ИСЛОМИ ТУНДГАРО ВА ИСЛОҲТАЛАБ. КАДОМЕ БЕҲТАР?
Гуфтугӯ бо рӯзноманигор ва таҳлилгари Wall Street Journal Садананд Дҳуме пиромуни тундгароии исломӣ. Садананд Дҳуме дар мусоҳибае бо мо роҷеъ ба авомиле, ки тундгароии исломиро доман мезанад ва дар бораи самтгириҳои чунин тундгароӣ дар ҷаҳони Ислом андешаҳои худро баён дошт. Вай ба суоле дар ин бора, ки тундгароии исломиро чӣ тарз арзёбӣ мекунад, чунин посух дод:
-Он гуна, ки мушоҳида мекунам, дини Ислом яке аз динҳои бузурги ҷаҳон аст ва аз он як миллиарду як миллион одам пайравӣ мекунанд. Вале Исломи тундрав бар ақоиди сиёсӣ устувор аст ва шумораи ками мусулмонон дунболи ин ақидаҳо мераванд. Пайравони он мехоҳанд, ки ақоиди худро дар ҳар бахши умури давлативу ҷомеа таҳмил кунанд. Он аз фароизи фарогир иборат аст ва тундравони исломӣ бовар доранд, ки он аз ҷониби Худо нозил шудааст ва барои идораи умури иҷтимоиву давлатӣ дар ҳар замина онро бояд сарчашма қарор дод. Ҳамин аст тафовути миёни мусулмонони маъмулӣ, ки ба дини худ эътиқод доранд, зиндагии худро мисли дигарон мегузаронанд ва миёни тундравҳо, ки барои бозсозии ҷаҳон ба ваъдагароӣ такя мекунанд.
- Дар кадом бахшҳои ҷомеа Исломи тундрав ё радикал бештар нуфуз пайдо кардааст?
-Исломи тундгаро бештар дар миёни одамони таҳсилдида маъруфият пайдо кардааст. Ба фикри ман, чизе, ки мардумро ба худ мекашад, содда будани ҷавоб ба пурсишҳо ва табиати фарогири ҷавобҳоест, ки аз он бармеояд. Аксар вақт ин одамони таҳсилдида раҳбарони аввали хонаводаҳо дониста мешаванд. Бештари онҳо дар бахшҳои фаннӣ таҳсил гирифтаанд, мисли муҳандисӣ, тиб ва риёзиёт.
-Дар кашокашиҳои миёни исломи тундгаро ва исломи ислоҳталаб кадоме аз онҳо дар ҷаҳони Ислом бартарӣ доранд?
-Кашокашиҳои миёни исломи тундгаро ва исломи ислоҳталаб роҳи тӯлониро тай мекунад. Ман фикр мекунам, ки исломи ислоҳталаб бартарӣ дорад. Онҳо мисли диндорони маъмулии динҳои дигар ҳастанд. Вале ба фикри ман, исломи тундгарову хеле хуб созмонёфта ақоиди қавӣ дорад ва, албатта, дар бисёр ҷойҳо онҳо дар марҳилаҳое комёб мешаванд. Вале он чӣ ба бартарӣ иртибот дорад, ман ҳамоно мегӯям, ки ислоҳталабон бартарӣ доранд. Вале кӣ ба комёбиҳои муваққатӣ ноил мешавад? Ман бояд эътироф кунам, ки дар бисёре аз ҷойҳо тундгароён.
-Чӣ омилҳо метавонад нерӯи савқдиҳандаи ислом бошад ва ба кадом самт исломро мебарад?
-Фикр мекунам, мо бояд чанд омилро дар назар бигирем. Ба андешаи ман, мо бояд бубинем, ки масалан, сарнавишти Баҳори Араб чӣ хоҳад шуд. Оё демократия дар он ҷо реша хоҳад гирифт. Мо бояд бубинем, ки чӣ ҷомеаҳое бо иқтисоди бозоргонӣ мутобиқ хоҳанд шуд, зеро собит шудааст, ки ин ягона роҳи муносиби пешрафт аст. Ба ҳамин далел, фикр мекунам, ки аз ҷиҳати сиёсӣ нақши демократия ва аз ҷиҳати иқтисодӣ нақши бозор муҳим аст. Ин ду ҷонибест, ки барои самтёбӣ нақши муҳим хоҳанд дошт.
«Озодӣ»-
22.06.2025 14:51
137
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
259
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
269
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
494
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
598
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
485
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
139
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
142
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
215
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
977
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1688
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3379
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
136
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
120
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
135
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
511
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
758
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
879
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
458
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
494
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
467
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
761
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1015
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1882
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
625
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
604
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1796
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2116
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2108
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2324
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
528
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
470
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
947
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3070
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3512
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3503
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
656
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
679
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
624
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?