16:25:41 02-уми Августи 2025 сол

“Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Мӯъмин Қаноат!”

(ба муносибати 700 солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бахшида мешавад)

Имсол ба мавлуди бузургтарин шоири ғазалсарои мардуми порсилисон, ба гуфти шоири маъруфи олмонӣ Иоҳан Гёте, яке аз пайғамбарони шеъри порсӣ Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ расо 700 сол пур мешавад.

6 khoja hofiz mumin qanoat 455487545Шоир соли 1325 дар шаҳри Шероз маркази остони Порс, яке аз маъруфтарин шаҳрҳои Ирони бостон, ки аз ин сарзамин беш аз 3 ҳазор сол боз мардони бузург бармехезанд зода шудаву тибқи навиштаҳои ноқилони осор як умр дар ин зодгоҳи худ зистааст. Воқеъан доираи дӯстдории зодгоҳ ва номи хушоянди Шероз ва мавзеву рӯдҳои он дар осори шоир зиёд вомехӯрад, ки ин низ аз дилбастагии шоир ба зодгоҳаш башорат медиҳад.

Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби "Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист.Тибқи сарчашмаҳо ба 14 навъ Каломи шарифро бо овози хуш ва истеъдоди модарзодии худ метавонист қироат намояд.

Аз сарчашмаҳои ҳасбиёти ҳаёти шоир бармеояд, бобояш ки аз яке аз музофотҳои наздикииё Исфаҳон буд, ҳангоми ҷавонии падари Ҳофиз ба Шероз мекӯчад ва дар он ҷо барои як умр зиндаги ихтиёр мекунад.

Падари Ҳофиз, ки Баҳоуддин ном дошт, дар Шероз ба касби тиҷорат машғул буд. Модари ӯ аз аҳли Козерун буда, ин шаҳр ҳозир низ вуҷуд дошта хело ободон аст. Зиндагии осоишта дар хонадони Ҳофиз муттасифона дер давом накардааст. Ҳанӯз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам чашм мепӯшад(инҷо қисмати шоир монанд ба булбули дигари Шероз Шайх Саъдии Шерозист). Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Баъди чанде бародарони калонӣ дар ҷустуҷӯи қуттии лоямут ба ҳар тараф пароканда шуданд. Ҳофиз, ки дар байни онҳо тифли хурдӣ буд, бо модараш дар Шероз мемонад.

Ҳофизи ҷавон ба хотири ба роҳ мондани зиндагӣ шогирди новое шуд. Музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳисса тақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарф мекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рӯзона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард. Дар мактаб Ҳофиз истеъдоди фавқулоддаи фитрӣ зоҳир намуда, Қуръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хубӣ омӯхт. Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дӯконе буд, ки онҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз кард. Лекин бештари вақти ӯ ба андӯхтани илм сарф шуда, Ҳофиз дар баробари мустақилона омӯхтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ҳадису фиқҳ, ҳандасаву нуҷум ва Қуръонро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, дар андак замоне ҳамчун олим машҳур шуд. Ӯ ҳатто ба китоби машҳури ‘’Тафсири кашшоф’’ шарҳ навишт. Ҳофиз ҷое ба омӯзиши илм ишора карда мегӯяд:

Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ҷамъ овард,

Тарсам он наргиси мастона ба яғмо бибарад.

Аз ишораҳои худи ӯ муҳаққиқони гузашта ва имрӯза пай бурдаанд, ки ӯ соҳиби зану фарзанд будааст ва дар зиндагӣ фарзандону ҳамсарашро дар ҷавонӣ аз даст додааст, бар замми маҳрумиятҳои оилавӣ ва шахсӣ Ҳофиз Шерозӣ аз замонаи шум низ азиятҳои зиёд мекашид.

Ҳофиз дар замоне ҳаёт ба сар мебурд, ки задухӯрдҳои пайдарпаи ҳокимони маҳаллӣ мамлакатро хароб ва мардумро хонавайрон мекарданд. Дар баробари нооромии замон, задухӯрдҳои ашрофзодагон, қатлу ғорати бегонагон аҳволи зиндагии Ҳофиз ҳам, бешубҳа тоқатфарсо буд. Махсусан ҳокимону давлатмандони Шероз ба қадри сухани Ҳофиз намерасиданд. Аз ҳамин ҷиҳат шоири бузургвор шикваҳо мекард.

Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,

Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Бо вуҷуди ин қадар парешонӣ Ҳофиз шабу рӯз кор мекард, шеър мегуфт. Ғазалҳои намакини ӯ дар саросари кишварҳое, ки забони форсиро медонистанд, шӯре меафканданд. Ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ дар ҳама ҷо мақбули дилу ҳавоси мардуми авом мегардид. Худи Ҳофиз низ шӯҳрати ашъори шӯрангези худро чунин тасвир менамояд:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мегӯянду мерақсанд,

Сиёҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.

Овозаи Ҳофизро шунида, ҳокимони гуногун аз Ҳиндустону Ироқ мехоҳанд, ки Ҳофиз дар дарбори онҳо хидмат кунад.

Вале Ҳофиз аз Порс ба ҷониби Бағдод рағбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ қаноат намуда, онро аз шаҳди шаҳрҳои ғарибӣ боло мегузошт. Ҳофиз зодгоҳаш Шерозро басе дӯст медошт ва ба он ифтихор мекард. Аз ин рӯ, ба сахтиву зорӣ ҳам бошад, зиндагии Ҳофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфаҳону Ҳурмуз ба сафар баромадани ӯро муҳаққиқон тахмин мекунанд. Вафоти Ҳофиз дар соли 1390 мелодӣ ва дар бархе аз сарчашмаҳо соли 1389 омадааст. Ҳарчанд Ҳофизи Шерозӣ кайҳо вафот кардааст, вале каломи шӯрангезу ашъори диловезаш ҳазорон шӯридагону ошиқони сухани форсиро тасхир намудаву барои ҳамешагӣ симои ӯро дар дилу дидаи дилбохтагон ва ҳаводоронаш зинда медорад.

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.

Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми баланд дорад.

Дар китобхонаҳои машҳури дунё, нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфузанд.

Тибқи навиштаи яке аз бузургтарин матншиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ховаршиноси маъруф Амрияздон Алимардонов, аз миёни нусхаҳои хаттии сершумори то ҳол боқимондаи девони Ҳофиз, айни замон 26 нусхаи он дар ганҷинаи мероси хаттии Академияи илмҳои ҶТ нигоҳдорӣ гашта,ҳамчунин дар 120 баёзҳои дигар низ чакидаҳои хомаи Ҳофиз махсусан ғазалҳои шоир мавҷуд будаанд.Тибқи навиштаи устод Амрияздон Алимардонов , қадимтарин нусхаи хатии то кунун дар ҷаҳон маълуми мунтахаби ғазалиёти Ҳофиз дар ганҷинаи дастнависҳои Академияи кишвари мо маҳфуз буда, дар Абаркӯҳ ном мавзеъи Шероз аз ҷониби ду котиб -Ибни Майманаи Абаркӯҳӣ ва Муҳаммад ибни Абдулвоҳид ал-Марвӣ бо хатти насху хати хоси моил соли 1405, яъне баъди 15 соли вафти Хофиз китобат шудаанд,мавҷудияти ин дастхати қадимтарини олам, ин боиси ифтихори мо тоҷикон низ ҳаст (Амрияздон Алимардонов, “Махозин-Т-Таҳқиқ” -ҷилди 1, Душанбе-2018).

