04:12:23 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МЕҲМОНОНИ ХУДОВАНДИ КАРИМ БО МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

(القدر  :۱-۳ ).

Тарҷума: "Мо онро (¬Қуръон) дар шаби қадр нозил кардем! ва ту чӣ медонӣ, ки шаби қадр чист? шаби Қард беҳтар аз ҳазор моҳ аст".

Ҳикматҳо дар талоши Лайлатул-қадр

/images/stories/2011/08/22_mohi-ramazon_22.8.2011.jpgДар ин ҷо бояд ин мавзуро дарк намоем, ки дар мавриди лайлатул-қадр вазоҳот нашуда, ки кадом шаб аст ва он чӣ ҳазрати Расули Аллоҳ (с) фармуданд, инаст, ки ин шаб дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон меояд. Яъне ин шаб, шаби бистуякум шуда метавонд, бистудуввум на, бистусаввум шуда метавонад ва бистучаҳорум на ва ба ҳамин тартиб ин шаб дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон аст. Расули Аллоҳ (с) пас аз баёни ин матлаб, бидуни ин, ки мушаххас созад, ки лайлатул-қадр кадом шаб аст, мавзуъро дар ҳамон ҳол гузоштанд. Ба таври умум, мардум дар мавриди шаби бистуҳафтуми Рамазон қиёс мекунанд, ки шояд лайлатул-қадр дар ин шаб бошад, вале ҳарферо, ки метавон ба сурати дақиқ гуфт, инаст, ки лайлатул-қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон аст.

Дар мавзуъи адами таъйини дақиқи шаби қадр ин ҳикмат нуҳуфта аст, ки инсон дар ин шаби тоқи даҳаи охири Рамазон бо ин умед дари дарбори Худованд истода шуда ва ба ибодат бипардозад, ки шояд ин шаб, шаби қадр бошад. Агар тавонист шаби қадро дарёбад, ба ин маъност, ки он чӣ ӯ таманно дошт, онро дарёфт ва чанд шаби бештареро, ки баъд аз он вай ба ибодат Аллоҳ сипарӣ кард, сабаби афзӯнии бештар дар некиҳояш хоҳад гардид.

Дар ин ҷо бояд нуқтаи дигареро низ мутаваҷҷеҳ бошем, ки чун дар ҳамаи ҷаҳон рӯзшумории Рамазон яксон намебошад ва дар он радду бадал сурат мегирад, ба ҳамин далел бо итмеънон ин нуктаро наметавон гуфт, ки кадом шахсе воқеъан ин шабро дарёфт ва ба ҳамин далел аст, ки инсони содиқ баяд дар ҳар Рамазоне ба ҷустуҷӯ ва талоши ин шаб бипардозад.

Ҳикмати ин, ки даҳаи охири Рамазонро барои эътикоф баргузидаанд, дар ин низ аст, ки инсон савоби эътикофро ҷудогона ба даст биёварад ва чун дар ҳолати эътикоф ҳамаи шабҳои тоқи вай дар ибодат сипарӣ мегардад, лиҳозо ин амр низ интизор меравад, ки дар ин миён шояд гоҳе шаби қадр ба гунае лозимӣ ба ӯ даст бидиҳад.

Бархе аз мардум маъно ва мафҳуми талоши шаби қадрро дар ин медонанд, ки дар шаб берӯн баромада ва мушоҳида мекунанд, ки оё дар фазо чунин аломате дида мешавад, ки ин шаб, шаби қадр аст, оё дар фазо нуре метобад, ки аз он бояд фаҳмид, ки ин шаби лайлатул-қадр аст.

Вале дар асл ин гуна андешидан бо ҳақиқат муғоир ва мунофист. Бе шак дар ин шаб нур метобад, вале ин нур дар ҳамаи Рамазон ва дар ҳар шаби Рамазон метобад. Албатта барои дидани он ба чашмҳое зарурат аст, то онро бубинад.

