03:11:35 22-уми Октябри 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АБДУШАРИФ БОҚИЗОДА: ТАМОМИ ҶАҲОН БА МАЪРИФАТИ ИСЛОМӢ НИЁЗ ДОРАД

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо Абдушариф Боқизода, муаллифи «Тафсири навини Қуръони карим» мусоҳибае доир намуд, ки ҳамакнун мӯҳтавои онро пешкаши Шумо муштарии гиромии сомона менамоем.

-Мехостам дар бораи зиндагиномаи худ чанд сухан мегуфтед?

Абдушариф Бокизода- Падарам зодаи кӯҳистони Қаротегин дар Душанбе зиндагонӣ мекард. Боз ёди Ватан карду ба кӯҳистон баргашт. Худи ҳамон сол, аниқтараш 10-уми январи соли 1964 ман дар Қаротегин таваллуд шудам. Падарам махдуми Боқиҷон агарчӣ илми шаръияш он қадар боло набуд, вале форсихону қуръонхон буд. Модарам ҳам аз як хонаводаи табибони машҳури деҳи Мулло Бадал, аз хонаводаи мулло Ҷалолиддин буданд. Таҳсилот дар мактаби миёна хуб ба роҳ монда шуда буд.

Дар паҳлӯи вай тавонистем, ки хондани Қуръон, миқдоре аз пораҳои Қуръон, алифбои ниёгонро ҷое аз худ кунем. Шиносоии хуби муқаддамоти пайдо карда будем. Марҳуми падарам чун ҳушёриву салиқаи моро мушоҳида кард, моро аз машғулиятҳои зиндагӣ фориғ намуда ба пеши устодоне, ки дар ҳамон замону макон вуҷуд доштанд, равона кард.

Пас аз хатми мактаби миёна падарам маро барои идомаи таҳсил ба ноҳияи Қӯрғонтеппа ба назди домулло Раҷаб фиристод. Пас аз он, ки мустақилона вориди мавзӯъҳо шудем, дигар ба пеши домуллоҳои зиёде интиқол ёфтам. Баъд ба шаҳри Душанбе омадам. Хулоса дар ҳамон замони шӯравӣ таҳсилоти динии худро дар пеши домуллоҳои машҳур дар Қӯрғонтеппа, Душанбе, Ваҳдат гузаронидам. Азхудкунии илмҳои сарфу наҳв, фасоҳату балоғат, тафсир, шиносоӣ бо илми ҳадису риштаҳои мухталифи ҳадисшиносӣ, ҳифзи як миқдор аз ҳадисҳо дар ҳамин давра сурат гирифт.

Маҳз дар ҳамин давра ба навиштани баъзе аз рисолаҳои худ шурӯъ кардам. Ҳамзамон то он ҳаде, ки дар он замон имконият даст медод, ба таълими бархе аз шогирдон низ машғул шудам. Аввалин рисолаеро, ки навиштам соли 1985 буд ва «Ислом раҳнамои халқҳо» ном дошт.

-Дар он замон навиштани чунин рисолаҳо ҷуръат кор дошт.

-Бале, таълими бачаҳо низ кори душвор буд ва хавфи бештар дошт. Устодон низ аз навиштани чунин чизҳо сарфи назар мекарданд. Дарс доданро тарҷеҳ медоданд. Як китоби дигар бо номи «Таърихи ислом» миёнҳаҷм, дар ду ҷилд, тахминан солҳои 1986-87 омода ва нашр карда будам.

-Бо эҳтимоли зиёд дар он замон ин китобҳо пинҳонӣ чоп мешуданд?

-Бале, дар чопхонаҳои расмӣ ин гуна китобҳоро озод чоп намекарданд. Онҳоро дар бархе аз чопхонаҳо пинҳонӣ чоп мекардем. Баъдан ба шогирдон тақсим карда медодем. Мутаассифона, баъди воқеаҳои маълум мо низ муҳоҷират кардем, китобҳоямонро ба ҳар кас доданд. Бинобар ин нусхаҳои ин китобҳо хеле камчин шудаанд. Худам низ дар ҷустуҷӯи ин нусхаҳо ҳастам. Мехоҳам онҳоро як бори дигар бознигарӣ кунам.