Намунаи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар Ҳиндустон ва Арабистон, Туркия, Озарбойҷон, Осиёи Миёна, Россия, Олмону Ингилистон ва ғайра нашр ва тарҷума гардидаанд. Бисёре аз шоирони ғазалсаро, чун Камоли Ҳуҷандӣ, Ҳилолӣ, Фузулӣ, Навоӣ, Ҷомӣ ва ғайраҳо аз ғазалҳои ӯ илҳом гирифта, дар пайравии ашъори ҷаҳоншумулаш эҷод кардаанд. Ба ҳамин тариқ, шӯҳрати Ҳофиз аз доираи мамлакати худ берун ва ба тамоми Шарқу Ғарб паҳн гардида, дар қатори бузургтарин шоирони дунё мақоми арҷманде гирифтааст.Хоҷа Ҳофиз яке аз он шоиронест, ки хусусиятҳои бисёр нозук ва латифи забони дарӣ - порсиро медонист. Дар тараққӣ ва ҳусну латофати ин забон хидматҳои арчмандеро кардааст, дар ашъори ӯ садҳо калимаю ибораҳои зебои форсиро, ки хоси қалами эшон аст дучор омадан мумкин аст.

Осори Ҳофиз ба қатори дастовардҳои тамаддуни ҷаҳон дохил шудааст ва аз ин рӯ, ҳамчун яке аз бузургтарин шоири ғазалсаро шӯҳрати ҷахонӣ дорад.

Ҳофиз ва шахсияти ин сухансарои номӣ диққати бисёр бузургони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Бисёре аз устодони назм аз ангезаи шигифтангези ғазалиёти Ҳофиз баҳравар шуда, дар ситоишу васфи каломи шӯрангези ӯ таассуроти хешро баён кардаанд. Бузургтарин намояндаи адабиёти ҷаҳонӣ шоири олмонии асрҳои ХХУ111 ва XIX Гёте андешаҳои худро доир ба ашъори ин шоири тавоно ва илҳомбахш, пас аз ошноӣ пайдо карданаш бо эҷодиёти Ҳофиз навиштааст:«Эй Ҳофиз, сухани ту ҳамчун абадият бузург аст, зеро онро оғоз ва анҷом нест. Ту он сарчашмаи файзбахши шеъру нишотӣ, ки аз он ҳар лаҳза мавҷе аз паси мавҷи дигар берун метаровад».

Дар бораи шеъри Ҳофиз ва ғановати ӯ садсолаҳо боз дар Ирону Осиёи Миёна, кишварҳои арабу Ҳиндустон, Аврупо ва дигар кишварҳои олам гуфтаанд ва аминам, ки садсолаҳои оянда низ шеъри баланди ин булбули шӯридаи шаҳри Шерозро дар Шарқу Ғарб хоҳанд хонд ва бо зевари андеша дар борааш хоҳанд навишт.

Дар ин асос ҳоло андешаҳои худро дар бораи таъсири шеъри Хоҷаи Ҳофизи Шерозӣ ба яке аз бузургтарин достонсароёни адабиёти порсӣ ва адабиёти сермиллати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, устоди равоншод Мӯъмин Қаноат ва андешаҳои ибрознамудаи мавсуфро нисбати шеъри Ҳофиз мехоҳам каме ҳам бошад иброз намоям.

Бояд гуфт, ки таъсири шеъри Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ҳама вақт дар адабиёти бузургу пурғановати порсизабонон, аз он лаҳзае, ки дар замони навҷавонӣ ғазалҳояш дар билоди Порс шӯҳрат ёфтанд, базуди сарҳади бузурги Хуросонзаминро убур намудаву дар ҳамон давраҳои дур вориди хонаи мардуми порсилисон гаштанд.Шоири ҷавон бо аввалин ғазалҳои дилангези худ дар ниҳоди мардуми ориф ва фарҳангии мо шӯру валвалае андохт, ки басо ҳайратовар буда,чунин амалро таърихи адабиёти шукӯҳманди порсизабонон, ки хушбахтона ситораҳои бузурги шеъри ҷаҳониро зиёд ба башарият додааст камтар дар хотир дорад.

Оре шоири ҷавон ва тиловатгари маъруфи каломи раббонӣ Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо як истеъдоди худодӣ дар ҳамбастагии шеъри қадимаи порсӣ, ҳикмату таърихи гузаштагони маъруфи Ирони бостон, маънифаҳмии баланд аз китоби худованд, андешаи орифона ва то андозе озоди худ, мисли ҷадди бузурги худ чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав,Сино, Хайём,Саъдӣ ва Мавлонои Балхӣ бо навиштаҳои осмонии худ ба зуди машҳур гашт.Ин овозаи шоири маъруфи мо ва номаш аз замони навҷавони то ба охирин лаҳзаи ҳаёташ тамоми ҷаҳонро дар Шарқи онвақта тасхир кард.Доманаи ин назми оламгири шоири ҳамзабону ҳаммилати мо аз як сӯ то кишвари Рум, аз тарафи дигар то кишварҳои арабӣ, аз сӯи дигар то нимҷазираи Ҳиндустон, Кафқоз ва Осиёи Вусто ва порисигӯёни Чин рафта мерасид.Ин шеър, ин ғазал он замон оламгир гаштаву баъди сари шоир таъсири он дар адабиёти порсизабонон ва дигар халқҳо барои солҳои тӯлоние давом кард ва хоҳад кард.Ин таъсир бо гузашти бештар 635 сол аз вафоти шоир то ҳанӯз дар шеъри муосири на танҳо адабиёти кишварҳои порсизабони имрӯза, балки дигар адабиётҳои ҳалқҳои ҳамсоя ва шоирони дигар сарзаминҳо дар рушди шеър ва маънифаҳмии шоирони онҳо нақши мондагоре доштааст ҳис мешавад.Дар ин мақола мо ба таҳлили шеъру таъсири ин булбули шӯридаи канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллои Шероз дар адабиёти башарӣ гуфтани нестем.Танҳо ҳаминро қайд менамоем, таъсири он на танҳо дар адабиёти порсӣ ва кишварҳои ҳамсояи мо, балки дар байни адибони қораи Аврупо низ бисёр калон будааст ва мисоли барҷастааш боз ҳамон Иоҳан Гёте ҳаст, ки ин ном барои мо мардуми тоҷиктабор аз замони мактаби шинос ва боиси ифтихор низ ҳаст.

