Анҷумани иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб
17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо иштироки вазирони иқтисоди ду кишвар, ҳайатҳои расмӣ, корхонаҳои саноатӣ ва доираи соҳибкорон баругзор гардид.
Дар чорабинӣ миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорат, корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманди Душанбе” ва ширкати аморотии Пресайт (Presight AI) табодули санади ҳамкории имзошуда доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва амалигардонии тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои авлавиятноки саноатӣ бо истифода аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ сурат гирифт.
www.egov.tj