Дар ҳақиқат ин нур аз дохили ибодати шумо метобад. Ин нур аз таваҷҷуҳ ва инҳимоки шумо барои касби ризои Худованд аз шавқу завқи шумо барои анҷом додани некуиҳо ва хулусу эҳтимоми шумо барои ибодат ва ба гунае  маҷмуъӣ аз як як амалкарди шумо ва феъли шумо ин нур метобад.

Маҳрумияти бузург:

Расули Аллоҳ (с) мефармояд: "Касе, ки аз хубиҳои ин шаб маҳрум монд, пас ӯ маҳрум монд". (Аҳмад ва Насои).

Матлаби ин фармудаи Расули Аллоҳ (с) инаст, ки агар шахсе дар ин шаб барои анҷоми ибодат қиём накард, пас ӯ ин неъмати азим ва бузурги Қуръони маҷидро эҳсос нанамудааст, ки Аллоҳи мутаъол онро дар ин шаб нозил фармудааст. Агар ӯ эҳсоси ин амрро дорад, пас ҳатман дар ҳангоми шаб барои ибодат ба по мехост ва шукри Худованди мутаъолро адо мекард, ки эй Аллоҳ! ин эҳсони бузурги туст, ки ба ман неъмати азиме чун Қуръон ато намудӣ. Бидуни шак ин ҳам эҳсони туст, ки барои хурдани ман нон ва барои пушидани ман, либос иноят фамудӣ, вале дар асл эҳсони азими ту бар ман инаст, ки маро ҳидоят ато фармудӣ ва рушноии дини ҳақро бароям нишон додӣ. Маро аз саргардонӣ дар торикиҳо, наҷод додӣ ва шамъи рушнои аз илми ҳақиқат бароям ато намудӣ, ки тавассути он ман дар дунё бароҳи рост рафта, тавононии инро ёфтам, то хушнӯдии туро ба даст биёварам.

 Пас шахсе, ки қадру қимати ин неъматро эҳсос намудааст, дар ин шаб ба боргоҳи Аллоҳи мутаъол ба хотири адои шукр, истода хоҳад шуд ва ризо ва хушнӯдии он зотро ба даст хоҳад овард. Вале шахсе, ки дар ин шаб барои баҷо оварии шукри Худованд киём накард, ӯ аз ин хайру некӯӣ, маҳрум монд ва дар ҳақиқат аз хайру некуии бузурге маҳрум боқӣ монд.                    

Воқеаҳои муҳими даҳаи охири Рамазон

Бисту дуюми Рамазон

Ғазваи Тоиф

Дар 22 Рамазони соли 8 ҳиҷрӣ, баробар бо 12 январи соли 630 милодӣ, ғазваи Тоиф рӯх дод.

Вафоти имом Ибни Моҷҷа

Дар 22 Рамазони соли 273 ҳиҷрӣ, баробар бо 20 феврали 886 мелодӣ, имом ҳофиз, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад бин Язид бин Моҷҷаи Қазвинӣ, чашм аз ҷаҳон фуру баст. Эшон дар ҷамоварии суханони гуҳарбори Паёмбари акрам (с) нақши бориз ифо намуданд. Китоби "Суннан"и Ибни Моҷҷа, яке аз шаш китоби саҳеҳи ҳадис аст. Китобҳои "Сиҳоҳи ситта" дар ҳадис иборатанд аз "Саҳеҳи Бухорӣ, Муслим ва Суннани Насои, Тирмизӣ, Абӯдовуд ва Ибни Моҷҷа".

Вилодати Абдурраҳмон Носир (ҳаштумин амир дар Андалус).

Дар 22 Рамазони соли 277 ҳиҷрӣ, баробар бо январи соли 891 медодӣ, Абдурраҳмон Носир, ҳаштмин амири Амавӣ бар Андалус ба дунё омад. ӯ аввалин касе буд, ки дар Андалус лақаби "амирулмӯминин"ро барои худ интихоб намуд. Даврони ҳукумати панҷоҳсолаи ӯ, аз беҳтарин даврони пешрафти фарҳанг ва сақофат ва тамаддуну  қудрат дар Андалус ба шумор меояд.

Бистусаввуми Рамазон

Аз байн бурдани бути Лот

Дар 23 Рамазони соли 9 ҳиҷрӣ, баробар бо соли 631 милодӣ, худои бутпарастони Макка тавассути касоне, ки қабл аз Ислом онро ибодат мекарданд, нобуд гардид.

Пирӯзии мусалмонон бар Сосониён

Дар 23 Рамазони соли 31, баробар бо соли 652 милодӣ, дар замони хилофати ҳазрати Усмон бин Аффот, домоди Расули Аллоҳ (с), муҷоҳидони мусалмон бар Сосониён, пирӯз шуданд ва подшоҳи онон, Яздагурд писари Шаҳриёр (охирин подшоҳи давлати ошатпарастони Форс), кушта шуд. Ирон пас аз  инҳиёри давлати зулму ситам ва ширки Сосониён ва то қарни даҳум ва зуҳури шиаён хунхори Сафавӣ, маҳди Ислом ва тамаддуну фарҳанги Исломӣ буд.

Таваллуди Аҳмад бин Тулун (муассиси давати Тулуния)

Дар 23 Рамазони соли 220 ҳиҷрӣ, баробар бо 20 сентябри соли 835 милодӣ, Аҳмад Тулун, муассиси давлати Тулуния, дар Бағдод ба дунё омад. ӯ дар нубуғи худ, нишони ҳушу заковат ва шуҷоат буд. Дар соли 254 ҳиҷрӣ, баробар бо соли 868 милодӣ, волии Миср интихоб шуд. ӯ тавонист давлате нерӯманд ва қавӣ бар Мисру Шом ва Ҳиҷоз қоим кунад. Масҷиди бузурги ӯ шоҳидест, бар тамаддун ва пешрафти давлати ӯ.

Бистучаҳоруми Рамазон

Бинои масҷиди Амр бин Ос дар Фустот

Дар 24 Рамазони соли 20 ҳиҷрӣ, баробар бо 5 сентябри соли 641 милодӣ, масҷиди Амр бин Ос дар шаҳри Фустот, барпо шуд. Амр бин Ос, яке аз саҳобаи Паёмбари акрам (с) аст, ки зиракӣ ва ҳуши ӯ дар ҷоҳилият ва Ислом, забонзади хосу ом буд. ӯ  Мисрро фатҳ намуд. Мисриҳо дини Ислом ва муҷоҳидинро ба гармӣ ба оғӯш гирифтанд ва аз шиддати муҳаббат ва ишқашон ба ислом тамоми одоту тақолид ва гузаштаи худро канор гузошта бо рӯҳу равон Исломро пазируфтанд. То ҷое, ки ҳатто забони худро ба забони ¬Қуръон тағйир доданд ва акнун Миср яке аз муҳимтарин кишварҳои Арабии ҷаҳон аст.

Таслим шудани Японию

Дар 24 Рамазони соли 1364 ҳиҷрӣ, баробар бо 2 сентябри соли 1945 милодӣ, вазири Япония паймони таслим шудани кишвараш дар ҷанги ҷаҳонии дуввумро бар рӯи нови ҷангии амрикои "Майсурӣ" ба гинерали амрикои "Мок Орсар", таҳвил дод.

Амрикои ҷинояткор бо бамбҳои ҳастаи ду шаҳр "Ҳеросимо" ва "Нагасакӣ"и Япониятро ба хок яксон намуда, ҳеҷ мавҷуди зиндаеро бар ҷой нагузошт ва боиси бурузи бемориҳои муҳлик ва кушандае, ки то имрӯз осораш побарҷост, дар минтақа шуд ва ҳамчунин осори салбӣ ва ва вайронгари бамбҳои ҳастаи Амрико, то 40 сол бар обу хоки ин шаҳрҳо ба хубӣ кобили ламс буд. Амрико кишварест, ки бар рӯши ҷасадҳо ва хуни сурхпустон- суккони аслии он сарзамин- бино шудааст ва аз рӯзи барпоии он, то имрӯз ҷуз ҷиноят ва хунрезию кушторҳои бераҳмона ва истеъмори миллатҳои дигар, ҳеҷ барои таърихи башарият ба армуғон наёвардааст.