-Ба навиштани китоби «Фиқҳи исломӣ» ва «Тафсири навини Қуръони карим» аз кай шурӯъ кардед?

-Аз солҳои 1998-99 шурӯъ кардам ба омода кардани «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ». Ҷараёни омодасозии ин китоб хеле тӯл кашид ва то соли 2006 идома кард. Мо мехостем, ки ҳамин арзишҳои фиқҳие, ки ислом дорад, ҳарчанд мо дар як ҷомеъаи дорои характери дунявӣ зиндагӣ мекунем, барои такоммули шахсиятҳо ва сохтани шахсиятҳое, ки дар ҳамин муҳит барои миллату Ватан хизматҳои шоёнеро анҷом диҳанд, метавонад, ки нақши муҳимро бозанд.

Аз сӯи дигар дини мубини исломро Худованд омили рушди иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар паҳлӯҳои фитриву шахсияти инсон дар зиндагиаш фиристодааст. Дар ҳар муҳите, ки мо агар аз он ба таври фаҳмида дар доираи фаҳми мӯътадилона баҳра бигирем , ислом барои мо баҳраҳои маънавӣ дода заминаҳои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеъаву кишварро таъмин мекунад. Яке аз муҳимтарин омили рушдро Худованд ба назар гирифта ин динро фиристодааст.

Ҳеҷ гоҳ дин наметавонад омили ақибмондагии ҷомеъа бошад. Чунки тарҳи як консепсия ва ё як докторинаро як Институти байналмилалӣ ё ин ки андешамандони як кишвар барои кишвари худ мерезанд, ҳатто ҳаминҳо хайри ин кишвари худрову шукуфоии онро мехоҳанд. Пас дар дине, ки аз сӯи Худованд фиристода шудааст, ҳатман ҳамаи ин чизҳо дар назар гирифта шудааст. Зеро Замину коинотро Худованд худаш халқ кардааст.

-Китобҳои зиёде то ин дам дар ин самт навишта шудаанд. Оё дар ин марҳила чи зарурате буд, ки боз чунин китобҳо таълиф шаванд?

-Маҷмӯаи нафиси фиқҳи исломӣ ва дигар риштаҳои илмӣ, донишҳое, ки дар ислом вуҷуд дорад, аз паҳлӯҳои гуногун мавриди баррасии донишмандон дар тӯли бештар аз ҳазор сол қарор гирифтаанд. Аммо чизе ки барои ҷомеъаи мо як андоза норасо ва ё нотамом боқӣ монда буд, ҳамин буд, ки ба забони имрӯзаи ҳамин мардум ба як сабки фаҳмо барои аҳли ҷомеъа ва ҳампои ин пешрафтҳову дастовардҳои азими илмие, ки имрӯз башарият ба онҳо расидааст, китобе таълиф шаваду пешкаш гардад. Кӯшиши мо ҳам бисёртар дар ҳамин самт ба роҳ монда шуда буд.

Мехостем, ки ба сурате омода шавем, ки тамоми ҳавзаҳои илмиву фарҳангии кишварамон чи диндорҳо, чи марказҳои илмӣ ва марказҳои қонунгузории мо аз назари муқоисавӣ ин китобро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода битавонанд. Дар марказҳои қонунгузории мо бо диди васеътаре агар ин китобҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор бигиранд, шояд қонунҳо комилтару мукаммалтар мешаванд. Пухтатар мешаванд. Шояд қонунҳо ба сурате қабул шаванд, ки дар ҳар сари насл ба иваз кардани онҳо эҳтиёҷ наафтад. Як мудати дарозтаре онҳо кор кунанд. Як чизе эҷод шавад, ки солҳои зиёд ба дарди ҷомеъа бихӯрад.

