффуси башардӯстона дар Ғазза Исроил 105 гаравгонро бар ивази раҳоии 240 маҳбуси фаластинӣ озод кард. Исроил ва Ҳамос оташбаси муваққатии худро дар моҳи ноябри соли 2023 танаффуси башардӯстона номиданд.

Мисоли дигар ин аст, ки Ҳукумати Судон бо ду гурӯҳи шуришчӣ - Ҷунбиши озодии Судон ва Ҷунбиши адолат ва баробарӣ созишномаи оташбасро имзо кард. Дар натиҷаи ин созиш оташи ҷанги Дарфур 45 рӯз хомӯш шуд. Ин ба он хотир буд, ки ба созмонҳои имдодрасонӣ иҷоза диҳанд, то ёриҳои башардӯстонаро ба мардуми маҳаллӣ расонанд.

Дар ҳамин росто, соли 2004, пас аз он ки Индонезия дучори сунамии маргбор шуд, Ҳукумати Индонезия ва Ҷунбиши озоди Ачех оташбас эълон карданд, то ёриҳо ба манотиқи осебдида бирасад.

Ғайр аз ин, созишномаҳо метавонанд дар бораи қатъи ҷанг дар як минтақаи мушаххас, ки бо номи оташбаси ҷуғрофӣ маъруфанд, ба имзо расанд.

Ба ин миёнҷигарии СММ (соли 2018) барои созишномаи байни Ҳукумати Яман ва Ҳусиҳо дар бораи қатъи ҷанг атрофи бандари Ҳудайда дар баҳри Сурх, ки ҳадафаш ҳифз ва дастгирии аҳолии маҳаллӣ буд, далели возеҳу равшан мебошад.

Ш.Суҳайл 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