БЕРУН ШУДАНИ ЗАНОН АЗ МАНЗИЛ БАРОИ АДОИ НАМОЗИ ТАРОВИҲ
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: Баъзе аз занони мусалмон алоқаи хоссе ба хондани намози таровеҳ дар масҷид доранд ва баъзе аз онон бидуни иҷозаи шавҳаронашон барои хондани ин намоз аз хона берун меоянд, ё дар масҷид, ҳангоме, ки ба гуфтугӯ мепардозанд, садои онон шунида мешавад. Ҳукми ин намоз барои онон чи гуна аст? Ва оё намози таровеҳ барои онон воҷиб аст?
Ҷавоб: Намози таровеҳ на барои занон ва на барои мардон, барои ҳеч кас воҷиб нест, балки як намози мустаҳаббе аст ва назди Худованд дорои арзиши воло ва савобе фаровон аст. Бухорӣ ва Муслим аз Абӯҳурайра ривоят мекунанд, ки Паёмбар(с) мусалмононро ба анҷоми он дастур медод ва мефармуд: «Ман қома рамазона имонан ва иҳтисобан ғафарал Лоҳу лаҳу мо тақаддама мин занбиҳӣ»( Касе, ки шабҳои моҳи рамазонро аз рӯи имону ихлос ба намоз бигузаронад, гуноҳони гузаштааш ҳама омурзида мешавад).
Касе, ки намози таровеҳро бо хушӯъу оромиш ва аз рӯи имону ихлос бихонад ва намози субҳро низ дар вақти худаш адо намояд, ангор шабҳои моҳи рамазонро ба намозу ибодат гузаронидааст ва аҷру савоби қоимин(шабзиндадорон)-ро доро мебошад. Ин ҳукм шомили тамомии мардону занон мешавад, ҷуз ин ки намоз хондани занон дар манзил беҳтар аз намоз хондани онон дар масҷид аст. Магар ин ки рафтани онон ба масҷид илова бар адои намоз, фавоиди дигаре аз ҷумла шунидани мавъиза, ё ёдгирии илму дониш ва дин ва ё шунидани Қуръон аз қории хошеъ ва бо ихлос ва … дошта бошад, ки дар ин сурат, рафтани онон ба масҷид беҳтар ва сазовортар аст.
Ба вижа, дар ин асри ҳозир, ки бештари мардон ба занонашон масоили диниро омӯзиш намедиҳанд ва агар дар баъзе маворид бихоҳанд ононро омӯзиш диҳанд, тавонойии лозимро барои тафҳими масоили динӣ ва мавъизаи ононро дар худ суроғ надоранд ва чун барои ваъз ва насоиҳи динӣ ҷуз масҷид макони дигаре боқӣ намонда бинобар ин, шоиста аст, иҷоза дода шавад, ки аз ин фурсат истифода намоянд ва миёни онон ва хонаи Худо ҳоил ва монеъе эҷод нашавад, ба хусус бисёре аз занони мусалмон ҳар гоҳ дар хонаҳояшон боқӣ бимонанд, шавқу рағбате барои хондани намози таровеҳ- ба сурати танҳоӣ- нишон намедиҳанд, бар хилофи замоне, ки ҳозир дар ҷамоъат дар масҷид бошанд.
Албатта, хориҷ шудани зан аз хона, ҳатто агар ба сӯи масҷид ҳам бошад, бояд бо иҷозаи шавҳараш бошад, зеро, ки мард сарпарасти хона ва масъули хонавода мебошад ва то замоне, ки дастур ба тарки воҷибе ё иртикоби маъсияте надода бошад, фармонбардорӣ аз ӯ воҷиб аст, дар ғайри ин сурат дастуроти ӯ на шуниданӣ аст ва на шоистаи фармонбардорӣ зане, ки ба рафтани масҷид рағбат ва тамоюл дошта бошад, шавҳараш наметавонад монеъи ӯ бишавад, магар ба хотири як монеъ ва узри муътабари шаръӣ. Муслим ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) мефармояд: «Ло тамнаъу имоааллоҳи масоҷидалЛоҳ» (занонро аз рафтан ба масҷидҳои Худо манъ накунед).
Монеъи муътбари шаръӣ иборат аст аз ин ки-ба унвони мисол- шавҳар бемор бошад ва ниёз ба муроқибат ва парасторӣ дошта бошад, ё ин ки зан дорои кӯдакони хӯрдсол бошад, ки танҳо гузоштани онон дар хона мушкилот ва хатароте барои онон ба вуҷуд оварад ва касе набошад, ки аз онон муроқибат намояд ва монанди ин аз мавонеъ ва узрҳои маъқул ва қобили қабули дигаре.