Ман дар болои китоби «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» қариб 6-7 сол кор кардам. Се маротиба чоп шуд. Нашрҳои аввал албатта бе камбудӣ набуданд. Эроду пешниҳодҳоро ба назар гирифта инак бо иловаҳо маротиба саввум онро ба нашр расондем. Мардум ҳам онро гар истиқбол гирифт.Ман аз олимони АИ ҶТ хеле сипосгузорам, к и бо як шеваи хуб дар муаррифии китоб ба мо мусоидат карданд.

-Донистани «Фиқҳи исломӣ» дар давраи ҷаҳонишавӣ ба фикри шмо чи аҳаияте дорад?

-Фиқҳ ин аслан як захираи бисёр нафису гаронмояи ҳуқуқ ҳаст, ки на танҳо барои кишварҳое, ки дар зимну дастуроти аҳкоми исломӣ зиндагӣ мекунанд зарурат дорад, балки ҳатто истифодаи он ба ҷомеъаи дунявӣ аз аҳамият холӣ нест ба хусус дар марҳилаи кунунӣ. Имрӯз худи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, кишварҳои мутамаддин ва ё аз ҷиҳат иқтисодиёт пешрафтаи ғарбӣ дар муҳитҳои ҳам идориву давлатӣ ва ҳам муҳитҳои фарҳангиву илмии онҳо ба хулосае омадаанд, ки аз ҳамин хазинаи қонунгузорӣ истифодаи васеъ намоянд. Ҳатто васоити ахбори омма ин масъаларо борҳо мавриди пӯшиши худ қарор додааст.Масалан дар Англияву дигар кишварҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ақаллиятҳои мазҳабӣ дар асоси ҳамин қонун амал кунанд, ин ба нафъи ҳамон ҷомеъаҳо аст.

Дини ислом дар маҷмӯъ як тарҳи мутакомили Худовандӣ ҳаст, ки агар ҳамин тарки мутакомил ба ҳамон сурати комилаш мавриди баррасӣ ва омӯзиш ё дар ҳаёт амалан татбиқ шавад, зебоиҳои он бештар зуҳур мекунанд. Дар пешрафти ҳаёти инсон ештар таъсири мусбат мерасонад. Вале дар чунин ҷомеъаҳои дунявӣ, ки ба пуррагӣ татбиқи он ғайриимкон аст, агар паҳлӯҳое аз арзишҳои ахлоқиву маънавии гирифта ба кор бурда шавад, ҳатто ҳамин ҳам дар ҳамин сурат нақши ҳаётан муҳиму созандае барои миллату кишвари мо ба бор оварда метавонад. Имрӯз бино ба оморе, ки дар назди Созмони байналмилалии беҳдошт ва ЮНИСЕФ-и СММ ба қайд гирифта шудааст, дар масъалаи бемориҳои муҳими аср, масалан, паҳншавии СПИД дар кишварҳо, агар назар афканем, дар миқёси ҷаҳон тақрибан 50 миллион нафар гирифтори ин касалӣ мебошад.

Аниқтараш ҳамин миқдор инсонҳо ба қайд гирифта шудаанд, Шояд шумораи онҳое, ки ба қайд гирифта нашудаанд низ кам набошад. Аз ҳамин 50 миллион бисту чаҳор миллиони он, яъне тақрибан нисфи он, ба қитъаи Африқо рост меояд. Як чизи аҷиб ба мушоҳида мерасад. Кишварҳое, ки дар шимоли Африқо ҷойгир шудаанд, аксаран кишварҳои исломианд. Масалан Миср, Судон, Тунис ва ғайра. Ин кишварҳои сераҳолии қитъаи Африқо мебошанд.

