ТЕЛЕВИЗИОН ВА РӮЗА
Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ
Суол: назари шариъати ислом роҷеъ ба нигоҳ кардани шахси рӯзадор ба телевизион дар моҳи рамазон чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Телевизион яке аз васоиле аст, ки ҳам дорои хайр ва ҳам дорои шарр аст. Расонаҳо ҳар як аҳдоф ва мақосиде доранд, телевизион низ монанди радиову рӯзнома ва … мебошад, ки ҳам нукоти хубу омӯзанда ва ҳам бадомӯзӣ дар он вуҷуд дорад. Мусалмонон хоҳ рӯзадор бошанд ва хоҳ рӯзадор набошанд, бояд аз матолиби омӯзандаи он баҳраманд гарданд ва аз бадомӯзиҳо иҷтиноб варзанд, албатта, мусалмони рӯзадор бояд иҳтиёти бештаре бикунад, ки мабодо рӯзааш табоҳ ва зоеъ шавад ва аз аҷру савоби Худованди мутаъол маҳрум гардад.
Бинобар ин, тамошо кардани телевизионро на мегӯям ҳалолои мутлақ аст ва на мегӯям ҳароми мутлақ аст, балки тамошо кардани он тобеъи ҳадаф ва мақсадест, ки бинанда дорад, агар хайр бошад, монанди барномаҳои мазҳабӣ ва динӣ, ахбор ва дигар барномаҳое, ки дар ҷиҳати хайр ҳастанд, нигоҳ кардану шунидани онҳо ҷоиз ва раво мебошад ва агар бадомӯзӣ ба ҳамроҳ дошта бошад, ҳаммонанди дидани раққосони бебанду бор ва монанди он нигоҳ кардан ба он ҳамеша ҳаром мебошад ва мусалламан ҳурмати он дар моҳи рамазон бештар аст. Тамошо кардани баъзе барномаҳо ва саҳнаҳо низ макрӯҳ мебошад, агар чӣ ба ҳадди ҳурмат нарасад.
Усулан, ҳар василае, ки инсонро аз ёди Худо боз дорад, ҳаром аст. Бинобар ин, ҳар гоҳ нигоҳ кардан ба телевизион ё гӯш додан ба радио ва амсоли он, инсонро аз анҷоми воҷибе, ки Худованд бар бандагонаш муқаррар фармудааст, монанди намоз ва соири воҷибот боз дорад, ҳаром мебошад. Худованди мутаъол ҳангоме, ки иллати таҳрими шаробу қиморро баён мефармояд, яке аз иллатҳои ҳурмати онҳоро тарк ё ғофил шудан аз намозу ёди Худо унвон карда, ҳушдор додаст ва мефармояд: «Иннама йуридуш шайтону ан йуқиъа байнакумул ъадовата вал бағзоа фил хамри вал майсири ва ясуддакум ъан зикрил Лоҳи ва ъанис салот фаҳал антум мунтаҳуна» (Ҳамоно шайтон мехоҳад бо шаробу қимор, миёни шумо душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Худо ва аз намоз боз дорад пас оё шумо даст бар медоред?),{Моида, ояи 91}.
Бар масъулон ва гардонандагони радио ва телевизион лозим аст дар барномаҳои доимие, ки барои мардум, ба хусус дар моҳи мубораки Рамазон пахш мекунанд, тақвои Илоҳиро дар назар дошта бошанду риъояти эҳтироми моҳи мубораки Рамазонро бикунанд ва дар тоъату ибодат ёру ёвари бандагони Худо ва тарвиҷкунандаи хайроту некиҳо бошанд, то бори гуноҳи худ ва бинандагонро ба дӯш накашанд, ҳамчун касоне, ки Худованди мутаъол дар бораи онон мефармояд:
«Лияҳмилу авзораҳум комилатай явмал қиёмати ва мин авзорил лазина йузиллунаҳум биғайри ъилмин ало соа мо язируна»(То рӯзи қиёмат бори гуноҳони худро тамом бардоранд ва низ бахше аз бори гуноҳони касонеро, ки надониста ононро гумроҳ мекунанд. Огоҳ бошед чӣ бад бореро мекашанд),{Наҳл, ояи 25}.
Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
-
22.06.2025 14:51
127
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
250
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
258
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
480
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
586
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
474
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
129
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
130
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
201
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
967
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1676
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3368
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
123
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
108
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
125
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
502
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
746
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
870
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
448
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
485
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
458
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
735
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1008
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1871
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
611
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
593
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1785
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2106
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2101
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2313
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
515
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
459
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
937
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3060
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3501
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3491
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
642
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
670
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
616
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?