16:40:54 02-уми Августи 2025 сол

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии ҶИЭ Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд

30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд.

4 janobi oli vaziri khorijaДар мулоқот доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз раванди вусъати робитаҳои барои ҳарду ҷониб судманд, аз ҷумла дар партави татбиқи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, изҳори қаноат карда шуд.

Масоили вобаста ба ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Алоқамандии ҳарду ҷониб ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, ҳамлу нақли байналмилалӣ, кишоварзӣ, илму фанноварӣ, тандурустӣ, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо таъкид гардид.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