Вале вақте мушоҳида мекунӣ, ки аз 24 миллиони гирифтори касалии СПИД дар ин кшварҳо теъдоди маҳдуди одамон, тақрибан танҳо ҳазор ё ду ҳазор нафарӣ дар ҳар кишвар, ба ин касалӣ гирифтор шудаанд, ба бузургии дини мубини ислом, ба азамати он як бори дигар қоил мешавӣ. Фарҳангӣ исломӣ мардуми ин кишваҳоро аз ин балои аср наҷот додааст. Маблағҳои ҳангуфт ҳам агар сарф мекарданд, агар фарҳанги исломӣ намедоштанд, пеши ин касалӣ гирифта намешуд.

-«Тафсири навини Қуръони карим»-ро ҳамзамон менавиштед?

- Не, баъди таълифи китоби «Фиқҳ» бо ташвиқи бародарону дӯстон ба навиштани «Тафсири Қуръони карим» пардохтам. «Тафсири Қуръони карим» фарогиртар аз ҳама илмҳо ҳаст. Навиштани ин китоб андешаи амиқ зарурат дошт. Агар ба тарҷумаи ҳоли тафсирнависон давру замонҳои мухталиф ва кишварҳои гуногн назар андозед, ба рӯшанӣ мебинед, ки барои тафсири пурраи Қуръони шариф на камтар аз даҳ соли умри худро сарф кардаанд. Бархе аз онҳо 17-20 соли умри худро барои таълифи тафсири Қуръони маҷид додаанд. Ба ҳар ҳол тафсиреро, ки як нафар навиштааст, наметавон гуфт, ки он дарбаргирандаи тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ ҳаст.

Ман бисёр мехостам, ки чунин як кори муҳим дастҷамъона сурат мегирифт. Дар услуби академӣ. Он гоҳ ин тафсир ба назари ман мукаммалтар таълиф мешуд. Айнан ба он услубе, ки дар марказҳои илмӣ ва пажҳишӣ лоиҳаи қонунҳоро таҳия мекунанд ва барои тасдиқи парлумонҳо пешкаш менамоянд. Вале албатта дар ҷумҳурӣ сабабҳои объективие буданд, ки монеи ба ин шакл таълиф гардидани  китоби «Тафсири Қуръони карим» шуданд. Мо, ки вақти зиёдтар доштем, шурӯъ кардем ба навиштан. Ҷилди аввали Тафсири Қуръони навин чор пораи аввали онро дар бар мегирад. Истиқболи гарми олимону мутахассисон нишонгари он аст, ки кор то ба инҷо ба хубӣ анҷом гирифтааст.

Ҳарчанд ин манбаъи ҳидояти маърифат бармегардад ба чаҳордаҳ аср қабл, аммо аз сӯи Худованде, ки илми мутлақи фарогир ва қудрати мутлақ дорад, аз сӯи ҳамон зоте фиристода шудааст, ки маҷмӯаи зарфиятҳои илмиву арзишии он барои як умри башарият кифоят мекунанд ва барои ҳар замоне созгор ҳастанд. Аммо ин вазифаи донишмандону андешамандони ҳар аср ҳаст, ки битавонанд ба забони ҳамон давраи худашон онро мутобиқ кунанд ва пешкаши мардуми хеш бигардонанд. Яке аз оятҳои Қуръони карим мефармояд, ки «Мо ҳар пайғамбареро, ки фиристода бошем, ба забони қавми худаш фиристодем».

Худаш Қуръон ба мо мефаҳонад, ки барои ҳар даврае, ки ташаккули забонӣ, ташаккули арзишҳои маънавиву иҷтимоӣ як андоза бо таҳаввулоте, ки меояд дар тӯли зиндагӣ ба сӯи такомули худаш сайр мекунад, мутобиқ ба вай битавонанд арзишҳои исломро бирасонанд. Бештари талоши мо дар ҳамин паҳлӯ сарф шуд, ки битавонем ҳамин Қуръонро аз паҳлҳои гуногунаш ворид бишавем. Қуръон танҳо як мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор надодааст. Яъне ба ҳамон андозае, ки ҳаёти инсон, зиндагии инсон башарият печидааст. Як бофти баҳамомехта аст зиндагии инсон. Инсон ҳаёти хонаводагӣ дорад, мушкилоти фардӣ дорад, гоҳҳо дар ҷомеъа муносибати иҷтимоӣ дорад.

