Номае, ки умедворкунанда аст…
Мактуби бетаҳрир
Редаксияи азиз, бо вуҷуди кам пайдо будани "Рӯзгор" ман хонандаи доимии Шумо ҳастам. Ҳар шумораи ҳафтаномаро пурсон мешавам.
Агар дар дуконҳо пайдо карда натавонам, аз шахсонеро, ки медонам онҳо ин рӯзномаро доимо мехонанд, хоҳиш мекунам то онро барои муддати кутоҳ ба ман бидиҳанд. Ҳар чанд дар "Рӯзгор" мақолаҳои аҷиб ба назар мерасанд, вале барои ман саҳифаҳоеро, ки дар он шеъру ҳикояҳо ҷо дода шудаанд ва саҳифаҳое, ки дар он дар хусуси санъаткорони тоҷик ва афғони сухан меравад, хеле писанд аст. Ҳикояти "Ашки модагург" маро хеле мутаассир сохт.
Дар охир ба Шумо миннатдории худро барои чопи ҳикояи шогирдонаам, ки онро муаллима Шарифова Шаҳодат ба редаксияи Шумо фиристода буд, арз мекунам: ба ростӣ боварӣ надоштам, ки навиштаи ман ҳам дар ин ҳафтанома ба табъ мерасад. Аммо "Рӯзгор"-и ҳамабин навиштаҳои маро сарфи назар накард. Аз Худованди Карим хоҳонам, ки рӯзгораш бобаракат ва бардавом бошад. Ҳоло аз навиштаҳои худ ҳикоятеро бароятон мефиристам. Қаблан онро ба устодонам хонда додам. Баъд аз муҳокимаи онҳо ва ҳидояти некашон он ҳикояти шогирдонаро ба Шумо мефиристам. Шояд ба қавли устодон "Дар ин гард ғуборе бошад".
Бо эҳтиром хонандаи синфи 7 "А" мактаби таҳсилоти умумии №54 ноҳияи Рӯдакӣ Зӯҳро Аҳмадова.
Пиразан ва муйсафеди меҳнаткаш
Боре шунида будам, ки дар замонҳои хеле қадим дар як деҳае муйсафед ва пиразане зиндагӣ мекарданд. Онҳо соҳиби фарзанд нашуда бошанд ҳам бисёр меҳнатдӯст ва меҳнаткаш буданд.
Ризқу рӯзиашонро аз меҳнати ҳалоли худ пайдо мекарданд. Агар фасли тирамоҳ наздик мешуд онҳо ба мисли мӯрчаҳои меҳнаткаш меҳнат мекарданду барои зимистон захира тайёр мекарданд. Фасли баҳор айёми кишту кор буд, муйсафед як миқдор гандумро гирифта ба назди пиразан бурду гуфт: Кампир! Биё ин донаҳоро бикорем, то дар фасли зимистон азоб накашем. Кампир гуфт:
-Эҳ муйсафед, аз куҷо қувватам мондааст, рафта ҳамсояро бигӯ то ба мо кӯмак бикунад. Муйсафед ноилоҷ ба назди дари ҳамсоя меравад, то бошад ки ба онҳо кӯмак расонад. Вай ҳамсояааш бисёр шахси танбал, ки буд ба ҳар гуна баҳонаҳо ҳоҳиши муйсафедро рад кард ва ба онҳо кӯмак нарасонд. Муйсафед бо ҳамроҳии кампираш бо як азобу машаққат заминро ҷуфт карда гандумҳоро коштанд.
Хушаҳои гандум сар кашида баромаданд ва пухта расиданд. Муйсафед барои гандумҳоро дарав кардан боз ба назди ҳамсояааш ба хотири кӯмак пурсидан омад. Ин дафъа низ ҳамсояааш бо ҳар гуна баҳона ба муйсафед кӯмак накард. Муйсафед боз бо ҳамроҳии кампираш гандумҳоро дарав карда, ба назди осиёб бурда орд карданд. Ҳамин тавр, онҳо бо меҳнати ҳалоли худ соҳиби якчанд халта орд шуданд.
Вале ҳамсояе, ки ба муйсафед кумак накарду ҳаргуна баҳонаҳоро бофт, дар зимистон азобҳои зиёд кашид ва файзу баракат низ аз хонаи ӯ кайҳо рафта буд.
Бале, мо бояд калонсолонро ҳурмату эҳтиром кунем. Агар кӯмак пурсанд, рад накунем. Орзу ва майлу хоҳиши онҳоро фаҳмида, барои иҷрои он кӯшиш кунем.
Зӯҳро Аҳмадова, хонандаи синфи 7 "А" мактаби таҳсилоти умумии №54 ноҳияи Рӯдакӣ
-
06.01.2026 20:24
322
Худогоҳии миллӣ ва муттаҳидии ҷомеа - посухи устувор ба ифротгароӣ ва терроризм
-
31.12.2025 13:59
520
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
-
24.12.2025 15:32
446
Паёми Пешвои миллат – ҳидоят дар роҳи созандагӣ
-
26.09.2025 12:42
674
«Мурофиаи судии Токио»
-
07.09.2025 20:36
747
«Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз»
-
08.05.2025 09:39
1459
Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!
-
22.12.2025 20:28
445
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
10.12.2025 17:00
420
Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
-
10.12.2025 16:54
483
Иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии “БОР”
-
24.12.2025 15:28
281
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
828
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
1859
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
17.01.2026 11:42
284
“Дар тарбияи кӯдакон масъул бошем! „
-
17.01.2026 11:39
300
“Тазими ҷашну маросим дар соли 2025 дар вилояти Хатлон”
-
17.01.2026 11:37
277
Таҳлилу ҷамъбасти иҷрои қонунгузории нақлиёт дар Хатлон
-
12.11.2025 14:38
528
«Давлатхоҷа Довудӣ муҳаққиқи бузурги марзи Хатлон!»
-
24.09.2025 19:57
766
«Синои тоҷик - фарзанди башарият аст!»
-
24.09.2025 19:54
987
«Абуалӣ Ибни Сино ва худшиносии миллӣ!»
-
10.12.2025 16:56
402
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
716
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
684
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
1802
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1862
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
2808
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
1438
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
1419
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
2632
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
21.11.2025 11:56
615
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
671
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
670
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
27.04.2025 14:10
1273
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
1448
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
1252
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
3817
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4006
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
4449
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
06.01.2026 01:02
551
Ҷанги маводи мухаддир не, ҷанги нафту доллар аст!
-
28.08.2025 19:30
942
Вақте ҳамлу нақл боҳуштар мешавад: Ӯзбекистон ба сӯи пешрафти технологияҳои рақамӣ ҳаракат мекунад
-
16.08.2025 12:02
878
Русия ва ИМА ба барқарор кардани муносибатҳо шурӯъ карданд










