Истифода аз силоҳи нафт дар ҷанги даҳуми Рамазон

Дар 24 Рамазони соли 1393 ҳиҷрӣ, баробар бо 21 октябири соли 1973 милодӣ, кишварҳои Кувейт ва Қатар ва Баҳрайну Дубай, содироти нафтро ба Амрико ва Голандия ба таври куллӣ мутаваққиф карданд. Ин кишварҳо бо ин харакати худ хостанд бо кишварҳом Миср ва Сурия дар ҷангҳҳо алайҳм Яҳудиёни ишғолгар, ҳампаймон шаванд. Дар ин ҷанг, ки ба ҷанги даҳуми Рамазон, ё шашуми октябр, машҳур аст, Яҳудиён шикаст хурданд.

Вафоти шикорчии танкҳо

Дар 24 Рамазони соли 1422 ҳиҷрӣ, баробар бо 9 декбари соли 2001 милодӣ, Муҳаммад Абдулъотӣ, шикорчии машҳури танкҳо дар ҷанги октябри соли 1973 чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Номи ӯро дар фарҳангҳо ва доиратулмаъорифҳои низомӣ, ба увони машҳуртарин шикорҷии танкҳои ҷаҳон, рақам задаанд.

Биступанҷуми Рамазон

Дар 25 Рамазони соли 8 ҳиҷрӣ, баробар бо 15 январи соли 630 милодӣ, Паёмбари акрам (с) Холид бин Валидро барои шикастани Ал-ъуззо ва бархи дигареа аз худоёни мушрикини Араб ва Амр бин Осро барои шикастани "Сувоъ" ва Саъд бин Зайдро барои нобуд кардани "Манот", фиристоданд ва ҳар як аз сарбозони нерӯманди Паёмбари Худо (с) маъмурияти худро ба беҳтарин ваҷҳ анҷом доданд.

Ҷанги "Малозгард"

Дар 25 Рамазони соли 463 ҳиҷрӣ, баробар бо соли 1070 милодӣ, сарлашкори қаҳрамон "Алаб Арслон", подшоҳи ҳукумати Салҷуқиён тавонист ба ёрии Худованди мутаъол, камари давлати Бизинтиён ва ҳампаймони масиҳияшро, ба замин бизанад. Дар ин пирӯзии низомии бузурги таърихии имперотури Бизинтиёни рум "Румонус"и чаҳорум, бар асорат даромад. Ин ҷанги таърихӣ дар минтақаи "Малозгард" дар наздикии "Ахлот" дар ғарби Осиёи Суғро, рӯх дод.

Кушта шудани "Рошид биллоҳ", халифаи Аббосӣ

Дар 25 Рамазони соли 532 мелодӣ, баробар бо 5 январи соли 1138 милодӣ "Рошиди билллоҳ", халифаи Аббосӣ ба дасти гуруҳе аз мардуми Хуросон дар Исфаҳон, ба қатл расид.

Таваллуди имом Фахруддини Розӣ

Дар 25 Рамазоин соли 544 ҳиҷрӣ, баробар бо 26 январи соли 1150 милодӣ, фақеҳ, донишманд ва усулии номдор, Муҳаммад бин Умар бин Ҳусайн бин Алӣ, машҳӯр ба "Фахруддини  Розӣ", нависандаи тафсири ¬¬Қуръони Карим "Мафотиҳул-ғайб", ба дунё омад. Тафсири ӯ аз ҷумлаи тафосири бисёр бузург ва машҳури китобхонаи исломист. Эшон беш аз 100 китоб таълиф намудаанд.