Яке аз муваффаққиятҳои таълимоти Қуръон ҳам дар ҳамин аст, ки бо ҳамин маҷмӯаи гунгунбофти баҳампечида бо ҳамин шакли гуногунбофтиву гуногунбархӯрдиву  гуногунмавзӯъӣ сару кор гирифтааст ва тавонистааст, ки ҳаёти ҳамин инсонро бисозад. Ҳатто дар як ояти карима лаҳзае сухан аз боби ҳаёти хонаводагӣ равад агар, лаҳзаи дигар аз боби психологии инсон гап меравад. Ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёт ба ҳам печидаанд. Муҳимтарин ҳадафи Қуръон сохтани шахсияти инсон аст. Ба камол расондани инсонияту одамият дар вуҷуди инсон аст.

То ҳамин ки аз ҳамин маҷмӯи афроду шахсиятҳое, ки сохта мешаванд, як ҷомеъаи озоди шаҳрвандиву ба қавли гузаштагони мо як мадинаи фозила ва ҷомеъаи фозила сохта шавад. Агар ба шарте, ки мо ба мавзӯъбандии илмҳое, ки вуҷуд доранд нигоҳ кунем, мебинем, ки ҳар як илме инсонро ба як паҳлӯи олами ҳастӣ мешиносонад. Барои инсон як маърифате дар бораи ҳамон чизҳо мебахшад. Масалан, илми химияро гирем. Ин илм мехоҳад инсонро, ҷомеъаи башариро ба ҳамин мавҷудоти дар табиат буда аз назари таркиботи кимиёвиашон, хаввоси кимиёвии онҳо, вазнҳои элементии онҳо шинос намояд.

Ё физика аз ҷанбаи физики онҳо бо мардум баҳс мекунад. Ботаника бошад бо ашёи олами табиат инсонро шинос менамояд. Қуръони карим бошад инсонро пеш аз ҳам ба худаш шинос мекунад. Мехоҳад, ки маърифатти инсонро дар бораи арзишҳои инсонӣ, дар бораи замиру ботини инсоният огоҳӣ бидиҳад ва ӯро бисозад. Яъне инсонро мутаваҷҷеҳи ин месозад, ки худи инсон чӣ ҳаст. Ниёзҳое, ки дар фитрати инсон ниҳода шудаанд, табиатан инҳо чиянд ва чи хел онҳо инкишоф дода шавад, ниёзҳои онҳо бароварда шавад.

Муҳимтарин самти ҳаракати Қуръон ин шиносонидани инсон бо ботини хеш, ба муҳимтарин арзишҳои инсонӣ мебошад. Қуръон мехоҳад, ки дар ҷомеъа инсонмеҳварӣ ҳукмрон бошад. Як фарҳанги маърифати инсониро парваришдиҳанда арзишмеҳварӣ дар ҷомеъа ҳукмфармо бошад. Инсон дар ҳаёт аз ҳама болотар бошад. Тамоми кору фаъолияте, ки дар ҷомеъа анҷом дода мешавад, тамоми дастовардҳои илмиву пешрафтҳо, ки сурат мегиранд, барои таъмини рафоҳияту таъмини ниёзҳои фитриву таъмини каромати инсон равона шаванд.

Мавзӯи дигари Қуръон ин аст, ки тарзи робита ва пайванди Худоро бо банда муайян кунад. Қуръон заминаи ботинии ба вуҷуд овардани қонунҳоро дар ҷомеъа фароҳам месозад. Масалан дар ИМА ва Русия, ба хусус Шӯравии собиқ чандин қонунҳои хуби зиддимайхорагӣ қабул шуданд. Вале азбаски заминаи ботиниву фарҳангии ин гуна қонунҳо дар ҷомеъаҳои кишварҳои мазкур мусоид ки набуданд, ин қонунҳои ҳадафи хубдошта бо вуҷуди масрафҳои калон амалӣ нашуданд. Бо таълифи ин тафсири навин мо хостем фаҳмиши моҳияти Қуръон карим боз осонтар шавад.

-«Тафсирн навин…» пеш аз он ки ба нашр бирасад, оё мӯҳтавои он манзури уламои ислом шудааст?

-Бале, чунин кор низ анҷом гирифтааст. Бо уламои исломӣ ва аҳли илм дар тамос будаем. Онҳо ин иқдоми моро истиқбол карданд. Зеро мактаби тафсирнависӣ дар дусад- сесад соли ахири таърихи Ватани мо рӯ ба таназзул ниҳода буд. Махсусан ин камбудиро дар замони салтанати аморати Бухоро баръало мушоҳида мекунем. Дар замони ҳукумати Шӯравӣ агарчи дар бархе аз соҳаҳои илм пешравиҳои чашмгире дошта бошем, вале дар масъалаи тафсири Қуръони маҷид ва улуми динӣ бо сабабҳои ба ҳама маълум як сукутеро рӯ ба рӯ шудем.

Мактаби тафсирнигорӣ аз байн рафт агар бигӯем хато намекунем. Мактаби тафсирнигории Осиёи Миёна дар гузашта яке аз мактабҳои пешқадам буд. Махсусан тафсирнигорони тоҷики ин минтақа аз Бухорову Самарқанд сар карда то Қӯқанду Косон дигар ҷойҳо як мактаби фиқҳии қавиро доштанд. Соҳиби «Ҳидояи Шариф» Марғелонӣ мегӯянд аз деҳаи Рошидони наздикии Хӯҷанд аст, Соҳиби «Бадоеъ-ус-саноеъ» Аловуддини Косонӣ аз тоҷикони Косон аст.

Муаллифи «Муҳити Бурҳонӣ»,ки дар 25 ҷилд имрӯз ба чоп расидааст, Бурҳониддин аз ҳамин тоҷикони Косон аст. Вале баъдан ин кор ба тадриҷ аз байн рафт Алатта ин иқдоми мо оғози кор аст. Агар ин кор дар сатҳи давлатӣ, барои мисол ҳамчун як бахш дар Академия Илмҳои ҷумҳурӣ идома ёбад, манфиаташ бештар хоҳад буд. Манзурам доштани як пойгоҳи исломшиносиест, ки ба ин масъалаҳо аҳамияти бештар бидиҳад.

-Мо як Маркази исломшиносӣ дорем-ку?

-Бале, шояд раҳбарияти ҷумҳурӣ ба ҳамин мақсад ин Марказро таъсис доданд. Буҷа ҷудо шуд, дигар корҳои ташкилӣ анҷом гирифт. Вале ба фикри ман ин Марказ ҳанӯз рисолаташро анҷом надодааст ва ин кореро, ки мо дар назар дорем, ҳанӯз накардааст. Ба фикри ман дар сатҳи Академия агар ин кор ба роҳ монда шавад ба мақсад мувофиқтар аст. Зеро Академия имкониятҳои васеътар дорад. Масалан дар дастрас кардани сарчашмаҳову китобҳои илмӣ. Бо мӯҳтарам Абдуҳалим Орифӣ, ки худ тафсирнигор аст, бо муаллимони Донишкадаи Исломӣ, бо Абдуҷалол ва дигарон атрофи сӯҳбатҳо доир шуданд, маслиҳату машвари онҳо ба инобат гирифта шуд.

-Китоби «Фиқҳи исломӣ» бори аввал соли 2006 ба чоп расид. Баъдан боз ду бори дигар бо такмилу иловаҳо чоп шуд. Оё акнун ин китобро комил гуфтан мумкин аст?

-Китоби мо албатта тамоми фиқҳи исломиро дар бар нагирифтааст. Дар ин китоб асосан рукнҳои ислом ва ҳамон мавзӯъҳоеро, ки ба ҳаёти хонаводагиву шахсӣ тааллуқ доранд, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додаем. Мавзӯъоте, донистанашон ки барои ҷомеъаи мо дар ҳамин марҳила аз манфиат холӣ нест. Маърифат дар сатҳи ҷаҳонӣ коста шудааст. Тамоми ҷаҳон ба маърифат ниёз дорад. Маърифати исломӣ. Попи Ватикан дар нутқи аввали худ баъди ба сари қудрат омаданаш гуфт, ки ҳарчанд, ки ҷаҳони ғарб аз ҷиҳати илму фан, техникаи ҳозиразамон аз кишварҳои исломӣ пеш гузаштааст, вале мо дар ҳаёти рӯзмарраи худ ниёзи сахт ба фарҳангу арзишҳои исломӣ дорем.

Аз сӯи дигар дар ин марҳилаи глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ фарҳанги исломӣ, истифодаи хуби арзишҳои исломӣ моро ҳамчун миллат метавонад аз гум кардани ҳуввияти хеш дар ин марҳилаи ҳассос ҳифз намояд. Мо ҳамин чизҳоро дар назар гирифта ин китобҳоро таълиф намудем.

-Шумо «Тафсири навин»-ро бо истифода аз ҳаддиаққал чил тафсире, ки пеш аз Шумо бо забонҳои мухталиф таъриф шудаанд, навиштед. Китоби Шумо аз тафсирҳои қаблӣ бо кадом хусусиятҳои худ фарқ мекунад?

- Дини мубини ислом аз аввали пайдоиши хеш, аз ҳамон лаҳзаи аввали нузули  Қуръони маҷид барои ҳама равшан буд. Лекин ягона чизе, ки дар оянда барои ҳар як насл аҳамият дошт ин ҳамин чиз буд, ки битавонад ҳамин чизҳоро бо раванди сайри такомулии тадриҷии ҷомеъаи худашон ҳампо бисозад. Аз сӯи дигар ҳаёти иҷтимоии мо доимо вориди марҳилаҳо нав мегарданд, ки дар гузашта бо он мувоҷеҳ набуданд. Бо ибораи дигар бигӯем зиндагонии инсон марҳила марҳила пеш меравад, Ҳамин мутобиқсозиву иҷтиҳоди фиқҳиву бозбинии арзишӣ бояд сурат бигирад. Мо ин корро дар марҳилаи нави ҳаёти мардуми кишвар, дар замони истиқлолият бо як забони барои мардум фаҳмо иҷро кардем.

Дар Қуръони маҷид дар сураи «Анкабут» омадааст: «Оё надиданд онҳое, ки кофир шудаанд инро ки осмонҳо ва замин дар ибтидо ҳардуяшон ба ҳам пайваста буд, пас аз он мо онҳоро аз ҳам ҷудо сохтем?». Қуръони карим беш аз 1400 сол пеш дар ҷомеъаи арабӣ барои арабҳо нозил шудааст. Мақсади Қуръон ҳамин аст, ки дар коиноте, ки офаридааст, нишоне аз ибтидои офариниш дорад.

Ҳамин чизро омӯхтан даркор аст. Аслан бигирем ин нидои Қуръони карим барои олимони имрӯз аст. Зеро бисёр чизҳое, ки дар Қуръони карим омадааст, илман имрӯз кашф шуда истодааст. Фарзияи дар ибтидо як будани замину осмон дар илми имрӯза низ роиҷ аст. Замину осмон ба ҳам пайваста ба сурати духон буданд. Ба монанди як гази дудмонанд буданд. Ба ҳам фишурда шуданд ва баъданг аз ҳам ҷудо шуданд. Замин ҷудо шуд. Чандин миллиард сол қабл.

Мо дар «Тафсири навин»-и худ ба ин масъалаҳо низ дахолат кардаем. Дар тафсирҳои қаблӣ ба ин масъалаҳо камтар аҳамият дода шудааст. Аниқтар бигӯем агар дар бархе аз тафсирҳои қадима дастовардҳои илмии замони худро тафсиргарон истифода кардаанд. Бо истифода аз иттилооти дар асоси дастовардҳои илмӣ дастрасшуда тафсирҳои хешро навиштаанд.

Вале аз он давраҳо солҳои зиёде гузаштааст. Масалан Фахриддини Розӣ дар «Тафсири мафотеҳу-л- ғайб» маъруф ба «Тафсири Кабир» ба ҳамон дастоварҳои илмие, ки дар замони худаш буданд, такя намуда, бархе аз сураҳои Қуръонро тафсир намудааст. Ин гуна муфассирон хеле кам буданд ва ба сурати як раванд надаромада буданд.

-Чаро китобатонро «Тафсири навини Қуръони карим» номгузорӣ кардед?

- Мо дар ин китоб дар баёни матолиб, тартиббандии мавзӯъҳо чун аз равишҳои муосири таълиф истифода бурдем, онро тафсири навин номгузорӣ кардем. Дар таълиф ва таҳияи он мӯътамадтарин китобҳои тафсири аҳли суннат мавриди истифода қарор гирифтаанд. Тафсирҳои «Ибни Касир» ва хулосаи он «Мисбоҳи мунир», «Ал-ҷомеъ ли аҳкоми-л- Қуръон»-и Қуртубӣ, «Ҷомеъу-л-баён»-и имом Ибни Ҷарири Табарӣ», «Фатҳу-л-қадир»-и имом Шавконӣ, «Тайсири-л- карими-р-раҳмон»- аллома Саъдӣ, «Маорифу-л-Қуръон»-и аллома Муҳаммадшафеъи Усмонӣ (тарҷимаи форсӣ), «Сафвату-т-тафосир»-и шайх Муҳаммадалии Соунӣ (тарҷумаи форсӣ) ва тафсири «Анвору-л-Қуръон»-и устод Абдурауф Мухлис (форсӣ) пойгоҳи кории моро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин ривоятҳои саҳеҳе, ки дар китобҳои мӯътабари ҳадис ва маъхазҳои ин фан ворид шудаанд, яке аз асилтарин манбаъҳои кории моро ба ҳисоб мераванд.

-Дар навиштани китоби «Тафсири навини Қуръони карим» чи ангезаҳо Шуморо раҳнамо буданд?

-Ангеза ва умедгоҳи ман дар таҳия ва таълифи ин китобҳо бозмондаҳои нек ва пасандозҳои мондагори солеҳе мебошанд, ки бандаи мӯъмин барои охирати худ аз пеш мефиристад ва ояти муборакаи: «Ва пасандозҳои мондагори нек (ва бозмондаҳои солеҳ) дар назди Парвардигорат савоби беҳтар ва умедгоҳи хайре доранд» дар сураи Каҳф ва дар сураи Марям маро ба ин амри бузург такон дод.

Умед дорам Парвардигори меҳрубон ин амали маро барои ризои худаш холис гардонад ва ҳамон ваъдаи ҷовидонагии аъмоли хайр ва зикри номи некро дар назди худ ва дар малаъи барои ман ва тамоми бародароне, ки дар ин амри илоҳӣ маро холисона дастгирӣ намудаанд, сабт гардонад. Паёмбар (с) дар ҳадиси қудсие мефармояд, ки Худо гуфт: «Ман дар назди гумони бандаам нисбат ба Худ мебошам ва ҳамроҳи ӯ ҳастам вақте Маро ба ёд меоварад. Агар Маро дар нафси худ ёд намояд, ӯро дар нафси Худам ёд намоям ва агар Маро дар малаъе (ҷамъе аз мардум) ёд намояд (ва зикри маро дар он ҷамъ зинда гардонад), Ман ӯро дар малаъ (ҷамъе)-е ёд намоям, ки аз он ҷамъ беҳтар бошад… .

-Ташаккур барои сӯҳбат

Мусоҳиб Султони Ҳамад


Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.04.2012 02:03
xudovand olimoni islom ro nigahbon boshad...omin
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1