Ҳар гоҳ навиштаҳои ин шоиру муттафакири барҷастаи олмониро нисбати шоири худ мехондем, замони наврасӣ ва мактаббача будан дар куртаи худ намеғунҷидем(аввалин шиносоии камина бо номи Гёте ва шеърҳо ва суханҳои эшон нисбати ҳазрати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ замони мактаббача будану дар синфи 5-ум хонданам ба амал омада буд,ки он замон дар китобхонаи шахсиямон агара аз ёдам зудуда нашуда бошад, китоберо бо бо номи “12 соат дар Шероз”, ки таълифи директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии ҶШС Тоҷикистон, устоди зиндаёд Абдулғанӣ Мирзоев таълиф буд ёфта ва ёд дорам онро хело бо ҳавас хонда будам рух дода буд- шарҳи Варқаи Зайниддин).

Баъдан дарёфтам, ки Гюго, Байрон, Жуковский, Петефе, Пушкин, Мицкевич, Есенин, Фет ва дигар нобиғагони шеъри ба истиллоҳ аврупоӣ ва русӣ ҳамагӣ шефтаи ашъори Хоҷаи Шероз ҳастанд ва он замон буд, ки шукӯҳи сухан, шукӯҳи ғазали Ҳофизи бузург ва обрӯи ин шоир барои мани наврас то ба осмонҳо рафта расида буд.Мани мактаббачаи 11-12 сола меболидам, ки миллати мо чунин нобиғаи шеър доштааст, агарчанде то хондани китоби академик, устод Абдулғанӣ Мирзоев бо шеъри Ҳофиз камобеш дар замони наврасӣ шинос будам.

Замзама аз ашъори Хоҷа Ҳофиз ёд дорам дар хонаи мо ва насли пирони деҳа чи мӯйсафед ва чи кампир дар Дарвоз аз замони мактабрав набуданам пайваста садо додааст, лекин эҳтирому ҳайрати ман бояд гуфт, дар синфи 5-ум баъди шиносоӣ ва фаҳмидани шеърҳои шоири олмонӣ Гёте нисбати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ хело боло рафта буд( барои ман ҳамчун мактаббача мояи ҳайрони он буд, ки як немисе, ки авлодонаш бо ватани мо СССР ҷанг карда буданд, чи гуна дар бораи шоири мо суханҳои хуб навиштааст, чун замони наврасӣ баъди дарс пайваста ба бозии “ҷанги солдатҳо (аскари сурх) ва немисҳо (фашистон”) машғул будем -шарҳи Варқаи Зайниддин).

Ҳамон замон буд, ки онҷо чанд шеъреро, ки аз забони Гёте дар ин китоб оварда шуда буд пурра аз бар карда будам ва боифтихори ниҳоят қавӣ онҳоро мехондам.

Дар синфҳои болоӣ шеъри ба Ҳофиз бахшидаи Александр Сергеевич Пушкинро дар дарс хондем ва ёд дорам, ки доираи ифтихори манро он замон ҳудуд набуд(бояд гуфт, ки ҳамон андешаҳои худшиносии миллӣ ва ифтихор аз тоҷикият,ки дар андешаи ман аз хурдсоли шурӯъ гашта буд як тарафаш агар “Шоҳнома”-и Донои Тӯс, ашъори Одамушшуаро Рудакӣ, Бӯали Сино, Ҳаким Носири Хусрав, Мавлои Балх бошад, пас як тарафи дигараш шоироне чун Саъдӣ ва Хофизи Шерозӣ буданд-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Таъсири шеъри Ҳофиз ҳама вақт дар адабиёти мо ҷой дошт ва дар ин асос ин таъсир дар садаи ХХ, асри нави пешравиҳои зиёд дар андешаи шеъри порситаборон нуфузи бузурге доштааст.Ин таъсирро дар 25 соли асри нав, асри ХХ1 низ ба хубӣ дар шеъри шоирони порсилисон метавон мушоҳида кард.

Бо ибораи дигар доираи нуфузи ғазали Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ он гуна бузург аст, ки эшон гӯё як деҳқони таҳамтани ориферо мемонад, ки пайваста дар ҷуфти заминҳои корам қарор дорад ва ояндагон аз қафои эшон ба кишту кори худ, яъне зери таъсир ва илҳом аз ӯ ба эҷод машғул ҳастанд.

Таъсири Хоҷа Ҳофиз аз шоирони оддӣ то шоирони бузурге чун Муҳаммад Иқбол, Лоҳутӣ, Нимо Юшич, Шаҳриёр, Нодирпур ва бузургтарин бонуи ғазалсарои асри пор, устод Симини Беҳбаҳонӣ ҳис карда мешавад.

Таъсири ғазали Ҳофиз дар шеъри ба истиллоҳ тоҷикии шуравӣ низ баръало эҳсос мегардад ва ҳамагӣ аз устодон Турсунзода то Мишракар, Боқӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ ва шоирони нисбатан ҷавон мисли устод Мӯъмин Қаноат ва шогирдони бешумораш, намакхӯрдагони ин хирвори сухани орифонаю ошиқонаи Хоҷа Ҳофизи Шерозиянд.

Дар ин асос таъсири шеъри Ҳофиз ба яке аз бузургтарин шоирони садаи ХХ - и мардуми порсизабон ва Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Мӯъмин Қаноати овозадор ниҳоят қавист.

Агар ба таърихчаи ин бархӯрд ва таъсири шеъри Хоҷа Хофиз назар афканем хоҳем, дид, ки ҳанӯз соли 1957 шоири хеле ҷавони мо Мӯъмин Қаноат ба ашъори Ҳофиз рӯ овардааст ва мо инро дар шеъри “Ҳукм бар ситора кунем” равшан мушоҳида карда метавонем.Муҳаррир ва муаллифи сарсухани ашъори устод Мӯъмин Қаноат “Тоҷикистон исми ман” (нашриёти”Эр-граф”-Душанбе -2013) шоир ва муҳаққиқи воқеъан хело донишманди мо Рустами Ваҳҳоб дар сарсухани ин китоб андешаи жарферо пешниҳод намудааст:

“Зоҳиран шоир дар ғазал ба Ҳофизу Мавлавӣ ва дар маснавӣ ба Фирдавсӣ назар дорад.Ваҷҳи иштироке,ки байни ин се нафар зубдаи суханварони порсигӯй ҳаст, шукӯҳи сухан мебошад, ки аз вуҷуди ҳикмат ва омезиши байни тағаззулӣ бо ҳаммосӣ фароҳам омадааст. Шоири ҷавон дар баробари падидаҳои азими даврони худ, бо мулоҳиза дар ашъори суннатӣ дармеёбад, ки аз зарфияти фикрӣ ва фазои парвози калом ва таҳайюли баланде, ки дар ин ашъор аст, метавон ба навъи аҳсан истифода кард, зеро агар падидаи муосир дар сатҳи кайҳонист, андешаи шоири салафи ӯ низ дар ҳамин сатҳ буда ва он чи тоза аст, дар ҳамин фазо, дар ҳамин фазо паёми навинест, ки бозгӯ шавад”.

Тилисми гунбади афлок чу пора кунем,

Ба чашми ақл ба асрори ӯ назора кунем.

..........

Ба назди ахтари толеъ мурод кай ҷуем,

“Ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунем”.

Дар инҷо мисраи охирин аз байти Ҳофиз, “Гадои майкадаам , лек вақти мастӣ бин, ки ноз бар фалаку ҳукм бар ситора кунам”ҳаст, ки онро шоир Қаноат дар шеъри худ моҳирона корбаст намудааст.

Бояд гуфт, ки муаллифи сарсухани китоби ашъори устод Қаноат дуруст қайд намудааст, ки таваҷҷӯҳи шоир Қаноат ва дигар шоирон он замон ба ашъор ва шахсиятҳои барҷастаи оламшумули ангезаи дигаре низ дошт. Ин давраи эҳёи нави ифтихороти миллӣ низ буд.Инҷо бо шоири донишмандом, бародари азиз Рустами Ваҳҳоб пурра мувофиқам.

Бояд гуфт, ки ангеза ва бедории миллӣ аслан баъди итмоми Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки бедории мардуми азияткашидаи қораҳои Африқо ва Осиёро дар муқобили юғи мустамликадорӣ ба бор оварда буд, ба миён омада буд.Ҳамон замон буд, ки сиёсати империяи вақт СССР рӯ ба Шарқ овард ва бесабаб нест, ки дар ин кор Иттифоқи нависандагони СССР аз шоирони аллакай дар шӯравӣ маъруфе чун устод Турсунзода, Зулфия, Расул Ғамзатов ва дигаронро низ тавонист дар ин давра босамар низ истифода намоянд.Ҳамон давраҳо баъдан ашъору достонҳои маъруфи устод Мирзо Турсунзода мисли “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ман аз Шарқи озодам” ва ғайраҳо рӯи чоп омаданд ва ин ашъор низ ба доираи адабию ҷамъиятии Тоҷикистон дар роҳи дӯстдории миллати хеш ва арҷгузорӣ ба адабиёти бои ниёгонро низ ба амал оварда буд.Ҳамзамон аз чопи китоби устод Бобоҷон Ғафуров “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”, нахустин асари фундаменталӣ ва илмӣ дар шинохти миллати тоҷик бояд ёд оварем, ки он соли 1947 рӯи чопро дида буд.

Ин масъалаҳо каму беш ҷунбишу ифтихори миллиро баъди солҳои зиёд, пас аз алангаи тӯлонӣ ва васеъи ҷанги шаҳрвандии солхои 1920-1930, коллекивонии хоҷагиҳо, террори сурхи охири соли 20-ум, террори бузурги сталинии солҳои 1937-1938, ки ифтихори миллиро аз кеши гузаштаҳои худ ба чоҳи бетаге фурӯ партофт, рӯи об оварда буд.

Он замонҳо, солҳои 20-ум ва 30-юми асри пор шеърҳо ҳамагӣ сиёсӣ, аттеистӣ ,шиорпартоӣ, зидди моликияти хусусӣ, зидди буржуазиё, зидди худованд(ба ёд биёред маҷаллаҳоеро бо номҳои “Безбожник”, ҷамъияти умумиттифокии “Бехудоён”) ва то андозае зиддимиллӣ ва оиди муборизаҳои синфӣ буданд на чизи дигар.

Чуноне, ки шоир мегуфт:

“Сталин гӯяму ронам заминро....”

Ё худ дар замони мактаббача буданамон мо ин сатрҳоро чун “октябрят” ва “пионер” бо як шавқи беандозае мехондем:

“Ленин падари мо, падари мӯътабари мо”.

Баъди вафоти И.В.Сталин дар соли 1953 ва анҷоми Съезди Х1Х-уми Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ дар соли 1956 , давраи нав, давраи нарм шудани сиёсати сарони шӯравӣ шурӯъ мешуд( шурӯъи замони отеппел) ва аз миёнаҳои солҳои 50-уми асри пор алакай ифтихорот аз таърихи гузаштаи пурғановати худ хело ва хело ошокор ва ашъори классикон ва эҳтиром ба онҳо хело боло рафт.Шоирони навпардози мо ҳамон даврони дури солҳои 50-уми асри пор аллакай ба шеъри ҷадди гузаштаи худ бо матонат ва қадами қатъӣ рӯй оварданд ва аз ин майдони бузурги фарҳангӣ ва адабӣ пасон барои рушди адабиёти навини порсизабони ин тарафи соҳили Омӯя басо хӯшачинӣ карданд.

Дар ҳамин маъни шоири маъруфи мо устод Мӯъмин Қаноат нахустин достони худро бо номи “Шоир ва шоҳ” дар ҳамон давраи соли 1957 , ки он ба зиндагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ иртибот дорад иншо намудааст, ки дар ин хусус поёнтар сухан хоҳем кард.

Натиҷаи ҳамон сиёсати гарму нисбатан нарми роҳбари вақти шуравӣ Никита Сергеевич Хрущёв буд, ки бахусус аз ибтидои солҳои 60-ум доираи таваҷҷӯҳи шоирону нависандагони тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтор ва музофотҳои миллӣ ба гузаштаи худ, забону фарҳанги худ , ифтихор аз миллати худ , хело боло рафт(бояд гуфт, ки баъди сари Хрущёв сисёсатмадорони КМ КПСС солҳои зиёде то миёнаи солҳои 1985 барои хунсо намудани андешаи миллигароӣ ва паст намудани завқи дӯстдории забону адабиёти миллӣ кушиш намуданд, лекин онро натавонистан аз байн баранд (чуноне мегӯянд, “ҷини аз шиша баромада”-ро сардамдорони КПСС ва ҳамтоёнашон дар кишварҳои миллии шӯравӣ дигарбора ба даруни колбаи шишагин баргардонида натавонистанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Ҳамин давра буд, ки соли 1966 шеъри устод Қаноат бо номи “Давоми нек роҳатро” , ки ба шоири рус Владимири Луговской бахшида буд рӯи чоп омад.

Ин шеър, шеъри дифоъ аз фарҳангу адабиёту нухбагони миллати тоҷик ва порсизабони олам буд, ки дар он замони дур устод Қаноат бебокона бо ин шоири рус, ки ба фарҳангу адабиёти тоҷик бо назари пастӣ нигаристааст дар муколлама қарор гирифта, эшонро ба таври жарф ва шоирона мазаммат намудааст.Дар ин шеъри ҷавобия ба назари нописандонаи ин шоир, устод аз нухбагони миллати тоҷик мисли Рудакӣ, Ибни Сино, Хайём ва қаҳрамони эпоси миллиямон “Шохнома”, Рустами Дастон ёдовар шудааст.Дар ин гуфтаҳо аз номи булбули Шероз, Хоҷа Ҳофизи Шероз дар ин шеъри эътирозии худ аз ҳама зиёд 5 маротиба ёдоварӣ намудааст, ки инҷо низ сареҳан таъсири бузурги ашъори малакутии Ҳофиз ба шоири он вақт хело ҷавони мо баръало ба мушоҳида мерасад.

Ҷое шоир менигорад:

Ту диди Вахшро танҳо,

Миёни кӯҳ дар ғавғо,

Надиди дар бисоти ӯ дили дарёи Ҳофизро.

Ҷо дигар шори мо эътирози худро давом дода чунин андеша меронад:

Агар дар хонаи тоҷик бисоти умр ночиз буд,

Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё девони Ҳофиз буд.

Оре инҷо шоири мо шукӯҳу азамати адабиёту сухани шоирони миллати моро бо як диди баланди шоирона ба шоири нотавонбине чун Луговской ошкоро бозгӯӣ намудааст.

Қайд бояд намуд, ки бисёре аз хонандагони мо ин шеърро хонда бошанд ҳам, лекин ба умқи масъала ва мақсаду моҳияти иншои ин шеър аз тарафи устод Қаноат ва шахсияти худи шоир Владимири Луговской шояд сарфаҳм низ намераванд, чун мардуми хеле ҳам камхон низ ҳастем.

Владимир Александрович Луговской шоири маъруфи рус(солҳои зиндагӣ 1901-1957) ҳаст.Ин шоир аз насли шоироне чун Николай Тихонов, Петр Павленко, Всеволод Иванов, Леонид Леонов, Григорий Санников ва дигарон буда, соли 1930 бо қарори Асотсиатсияи нависандагони пролетарии Руссия ба Осиёи Миёна сафар намуда, дар Туркманистон ва Ӯзбакистон бо мақсади шиносоӣ бо ин кишварҳо ва вазъи табдили онҳо ба сохти нав дар замони шӯравӣ, ҳамроҳи ин шоирон саёҳат намудааст.

Баъдан бо сафари хизматӣ бо мақсади шинос шудан ба дигаргуниҳои Тоҷикистон, ба кишвари мо соли 1931 омада муддате инҷо зиста аз Сталинобод, Кӯлоб, Данғара,Сарой Камар, Калъаихум, Помир, водии Вахш дидан кардааст.Натиҷаи сафарҳои хизматияш дар Осиёи Миёна боиси пайдо гаштани маҷмӯъаи шеърии “Ба болшевикони биёбону баҳор”гаштааст.Мавсуф дар қисмҳои сарҳадӣ дар кишвари мо муқобили босмачигарӣ низ дар набард будааст. Бояд гуфт, ки замони шурӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳайси афсар ба хизмат шурӯъ намуда буд, ҳамчунин мухбири нашрияҳои ҳарбӣ низ кор намудааст.

Баъди бомбаборон намудани эшелони қатораи онҳо дар роҳи Псков, рӯҳан хело шикаста шуда, ба госпитали ҳарбии шаҳри Маскав меафтад ва аз онҷо бинобар , сустии асаб ва ларзиши дастон аз ҳамон бомбабарони қатора аз сафи Артиши Сурх чун маъюб ҷавоб дода мешавад, ки ин амал баъдан дар ҳар вохӯриву сӯҳбатҳо боиси гаппаронии ашхоси гуногун бо чунин маънӣ: “Луговской , ҳамон шахсе, ки рӯзҳои аввали ҷанг тарсида буд” мегардад. Замони ҷанг дар эвакуатсия, дар шаҳри Тошкент қарор дошт.

Дар бораи Данғара шеъре дорад бо номи “Босмачиҳо”.Маҷмӯъаҳои шеърии зиёде аз қабили “Европа”, “Шарқу Ғарб”, “Сурудҳо дар бораи Туркманистон”, “Сурудҳо дар бораи Ӯзбакистон”ва ғайраҳо ба қалами мавсуф тааллуқ доранд.

Соли 1957 дар шаҳри Ялта вафот карда, дилаш дар харсанге дар чорбоғи хонаи адибони ба номи Чехови ин шаҳр маҳфуз ва колбадаш дар Маскав дафн карда шудааст.

Маълум аст, ки асрҳои аср модарони мардуми порисазабон ва хосатан тоҷикон дар гаҳвора ба зери болишти фарзанд ҳангоми мавҷуд набудани китоби азимуншаън Қуръони Карим ҳатман девони Хоҷа Ҳофизи Шерозиро мегузоштанд ва ин асолат дошт!Яъне девони Ҳофиз ивазкунандаи каломи Худо буд, зеро ашъори Ҳофиз бо пуррагӣ маънӣ аз сура ва оятҳои калломи иллоҳӣ гирифта шуда, таррануми ишқи худованд аз диди як инсони озод,бузургтарин ва дӯстдоштатарин махлуқи офаридаи офаридгор аст( модари азизам замони мактаббача буданам мегуфт, ки дар замони тифлият на як бору ду бор дар гаҳвора ба зери болиштат девони Ҳазрати Хоҷа Ҳофизро гузоштаам-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Дар ин асос маънии баланди корбасти ин сатрро бубинед хонандаи азиз: “Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё девони Ҳофиз буд!”

Яъне модари тоҷик шоиронро пайваста таваллуд ва дар гаҳвора шоиронаш чун Ҳофиз хоб буданд ва агар гаҳворае, ки “Ҳофиз” яъне шоири оянда надошт, пас онҷо девони Ҳофиз маҷуд буд.Барои дар ин маънии баланд сатре эҷод кардан бояд шоире аз табори Хоҷа Ҳофиз бояд буд на чизи дигар.Воқеъан устод Қаноат низ вориси барҳақи ин ҷадди бузургаш дар ин маънӣ ҳаст!

Ҷои дигаре устод Қаноат чунин андеша дорад:

Агар бо номи Ҳофиз мешудӣ дар хонаи тоҷик,

Бангоҳ қаср мешуд аз карам вайронаи тоҷик.

.......

Агар бо шеъри Ҳофиз роз мегуфтӣ ба духтарҳо,

Ба шеърат мефаромад аз самои ҳусн ахтарҳо.

.......

Агар як бор медидӣ ба хуби чеҳраи Лайло,

Чу Ҳофиз маст мерафтӣ аз ин дунё ба он дунё.

Устод Қаноат бо ин шеъри аълои худ, ҷавоби шоири бо чашми кам миллати тоҷик ва аҳли адабу тамадуни миллати мо нигариста, дар мисоли нухбагони миллат ва хосатан Ҳофизи Шерозӣ бо як нафосати волои сухан ҷавоб дода,боз шарти адаби ниёгонамонро низ накӯ нигоҳ дошта, дар охири чунин калам рондааст:

Дуои нек рӯҳатро,

Дуои нек роҳатро!

Бояд хотирнишон созем,солҳои шастуми асри пор дар ҳаёти фарҳанги ва адабии мардуми тоҷик ва Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ ва мукотиба бо ҳамзабонони бурунмарзӣ даричае боз гардид.

Аввалан фурӯ аз солҳои 50-уми асри омаду рафту омади шоирон ва ҳунарпешагони Ирону Афғонистон ва баъдан сафарҳои ҳунарии ҳунармандону шоирони мо мисли устоди ҳунар Акка-Шариф Ҷӯраев ва дигарон ба ин кишварҳо шурӯъ гашта, хуш қабул гаштанд.Сафарҳои мутақобилаи устодони санъати ҳамзабонамон аз кишвари Афғонистон охири солҳои 50-ум ва баъдан аз солҳои 60-ум тоза шурӯъ шуд.

Дар ҳамин давра буд, ки соли 1968 дар пойтахти Тоҷикистон як кунгураи байналмилалии шеъри порсӣ доир гашт ва онҷо шоирони маъруф ва навовар ва дигар ходимони маъруфи адабии ҳамсоякишварҳо аз Ирон, Афғонистон, Хиндустон, Ӯзбакистон иштирок ва баромад намуданд.Он замон буд, ки мардуми тоҷик аз шеъри навин дар ҳавзаи форсизабонони олам бештар дарак меёфт ва бевосита бо удабои ин кишварҳо мукотиба мекард. Он давра устод Мӯъмин Қаноат бо шоири он замон хело ҷавон ва хело пуровозаи навовари шеъри мудерни порсӣ, устод Нодири Нодирпур шинос ва риштаи дӯстиро, ки баъдан маълум шуд, ки он дӯстии якумрӣ будааст пайванд зад. Чи тавре, ки устод, донишманди маъруф Парвиз Нотили Хонларӣ баъдан дар нашрияи “Сухан”-и Теҳрон навишта буд: “Он замон ҷавонони тоҷик шоир Нодири Нодирпурро чун сабӯ дӯш ба дӯш чун мебурданд!”ва дарҳақиқат ҳамон замони доир гаштани Кунгураи байналмилалии шоирони порситабор вазъи ҳол дар Душанбе чунин низ будааст. Доманаи ин шиносоӣ бо шоирони ҳамзабон ва худи кунгураи шеъри порсӣ барои шоирони мо ва алалхусус барои шоир Қаноат хеле муфид буд.

Ахиран устод Мӯъмин Қаноат соли 1971 бо якумин сафари худ ба Ирон парвоз карда, дар пойтахти ин кишвари ҳамзабон шаҳри Теҳрон фуруд омад. Дар ин сафар шоири мо аз ҷойҳои таърихии Ирон дидан кард, ба шаҳри Шероз сафар , сари мадфани шоирони бузурги мо Саъдӣ ва Ҳофиз аз оятҳои Каломи рабонӣ тиловат кард. Дар марзҳои канори оби Рукнобод ва гулгашти Мусалло қадам зад ва барои худ дар ин зодгоҳи мардони бузурги мардуми оритабор хело диданиҳоеро дар андешааш ҳазм кард.Ин бузургтарин сафари хотирмони устод Қаноат низ аст (агарчанде устод баъдан чун шоири номвар, сиёсатмадор ва вакили Шурои Олии СССР ва узви ташкилотҳои бонуфузи умумиттифоқӣ ва ҷаҳонӣ аз Иттиҳоди Шуравӣ дар кишварҳои олам намояндагӣ мекард ва пайваста дар парвоз буд, барояш маҳз ҳамин сафари якумаш ба Ирон дар соли 1971 хотирмон буд.Дар асараш “Ёддоштҳо ба бардоштҳо”(нашри Душанбе -2012), устод нигоштааст: “Мукофоти давлатии СССР-ро гирифтам, Вакили Шурои Олии СССР шудам, котиби якуми ИН Тоҷикистон ва котиби ИН СССР шудам”, лекин ягонтои инҳо барои ман хушоянд набуд, мисли оне, ки зимни фуруд омадан дар фурудгоҳи шаҳри Теҳрон бо мардум бо забони модариям форсӣ сухан кардам-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Натиҷаи ин сафар боиси пайдо гаштани силисашеърҳои маъруфе бо номи “Созҳои Шероз” гардид. Ин силсилашеърҳо як навгоние дар шеъри тоҷикии он замон буданд. Шоир Қаноат дар ин силсила шеърҳо пурра зери таъсири ёди шоирони бузурги ин марзи шоирхез чун Саъдиву Ҳофиз афтода буд. Хаёлан худро дар Шероз зери таъсири андеша ва ёди Ҳофизи бузург дар шеъри “Тахти Ҷамшед” чунин тасвир менамояд:

Кунун дар қасри Доро ҷоми Ҷамшед аст дар дастам,

Зи бӯи бодаву бӯи бути Шероз сармастам.

Лабамро бо лабони оби Рукнобод пайвастам,

Ба рӯят лаҳзае оҳиста дар бастам.

Шоир дар шеъри “Зоиндарӯд” боз дар андешаи шеъри Ҳофиз дар ватани шоир аст.

Зоиндарӯд, меравӣ, ҳамчун суруди ман,

Чун ханда аз даҳан,

Чун навҳа аз сухан.

Савти Аҷам зи ларзаи мавҷи ту медамад,

Ё аз вуҷуди ман?

Шоир дар шеъри “Саҳар аз хилвати худ меравам берун” сатрҳое дорад:

Саҳар аз хилвати худ меравам берун,

Маро ҳар субҳ чашмат мекунад афсун.

Чи чашме, чашмаи Дарвоз ё Шероз,

Ба ман гӯянд сухан бо ноз,беовоз.

Инҷо банду басти чашмаи Дарвоз бо оби мусаффои Шероз, зодгоҳи ғазалсарои бузургтарини олам Ҳофизи Шерозӣ ҳамнавост ва бешак таъсиро аз навиштаҳои шоири Шероз гирифтааст.

Дар силсилали “Созҳои Шероз” шоир Қаноат шеъре дорад бо номи “Маро гуфтӣ: Биё, Шероз- пойандоз”, ки онро ба дӯсти шоири навпардозу навовари худ Нодири Нодирпури машҳур бахшидааст.

Дар инҷо низ ёди зодгоҳи Ҳофиз дар сатри аввал меистад:

Маро гуфти: Биё Шероз -пойандоз,

Ман акнун мекунам парвоз то Шероз,

Ки гарди корвонҳоро наангезам,

Зи фарёди шарархезам.

......

Чу Ҳофиз буд аз обу гили Шероз,

Ман аз васли гули Шероз метарсам.

........

Ҳаметарсам, ки фардо ҳамчу бегона,

Барандам бар тавофи шеъри шоҳона,

Зи ҳоли Хоҷа бархонанд афсона,

Аз он ғофил, ки набвад Хоҷа дар хона.

Устод Мӯъмин Каноат аз байни шоирони порсилисони Осиёи Марказӣ ягона шоирест, ки дар бораи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ достон навиштааст ва ин достон хело барвақт соли 1957 бо номи “Шоир ва шоҳ” эҷод гаштааст.

Асоси достонро як ривояти асрҳо дар байни мардум овозагаштаи гӯё оиди вохӯрии шоири бузурги башарият Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо яке аз манфуртарин чеҳраҳои хунрез дар таърихи инсоният дар қатори Чингизхон ва Адолф Гитлер, Темурланг меравад.Достон аз сарсухан ва се баст иборат аст.

Таърихи ин достон аз замони лашкаркашиҳои ғоратгарона ва истилогаронаи Темурланг ба хоки поки Ирон ҳикоят мекунад.

Дар сарахбор шоир чунин менигорад:

Шоҳи соҳибқирон -Темурланг,

Қалб аз ҷанг дошт ё аз санг,

Хок дар зери пош меларзид.

Марг аз хашми ӯ ҳаметарсид.

