20:05:20 12-уми Августи 2025 сол

Ҳайати Тоҷикистон дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ иштирок намуд

8 август ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуд.

4 qirgizistan tajikistan 4554122154Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти робитаҳои дӯстона ва ҳамкории созандаро байни ду давлат таъкид намуданд. Изҳор гардид, ки мубодилаи таҷриба ва омӯзиши амалияҳои пешқадам дар самтҳои банақшагирии буҷет, идоракунии қарзи давлатӣ, сиёсати андозбандӣ ва маъмурикунонии он, таҳкими шаффофият ва рушди рақамисозии хизматрасонии давлатӣ заминаи муҳими густариши ҳамкории минбаъда мебошад.

Барномаи рӯзи аввал муаррифии муфассали сохтор ва ваколатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, низоми ташаккули буҷет, идоракунии дороиҳои давлатӣ, таҷрибаи пешбурди сиёсати қарзи давлатӣ, идоракунии хавфҳои фискалӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамиро фаро гирифт.

Ҳамчунин бо иштироки коршиносони баландпояи Қирғизистон ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва платформаҳои электронии молиявӣ шарҳ дода шуд.

8 август ҳайати Тоҷикистон инчунин бо низоми фаъолияти Хадамоти давлатии андоз шинос шуд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин сафар на танҳо имкони мустақим барои омӯзиши таҷрибаи муваффақи ҳамсоякишварро фароҳам меорад, балки ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар низоми молияи давлатӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин аҳамияти идомаи чунин ҳамкории касбӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар оянда таъкид гардид.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854