Аз сӯи дигар, агар кӯдакон дар масҷид доду фарёд кунанд ва муҷиби ҳавоспартии намозгузорон мешаванд дар он сурат бояд занон аз овардани кӯдакон ба масҷид иҷтиноб варзанд. Зеро агар ин кор дар намозҳои воҷиби рӯзона ба хотири кӯтоҳии муддати замони онҳо ҷоиз ва раво бошад, дар намози таровеҳ ба далели тӯлонӣ будани замони адои онҳо ва бе сабрии кӯдакон дар тӯли намоз, ки гоҳ соатҳо тӯл мекашад, аз ин кор мамониъат ба амал омадааст.
Аммо масъалаи сухан гуфтани занон дар масҷид ҳаммонанди сухан гуфтани мардон аст. Ва ҷоиз нест дар масҷид дар мавоқеъи ғайри зарурӣ садо-ба хусус дар бораи умури дунявӣ-баланд гардад, зеро масоҷид барои ин кор бино нашудаанд, балки барои ибодат ё таълиму таъаллум бино шудаанд. Бинобар ин, лозим аст, ки занони мусалмон ва мутадайин дар хонаи Худо сукутро риъоят кунанд, мабодо боъиси ҳавоспартии намозгузорон ё ба ҳам хӯрдани назми дарсу баҳси илмӣ гардад. Ва ҳар гоҳ зане ночор ба сухан гуфтан шуд, бояд бо садои оҳиставу ором ва ба андозаи зарурат сухан бигӯяд, дар сухан гуфтану либос пӯшидан ва роҳ рафтан, набояд ҳечгоҳ виқор ва матонати худро аз даст бидиҳад.
Дӯст дорам дар ин иртибот, мунсифона матлаберо бигӯям ва он ин ки, баъзе аз мардон дар ғайратмандӣ нисбат ба занон, ифрот ва зиёдаравӣ карда ва занонро дар тангно қарор медиҳанд ва бо вуҷуди деворҳо ва нардҳои чубӣ ва оҳании баланде дар масоҷид, ки миёни занону мардон фосила андохта аст ва занон ҷуз садо, ҳатто огоҳӣ аз таҳаррукоти имоми ҷамоъати худро надоранд ва боз ба ҳеч ваҷҳ ҳозир ба рафтанашон ба масҷид нестанд, дар ҳоле ки занон дар асри Паёмбар (с) ва ёронаш бидуни вуҷуди чунон пардаҳо ва нардҳои чӯбину оҳанин ба масҷид мерафтанд [ ва акнун бобун нисо дар Масҷидул ҳаром аз он замон ба ёдгорӣ мондааст].
Шигифт инҷост, баъзе аз мардон дар масоҷид худашон иҷозаи баҳсу гуфтугӯро ҳатто бо садои баланд медиҳанд, вале ба занонашон иҷоза намедиҳанд ҳатто бо зани ҳамсоя дар масоили динӣ гуфтугӯ кунад. Ангезаи чунин амали таъассуб ва таҳаҷҷуру беинсофӣ дар амри дин аст. Дар робита бо чунин ғайрати мазмуму нописанд аз Паёмбар (с) ривоят шуда аст, ки: «Инна минал ғирати йубғизуҳул Лоҳу ва расулуҳу»(Баъзе аз ғайратҳо мавриди танаффури Худову Расул мебошанд). Ва ғайрат дар ғайри маҳалл ва ҷойгоҳи он аст.
Зиндагонии имрӯза ҳамаи дарҳоро ба рӯи занон кушода аст. Зан аз хонаи худ пайваста берун меояд ва ба мадраса ва донишгоҳу бозор ва … меравад. Оё равост ононро аз беҳтарин ҷойгоҳ, ки ҳамон масҷид аст, маҳрум намоем?! Ман бидуни ҳеч дағ даға ва эҳсоси ҳараҷе, бо садои баланд эълом менамоям, ки ай мардон! Заминаи рафтани занон ба масҷидро фароҳам кунед то онон ҳам ба хайру некӣ даст ёбанд ва мавъизаҳои диниро бишнаванд ва масоили диниро бифаҳманд, ва модоме, ки онон бо ҳиҷоб ва бо виқору бо матонат ва ба дур аз табарруҷ ва бадҳиҷобӣ аз хона берун меоянд, ҳеч монеъи надорад, ки онон дар масҷид бидуни иртикоб ба гуноҳу маъсият, бо занони дигар ба баҳсу гуфтугӯ ҳатто ба ҳам сӯҳбате тафреҳомез бипардозанд. Валҳамду Лиллоҳи раббилъоламин.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
22.06.2025 14:51
127
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
250
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
258
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
480
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
586
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
474
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
129
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
130
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
202
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
967
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1676
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3368
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
123
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
108
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
125
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
502
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
746
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
870
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
448
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
485
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
458
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
735
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1008
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1871
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
611
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
593
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1785
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2101
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2313
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
515
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
459
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
937
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3060
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3501
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3491
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
642
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
670
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
616
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?