Баъдан оиди воқеъаҳои таърихие, ки дар ҳама сарчашмаҳо оварда шудааст оиди ҳуҷуми Амир Темурланг ба шаҳри Исфаҳон дар соли 1387 ва қатли омми ин яғмогар дар онҷо сухан меравад.

Чуноне шоир устодона ин воқеъаҳои ҳақиқии дар таърих рухдодаро чунин ба тасвир кашидааст:

Дод фармони “қатли ом” элон,

К-аз ҳама саркашон ситонад ҷон.

В-аз сарони гузида дар онҷо

Калламанорае кунанд барпо.

......

Баҳри иҷрои амр як лашкар

Аз тани Исфаҳонӣ ҳамезад сар.

На саволу ҷавобу не пурсиш,

Ки аввал пурсиш асту баъ кушиш.

Қисса кӯтоҳ, лашкари ҷаллод

Кард аз сар манорае бунёд...

Дар ҳақиқат соли 1387 Амир Темурланги алайҳилаъна дар шаҳри Исфаҳон қатли оми даҳшатнокеро анҷом дод. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аз ҷумла навиштаи Ибни Арабшоҳ дар китоби “Қисмати ҳайратангези таърихи Темур”, навиштаи муаррихи фаронсавӣ Жан-Поль-Ру бо номи “Темурланг”, китоби “Тоҷикон” ва дигар сарчашмаҳо аз 100 хазор то 200 ҳазор одамон, азҷумла занон, пирону кӯдаконро сар буриданд ва дар беруни шаҳр барои тарсонидани одамон калламанораҳои зиёде дар шакли цилинрд барои тарсонидани одамон ба намоиш гузоштаанд (ин каламанораҳои сохтари Амир Темурлангро баъди 500 сол рассоми маъруфи рус Веращагин баъдан ба тасвир кашидааст-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Ҷои дигар шоир чунин меорад:

Пас гуруҳе берун шуд аз пирон,

Сӯи Темур шуда замингирон.

Арз кард, к-и эй шоҳи олам,

Аз ҳазор мабод умрат кам!

Аҳли Эрон, шаҳо амон ҷӯяд,

Пиру барно туро дуо гӯяд....

Шаҳ ба ҷои амон фармон дод,

З-он сари чопарон ба хок афтод.

Баъдан бархе аз инсонҳои сохибхирад ба хотири раҳмеро дар дили ин аҳримансурати қабилаи барлоси муғулӣ ҷой карданд тифлони бегуноҳи аз 5-6 сола то 10-12 соларо ба гарданашон китоби Қуръонро овехта ба сари роҳ мебароранд, то Темурланги роҳзан онҳоро дида, нисбаи инсон ва тифли эшон раҳму шафқат ба вуҷуд овард, вале ин шахсияти дур аз донишу биниш ва ҷоҳили гузаро ба болои бештар аз 7-ҳазор то 10 ҳазор кӯдак асп давонда ҳамаро кушта ва онҳоро ҳамроҳ бо китоби худованд ба коми оташ мекашад.

Ин воқеъаҳо дар ҳақиқат, ҳақиқати воқеъӣ доранд ва қатли оми тоҷикон дар ин шаҳри фарҳангии он замони ҷаҳон,ки беш аз ним миллион аҳолӣ дошт ва яке аз шаҳрҳои бузурги олам ва маркази фарҳангии қораи Осиё низ мавсуф меёфт дарҳақиқат аз санаи 17-уми ноябри соли 1387 баъди рӯй гардонидани мардум аз супоридани андоз ва нахостан аз барда шудан назди ин лашкари биёбонгарди бетамаддун шурӯъ гашта буд.Тибқи навиштаи Ҳофизи Абрӯ, ки шоҳиди воқеъа будааст ва шахсан худаш ҳисоб кардааст, танҳо дар назди девори шаҳри Исфаҳон мавсуф бештар аз 45 каламанора, бо ҷамъи ҳар манора иборат аз ҳазор то дуҳазор кала, ҷамъи бештар аз 70 ҳазор каллаи пиру ҷавон, тифлону духтарону модарон, мардуми бегуноҳро бо мақсади тарсонидани чашми мардуми озодипарасти шаҳри тоҷикмардуми Исфаҳон ба марази тамошо гузоштааст.

Устод Мӯъмин Қаноат, баъдан суханҳои асоснадоштаро, ки дар тазкираҳои баъдина нақл гашта буданд оиди вохӯрии Хоҷа Хофизи Шерозӣ бо Темурланги ҷӯлоқ(азҷумла “Тазкирату-ш-шифо”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ) ва дар ин навиштаҳо шоири бузурги мо Ҳофизи Шерозиро гӯё аз кулбаи нимвайронае даъват мекунан. Эшонро бо ҷомаи дарида ва попӯши фарсуда чун як фақир ба назди Амир Темурланг меоранд.Шоҳи муғул бо як назари пастӣ ва бузургманишии ба ӯ хос(тибқи навиштаи бархе аз ховаршиносони рус Темурланг, гирифтори бемории рӯҳи низ будааст) бо таҳқир ба шоир нигоҳ мекунад ва суол медиҳад, ки

Чаро шумо чунин мисраъҳоро нисбати шаҳрҳои ман навиштаед:

Агар он турки шерозӣ, ба даст орад, дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухоро.

Шоир ҷавоб дода бошад, ки ба ман нигаред , бо чунин суханҳоям имрӯз ман фақирам ба ҷомаи даридаи худ ишора мекунад.Темурланг ҷавоби эшонро пазируфта қоҳ-қоҳ хандида ба шоир ҷомаи нав ва чанд диноре дода бошад, ки ин овоза билкул дурӯғ ҳаст.Тибқи андешаи муҳақиқони зиёд, ягон маротиба Ҳазрати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо Темурланг вонахӯрдааст ва устод Қаноат ин “вохӯрӣ”-и пояи ҳақиқат надоштаро дар ин достонаш ба инобат нагирифтааст.

Устод Қаноат ин вохӯрии доирнагаштаро ба хотири зарба задан ба тӯҳмататчиёни чунин суханҳои дурӯғин онро дар дигар шакл корбаст намуда, ба маддоҳони он замони дур зарбаи мӯҳлик задааст.

Ба андешаи банда устод Мӯъмин Қаноат ин дурӯғи калони “маҳсгарони”-и Темурлангро, ки бисёраш аз ҳисоби котибону шоирони форситабори дур аз дӯстдории миллат буданд, нағз медонист.

Фақат ҳаминро мегӯям, ки устод Қаноат дар ин достон муколламаи шоиру амири ситамгарро ба чолиш кашидааст ва дар он танзу доираи маънои шеър мисли ғазалҳои Ҳофиз хело хуб ба ҳам оварда шудаанд ва ин чо луфти сухан бо киноя ва ҳаҷв низ ба назар мерасад.

Масалан,

Зимни муколама, Амир Темурланг ба шоир чунин мегӯяд:

Сари ту зеби манораи мост,

Пӯстат лоиқи нақораи мост!....

Хоҷа Ҳофиз бошад чунин ҷавоб медиҳад:

-Шаҳаншоҳо,

Сари мо тоҷро надид асло.

Гар бихоҳи манора ороӣ,

Халқ эмину биёсоӣ,

Ҳеҷ як сар миёни сарҳо

Набувад чун сари шумо зебо.

Ӯ сари тоҷвар бо ҳаҷми калон,

Холию пурғуруру офати ҷон...

Мисраъҳо ин ҷо лутфомез ончунон хуш чида шудаанд, ки хонандаро пеши чашмаш чун гуфтаи Хоҷа Ҳофиз пеши назар меояд, бе муҳоббот ба ханда медарояд.Тибқи шаҳодати Ибни Арабшоҳ сари Темурланг хело калон, яъне ба истиллоҳ “говсар” будааст.

Дар охири достон устод Қаноат чунин хулоса мекунад:

Кист он мард?-шори ҳақиқатҷӯй,

Ҳофизу хоҷаи адолатҷӯй,

Он, ки доди суханварӣ дода,

Шеърро зидди теғ бинҳода,

Он, ки бо лафзи рост дар олам

Роҳ ёбад ба қалби ҳар одам....

Ин достон чандин маротиба дар тарҷумаҳои олиҷаноб бо забони русӣ ва дигар забонҳо дар Маскаву Киев, Санкт-Петербург, Минск,Кишинёв, Днепропетровск (ҳоло Днепр),Нуқус, Бишкеку Алма-Ато ва дигар шаҳрҳои ватани паҳноварамон Иттиҳоди Шӯравӣ чоп гаштаву онро миллионҳо нафар хонандагон хондаанд.

Ин достон як ҷавоб, як зарбаи сахте ба ҳамон овозаи дурӯғине, ки дарвақташ нависандагону шоирону котибону ба ном шайху эшонҳои “ғайбдон”-и мамдӯҳи Темурланг, ки вохӯрии гӯё шоири жандапӯшеро бо номи Ҳофизи Шерозӣ бо “Ҳазрати соҳибқирон” яъне Темурланги хунхор(бояд қайд намуд, ки додани унвони “Соҳибқирон” низ кори дасти ҳамин рӯҳониёни иртиҷоии дур аз ифтихори миллиӣ низ аст на чизи дигар)овоза мекарданд низ буд.

Бояд қайд намоям, ки Амир Темурланги чӯлоқ баъди аъмоли хунрези зиддибашарӣ дар тирамоҳи соли 1387 ба Шероз омад ва мардуми онҷо,ки аз аъмоли зишти ин шахс дар шаҳри дигари вилояти Порс, Исфаҳон дарак дошт, ҷанг накард ва ӯрдуи истилогари авқоми муғултабор шаҳрро ғорат намудаву(чун анъана мисли Чингисзхон), ҳунармандону устоҳои моҳирро барои сохтани Самарқанд бо зурӣ ва зуд ронда бурданд. Дар Шероз Амир Темурланг зиёд наистода тез бурун шуд, зеро аз касофатии кардааш дар Исфаҳон сахт тарсидаву аз ҷанги умумихалқӣ ва шабохунзании мардум сахт метарсид.Дар онҷо бо шоири бузурги мо Ҳофизи Шерозӣ умуман тибқи навиштаву андешаи муҳақиқон ягон вохӯрие низ надошт.

Сарчашмаҳо оиди вохӯрии ӯ дар соли 1393, вақто, ки дуюмбора ба Шероз ҳуҷум кард ва шоҳи Шероз, Шоҳ Мансури диловар ва бебок бо ӯ задухурди бузурге дошт ва ҳатто ду маротиба аспро маҳмез занонда, ҷондорҳои Темурлангро пароканда ва бо ин роҳзан шамшерзанӣ ва ду маротиба ба тоскуллоҳи ин ланг зарбаи сахт низ зада буд, ки ноқилони осор мегӯянд, ки агар вокеъан Темурланг баъди ин зарбаҳо аз асп мефтид он гоҳ шикасти фоҳише ӯрдуи дузду роҳзани ӯро дар пеш буд гуфта гузаштаанд. Ин сухану ин овозаҳои оварда, ки баъдан рӯҳониёни иртиҷоӣ ва шоирону муаррихони маддоҳи зиддимиллати порситабор оиди вохӯрии Темурланги истилогар бо Ҳофизи Шерозӣ паҳн мекарданд билкул дурӯғ ҳастанд.

Ин вохӯриро сарчашмаҳои ховаршиносию таърихшиносии Аврупо, худи сарчашмаҳои форсӣ ва арабӣ низ дар бисёр мавридҳо рад мекунанд. Меандешам, ки рӯҳониёни риёкор ва реаксионӣ ва котибону мирзоҳои дарбори Ланги Темур баъди ҳодисаҳои хунборону қатли оми мардуми бегуноҳи Исфаҳон ин овозаҳоро ба хотири қадре баланд бардоштани мартабаи Темурланги одамкуш дар ҳама ҷо расонаӣ мекарданд, лекин тирашон хок хӯрд ва имрӯз ҷаҳон медонад, ки шоири маъруфи мо ҳеҷ гоҳ бо Темурланги дур аз донишу хониш ворнахӯрдааст.

Танҳо баъди ин овозаву сарчашмаҳои пайдошуда, дар адабиёти аврупоӣ, ки ба ашъори Ҳофиз адибону муттафакирони зиёде дил баста буданд бархе аз шеърҳо пайдо гаштанд.

Устод Мӯъмин Қаноат бо навиштаҳояш ва хосатан достони аввалини хеш “Шоир ва шоҳ” нақшу андешаи шоири бузурги башарият Ҳазрати Хоҷа Ҳофизи Шерозиро дар муқобили овозаи дурӯғини вохӯрии инсони бузург (Ҳофиз) бо инсони паст (Темурланг) бо андешаи баланд ба тасвир расонид.

Дар ин достони ҷанбаи фалсафӣ дошта, бо суолу ҷавобҳои шоир ва шоҳ, бо суханҳои орифона шоир шоҳи бесаводу душмани башариятро ба таслим ва хомӯш шудан мулзам намуд,ки ин бузургтарин хизмати устод Мӯъмин Қаноат ва адабиёти навини тоҷик дар муқобили овозаи дурӯгину таҳқиромези вохӯрии шоири орифи мо Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо шоҳи сархӯри вақт Амир Темурланг ҳаст.

Хулоса таъсири шеъри Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ба бузургтарин шоири орифи миллати мо хело зиёд аст ва беҳуда устод Мӯъмин Қаноат дар асари ёддоштии то андозае фалсафии худ “Ё ддоштҳо ва бардоштҳо” (чопи Душанбе-2012) нанигоштааст: “Хоҷа Ҳофизи малакутӣ беш аз ҳар шоире сазовори мақоми паямбари шеъри форсист.Ҷойгоҳи Хоҷа дар иқлими сухан болотар аз ҳар мақом аст”.

Дар ҳақиқат ҳамин гуна низ ҳаст ва ба ин суханҳои воле намешавад сухане зам кард.

Рӯҳи ин ду шахсияти бузург, устоду шогирд шод бошад.

Омин!

Варқаи Зайниддин, Узви ИЖ ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ, махсус барои “Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