Шикасти таърихии Муғулҳо дар Айни Ҷолут

Дар 25 Рамазои соли 658 ҳиҷрӣ, баробар бо 3 сентябри соли 1360 мелодӣ, пас аз қиёми мардуми мусалмонон ба раҳбарии Сайфуддин Қутз, дар муқобили Муғулҳои хуношом ба саркардагии "Китер Буқо", писари Чингизхон, чанги сахте байни ду лашкар дар минтақаи Айни Ҷолут, байни Бисон ва Ноблус дар Фаластин, даргирифт, ки мусалмонон ба ёрии Худованди мутаъол бар душман пирӯз шуданд ва бадин сурат ҷилави пешравии муғулҳои ваҳшӣ барои ҳамеша гирифта шуд ва тамаддуни исломӣ, ки дар ҳоли фуру рехтан буд, аз дасти ҷинояткорони таърих дар амон монд.

Бистушашуми Рамазон

Бозгашт аз ғазваи Табук

Дар 26 Рамазони соли 9 ҳиҷрӣ, баробар бо 5 январи соли 631 милодӣ, Паёмбари Худо (с) аз ғазваи Табук, бозгашт. Ҳамаи саҳобаи Расули Худо (с) ба ҷуз мунофиқин ва Каъб бин Молик ва ду тани нигар, ки кутоҳӣ карда буданд, дар ин ғазва ширкат доштанд.

Ҳодисаи қатъи робитаи Паёмбар (с) бо мутахаллифин баъд аз ин ғазва сурат гирифт, то ин, ки Худованди мутаъол аз гуноҳонашон даргузашт ва ояти 118 сураи муборакаи Тавба:

(وَعَلَى الثَّلَاثَةِ الَّذِينَ خُلِّفُوا حَتَّى إِذَا ضَاقَتْ عَلَيْهِمْ الْأَرْضُ بِمَا رَحُبَتْ وَضَاقَتْ عَلَيْهِمْ أَنفُسُهُمْ وَظَنُّوا أَنْ لَا مَلْجَأَ مِنْ اللَّهِ إِلَّا إِلَيْهِ ثُمَّ تَابَ عَلَيْهِمْ لِيَتُوبُوا إِنَّ اللَّهَ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ)

 нозил шуд . Ин ҳодиса яке аз пурмаънотарин ва амиқтарин равишҳои тарбиятии Расули акрам (с) ба шумор меравад.

Инқилоби сиёҳпустон

Дар 26 Рамазони соли 255 ҳиҷрӣ, баробар бо соли 869 милодӣ, инқилоби сиёҳпустон даргирифт. Қабоили сиёҳпӯсте, ки дар соҳилҳои шарқии Африқо, зиндагӣ мекунанд, ба раҳбарии Муҳаммад бин Исо, машҳур ба (Бурқаъӣ) бо ҳамдастии ҳукумати Қирмитиҳо ба қисмате аз  Ироқ ҳамла карда, рӯъбу ваҳшати шадидеро дар муддати 15 сол, яъне то соли 884 милодӣ, бар минтақа барпо карданд.

3. Вафоти  Ибни Халдун, донишманди ҷомеъашинос

Дар 26 Рамазони соли 808 ҳиҷрӣ, баробар бо 16 марти соли 1401 мелодӣ, донишманд ва бунёнгузори илми ҷомеашиносӣ, Абдурраҳмон бин Халдун" вафот кард.

Диросоту навиштаҳои Ибни Халдун, дар бисёре аз тахассусоти илмӣ монанди таърих ва зиндагиноманигорӣ ва илми иҷтимоъ ва илми тарбият дар рутбаи аввали таърихӣ ва аз ибтикороти ӯ ба шумор меравад.

Бистуҳафтуми Рамазон

Нузули Қуръони карим

Дар шаби 27 Рамазони соли 13 қабл аз ҳиҷрати паёмбари акрам (с), баробар бо шаби душанбеи соли 610 милодӣ, Ҷибрил (а), фариштаи ваҳйи Илоҳӣ бар Паёмбари Аллоҳ (с)дар ғори Ҳиро дар Макка нозил шуд ва аввалин оёти Қуръони маҷидро бар ӯ тиловат намуд.

Дар аҳодиси Паёмбар (с) шаби Қадр яке аз шабҳои тоқи таҳаи охири Рамазон баршумурдааст, вале бо таваҷҷуҳ бар аҳодиси мухталиф, раъи роҷеҳи уламо бар ин аст, ин шаб  ҳамон шаби 27 Рамазон мебошад.

Ва шаби қадр истгоҳест пурбор дар моҳи мубораки Рамазон, ки бо забони безабоне ба мусалмонон амр мукунад, ки бояд дар як рӯз ҳамзамон бо ҳам моҳи Рамазонашро оғоз кунанд, чаро, ки ин шаб танҳо як шаб аст ва имкон надорад, ҳар кишвар ва ҳар шаҳре барои худ шаберо ба дилхоҳи худ, шаби қадр биноманд.

Вафоти Мансур, халифаи амавӣ дар Андалус

Дар 27 Рамазони соли 392 ҳиҷрӣ, баробар бо соли 1002 милодӣ, Мансур, чаҳорумин халифаи амавӣ дар Андалус, дар синни 65 солагӣ вафот кард. ӯ муддати 25 сол, аз соли 367 то 392 ҳиҷрӣ, бар Андалус ҳукумат кард.

Фатҳи  қалъаи Фулк дар Словакия

Дар 27 Рамазони соли 1093 ҳиҷрӣ, баробар бо 29 декабри соли 1683 милодӣ, "Узун Иброҳимбошо", сардори Усмонӣ, қалъаи мустаҳами Фулк дар Словакия, ҳамроҳ бо 28 қалъаи дигар дар минтақаро фатҳ кард. Ин сардори шуҷоъ тавонист, дар муддати замони андаке ҳамаи Словакияро зери султаи худо дароварад.

Пирӯзии мусалмонон бар артиши Олмон

Дар 27 Рамазони соли 1107 ҳиҷрӣ, баробар бо 20 апрели соли 1696 милодӣ, подшоҳи Усмонӣ, дуввумин ҳамлаи худ ба Аврупоро барномарезӣ кард. Дар ин корзори бисёр сахт, Усмониҳо тавонистанд, касари артиши Олмонро ба замин бирезанд. Ин маърака муддати 6 моҳи то 25/101696 ҷараён дошт.

Бистуҳаштуми Рамазон

Издивоҷи Паёмбар (с) бо модари мӯминон, Зайнаб духтари Хузайма

Дар 28 Рамазон ва дар ривояте 5 Рамазони соли 4 ҳиҷрӣ, баробар бо соли 626 милодӣ, Паёмбар (с) бо модари мӯминон, Зайнаб бинти Хузайма издивоҷ кард.  Модари мӯминон, Зайнаб бинти Хузаймаро таърих бо номи "Уммул-масокин", модари мискинон ва мустамандон, мешиносад.

Ислом овардани Сақиф

Дар 28 Рамазони соли 9 ҳиҷрӣ, баробар бо 1 январи соли 631 милодӣ, намояндагони қабилаи Сақиф, пеши Расули Аллоҳ (с) омаданд ва Исломи худро эълом доштанд.

3. Пирӯзии  мусалмонон дар маъракаи Шазуна

Дар 28 Рамазони соли 92 ҳиҷрӣ, баробар бо 18 июни соли 711 милодӣ, ҷанги Шазуна, ё водии Лака, байни мусалмонон бо раҳбарии Ториқ бин Зиёд ва Қутиҳо бо раҳбарии "Зурайқ" даргирифт. Дар ин ҷанг пирӯзӣ ба ёрии мусалмонон шитофта, онҳоро дар оғӯши гирифт. Ин пирӯзӣ роҳро барои дохил шудани Ислом ба Испания ҳамвор сохт ва пас аз он ин минтақа аз Аврупо муддати 8 қарн, зери сояи Ислом хушбахту бо саодат зист.

4.Ҳукумати Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ дар Покистон

Дар 28 Рамазони соли 1369 ҳиҷрӣ, баробар бо 14 августи соли 1947 милодӣ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ, раҳбарияти Покистонро пас аз ҷудоияш аз Ҳинд, ба даст гирифт.

