08:57:05 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ба пешвози вохӯрии Президент бо руҳониён

Шарифҷон Собиров, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ

Дар назар аст, ки қабл аз моҳи шарифи Рамазон вохӯрии Президент Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони рӯҳонии кишвар баргузор гардад. Воқеъияти чаҳор соли ахири муносибати давлат (дар симои ҳукумат) бо дин баргузории чунин мулоқотро ба амри ниҳоят зарур мубаддал кардааст. Дар ин самт суолҳои зиёде халқ шудааст, ки аз посухаш зиёдтар асту танҳо мавқеъи раҳбарияти давлат нуктаи ниҳоӣ дар ин муносибот хоҳад буд.

ustod nuri 25062013Интиҳои даҳсолаи дуввуми давлатдории миллии тоҷикон умедвориҳоеро дар муносибати давлат бо дин ба миён овард. Ҳукумат дар сатҳи бениҳоят чашмрас соли гиромидошти Имоми Аъзамро таҷлил намуд. Ин маърака мушкилоти мавҷуда миёни дин ва ҳукуматдоронро пӯшиш дод ва масъалаҳое назири манъи пӯшидани рӯсарии исломӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва амсоли инро зери соя бурд. Гӯё ҳеҷ мушкиле миёни давлатмардон ва дин намонда бошад…

Аммо рухдодҳое, ки соли 2010 ва аз он ба баъд ба вуқуъ пайвастанд, минбаъд, ба андешаи мо, нигарониҳоеро дар миёни гуруҳе аз диндорон ва бархе аз таҳлилгарон дар масъалаи муносибати давлат бо дин ва диндорон ба вуҷуд овардааст, ки мо дар ин ҷо мухтасаран аз бархе аз онҳо ёдовар мешавем. 

Соли 2010 мубориза алайҳи ҳиҷоб идома ёфта, мушкил бо ришдорон пеш омад. Ҳодисаҳое аз соли 2010 ба хотирҳо монд, ки дар натиҷа ҳатто футболбози ришдорро аз майдони бозӣ берун карданд. Барои бонувони ҳиҷобдор ҳатто як муддат дар бозор савдо кардан мушкил шуд. Раҳбарияти давлат даъват намуд, ки ҷавонҳое, ки дар кишварҳои мусалмонӣ таҳсил мекунанд, ба Ватан бозгардонда шаванд.

Маҳз дар ҳамин сол Кумитаи дин дубора таъсис ёфт. Минбаъд пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар ин самт гардид. Соли 2010 шайх Амонуллоҳ Неъматзода, раҳбари Маркази исломии Тоҷикистон вафот кард. Ба ҷои ӯ, ки 14 сол ин ниҳодро раҳбарӣ мекард, Саидмукаррам Абдулқодирзода муфтии мусалмонон интихоб гардид. Ба фарқ аз муфтии собиқ раҳбари нав аз чеҳраҳои хабарсоз дар фазои динии кишвар гардид ва аз фаъолони фазои динии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳодисоти соли баъд дурии миёни давлату бархе аз гуруҳи диндоронро боз ҳам амиқтар намуд.

Дар соли 2011 Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд ба тасвиб расид, тибқи моддаи 8-и он ба масҷид рафтани наврасони то 18-сола манъ гардид. Ин банди қонун дар дохилу хориҷи кишвар вокунишҳоеро ба бор овард. Дар ин сол расонаҳо дар бораи ба дари чанд масҷиде аз ҷониби Кумитаи дин қулф задан хабар нашр карданд. Ба қайди давлатӣ гирифтани масҷидҳо сар шуд.

Агар хато накунем, ибтидои ҳамин сол фани таълимии "Маърифати исломӣ" аз мактабҳои ҳамагонӣ бардошта шуд. Хонандагон ҳатто як сол ҳам аз ин фан таълим нагирифтаанд. Дар ин сол тасмиме гирифта шуд, ки китобҳои мазмуни динидошта бе ташхис ба Тоҷикистон ворид кардан мумкин нест ва нашри беташхиси он иҷозат надорад. Баҳси доғи сол дар атрофи маросими "Ошӯро" миёни раҳбарияти Шӯ–рои уламо ва оилаи Тураҷонзодаҳо барпо шуд, ки то соли баъд идома ёфт.

Шояд баъзе аз ин корҳое, ки дар ин самт аз ҷониби ҳукумат анҷом дода шуданд, ба мақсади беҳбуди вазъ дар ин соҳа буд, вале шеваи бархӯрд ва натиҷа ҳамин буд, ки Тоҷикистонро дар бархе аз расонаҳо ва санадҳои марказҳои таҳлилии байналмилалӣ ҳамчун "кишвари таҷрибадор дар нақзи озодиҳои мазҳабӣ" унвон карданд.

Дар ибтидои соли 2012 хабари топи расонаҳо боз аз Кумитаи дин буд. Масъулини ин ниҳод ба масоҷиди кишвар дастур додааст, ки номгӯи кормандони худро таҳия намоянд. Ҳадаф аз ин тасмим пардохти молиёт ба буҷа арзёбӣ мегардид. Яъне бояд кормандони масҷид ҳам андоз месупориданд. Ибтидои соли 2012 яке аз номдортарин имомхатибон дар шаҳри Душанбе Мулло Абдураҳим, имомхатиби масҷиди маъруф ба "Қазоқон" аз вазифааш сабукдӯш гардид.

Ин аввалин сабукдӯшнамоии имомхатибон набуд. Пештар аз ӯ воъизи маъруф Ҳоҷӣ Мирзо, имом хатиб дар масҷиди "Ҳилоли Аҳмар" дар шаҳри Кӯлоб, Ҳабибуллои Аъзамхон, имомхатиби масҷиди "Сари осиё"-и шаҳри Душанбе, эшони Нуриддинҷон имом-хатиб дар  масҷиди "Муҳаммадия" дар деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат аз вазифаҳояшон барканор шуданд. Ҳамаи ин бесару садо ва бетаъсир ба муҳити мазҳабӣ набуд.

Ин ва дигар амалҳоро таҳлилгарон ҳамчун як барномае маънидод мекарданд, ки ҳукумат баҳри танг намудани мавқеъи дин дар ҷомеъа роҳандозӣ менамояд. Гуфта мешуд, ки ҳукумат аз мазҳабишавии ҷомеъа нигарон гардида, ҳарчи талош дорад, ки аз он пешгирӣ шавад. Бархе аз амалкардҳои ҳукумат ба маънои пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ифротгароӣ маънидод карда мешуд. Ба монанди ин ҳодисоти кам набуд, ки он ҳама баёнгари чигунагии муносибати давлат ба дин дар Тоҷикистон мебошад.

Ҳамаи ин ҳодисот дар давоми солҳо суолҳои бепосухеро ба вуҷуд овард. Аммо ягон ниҳод омода набуд, ки посухи мантиқӣ ва ҷавобгӯ ба вазъро бидиҳад.

 Дар ин шароит гузаронидани вохӯрии Президент бо рӯҳониён дар роҳи ҳаллу фасл кардани баъзе аз масъалаҳои муносибати давлат бо бархе аз гуруҳи диндорон як иқдоми хеле муҳим аст ва умедвориҳоеро низ ба бор овардааст. Бале, баррасии давлатмеҳваронаи ин масоил ба ояндаи давлатдории миллии тоҷикон рабт дорад.

Дар вазъи ҳассоси минтақа, ки таваҷҷӯҳи абарқудратҳои ҷаҳонӣ ба он равона гардидааст, канор гузоштани масоили доғи мазҳабӣ-динӣ мувофиқи мақсад нест. Ҳукуматро зарур аст, ки аз нерӯи рӯҳониён баҳри тақвияти ваҳдат истифода намояд. Бахусус, муносибат бо муллоҳо ва эшонҳои суннатӣ дар чунин шароит ҳар замон метавонад боис ба дигар гардидани вазъ шавад. Таърих ва сиёсати амалии давлату миллатҳои алоҳида исбот намудаанд, ки такя бар дин гарави ваҳдати миллат ва рушди давлатдории миллӣ хоҳад буд.

Чунин равандро аз таҷрибаи давлатдории арманиҳо, русҳо ва яҳудҳо мушоҳида намудан мумкин аст. Баҳамоии арзишҳои диниву миллии се миллати номбаршуда, дар давоми таърих на танҳо ба ваҳдати миллии онҳо мусоидат кард, балки бақои миллату давлаташонро таъмин кард. Русҳоро шохаи православии дини насронӣ, арманиҳоро калисои григорянии худ ва яҳудҳоро ба қавли худашон "дини қавми хоса"-ашон дар тӯли таърих наҷотгарашон будааст.

Фарҳангу тамаддун, адабиёту илми мо низ аз ҳазораҳои пеш аз милод бо дин ҳамсонӣ доштааст. Чи дар қиссаву ривоятҳои "Шоҳнома" ва чи дар асарҳои таърихии баъдӣ мебинем, ки ҳамеша давлатмардон ва давлатҳои гузаштагони мо на танҳо созиш, балки равобити танготангеро бо дин доштаанд. Инчунин, дар таърихи миллатамон надорем шахсияти матраҳеро, ки берун аз дини ислом номвар гардида бошад.

Ин анъанаи накӯ, ки дини ислом пайваст бо ҳаёти мо дониста мешуд, дар замон Шӯравӣ аз миён рафт. Ҳатто яке аз сабабҳои шикасти империяи Шӯравиро дар он мебинанд, ки дар симои диндорон душману динро манбаи ҳама бадиҳо медонистанд. Дар ҳеҷ давру замон нохун задан бо эҳсоси мардуму маҳдуд кардани ниёзҳои фитрӣ бақои давлатеро таъмин накарда, балки нерӯи эътирозиро боло бурдааст…

Дар замони истиқлолият шароите фароҳам омад, ки мардуми тоҷик ба арзишҳои волои милливу динии худ дастёб гардад. Аммо интизориҳои мардум бештар аз он аст, ки имрӯз давлатмардон рӯи он иктифо кардаанд. Ҳукумат ҳам дар навбати худ барои амалҳояш дар самти дин далелҳое дорад, ки дар шароити феълии минтақа аз он чашм пӯшидан ғайриимкон аст.

Хостаҳои мардум низ, бархоста аз ниёзҳои фитриашон бахусус мазҳабу дин аз тавони ҳукумат боло нест. Рӯёрӯии дину давлат дар ҳама вақту замон бар зарари дуввумӣ ба охир расидааст. Муҳимтарин амале, ки дар ҳамин марҳала ҳукуматдорон аз ба анҷом расондани он ба миллату давлат ва дин манфиат хоҳанд овард, аз ҳолати рӯёрӯии берун кардани давлат ва дин мебошад.

Яке аз омилҳо ташвишовар барои ҳукуматҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мазҳабишавии ҷомеа бахусус ҷавонон мебошад. Эҳсоси хатар намудан аз мазҳабишавии ҷомеа пеш аз ҳама дарак аз он аст, ки ҳукумат ин равандро зери назорат надорад. Дар ҳоле, ки чунин имкон вуҷуд дорад. Вақте як ҷавон ниёзҳои диниашро дар мактабу масҷид озодона бароварда карда наметавонад, дар таъмини он дасткӯтоҳӣ эҳсос мекунад, бехудогоҳ тӯъмаи равияҳо гуногун мегардад.

Ӯ ба манбаъе, ки мустақиман аз мазҳаби ҳанафӣ сухан гӯяд, дастрасӣ надорад. Аммо дар ҳамин ҳол шабакаҳои телевизионӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет ва гурӯҳҳои пинҳонкори мазҳабӣ барои ҷавонҳо маълумотҳоеро пешниҳод менамоянд, ҳеҷ гоҳ ба хостаҳои давлатдории миллии мо мувоффиқ набуд. Бар зами ин ҷавонҳои мо иртиботи мустақим бо чунин манбаъҳо барқарор карда метавонанд.

Таҷрибаи исботшуда дар кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳукуматҳо барои огоҳии мардум аз дин ҳам аз маориф, радио, телевизион ва ғайра васеъ истифода мебаранд. Дар мактабҳои ҳамагонӣ барои муҳассилин дарсҳои динӣ роҳандозӣ намудаанд, аз ҷумла дар Олмон. Дар шабакаҳои телевизиониву радиоӣ барномаҳои мазҳабиву динӣ пахш мекунанд, ба мисли Русия.

Дар шабакаҳои телевизионии Русия, ки дар қаламрави мусалмоннишини он пахш мешавад, ҳамвора барномаҳои хусусияти мазҳабидошта пахш мегардад. Дар бораи истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҳоҷат ба сухан нест. Яъне аз ҳама ин роҳҳои таҷрибашуда Тоҷикистон низ бо ҷалби рӯҳониёни пурнуфузи дар ҷомеа матраҳ метавонад кор бигирад.

«Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi