ДУСАД ҲАЗОР КӮДАКИ АРОБАКАШУ МОШИНШӮ
Ҳудуди 200 ҳазор кӯдаку наврас дар Тоҷикистон ба хотири таъмини хонаводаи худ маҷбуранд, ки ба ҳаммолӣ, мошиншӯӣ ва аробакашӣ машғул шаванд. Ин оморро Созмони ҷаҳонии кор ҳамроҳ бо шаш барномаву созмонҳои дохилии Тоҷикистон дар як таҳқиқоти фарогир ироъа кардааст.
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии кор Ситора Шоҳкмолова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин масъаларо тасдиқ намуд ва афзуд, ки дар назар дорад, ба хотири коҳиши мизони истифода аз нерӯи хурдсолону наврасон як таҳқиқоти муштарак бо Маркази стратегии назди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад. Ба қавли Ситора Шоҳкамолова, дар Тоҷикистон дар саҳроҳои кишту кор ва дар хонаҳо бо ҳар навъе кӯдаконро истифода мекунанд, ки дар ниҳоят аз таҳсилу мактаб дур шаванд ва дар баробари таъини сарнавишти худ лол монанд.
Расул Шоҷонов, талабаи яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе мегӯяд, ки агар супориши модараш ва ё падарашро иҷро накунад, ҳатман бо зӯр маҷбураш мекунанд: «Агар ман гапи модарамро гӯш накунаму кори фармудаи ӯро иҷро анкунам бо сим бо ҷорӯб бо кафш мезанаду маҷбурам мекунад».
Алишер Фаромузов, мудири Маркази таҳлилии Вазорати шуғли аҳолӣ ва меҳнати Тоҷикисон мегӯяд ки таи ду сол аст, ки бо пуштибонии Созмони ҷаҳонии кор, дар назди маркази таҳлили онҳо бахши бозорасӣ ё худ монитронги истифода аз кори кӯдакон фаъол аст. Вай меафзояд, ки дар ин замина ба чанд масъалаи марбут ба хурдсолон таҳқиқот пеш мебурдем ва ҳамзамон бо волидони хурдсолон ҳамкорӣ мекардаанд
«Мо бо масъалаи наврасонеро, ки дар бозорҳо бо боркашонию сеткакашӣ ва бо моиншӯӣ машғул буданд ва аз мактабҳо фирор кардаанд назорат мекардем. Ва ҳатто мувафақ шудем, ки дар соли 2011 наздики 12 нафароро ба мактабҳо баргардонем, ки аз инҳо 5 нафарашонро ба макатаб интернет супоридем».
Вазъи сангини иҷтимоии хонаводаҳо, набуди ҷои кори муносиб, маоши ночиз, водор мекунад, ки падару модар аз нерӯи наврасҳо истифод кунанд. Ва ин истифодаз нерӯи кор дар баъзе ҳолатҳо хурдсолонро водор месозад, ки ба дузқию ғорат даст зананад ва дар поёни рӯз бо дасти холӣ ба хона наёоянд.
Ҷамшед, як хурдсол нақл мекунад, ки дар бозор бо ҳамсолони дигараш вохӯрд, ки роҳи оснтари ба даст овардани пулу чизҳоро роҳнамоӣ мекарданд: «Бачаҳои калонсол буданд, гуфтанд, ки биё дуздӣ равем, ман розӣ шудам, рафтем сумкаи як кампира дуздидем. Ноноша гирифтему хӯрдем, дигар чизҳояша гирифтем».
Дар ҳамин ҳол, мудири мактаби махсуси душвортарбияи шаҳри Душанбе Намозхон Бобиев мегуяд, дар соли равон шумораи талабагоне, ки аз кӯчаҳо оварда шудаанд, бештар шудааст. Ба қавли Бобоев аксри инҳо хурдсолоне мебошанд, ки бинобар ниёзмандиҳои хонаводаҳо иҷборӣ ба кори сиёҳ ҷалб карда шудаанд:
«Дар соли 2011 теъдоди хонандаҳои мо аллакай аз 35 ба шам нафар расидааст. Ба бозорҳо меравед, ҳатто дар шаб 100 нафар бештар аз он дар бозорҳо хобидаанд. Бепарвоии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам боиси афзоиши кӯдаконе шудаанд, ки дар бозорҳо худро задаанд».
Созмони ҷаҳонии кор бо нашри гузориши ҷадиди таҳти шиори коҳиши ҳатмии истифода аз нерӯи хурдсолон маълум мекунад, ки дар миёни 215 миллион наврасу хурдсоле, ки ба корҳои мухталифи сиёҳ ҷалб шудаанд, 115 милиони онҳо ба корҳои хатарнок машғуланд.
53 миллион хурдсоле, ки бо кори хатарнок машғулан аз 5 то 14 сола мебошанд. 62 миилиони боқимонда аз синни 14 то 15 сол доранд. Созмони ҷаҳонии кор таъкид мекунад, ки истифода аз нерӯи хурдсолону наврасон дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонии онҳо мегардад.
«Озодӣ»-
26.07.2025 17:29
99
Қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ
-
19.07.2025 18:11
110
Иштирок дар маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
-
28.06.2025 14:54
230
Суханронӣ ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
-
07.05.2025 23:59
583
«Ситораи Исмат-достони фоҷиавӣ-қаҳрамонӣ!»
-
05.05.2025 12:47
701
9-уми май рӯзи Ғалаба бар фашизм ва ёде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
-
04.05.2025 14:32
585
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)
-
19.07.2025 18:05
111
Баргузории ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
07.07.2025 17:36
193
Мақомоти Свердловск бо Тоҷикистон дар мавриди таҳияи тарҳҳои муштарак тавофуқ кардаанд
-
05.07.2025 14:07
179
Иштирок дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО)
-
14.10.2024 18:41
1060
Дар Чин Саммити 6-уми ҷаҳонии воситаҳои ахбори омма доир гардид
-
06.05.2022 10:43
1785
Ҷанг ҳамчун таблиғоти бардурӯғ хизмат мекунад
-
02.09.2019 18:47
3462
Султони Ҳамад: «Дунёи рӯзноманигор ҳазор дунё дорад»
-
26.07.2025 17:20
99
“Бори каҷ ба манзил намерасад!”
-
26.07.2025 17:15
97
“Наъша ба пастӣ мебарад!”
-
21.07.2025 12:50
114
“Қонунҳо амалӣ мешаванд!”
-
15.05.2025 13:28
585
«Достони қаҳрамонӣ – обрӯи миллати мост!»
-
20.03.2025 11:59
593
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз
-
06.01.2025 20:57
829
Китобе пурарзиш дар Лоҳутишиносии форсу тоҷик
-
15.04.2025 11:44
542
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-
13.04.2025 00:00
584
Мулоқоти вазир бо роҳбари намояндагии Cозмони байналмилалии муҳоҷират
-
11.04.2025 03:38
542
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Федератсияи Русия
-
28.02.2025 13:34
861
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
1099
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
1964
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
07.03.2025 12:44
704
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.03.2025 12:19
686
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати меҳнат...
-
07.03.2022 13:27
1879
«ИДИ МОДАРОН МУБОРАК!»
-
19.09.2021 19:28
2206
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - II
-
03.09.2021 08:38
2202
АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - РОДМАРДИ ҶАНГҲОИ РОСТИН - I
-
25.06.2021 21:45
2411
«ФАРҲАНГИ СУЛҲУ ВАҲДАТ»
-
27.04.2025 14:10
510
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров
-
19.04.2025 15:59
631
Сиёсати ҷавонони Тоҷикистон: стратегия барои оянда
-
07.04.2025 11:03
543
Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
-
07.10.2019 10:46
2989
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
3161
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб
-
27.07.2014 13:33
3610
Пурсишеву посухе: Халифаҳоро метавон муфассири Қуръон номид ё не?
-
20.07.2025 13:11
99
Оташбас поёни ҷанг буда метавонад
-
06.07.2025 23:01
168
Путин дар нишасти БРИКС дар бораи ояндаи ин Иттиҳодия сухан гуфт
-
25.02.2025 13:21
629
Соли 2025 Тоҷикистон маркази баргузории машқҳои васеъи Байналмилалии СПАД хоҳад шуд