Бистунуҳуми Рамазон

Фарз шудани Закот ва намози ид ва дастур ба Ҷиҳод

Дар 29 Рамазони соли 2 Ҳиҷрӣ, баробар бо 24 марти соли 624 милодӣ, закоти фитр ва закоти моли нисобдор аз ҷониби Худованди мутаъол бар мусалмонон, фарз шуд. Ҳамгом бо он намози ид низ фарз шуд ва дар ҳамин моҳ буд, ки ба мусалмонон дастури ҷиҳод дода шуда.

Бунёнгузории шаҳри Қайравон

Дар 29 Рамазони соли 48 ҳиҷрӣ, баробар бо 9 ноябри соли 668 милодӣ, сарлашкари шуҷоъи Ислом, Утба бин Нофеъ, дастури барпоии шаҳри Қайравонро дод, то нақши қалъаи дифоъӣ дар муқобили таҷовузҳои Румиён ва Салибиён ба сарзаминҳои Исломиро, адо кунад.

Маъракаи Хозандор ё (мараҷус-сифр)

Дар 29 Рамазони соли 669 ҳиҷрӣ, баробар бо 19 июни соли 1300 милодӣ, маъракаи Хозандор, ки ба  ҷанги Мараҷус-сифр машҳур аст, дар ҷанубшарқи Димишқ рӯх дод. Дар ин ҷанги сахт, мусалмонон ба ёрии Худованди мутаъол ва бо раҳбарии Аҳмад Носир бин Қаловун, тавонистанд, шикасти сахтеро насиби лашкари Тотор кунанд.

Сиюми Рамазон

Вафоти Амр бин Ос

Дар 30 Рамазони соли 43 ҳиҷрӣ, баробар бо соли 664 милодӣ, ҳазрати Амр бин Ос (р), фотеҳи Миср дар синни 100 солагӣ чашм аз дунё фуру баст.

Вафои имом Бухорӣ

Дар 30 Рамазони соли 256 ҳиҷрӣ, баробар бо 31 августи соли 869 милодӣ, имом Муҳаммад бин Исмоил бин Иброҳим бин Муғира, маъруф ба имом Бухорӣ, аз дунё чашм пӯшид.

Таърих имом Бухориро бо лақаби "амиралмӯминин" дар ҳадис мешиносад. Китоби "Саҳеҳи Бухорӣӯ, ки маҷмуъае аз аҳодиси гуҳарбори Паёмбар (с) таи як канковиши бемонанд ва бисёр дақиқ тавассути эшон ҷамоварӣ шудааст. Ба унвони саҳеҳтарин китоб пас аз Қуръони карим бар шумурда мешавад. Эшон китобҳои дигаре, чун, Таърихи кабир ва Адаби муфрад, низ доранд.

Рӯзона шояд миллионҳо бор дар ҷаҳон номаш ҳамроҳ бо дуои хайр барои ӯ пас аз зикри аҳодиси Расули акрам (с) бар забонҳои мусалмоно ҷорӣ мешавад, раҳмату мағфирати Илоҳӣ бар ӯ бод.

Ба дунё омадани имом Ибни Ҳазм

Дар 30 Рамазони соли 384 ҳиҷрӣ, баробар бо 7 ноябри соли 994  милодӣ, имоми бузург, Муҳаммад бин Алӣ бин Аҳмад бин Саид, маъруф ба Ибни Ҳазм, чашм ба ҷаҳон гушуд. ӯ яке аз машҳутарин номҳои имлӣ дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ ба шумор меояд. Китобҳои ӯ аз машҳуртарин китобҳо дар фиқҳ ва таъриху муқоранаи адён, ба шумор мераванд. Китобҳои маъруфи "Ал-муҳалло" ва "Ал-фаслу филмилали валаҳвои ванниҳал" аз шоҳкорҳои ӯ ҳастанд.

Гирдоваранда: Мирсаид Раҳмонов, Аспиранти академияи илмҳои Тоҷикистон, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi