ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-1
Муштариёни гиромӣ, тибқи ваъдаи ба Шумо додаамон ба интишори китобҳои ҷолибе, ки дар бораи дини мубини ислом ва шахсиятҳои шинохтаи он навишта шудаанд, идома медиҳем. Баъди китоби пурарзиши Абдурауфи Фитрат « Мухтасари таърихи ислом» инак китоби шоир ва муҳаққиқи маъруфи тоҷик Васлии Самарқандӣ «Таърихи Имомо Аъзам» (Алкалому-л-афҳам фи маноқиби Имоми Аъзам)-ро, ки онро соли 2001 Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон омодаи нашр сохтааст, пешкаши табъи нуктасанҷи шумо мегардонем.
БИСМИЛЛОҲИР - РАҲМОНИР - РАҲИМ
Сипос ва ситоиш мар Худоеро, ки бар бандагонаш илму ҳикмат ато намуд ва раҳмати беинтиҳо ба пайғамбари охирини ҳақ бод, ки фармуданд: «Наҷот ёфт касе, ки дода шуд бар вай ақл». Иттилоъ ёфтан аз таърихи ислом ва омӯхтану бархурдор будан аз маноқиби (кирдори нек, рафтори писандида) бузургони ислом дар шароити феълӣ вазифаи ҳар фарди мусалмон мебошад. Ба хотири он ки бештари мардуми шарифи ҷумҳуриамон пайрави мазҳаби Ҳанафӣ, яъне мазҳаби Имом Аъзам ҳастанд, муносиб дониста шуд сиратномае гӯёест аз зиндагии яке аз имомони сармазҳаби аҳли суннат, ҳуқуқшиноси бузурги ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки комилан равшан ва шево нигориш ёфтааст, пешкаши хонандагони гиромӣ карда шавад. Чунки донистани кори нек, рафтори писандида, тақвою эътиқод ва ҳалли масоили фиқҳии ӯ барои ҳар фарди мусалмони ҷумҳуриамон басо зарур аст, зеро омӯхтану амал кардан барои ҳаллу фасли мушкилиҳои пешомада аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Мутолиаи дақиқи китоби мазкурро ба умуми мусалмонони равшанфикр тавсия мекунем ва аз даргоҳи Худои муттаол умедворем хонандагони азизу гиромӣ битавонанд аз кирдору рафтори писандидаи ин бузургвор илҳом бигиранд, зиндагии бонишот ва пурифтихореро барои худ ва ҷомеъаи худ дошта бошанд.
Ҳоҷӣ Абдуҷалоли Ализода-
раиси Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон
ба номи Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам)
БИСМИЛЛОҲИР - РАҲМОНИР - РАҲИМ
(Ал-калому-ул-афҳам фи маноқиби Имоми Аъзам)
Ҳамди беҳад ва шукри беадад мар Худоеро, ки аҳли Мовороуннаҳрро ба шарафи ислом мушарраф ва пайрави тобеъи мазҳаби ҳазрати Имом Аъзам гардонид.
Шеър:
Шукри беҳад, ки мо мусалмонем,
Дар мутеъи фармони расулем.
Оварда омал бар аҳкоми шаръ,
Бо лутфи ӯ тобеъи Нӯъмонем.
Саловоти бепоён бар Расул (с), ки моро бо чароғи ҳидоят аз зулмоти залолат раҳонида, барои шариати ғаррои (тобону дурахшон) исломӣ ҳамеша тариқи фалоҳу (паноҳ) маслаки наҷотро бо оёту ҳадис моян исбот карда
Шеър
Шукри Аллоҳ карда бар мо Мустафо изҳори шаръ,
То ҷаҳон бошад мунаввар дамбадам – анвори шаръ.
Дуруд бар олу асҳоби ашраф ибқои (зинда ва боқӣ гузоштан) ислом ва маориб (мақсад, хоҳиш, наҷот) алтоф (лутф), ки иҷрои аҳком (ҳукм) ҳастанд.
Шеър
Буд мақсуди саҳоба субҳу шом,
Гуфтани исломро олимақом.
Сайрҳо карданд барои дини ҳақ,
То ки ислом гашта бошад меҳрфом.
Ва раҳамоти субҳон муҷтаҳиди изом ба ҳазрати Имом Аъзам, ки барои уммати Муҳаммадӣ ва миллати Аҳмадӣ дар роҳи улуми исломӣ бо ҷаҳду машаққат, бо далолили диния масоили зарурия истинботу (дарк кардан, хулоса баровардан) баён карда, тоату ибодат, амалу итоат баҳри уммат роҳи росту осон нишон дод.
Шеър
Чароғи ҷаҳон муҷтаҳидон,
Гуле зи боғи илми дин дон.
Хусусан пешвову имом ҳазрати Имом Аъзам Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибни Собит олими машҳур дар хидмати динӣ ва сифати аъзам дар ҳиммати шаръӣ, ки мо Моваруннаҳриён ба мазҳаби он ҷаноб мумтоз ва ба давлати пайравӣ сарфарозем.
Шеър
Имоми Аъзам, зоти муаззам,
Бо илму тақво, будӣ муназзам.
Бо иқтидояш мо шод ҳастем.
Аз нури илмаш пур гашти олам.
Ошиқи шароити ғаррои исломияи шариф ва тариқаи марзияи (писандида) латифияи ҳазрати Имом Аъзам Абӯ Ҳанифа, муҳиби содиқи камтарин мударрис Сайид Аҳмад-ал-Васлӣ чунин меорад, ки ҳар ҳанафимазҳаб сифат ва манқабати (фазилат, рафтори писандида) ҳазрати Имомро бояд донад, омӯхтани тарҷумаи ҳол ва шарҳи зиндагии он ҷаноб воҷиб буданро андеша карда, таҳрири мухтасари маноқиби (кори нек, рафтори писандида) Имоми Аъзамро мувофиқ дониста шуд.
Мундариҷаи маъонӣ аз китоби «Ал-хайроту-л-эҳсон» - и аллома Шаҳобуддин Аҳмад ибни Ҳаҷар ва баъзан аз китоби «Ад-дурру-л-мухтори фи шарҳи танвири-л-абсор»-и Шайх Муҳаммад Алоуддин –ал- Хаскафӣ иқтибос карда, аз арабӣ ба туркӣ тарҷума намуда, муносиб дида шуд бо номи «Ал-каломул-афҳам фи маноқиби Имоми-л-Аъзам».
Шояд ин ёдгор ба ҳамватанон дар маҷлиси шариф ва ҳам дар маҳфили динӣ мунифу (олӣ, баланд) тазкор (ёдгор) бошад. Китоби мазкур ба талаботу дархости чанде аз дӯстон аз тарафи камина Фарҳод Ҳасанов ба забони шевои форсии тоҷикӣ баргардонида пешкаши хонандагони гиромӣ карда шуд, то ки пиру ҷавон ва мардону занон баҳра бардоранд ва ба мазҳаби ҳазрати Имоми Аъзам бо ихлосу имон пайравӣ намоянд.
ДАР БАЁНИ БАШОРАТ ДОДАНИ ПАЙҒАМБАР (С)
БАР ИМОМ АБӯҲАНИФА ВА САМАРАҲОИ
МӯЪҶИЗАИ ОН ҲАЗРАТ
«Қола-н-набийу ъалайҳи с-салом лав кона-л-имону инда-с-сурайё латаковалаҳу риҷолун мин абнои форсин». (Гуфт Набӣ алайҳиссалом: «Агар имон дар Сурайё бошад, ноил мешавад мардҳо бар он аз фарзандони форс».
Ҷаноби Муҳаққиқи Ҷалолуддин ас- Суйутӣ гуфтаанд: «Ин ҳадис башорат аст бар бузургии Имоми Аъзам ва дар он ҳеҷ шубҳае нест, чунки дар он замон мисли Имоми Аъзам олими бузург пайдо нашуда буд. Вуҷуди Имоми Аъзам мӯъҷизаи зоҳирии Пайғамбар (с) аст, зеро он ҳазрат ҳар воқеъаро пешгӯӣ мекарданд».
Соҳиби «Ад-дурру-л-мухтор» мегӯяд: «Баъд аз Қуръон муъҷизоти бузурги Муҳаммад (с) Абӯҳанифа мебошад».
ДАР БАЁНИ ШАРОФАТИ ТОБЕЪ БУДАН
БА ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Аз Исмоил ибни Аби-р-Риҷо нақл карданд, ки гуфт: «Шабе Имом Муҳаммадро дар хоб дидам ва пурсидам, ки худоят ба ту чӣ кард? Гуфт: «Худои таъоло маро мағфират кард ва марҳамат фармуда гуфт, ки агар ба азоби ту ирода мекардам, ба илм соҳиб намегаштӣ, яъне соҳибиилм шудани ту – инаст мағфирати ман». Боз пурсидам, ки манзилати Имом Муҳаммад Абӯюсуф чанд даст? Гуфт: «Аз ман ду дараҷа баландтар». Пурсидам:
«Дараҷаи Имоми Абӯҳанифа чанд даст?» Гуфт: «Дараҷаи Абӯҳанифа бисёр баланд аст дар иллийни аъло, яъне аз ҷаннат ҳам боло. Аз он сабаб, ки чиҳил сол бо таҳорати хуфтан намози бомдод гузорид ва панҷоҳу панҷ маротиба дар ҳаҷ буд ва Худои таъолоро сад мартаба дар хоб дид. Дар ҳаҷҷи охирин бо иҷозати хоҷагони мӯҳтарами Каъбаи муаззама байни сутунҳо истода шуда, ними Қуръонро тиловат намуд ва рукӯъу саҷуд намуда боз истода шуда Қуръони маҷидро хатм намуд. Баъд аз салом додан ба чашми заиф ба таври мувофиқ ибодати ту ба ҷо натавонист овардан, лекин ҳаққи маърифати ту шинохт. Хизмати бенуқсони маро бо камоли маърифати хеш бипайванд!». Ҳотифе овоз дод, ки ё Абӯҳанифа! Маро хуб шинохтӣ ва хуб хизмат намудӣ, туро ва тобеъони туро, ки то қиёмат дар мазҳаби ту ҳастанд, мағфират кардам».
Акнун ба пайравони имоми Аъзам лозим аст, ки қадри ин неъмат шинохта, аз шарафи ин давлат ҳамеша дар шукри Яздони пок бошанд ва аз дилу ҷон ба фармони Худои таъоло амал намоянд.
«Аллоҳумма – ъаҷаълно ъомилина ба аҳкоми –л-ислом баҷоҳи ҳабибика алайҳи-с-салом ва би ҳаққи фиқҳи ҳаза-л-имоми ва сайирно омилина ва ходимина фи аҷзон ва аҳком». (Эй бор Худоё, бо сабаби дараҷаи ҳабибат ва имомат маро ба аҳкомҳои ислом омил гардон).
(Идома дорад)
-
22.06.2025 14:51
138
Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ - меҳвари СҲШ»
-
09.06.2025 13:12
260
Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034
-
01.06.2025 19:19
272
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд
-
07.05.2025 23:59
495
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
599
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
486
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
25.06.2025 11:36
140
Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ
-
23.06.2025 14:53
144
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург
-
17.06.2025 19:39
216
Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад
-
14.10.2024 18:41
978
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1689
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3380
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
25.06.2025 11:34
137
«CASA-1000» намунаи ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ
-
25.06.2025 11:31
121
Харитаи роҳи ҳадафи 7-уми Рушди Устувор барои Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид
-
23.06.2025 14:51
136
Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда: Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ
-
20.03.2025 11:59
511
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
759
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
18.11.2024 22:32
879
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
-
15.04.2025 11:44
459
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
495
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
468
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
762
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1016
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1883
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
626
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
605
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1797
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2117
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2109
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2325
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
19.04.2025 15:59
529
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
472
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
03.10.2024 20:24
948
Варзишгари тоҷик Муҳидин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид
-
10.08.2019 09:45
3070
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3512
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
25.07.2014 12:34
3503
Хунрезӣ дар Фаластин ва хомӯшии оҷизонаи мо
-
18.12.2024 16:30
657
Маҷмааи Умумии СММ қатъномаи Русияро барои мубориза бо ситоиши фашизм қабул кард
-
21.11.2024 23:53
680
Русия ва Афғонистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаро инкишоф медиҳанд
-
31.10.2024 18:42
625
ИМА самти низоъро боло мебарад: Оё ҷанги сеюми ҷаҳон моро интизор аст?