12:34:13 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

/images/stories/2011/07/31_ramazan_31.07.2011.jpgҲамватанони гиромӣ, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро барои ҳар яки Шумо самимона табрику муборакбод гуфта аз Худованди мутаол ба ҳамаи шумо ибодати мақбули даргоҳи илоҳӣ,  сабру таҳаммул, сулҳу салоҳ, рӯзгори орому осуда, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу баракатро орзумандем.

Овои азон омад, моҳи Рамазон омад,

Шайтон ба фиғон омад, моҳи Рамазон омад.

Масҷид мунаввар шуд, аз ишқ муаттар шуд,

Хуршеди замон омад, моҳи Рамазон омад.

Ёрон ба бари ёрон,яктан шудаву якҷон,

Ваҳдат ба миён омад, моҳи Рамазон омад.

Аз булбули хушилҳон, чаҳ-чаҳ бишунав Қуръон,

Шӯри дилу ҷон омад, моҳи Рамазон омад.

Аз ҳарфи Ҳақу Аҳмад, нур аст ба дил беҳад,

Имон ба амон омад, моҳи Рамазон омад.

Бар хайру сахо бингар, бар рӯзи шаке н-овар,

Сад файз ба хон омад, моҳи Рамазон омад.

Дар сина такон бишнав, илҳоми ниҳон хамрав,

Шеърат ба забон омад, Сонӣ Рамазон омад.

БА ИБОДАТ ШУРӮЪ НАМО!

Ай бандаи Худо ба ибодат шурӯъ намо,

Монанди ғунча баҳри шукуфтан нумӯъ намо.

 

Маъбуди Ҳақ, ки даҳр ба мо бекарона сохт,

Некӯ фиканда рӯи замин , осмон фарохт,

Хуршеду моҳу силсилаахтар ба кор сохт,

Пас, кас ба саҷда сар набарад хеш чун шинохт?

 

Бишнос ҳадди хеш, ки худ сарфарозӣ аст,

Харки шинохт хеш Худованд розӣ аст.

 

Фармонбаранд оташу боду туробу об,

Дар хидматанд ҷумла малак, ҷинну ҳам давоб,

Бо чашми дил нигаҳ бикун аз баҳр то саҳоб,

Инсоф банда, нақши худ андар муҳит ёб!

 

Он Холиқе, ки аз гили нам Одам офарид,

Бо имтиҳони хеш ба Одам дам офарид.

 

Пешона паҳн аз он ки ибодат накӯ кунӣ,

Аз кӯйи дил ба даври сарат тоза чу кунӣ,

Ҳар хикмате, ки ҳаст зи бар мӯ ба мӯ кунӣ,

Матлуб агар бихоҳӣ фақат рӯ ба Ӯ кунӣ.

 

Танпарваре мабошу ба тармими рӯҳ куш,

Боқӣ рӯҳ аст даври бақо пеши аҳли хуш.

 

Чашмат кушой аз бари ту вақт меравад,

Дурре, ки ҳаст аз бари ту нақд меравад,

Чун зиндаӣ-шаҳӣ, зи барат тахт меравад,

Андеш аз умру вакт нигар, сахт меравад.

 

Бархез банда чанд ба ғафлат барӣ зи хоб,

Бар пеш сар ба хок, ту ҳам мешавӣ туроб!

 

Саъдуллоҳи Сонӣ, махсус барои «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 02.08.2011 07:25
дуруду салом ба тахиягари ин сахифаи рангин. Худованд ба шумо ачри бузург ато намояд барои нашри ашъор.хохишманд ем х-хоро думча гузоред,яъне h шаванд: масалан: пахн , шахи,хуш ва гайра..
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi