Бӯи Худо аз ҳама сӯ мерасад…
«Панҷ кор рӯза ва вузуро ботил мекунад: дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, нигоҳи шаҳватолуд ва қасами дурӯғ» (Канзул-уммол, 8/497 ба нақл аз Ашшомила)
Рамазони Шариф фаро мерасад. Камтар аз як ҳафтаи дигар монда, ки субҳро мо бо даҳони баста аз таом истиқбол мекунем ва тамоми рӯзро дигар бо ҳамин даҳони баста ба поён мебарем. Шабҳои мубораки тиловати Қуръону намози таровиҳ, ниёишҳо ба даргоҳи Худованди ҷаҳониён оғоз мегарданд. Як моҳи наздикӣ ба қурби Илоҳӣ, як моҳи поксозии рӯҳу тани гунаҳгор ва як моҳи созандагии ахлоқ.
Моҳе, ки соли дароз интизораш ҳастем, то тавбаҳои худро қабулшуда дарёбем, то аз гуноҳон худро нигоҳ дорем, то муҳаббати худро ба ҳамдигар афзун кунем, то неъмати гуруснагиро дарёбем, ки оқибати он хушии хотири Рабби олам аст. Ва ин моҳро сифатҳову шигифтиҳо басо зиёданд. Ин моҳ ҳама лутфи Худост, чун Офаридгор аз миёни 12 моҳ маҳз Рамазонро ба худ ихтисос додааст ва аҷри савоби ин моҳ комил пеши Худост, ки ғайр аз худи Ӯ касе дигар намедонад. Мо танҳо як нуктаро медонем: ҳар амали банда бо савоби бештар аз амалаш подош меёбад.
Дар "Дурратулвоъизин" ривоят шуда аз Расул (с), ки фармуд: "Ҳар кӣ фараҳманд гардад бо омадани моҳи шарифи Рамазон ҳаром мегардонад Аллоҳ Таъоло ҷасади ӯро ба оташи дӯзах. Гуфтаанд: Ё Расулаллоҳ (с) шаби аввали Рамазон чӣ гоҳе ояд. Аллоҳ Таъолло мегӯяд кист он ки дӯст медорад маро ва ман дӯст медорам ӯро ва кист он ки мағфират талабад аз ман мағфират кунам ӯро. Пас амр кунад Аллоҳи бузург дар моҳи Рамазон кироманкотибинро, ки нависед дар номаи аъмоли бандаи мӯъмин ҳасаноти ӯро, тарк кунед сайиоти ӯро ва маҳв гардонад Аллоҳ аз номаи аъмоли он банда гуноҳони гузаштаи ӯро".
Моҳи нузули Қуръон
Рамазон моҳест, ки дар он Қуръони Карим нозил шудааст. Ва на танҳо Фурқони азиз, балки ҳама китобҳо ба Пайғамбарони соҳибкитоб маҳз дар ҳамин моҳ нозил шудаанд.
Ривоят кунанд, ки Суҳуфи Иброҳим (ъ) дар шаби аввали моҳи Рамазон нозил шуд. Тавроти Мусо (ъ) баъд аз ҳафтод соли Суҳуфи Иброҳим (ъ) дар шаби шашуми моҳи Рамазон нозил гардид. Забури Довуд (ъ) баъд аз панҷсад соли Таврот дар шаби дувоздаҳуми моҳи мубораки Рамазон нозил шуда буд. Инҷили Исо (ъ) баъд аз ҳазору сад сол пас аз Забур дар шаби дувоздаҳуми моҳи Рамазон нозил гардида буд. Фурқони ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) баъд аз шашсаду бист соли Инҷил дар шаби бистуҳафтуми имоҳи Рамазон аз Арш ба осмони дунё нозил шуд ва ба муддати бисту се сол Ҷабраил (ъ) бо амри Худованди тавоно оят ба оят фуруд овард.
