ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-9
ПЕШВОЯМОН ЮСУФ (а) ХОБИ ЗЕБО
Субҳи барвақт Юсуф (а) аз хоб бедор шуда назди падараш Яъқуб (а) рафта хоби дидаашро ба падари меҳрубонаш нақл намуд: «Эй падар, ба дурустӣ дидам, ки ёздаҳ ситора ва офтобу моҳтоб маро саҷда кардаанд». Падар ба Юсуф гуфт: «Эй писарам, ин башорат аст. Локин инро барои бародаронат нақл накун, чунки онҳо туро ҳамчун бародар дӯст намедоранд.
Агар хоби дидаатро барои онҳо нақл намоӣ бар ту кинаву ҳасад мегиранд ва бадбиниашон нисбати ту зиёдтар мешавад, шайтон (лаънати Худо бар вай) бародаронатро бар душмании ту ёрӣ медиҳад.
ҲАСАДИ БАРОДАРОН
Юсуф (а) аз модараш бародаре дошт ва падараш ҳазрати Яъқуб (а) ӯро низ мисли Юсуф дӯст медошт, чунки онҳо нисбати бародарҳои дигар итоаткор буданд ва инро бародарҳои калонӣ ҳис мекарданд. Боре онҳо бо якдигар чунин машварат карданд: Оё ҳис мекунед, ки падарамон Юсуф ва бародари ӯро зиёдтар дӯст медорад? Сипас иттифоқ карданд, ки Юсуфро бикушанд, локин ба¬родари калонӣ ба ин амал розӣ нашуда гуфт: «Юсуфро накушед, ӯро дар чоҳ партоед, роҳгузарон ӯро хоҳанд гирифт». Ҳамин буд тасмими онҳо барои халос шудан аз Юсуф. Баъдан бародарон назди падар рафта бо макр гуфтанд, ки «Юсуфро фардо ҳамроҳи мо бифиристед то каме ғубори дил барорад...». Падар баъди таъкиди зиёде Юсуфро бо онҳо фиристод...
ҒУЛОМБАЧАЕ БО НАРХИ АРЗОН
Бародарон бегоҳӣ гирён - гирён назди падар омада чунин дурӯғ гуфтанд: «Эй падар вақте ки шуғли бозӣ будем, аз Юсуф бехабар мондем ва ӯро гург хӯрд...». Падар аз ин хабар ғамгину маъюс гашта оҳу нола кард...
Савдогароне, ки аз назди он чоҳи Юсуф партофташуда мегузаштанд, хостанд ҷуръае об нушанд. Вақте сатилро боло карданд, диданд, ки Юсуф овезон шуда аз он боло мебарояд. Савдогарон ӯро бо худ ба шаҳри Миср бурда он ҷо бо нархи арзон ба савдояш гузоштанд. Юсуфро шоҳи Миср харидорӣ намуда ба завҷаи худ гуфт:
Ҳамин писарбачаро хуб тарбия намо, шояд вақте калон шавад моро фоидае биёрад ё ҳамчун фарзанд қабулаш мекунем».
НАЙРАНГИ МАЛИКА
Баъди наҷот ёфтани Юсуф ӯро имтиҳони наве дар пеш буд. Юсуф ба малика хеле маъқул шуда буд ва ӯро дӯст медошт. Локин Юсуф ба малика ҳеҷ эътиборе намедод. Рӯз аз рӯз муҳаббати малика нисбати Юсуф зиёда мегашт ва билохира ӯро ба зино даъват намуд. Юсуф аз ин пешниҳоди малика рӯй гардонида онро қабул накард ва чунин посух дод: Худо маро аз ин феъли бад нигоҳ дорад, Худованд моро мебинад ва амри Худовандист, ки мо бояд аз чунин амали бад дури ҷӯем.
Баъдан малика ба хотири расидан ба мақсади нопоки хеш зуран Юсуфро ба оғӯш кашид ва ҳангоме, ки Юсуф худро аз чанги он маккора дур андохтанӣ мешуд, ногаҳон куртааш дарид. Чун шоҳ аз ин ҳол воқиф гашт, малика бардурӯғ Юсуф¬ро тӯҳмат кард, ки бар домани ӯ дастдарозӣ намудааст. Баъдан шоҳ амр кард, то Юсуфро ба зиндон партоянд.
ДАРДО, КИ РОЗИ ПИНҲОН
Қиссаи муҳаббати зани шоҳ бо ғуломаш байни занҳо овоза шуд. Малика занҳоро ба хонаи худ даъват намуда дар назди онҳо таому мевагӣ гузошт. Сипас Юсуфро амр намуд, то ки ба назди онҳо биёяд. Чун Юсуф вориди хона гашт ҳусну ҷамоли беҳамтои ӯ ҳамагон моту маҳбут гардонд ва онҳо сеҳри ҷамо¬ли Юсуф гашта ангуштони худ буриданд ва гуфтанд: «Худовандо, ин башар нест, ин фариштаи гиромӣ аст, магар?».
Дар ин ҳангом малика фарёд зада гуфт: «Ин ҳамон Юсуф мебошад, ки шумо маро барои ӯ шуда маломат мекардед. Аз ҷамоли ӯ шумо сеҳр гашта тоқат накардед ва ангуштони худ буридед, ман бошам бо ӯ дар як қаср зиндагӣ мекунам. Агар даъвати маро рад кунаду ба ман нарасад ва бо ман ишқварзӣ накунад, зери азобу шиканҷа қарор хоҳад гирифт ва як умр зиндонӣ хоҳад шуд».
ЗИНДОН АЗ ЗИНО БЕҲТАР
Суханони маликаро шунида Юсуф гуфт: «Зиндон беҳтар аст барои ман аз он чизе, ки маро даъват мекунӣ ба сӯи он».
Додаракони азиз, ба хотире ки Юсуф назди Хкдованд поку беолоиш монад, зиндонро ихтиёр кард. Хоҳиши малика назди шавҳар дар мавриди зиндонӣ кардани Юсуф фармон буд. Юсуфро кунҷи зиндон партофтанд, аммо ӯ аз ин ҳаросе надошт ва шукрона назди Худованд ба ҷо меовард, ки ӯ парҳезкору Худотарс аст ва аз кори баде худро дар канор гирифт.
ҲАМРОҲОНИ ЮСУФ
Зиндонӣ гаштанро Юсуф барои худ фурсати муносибе дар мавриди даъват ва имон овардани дигарон медонист. Ҳамроҳ бо Юсуф дар зиндон ду ҷавони дигаре буданд. Онҳо дар шахсияти Юсуф марди ботақво ва солиҳро медиданд ва ҳурмату эҳтироми ӯ ба ҷо меоварданд. Боре он ду нафар саҳар аз хоб бедор шуда ба назди Юсуф омада гуфтанд, ки хобҳои даҳшатноке дидаанд. Яке гуфт: Дар хоб дидам, ки оби ангур меҷафам. Дуввумӣ гуфт: Дар хоб дидам, ки нонҳои зиёде болои сари худ мебарам ва паррандаҳо аз он нонҳо мехӯранд. Ва таъбири хоби худ аз Юсуф пурсиданд.
РОҲИ ЮСУФ
Ҳазрати Юсуф шод шуд, зеро ӯ фаҳмид, ки зиндониён ӯро дӯст медоранд. ӯ хост аввал суханро аз имону боварӣ шурӯъ намуда, сипас таъбири хобҳои онҳоро гӯяд. Баъдан гуфт: «Ман бутҳоро напарастидам ва онҳоро ҳамчун Худо нашинохтаам, ба Аллоҳи ягона имон овардам ва барои ӯ таслим шудам. Кадоме аз ин ду роҳ беҳтар аст, эй дӯстон? Оё боварӣ ба Худо, ки офарандаи дунё ва инсон аст беҳтар нест? Ман Расули Худо ба сӯи мардум мебошам ва хобҳои дидаи шуморо таъбир хоҳам кард, иншоолоҳ хобҳои дидаатон амалӣ мешаванд. Таъбири хоби аввал ин аст, ки шахси хобдида аз зиндон мебарояд ва соқии шоҳ хоҳад шуд. Таъбири хоби дуввум он аст, ки хоб¬дида кушта хоҳад шуд.
ҚОИЛ ШУДАН
Аввалӣ ҳамчуноне, ки Юсуф (а) гуфта буд аз зиндон саломат баромад. Юсуф (а) пеш аз хориҷ шуданаш аз маҳбас ӯро таъкид намуд, ки ба шоҳ расонад, ки Юсуф (а) ба ноҳақ зиндонӣ шудааст. Локин ӯ фаромӯш кард ва ба шоҳ чизе нагуфт, магар баъди чанд сол, вақто шоҳ хобе дид ва талаб намуд, ки таъбирашро гӯянд. Дар он ҳол ин ҷавон Юсуф (а) -ро ба ёд овард ва гуфт, ки Юсуф (а) хобро таъбир мекунад. Юсуф (а) -ро ба назди шоҳ оварданд ва ӯ хоби дидаи шоҳро таъбир кард.
Шоҳ дар тааҷҷуб монд ва амр кард то Юсуф (а) -ро аз зиндон озод намуда ба назди шоҳ баранд, вале Юсуф розӣ нашуд ва гуфт, ки то бегуноҳ буданам ошкор нашавад аз зиндон намебароям. Малика завҷаи шоҳ қоил шуда гуфт: Дар ҳақиқат Юсуф (а) гуноҳ надорад, гунаҳгор ман ҳастам, зеро ӯро ба фаҳш барои худ талаб намудам, ӯ қабул накард, бинобар ҳамин ӯро зиндонӣ кардам. Дар асл ӯ бегуноҳ ва мазлум аст.
ВАЗИРИ МОЛИЯ
Аз ҷиҳати ахлоқи олӣ ва сифатҳои карима доштанаш ва бисёр хубу дуруст таъбир кардани хоби подшоҳ ба Юсуф (а) мукофоти хоҳиши худаш раисии молияи мамлакатро доданд. Обурӯю кордонии Юсуф (а) дар шаҳрҳо ва мамлакатҳои ҳамсоя паҳн шудан гирифт. Мардум барои тиҷорату савдо ба назди ӯ меомаданд, ки дар байни онҳо бародаронаш низ буданд. Онҳо ӯро нашинохтанд, аммо ӯ бародаронашро шинохт, вале ҳурмату иззаташонро ба ҷо оварда ба онҳо гуфт: Ҳар чӣ мехоҳед ман бароятон медиҳам ба шарте, ки чун дафъи дигар омадед он бародаратонро, ки дар хона аст ҳамроҳ биёред, то ба ӯ ҳам чизе бидиҳам.
Онҳо гуфтанд: падарамон иҷоза намедиҳад, ки мо ӯро дар сафарҳо бо худ бигирем, локин мо кӯшиш менамоем то падарамонро қонеъ гардонем ва дафъаи дигар ӯро низ бо худ биёрем.
Вақте, ки онҳо ба хона расиданд ва бо падарашон сӯҳбат намуданд аввал ӯ розӣ нашуд, локин матоъҳои онҳоро кушода дид, ки тамоми он чизҳое, ки барои фурӯш бурда буданд ягон чизашро Юсуф (а) нагирифтааст, баъди таъкидҳо ва васиятҳои зиёде розӣ шуд, то пи¬сари хурдиашро ҳамроҳи онҳо фиристад.
Корвон ба шаҳри Миср расид Юсуф (а) хеле шод шуд ва дар хилват ба бародараш гуфт: «Ман бародари ту ҳастам. Ман Юсуф (а) мебошам ва кӯшиш менамоям то ту дар назди ман бимонӣ." Баъди чанде бародаронашро барои бозгашт омода сохт ва борҳояшонро бастанд.
Ва дар халтаҳои бародараш бо супориши Юсуф (а) тарозуи шоҳро гузошта, сипас гуфтанд, ки тарозу гум шудааст, амр шуд то борхалтаҳои мусофиронро тафтиш намоянд, дар вақти тафтиш тарозу аз борхалтаи бародаре, ки аввалин бор омада буд ёфта шуд, ва ӯро ҳукм бароварда зиндонӣ карданд. Ҳамаи ин барои он буд, ки то бародари Юсуф (а) дар Миср монад.
Бародари калонӣ чизеро нафаҳмида ғамгин шуда гуфт: Ман ҳаргиз наметавонам бе бародари хурдӣ ба назди падарамон биравам, шумо биравед ва ҳодисаро ба падарамон нақл намоед ва гӯед: Писарат дуздӣ кард.
ҒАМУ АНДӮҲИ САХТ
Вақте, ки Яъқуб хабари фарзандашро шунид аз ғаму андӯҳ ва гиряи бисёр чашмонаш оқибат нобино шуданд. Сипас ба фарзандонаш гуфт: Аз раҳмату меҳрубонии Худованд ноумед нашавед ба шаҳри Миср рафта бародаронатро ҷустуҷӯ намоед. Бародарон ба шаҳри Миср рафтанд ва ҳикояи падарашонро дар назди Юсуф (а) нақп карданд. (Онҳо то ҳол ӯро намешинохтанд). Дар ин ҳангом Юсуф (а) гуфт: Оё шумо он чӣ пештар ба бародаратон Юсуф (а) кардед фаромӯш намудед?
Баъди ин савол онҳо ба чеҳраи Юсуф (а) хубтар нигоҳ карданд ва ба як овоз гуфтанд: «Оё дар ҳақиқат ту Юсуф ҳастӣ?!». Юсуф (а) дарҳол ҷавоб дод: Оре, «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Дар ҳақиқат касе, ки парҳезкор ва сабр намояд Худованд зоеъ намекунад аҷру музди хубкоронро».
ВОХУРӢ
Бародарон аз Юсуф (а) талаб намуданд то аз онҳо гузашт намояд ва онҳоро бубахшад. Ҳазрати Юсуф (а) қабул намуд ва куртаашро ба бародаронаш дод то курта муждае барои падарашон бошад. Юсуф (а) ба бародаронаш гуфт: Аҳлу аёлатонро ҳамроҳи худ биёред. Вақто бародарон назди падар расиданд ва куртаи Юсуф (а) -ро ба падар доданд, чашмони падар бино гаштанд. Фарзандон аз падари худ мехостанд, то аз гуноҳи хатогии онҳо дар гузарад, падар ҳам онҳоро авф намуд ва бахшид.
Сипас ҳамаашон ба шахри Миср назди Юсуф (а) омаданд. Ҳазрати Юсуф (а) падарашро бар минбар шинонд ва бародарон ҳама дар назди падар меистоданд. Хобе, ки Юсуф (а) дар кӯдакиаш дида буд амалӣ шуд.
Дар ин ҳол Юсуф (а) гуфт: «Эй Парвардигори ман маро подшоҳи додӣ ва омухтӣ маро аҳодис. Эй пайдокунандаи осмонҳо ва замин, Туӣ корсози ман дар дунё ва охират, мусалмон бимирон маро ва пайванд кун маро ва солиҳонро.
(идома дорад)
-
22.06.2025 14:51
138
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
260
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
272
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
495
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
599
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
486
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
140
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
144
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
216
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
978
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1689
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3380
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
137
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
121
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
136
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
511
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
759
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
879
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
459
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
495
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
468
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
762
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1016
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1883
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
626
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
605
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1797
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2117
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2109
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2325
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
529
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
472
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
948
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3070
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3512
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3503
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
657
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
680
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
625
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?