"Зубдатулвоъизин" ривоят мекунад, ки саҳобии киром ибни Аббос (р) гуфт: Шунидам аз Расул (с), ки фармуд: агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, ҳароина таманно мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад, ки тоати он мақбулу дуои он мустаҷоб ва гуноҳи он мағфур шавад, ки муштоқи рӯзадорон Биҳишт аст.
Ҷаннати муштоқ ба рӯзадор
Ривоят мекунад Ҷобир (р) аз Расул (с), ки фармуд: Ҳар гоҳе ки шаби охири Рамазон фаро мерасад, осмону замин ва фариштагон ба мусибати умматони ман гиря мекунанд. Асҳоб пурсиданд, ки ё Расулаллоҳ, ба кадом мусибат? Расул (с) гуфтанд, ки ба рафтани Рамазон гиря кунанд. Умматон дар моҳи Рамазон дуо кунанд мустаҷоб шавад, садақа кунанд қабул гардад, ҳасаноте кунанд, савоб дарёбанд. Рафтани Рамазон мусибати калон аст бар умматони ман.
Дар бораи фазилатҳои ин моҳи бузург зиёд ривоятҳо омада ва донистани онҳо муҳаббати бандаро ба Офаридгораш дучанд афзоиш медиҳад. Чунончӣ, "Равнақулмаҷолис" ривоят кунад аз Расул (с), ки Ҷаннат ба чаҳор гурӯҳ: тиловаткунандаи Қуръон, ҳофизи Қуръон, серкунандаи гуруснагон ва рӯзадорони моҳи Шарифи Рамазон муштоқ аст ва онҳоро ҳамвора интизорӣ мекашад.
Дар хабар омадааст ҳар гоҳе ҳилоли моҳи шарифи Рамазон рӯй намояд, Аршу Курсӣ ва Фариштагон нидо кунанд, ки башорат бод мар уммати Муҳаммади Мустафо (с)-ро, ки дар назди Аллоҳ Таъоло ба атоҳои фаровон ноил гаштанд. Дар осмон Офтобу Моҳ ва кавокиб ва дар ҳаво мурғон ва дар баҳрҳо моҳиён ва кулли мавҷудот омурзиши гуноҳони уммати Муҳаммад (с)-ро аз Парвардигори оламиён мехоҳанд. Аллоҳ таъоло ба фариштагон фармояд, ки савоби намозу тасбеҳи худро дар моҳи Рамазон ба уммати Муҳаммади Мустафо (с) бахшед.
Ва ин ҳикоятро аз "Зубдатулвоъизин" хондем: Овардааанд, марде буд номи ӯ Муҳаммад. Дар умри худ асло намоз намегузорид. Он ҳангоме, ки Рамазон дохил шудӣ, ҷомаҳои покиза пӯшида, худро хушбӯ сохта, намозҳои қазоии худро мехонд. Баъзе аз ёрони ӯ гуфтанд, ки соли гузашта асло намоз намехондӣ, дар моҳи Рамазон ин ҳама намоз хонданро боис чист? Ҷавоб дод, ки ин моҳи Рамазон моҳи тавба ва моҳи раҳмат ва моҳи баракат аст. Шояд, ки Аллоҳ Таъоло ба фазли худ гуноҳони маро авф фармояд.
Пас он мард фавтид. Дар хоб диданд ва пурсиданд, ки Аллоҳ Таъоло ба ту чӣ кард? Ҷавоб дод, ки ба сабаби таъзими моҳи шарифи Рамазон гуноҳони маро мағфират намуда, ба Биҳишти анбарсиришт дохил кард.
Таҳорату намози Рамазони шариф
Ҳазрати Умар (р) аз Расул (с) ривоят мекунад: шахсе аз уммати ман дар моҳи Рамазон хоб кунад ва аз ин паҳлу ба паҳлуи дигар ҳаракат кунад, фариштае гӯяд, ки раҳмати Худо ва баракати Худо бар ту бод, бархез вақти намоз аст ва агар ба нияти намоз бархезад, фирош гӯяд: Эй бор Худоё, ба ин банда аз фироши ҷаннат ато кун.
Ҷома гӯяд, эй бор Худоё, аз либоси Биҳишт ба ин банда ато намой. Наълан Худоё, собит гардон қадами ӯро бар Сирот ва аз барои таҳорат обдастро гирад, офтоба ва об гӯянд Худоё, ин рӯзадорро аз оби Кавсар сероб гардонида ва аз гуноҳ ӯро тоҳир гардон. Ба намоз шурӯъ кунад, хона ва масҷид гӯянд, бор Худоё, васеъ гардон қабри ӯро ва мағфират кун зунуби ӯро ва ба назари раҳмат нигоҳ кун ба ӯ. Худои ҷаҳониён гӯяд: Эй бандаи ман акнун намоз хондӣ, дуо кун, ки иҷобат кунам, талаби мағфират кун, ки омурзиш намоям.
Рамазону рӯзадор ва қиёмату Ризвон
"Зуҳратурриёз" ҳикоят кунад: Чун рӯзи қиёмат шавад, Рамазон ба сурати худ дар Маҳшаргоҳ дароят ва сар ба саҷда ниҳад. Аз Худованд нидо ояд, ки эй Рамазон, чӣ ҳоҷат дорӣ? Рамазон гӯяд: Илоҳо, имрӯз мехоҳам, ки ҳақгузорӣ кунам. Нидо ояд, ки ҳар киро хоҳӣ баргир, ки ба ту бахшидам. Рамазон ба атрофи Арасот сайр кунад, ҳафтод ҳазор аз аҳли гуноҳи кабираро шафеъ гардад. Аллоҳ Таъолло ба фазли худ онҳоро ба Рамазон бахшад. Боз Рамазон гӯяд, ки Илоҳо, ҳафтод ҳазор ҳур ато кун, бо ин ҳафтод ҳазор тазвиҷ кунонам.
Худованд ба лутфи худ ато кунад. Баъд аз он Рамазон бар Буроқ нишинад. Аз Худои ҷаҳониён нидо ояд, ки эй Рамазон, чӣ ирода дорӣ? Рамазон гӯяд: Ба Ҷаннутулфирдавс ба ҷавори ҳабиби ту Муҳаммади Мустафо (с) меравам. Нидо ояд, ки чӣ ирода дорӣ? Рамазон гӯяд, Илоҳо, имрӯз ҷамъи ҳоҷати маро бо фазлу карами худ барор, аз биҳишт сад шаҳр аз ёқути сурх ва забарҷади сабз мехоҳам, ки ҳар шаҳр ҳазор қаср дошта бошад, ҳар киро аз рӯзадор хоҳам, ба он ҷо диҳам. Парвардигор бо фазлу карами худ ҳама талаби ӯро ато намояд.
Ривоят мекунад Ибни Аббос (р) аз Расул (с), ки фармуд: Ҳар гоҳе ояд моҳи Рамазон Шараҳ ном бод ба фармони Худованд аз Арш вазида, баргҳои дарахтони Биҳиштро дар ҳаракат меорад. Аҳли Биҳишт гӯянд ин шамоли Рамазон аст, ки ба умматони марҳумаи Муҳаммад (с) мевазад. Ҳурулъйн муноҷот кунанд, ки Илоҳо, моёнро аз азвоҷи рӯзадорони уммати Муҳаммад (с) гардон. Гӯянд, ки ҳар кадоми он ҳуронро ҳаштод ҳулла бошад, ки ранги ҳар воҳид аз онҳо ба дигаре монанд набошад. Ҳар кадом он ҳуронро тахте бошад, пояи он ёқути сурх ва бофтаанд ӯро аз дурр. Ҳар кадом тахтро ҳафтод курпача бошад ва ҳафтод дастурхони пур аз таъомҳои рангоранг. Инҳо ҳама насиби рӯзадорони уммати Муҳаммад (с) хоҳанд шуд, иншоаллоҳ.
Ривоят мекунанд аз Расул (с), ки рӯзи қиёмат ба рӯзадорони уммати ман Худованди Маннон ду бол ато кунад, ки парвоз карда, ба девори Биҳишт омада нишинанд. Ризвон пурсад, ки шумоён чӣ касонед, ки парвозкунон омадед? Онҳо гӯянд, ки мо аз рӯзадорони уммати Муҳаммади Мустафо (с) ҳастем. Ризвон гӯяд, ки ҳисоби шумо дар қиёмат чӣ гуна гузашт? Посух диҳанд, ки мо ҳисобро надидем. Ризвон гӯяд, ки аз Сирот ба чӣ навъ гузаштед? Онҳо гӯянд, ки мо Сиротро надидаем. Ризвон пурсад, ки ба кадом хислат ин дараҷаро ёфтед? Онҳо гӯянд, ки дар дунё миёни мо ва Худованд сирре буд, аз ин ҷиҳат дар охират ҳам ба сабаби он аз гӯр сар бардошта, ба Ҷаннат омадем. Ризвон пурсад, ки он чӣ сирре буд? Гӯянд, ки доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон.
Ризои волидону ризои Худо
Анас бинни Молик (р) аз Расул (с) ривоят кардааст, ки фармуд: "Ҳар зане, ки дар моҳи мубораки Рамазон ризои шавҳарашро ёбад, савоби ҳазрати Марям ва ҳазрати Оиша (р)-ро дарёбад. Ҳар фарзанде, ки ризои падару модарро дарёбад, Худованд ба назари раҳмат ба он банда назар андозад, ман кафил мешавам, ки дохили биҳишт мегардад. Ҳар ки аз уммати ман ҳоҷати бародари мӯъминро барорад, Худованд ҳар ҳоҷати ӯро дар қиёмат муяссар гардонад. Ҳар кӣ масҷидеро дар Рамазон ба чароғе равшан кунад, Худованд қабри ӯро мунаввар гардонида, ба адади намозгузорони он масҷид дар номаи он савоб нависанд.
Овардаанд, ки Худованд ҳар шаби Рамазон се маротиба нидо кунад, ки ҳеҷ суолкунанда бошад, ки ҳоҷати ӯро раво гардонам, ҳеҷ тавбакунандае ҳаст, ки тавбаи ӯро қабул кунам, ҳеҷ омурзишхоҳ ҳаст, ки мағфират намоям?
Оре, моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад, дарҳои раҳмати Илоҳӣ боз мешаванд, тавбаҳо беш аз ҳар вақти дигар қабул мегарданд. Пас аз ин фурсат истифода барем, пас талаби омурзиши гуноҳон кунем, талаби ҳоҷат кунем, ки ваъдаи Худованд аст, ки иҷобат кунад.
"Рӯзгор"
-
01.06.2025 19:19
177
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
29.05.2025 11:19
227
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
-
29.05.2025 11:16
183
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
-
07.05.2025 23:59
404
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
509
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
379
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
01.06.2025 19:16
203
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати воломақоми вилояти мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин
-
01.06.2025 19:14
166
Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ёвари Дабири кулли СММ, Директори минтақавии Барномаи рушди СММ Ивана Живкович
-
30.05.2025 00:36
210
Вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Латвия
-
14.10.2024 18:41
869
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1581
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3274
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
09.06.2025 13:03
118
Шарифа Худобахш: «Тадқиқоти криосфера бояд ба низоми идоракунии захираҳои об ворид карда шавад»
-
03.06.2025 16:17
153
Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе
-
01.06.2025 19:11
151
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ
-
20.03.2025 11:59
422
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
654
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
804
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
369
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
400
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
383
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
655
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
933
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1777
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
504
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
489
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1700
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
03.09.2021 08:38
2023
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2227
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.06.2019 05:52
2912
Муборак, ҳамватан, паймони ваҳдат!
-
19.04.2025 15:59
421
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
380
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
839
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
2974
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3421
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3402
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
576
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
602
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
542
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?